Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2010 № 1

Санаи амалкуни: 13.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 57 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 январи соли 2010 № 1

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 487)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.

2) Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3) Кумита дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамояд.

2. Ваколатҳо

4) Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти худ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

а) ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигар оид ба масъалаҳои ба доираи фаъолияти Кумита вобаста, таклифҳо пешниҳод менамояд;

б) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияташ муқарраршударо қабул менамояд;

в) ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ роҳбарони вазорату, идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват менамояд;

г) муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар ҳудуди салоҳиятҳои худ баррасӣ намуда, аз натиҷаи онҳо ба ҷонибҳои дахлдор иттилоъ медиҳад;

д) дар доираи ваколатҳои худ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон назорат мебарад ва маълумот талаб мекунад;

е) танзим ва ҳамгунсозии истилоҳотро назорат мебарад;

ж) экспертизаи забоншиносии санадҳои ҳуқуқиро мегузаронад;

з) матни мӯҳрҳо, тамғаҳо, бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотиро месанҷад ва хулоса пешниҳод менамояд;

и) бо тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад ва барои фармоишҳо ҷиҳати таъмини мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда қарордодҳои давлатӣ ба имзо мерасонад;

к) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амволи давлатӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Кумита дода шудааст, ваколатҳои соҳибмулкиро амалӣ менамояд;

л) дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, таъмин менамояд;

м) барои омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Кумита чорабиниҳо ташкил менамояд;

н) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба такмилдиҳӣ, баҳисобгирӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳон бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;

о) бо тартиби муқарраргардида анҷуманҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил мекунад.

5) Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита ҳуқуқ дорад:

а) бо тартиби муайянгардида барои қабул кардани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият маълумоти заруриро дархост ва дастрас намояд;

6) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шарҳу эзоҳот диҳад;

в) бо тартиби муайянгардида, барои омӯзиши масъалаҳои вобаста ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳо, олимон ва мутахассисони дигарро ҷалб намояд;

г) мақомоти (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳад;

д) бо сохторҳои байналмилалии соҳаи мазкур робитаҳои эҷодӣ барқарор намояд;

е) бо тартиби муайяншуда нишонҳои ифтихорӣ таъсис дода, кормандонро бо онҳо барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият сарфароз гардонад;

ж) бо тартиби муайяншуда барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, паҳн кардани дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият воситаҳои ахбори оммаро таъсис диҳад.

з) бо тартиби муқарраршуда дар бонкҳои ҷумҳурӣ суратҳисоби махсус бо асъори миллӣ ва хориҷӣ кушояд.

3. Ташкили фаъолият

6) Ба Кумита Раиси Кумита сарварӣ мекунад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

7) Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба Кумита вогузоршуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

8) Раиси Кумита як муовин дорад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Масъулият ва вазифаҳои муовинро Раиси Кумита муайян мекунад.

9) Раиси Кумита:

а) номзадҳоро ба вазифаи муовини Раиси Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

б) ҷиҳати тағйир додани сохтори Кумита ва таъсиси шӯъбаҳои нав ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

в) кормандони Кумитаро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳоро байни кормандони Кумита тақсим мекунад, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг ва назорат мекунад;

г) дар бораи тағйир додани сохтори Кумита, таъсис додани шӯъбаҳои нав ё зиёд намудани ҳайати кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала мегузорад;

д) дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқшудаи дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузорӣ ба Кумита ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

е) бо тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва шахсони дигари дар соҳаи мазкур фаъолиятдоштаро барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

ж) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита, инчунин масъалаҳои ташкилии дохилии фаъолияти Кумита фармоишҳо мебарорад;

з) тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти худ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои дахлдори Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

и) комиссияҳои муваққатӣ ва доимоамалкунанда таъсис дода, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад.

10) Дар Кумита иборат аз 5 нафар дар ҳайати Раиси Кумита (Раиси Ҳайати мушовара), муовини Раис (аз рӯи вазифа), инчунин кормандони дигари роҳбарикунандаи Кумита ва муассисаҳои илмӣ Ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

11) Аъзои Ҳайати мушовара бо пешниҳоди Раиси Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

12) Хароҷот барои нигоҳдории Кумита аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда таъмин карда мешавад.

13) Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланк мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

14) Суроғаи ҳуқуқии Кумита: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 январи соли 2010 № 1

тасдиқ шудааст

Сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Шӯъбаи танзими истилоҳот

3. Бахши экспертизаи забоншиносӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 487)

4. Шӯъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

5. Бахши умумӣ

6. Бахши молия ва хоҷагӣ

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 13.02.2024 №57

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "8" января 2010 года №1

Положение о Комитете по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 13.09.2012г. №487)

1. Общие положения

1) Комитет по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан (в дальнейшем - Комитет) является центральным органом исполнительной власти и осуществляет задачи претворения в жизнь политики государства и регулирования правовых норм, касающихся государственного языка.

2) В своей деятельности Комитет руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

3) Свою деятельность Комитет осуществляет в сотрудничестве с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными организациями и т.д.

2. Полномочия

4) Комитет в установленной для его сферы деятельности имеет следующие полномочия:

а) вносить предложения по проектам законов Республики Таджикистан, нормативным правовым актам Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, другим документам, касающимся сферы деятельности Комитета;

б) на оснований Конституции Республики Таджикистан, нормативных правовых актов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан, самостоятельно принимать установленные для его сферы деятельности нормативные правовые документы;

в) при необходимости приглашать на свои заседания руководителей соответствующих министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов республики;

г) в пределах своей компетенции своевременно и качественно рассматривать обращения граждан и сообщать о результатах соответствующим сторонам;

д) в пределах своей компетенции осуществлять контроль за исполнением Закона Республики Таджикистан "О государственном языке Республики Таджикистан" исполнительными органами государственной власти, министерствами и ведомствами, предприятиями и учреждениями, независимо от их форм собственности и требовать информацию;

е) осуществлять контроль по регулированию и унификацией терминологий;

ж) проводить лингвистические экспертизы юридических документов;

з) проверять тексты печатей, штампов, бланков, ценников и другой информационной продукции и представлять заключения;

и) проводить в установленном порядке конкурсы, заключать государственные договора-заказы на поставку необходимых Комитету товаров, выполнение работ, оказание услуг, а также проведение научно-исследовательских работ в установленной сфере деятельности;

к) осуществлять в соответствии с законодательством Республики Таджикистан полномочия по владению государственным имуществом, предоставленным ему с правом оперативного управления для обеспечения выполнения задач Комитета;

л) в пределах своей компетенции обеспечивать защиту информации, являющейся государственной тайной;

м) организовывать мероприятия по профессиональной подготовке, обучению, повышению квалификации и стажировке сотрудников Комитета;

н) осуществлять в соответствии с законодательством Республики Таджикистан работу по усовершенствованию, учёту, хранению и использованию архивных документов, образовавшихся в процессе деятельности Комитета;

о) организовывать в установленном порядке собрания, конференции, семинары, выставки и другие мероприятия в установленной сфере деятельности.

5) В целях претворения полномочий в установленной сфере деятельности Комитет имеет право:

а) запрашивать и получать в установленном порядке необходимую информацию для принятия решения по вопросам установленной сферы деятельности;

б) давать комментарии и объяснения физическим и юридическим лицам по вопросам установленной сферы деятельности;

в) в установленном порядке привлекать организации, учёных и других специалистов к изучению вопросов касающихся деятельности научных учреждений;

г) учреждать в установленной сфере деятельности координирующие, консультативные и экспертные органы (советы, комиссии, группы), в том числе и межведомственные;

д) устанавливать творческие связи с аналогическими международными структурами;

е) учреждать в определенном порядке знаки отличия, награждать ими сотрудников за достижения в установленной сфере деятельности;

ж) учреждать в определенном порядке средства массовой информации для издания нормативно-правовой документации, официальных объявлений, распространения других материалов по вопросам установленной сферы деятельности.

з) в установленном порядке открывать в республиканских банках специальные счета в национальной и иностранной валюте.

3. Организация деятельности

6) Комитетом руководит Председатель Комитета, которого назначает и освобождает от должности Правительство Республики Таджикистан.

7) Председатель Комитета лично ответственен за выполнение возложенных на Комитет полномочий и претворение государственной политики в установленной сфере деятельности.

8) Председатель Комитета имеет одного заместителя, назначаемого и освобождаемого от должности Правительством Республики Таджикистан по представлению Председателя Комитета. Ответственность и задачи заместителя устанавливает Председатель Комитета.

9) Председатель Комитета:

а) представляет кандидатуры на пост заместителя Председателя Комитета Правительству Республики Таджикистан;

б) вносит предложения в Правительство Республики Таджикистан об изменении структуры Комитета и учреждении новых отделов;

в) назначает на должность и освобождает от должности сотрудников Комитета в установленном порядке, распределяет функции между работниками Комитета, координирует и контролирует их деятельность;

г) представит вопрос об изменения структуры Комитета, учреждении новых отделов, увеличении или уменьшении штата и фонда оплаты труда работников перед Правительством . Республики Таджикистан;

д) в пределах сумм, утверждённых на определённый период, предусмотренных в республиканском бюджете, вносит предложения в Министерство финансов о формировании республиканского бюджета и выделении средств Комитету;

е) представляет в установленном порядке сотрудников Комитета и других лиц, осуществляющих деятельность в установленной сфере деятельности, к почётным званиям и государственным наградам Республики Таджикистан;

ж) на основании Конституции Республики Таджикистан, нормативных правовых актов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан издаёт приказы, входящие в компетенцию Комитета, а также касающиеся внутренних организационных вопросов;

з) в установленном порядке, в пределах своей компетенции, представляет Правительству Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов, касающиеся соответствующих вопросов деятельности Комитета;

и) учреждает временные и постоянно действующие комиссии, утверждает положения о них.

10) В Комитете учреждается Коллегия в составе 5 человек в составе Председателя Комитета (Председатель Коллегии), заместителя Председателя Комитета (по должности), а также других руководящих работников Комитета и научных учреждений.

11) Члены Коллегии утверждаются Правительством Республики Таджикистан по представлению Председателя Комитета.

12) Обеспечение расходов по содержанию Комитета осуществляется за счёт средств, предусмотренных в республиканском бюджете.

13) Комитет является юридическим лицом, имеет печать с изображением государственного герба Республики Таджикистан и собственным названием на государственном языке, штампы и бланки и финансируется за счёт единого счёта Главного управления казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

14) Юридический адрес Комитета: г.Душанбе, проспект Рудаки 33.

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "8" января 2010 года №1

Структура Комитета по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан

1. Руководство

2. Отдел регулирования терминологии

3. Сектор лингвистической экспертизы (в редакции постановления Правительства РТ от 13.09.2012г. №487)

4. Организационно-правовой отдел

5. Общий сектор

6. Финансово-хозяйственный сектор