Замимаи № 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2009 № 685
ОИННОМАИ Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2010 № 4, аз 27.10.2010 № 546)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии "Роғун" (минбаъд - "Ҷамъият") мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 № 454 "Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи НОБ-и "Роғун", Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2) Аз лаҳзаи аз ҷониби Саҳмдори ягонаи ҶСК "НБО "Роғун" тасдиқ гардидани Оинномаи мазкур, Оинномаи ҶСК "НБО "Роғун", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2008 №186 тасдиқ гардидааст, қувваи ҳуқуқии худро гум мекунад.
2. Номи фирмавӣ ва маҳали ҷойгиршавии Ҷамъият
3) Номи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - Ҷамьияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун".
4) Номи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони русӣ - Открытое акционерное общество "Рогунская ГЭС".
5) Номи мухтасари Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - ҶСК "НБО Роғун".
6) Номи мухтасари Ҷамъият ба забони русӣ - ОАО "Рогунская ГЭС".
7) Маҳали ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 40.
3. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият
8) Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.
9) Муассиси Ҷамъият:
- ҳангоми таъсис додани Ҷамъият муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соҳиби 100 фоиз саҳмияҳои ҷамъият мебошад.
10) Ҷамъият дорои молу мулки алоҳида мебошад, ки дар тавозуни мустақили он ба ҳисоб гирифта шуда, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсиро ба даст орад, дорои ӯҳдадорӣ бошад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.
11) Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд.
12) Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳояш бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.
Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои саҳмдорони худ ҷавобгар нест. Саҳмдорон аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷавобгаранд.
13) Ҷамъият дорои мӯҳри мудаввар бо зикри номи пурраи фирмавии он бо забони давлатӣ мебошад. Дар мӯҳр ҳамчунин метавонад номи фирмавии Ҷамъият бо ҳама гуна забони дигар нишон дода шавад.
Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки мӯҳр (штамп) ва бланкаҳои бо зикри номи худ бо тартиби муқарраргардида, инчунин тамғаи моли бақайдгирифташуда ва дигар воситаҳои тасвирии шинохташаванда дошта бошад.
14) Ҷамъият метавонад филиалҳо ва намояндагиҳоро дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтааст, таъсис диҳад, агар мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият шахсони ҳуқуқӣ набуда, аз номи Ҷамъият дар асоси низомномаҳои аз тарафи Ҷамъият тасдиқшуда фаъолият менамоянд. Филиалҳо ва намояндагиҳо аз ҷониби Ҷамъият бо молу мулк таъмин мегарданд, ки он ҳам дар тавозуни алоҳидаи онҳо ва ҳам дар тавозуни Ҷамъият ба ҳисоб гирифта мешавад. Филиал ва намояндагиҳо тавозуни худро доранд, ки ба тавозуни Ҷамъият ворид мешавад.
Роҳбари филиал ва намояндагии Ҷамъият аз ҷониби Директори генералии Ҷамъият таъйин шуда, дар асоси ваколатномаи додаи Ҷамъият амал менамояд.
Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагии худ масъул мебошад.
Ҷамъият метавонад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобаста бошад.
4. Мақсад ва намудҳои фаъолияти Ҷамъият
15) Мақсади асосии фаъолияти Ҷамъият - ба даст овардани фоида мебошад.
16) Барои ба даст овардани фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ҳама намудҳои фаъолиятро, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нест, амалӣ созад, аз ҷумла:
- истеҳсол, таҳвил, тақсими нерӯи барқ ва гармӣ;
- таҳвили (фурӯши) нерӯи барқ;
- таъминоти гармию барқӣ;
- таҳвили маҳсулоти нафтӣ;
- амалиёти воридотию содиротӣ дар соҳаи энергетика;
- сохтмони иншооти энергетикӣ ва шаҳрвандӣ;
- васл, танзим ва таъмири иншооти энергетикӣ, электроэнергетикӣ, теплоэнергетикӣ ва дастгоҳҳои барқӣ ба истифодабарандагон;
- фаъолияти баҳрабардорӣ аз шабакаҳои барқӣ;
- таҳияи хулоса ва татбиқи шартномаҳо ҷиҳати таҳвили мошинаҳо, механизмҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоти индустрияи сохтмонӣ, маводи сохтмонӣ, металлопрокат, равғанҳои энергетикӣ, маводи молиданию сӯзишворӣ ва ғайра;
- таҳия, хулоса ва татбиқи шартномаҳо ҷиҳати таҳвили воридотии таҷҳизоти энергетикӣ, воситаҳои идораи танзимотӣ ва худкор;
- иҷро намудани вазифаи фармоишгар ё иҷрокунандаи лоиҳаҳои энергетикӣ, лоиҳаҳои системаҳои баҳисобгирии худкори тиҷоратӣ, воситаҳои идораи танзимотӣ ва технологӣ;
- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
- бо қувваи худ ҳамчунин бо ҷалби дигар ташкилот ва мутахассисон аз муассисаҳои лоиҳакашӣ, лоиҳавӣ ва илмию тадқиқотӣ ҷиҳати рушди системаҳои электроэнергетикӣ ва воситаҳои идораи онҳо, баланд бардоштани сатҳи нерӯгузаронии хатҳои интиқоли барқии амалкунанда ва сохташаванда (аз ҷумла байнидавлатӣ) ва дигар иншооти энергетикӣ бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми содироту воридоти нерӯи барқ;
- истифодабарии воситаҳои худӣ ва ҷалбшуда ба лоиҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо шахсони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа;
- омӯзиш ва ба истеҳсолот ворид намудани технологияи навтарин, намуд ва усулҳои пешрафтаи корӣ, тайёр ва азнавтайёркунии кадрҳо;
- ба даст овардани патентҳо, иҷозатномаҳо;
- ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ;
- ташкили омӯзиши ҳайати кормандони корхонаҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа, ҳамчунин ташкил намудани намоишҳо, стендҳо, презентатсияҳо ва семинарҳо аз рӯи дастовардҳои электроэнергетикии ватанӣ ва хориҷӣ;
- намудҳои дигари фаъолият, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд.
17) Ба баъзе намудҳои фаъолият, ки номгӯи онҳо тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, Ҷамъият метавонад дар асоси иҷозатнома (литсензия) машғул шавад.
5. Сармояи оинномавии Ҷамъият
18) Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият, ки саҳмдорон ба даст овардаанд, иборат мебошад.
19) Сармояи оинномавии Ҷамъият 6 000 000 000 (шаш миллиард) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи оинномавӣ ба 60 000 000 (шаст миллион) саҳмияҳои оддӣ тақсим шудааст. Арзиши номиналии ҳар як саҳмия 100 (сад) сомониро ташкил медиҳад.
Сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи саҳмгузорӣ дар шакли бино, иморат, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, коғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ, воситаҳои пулӣ ташкил ва арзиши саҳмҳо бо пули сомонӣ баҳо дода мешавад. Дар лаҳзаи бақайдгирии Ҷамъият сармояи аввалияи он пурра ба Муассис тааллуқ дошта, он ягона дорандаи саҳмияҳои Ҷамъият мебошад.
Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:
- бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши сахмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;
- бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани шумораи умумии онҳо ё ба тариқи харида гирифтани қисме аз саҳмияҳо тибқи ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда кам карда шавад.
20) Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият фақат баъди пардохти пурраи он мумкин аст.
Зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст, ё барои пардохти қарзи мӯҳлаташ гузаштаи кредиторӣ мумкин нест.
21) Кам кардани сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.
Кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият мумкин нест, агар дар натиҷаи он андозаи сармояи оинномавии Ҷамъият аз андозаи минималии муқаррарнамудаи сармояи оинномавӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар шавад.
22) Ҷамъият вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.
Саҳмияҳои оддии Ҷамъият барои соҳибони онҳо ҳуқуқи пешбининамудаи банди 35 Оинномаи мазкурро медиҳад.
6. Саҳмия, вомбарг, дигар қоғазҳои қиматноки эмиссионии Ҷамъият ва Сертификатҳои саҳмияҳои Ҷамъият, ки ҳуқуқи соҳиб шудан ба саҳмияҳоро медиҳад
23) Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки як ё якчанд намудҳои саҳмияхо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссиониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дихад.
24) Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон обунаи кушоди саҳмияҳои баровардаи худ ва фурӯши озоди онҳоро тибқи шартҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намояд.
25) Паҳнкунии саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки Ҷамъият, ки ба саҳмияҳо табдил дода мешаванд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
26) Саҳмияҳои Ҷамъиятро дастрас менамоянд:
- бо роҳи харидорӣ;
- бо тартиби меросӣ ва ҳуқуқбардории дигар;
- бо дигар роҳҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Шакли пардохти коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бо қарор дар бораи ҷойгиркунӣ муайян карда мешавад.
27) Саҳмияи оддӣ дар ҳалли масъалаҳои маҷлиси саҳмдорон як овоз дошта, ҳангоми тақсими даромад пас аз иҷро намудани ӯҳдадориҳои Ҷамъият дар назди давлат доир ба пардохти андоз ва ба вуҷуд овардани захираҳои зарурӣ иштирок менамояд.
28) Саҳмияҳои имтиёзнок ҳуқуқи овоз надоранд, вале дивиденди қайдшударо доро буда, нисбат ба саҳмияҳои оддӣ ҳангоми тақсими даромад ва барҳамдиҳии Ҷамъият бартарӣ доранд.
29) Саҳмияҳо таксимнашавандаанд. Дар ҳолати тааллуқ доштани як саҳмия ба якчанд шахс он моликияти якҷояи онҳо ҳисобида мешавад. Дорандагони саҳмия ҳуқуқҳои худро метавонанд ба воситаи яке аз онҳо ё намояндаи умумиашон амалӣ созанд.
30) Саҳмдорони Ҷамъият ҳуқуқи бартаридоштаи харидорӣ намудани саҳмия ва вомбаргҳо, ки ба саҳмия табдил дода мешаванд бо миқдори баробари саҳмияҳои ҳамин навъи ба онҳо тааллуқдоштаро доро мебошанд.
Рӯйхати шахсоне, ки ҳуқуқи афзалиятноки ба даст даровардани саҳмия ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмия табдилшавандаро доранд, дар асоси нишондодҳои феҳристи саҳмдорон дар санаи қабул намудани қарор тартиб дода мешавад, ки барои ҷойгир кардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои ба саҳмияҳо табдилшавандаи иловагӣ асос мегардад.
31) Шахсони ба рӯйхати шахсони ҳуқуқи афзалиятноки ба даст даровардани саҳмия ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳои Ҷамъият табдилшаванда, бояд дар бораи имконияти амалӣ намудани ҳуқуқи онҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" барои гузаронидани маҷлиси саҳмдорони Ҷамъият огоҳонида шаванд.
Огоҳинома бояд дар бораи миқдори саҳмия ва вомбаргҳои паҳнкардашавандаи ба саҳмия табдилшаванда, нархи паҳн кардани онҳо ё тартиби муайян намудани нархи паҳн кардан (аз ҷумла дар мавриди нархи паҳн кардани онҳо ё тартиби муайян намудани нархи паҳн кардан ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо татбиқ намудани ҳуқуқи афзалиятноки ба даст овардани саҳмияҳо), тартиби муайян намудани миқдори саҳмияҳо ва вомбаргҳое, ки ҳар як саҳмдор ҳуқуқ дорад ба даст орад, мӯҳлати амали ҳуқуқи афзалиятнок, ки наметавонад аз лаҳзаи ирсол (супурдан) ё нашри огоҳинома камтар аз 45 рӯз бошад, маълумотро дар бар гирад. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад то анҷоми мӯҳлати зикршуда саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшавандаро ба шахсоне, ки ба рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи афзалиятноки бадастдарории саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда дохил нашудаанд, паҳн намояд.
32) Шахсони дорои ҳуқуқи афзалиятнок барои ба даст овардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда ҳақ доранд пурра ё қисман бо роҳи ба ҷамъияти саҳомӣ пешниҳод намудани аризаи хаттӣ дар мавриди ба даст овардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои ба саҳмияҳо табдилшаванда ва ҳуҷҷат оид ба пардохти арзиши саҳмияҳо ва вомбаргҳои бадастовардашаванда, ки ба саҳмияҳо табдил мешаванд, аз ҳуқуқи афзалиятнок истифода баранд. Ариза бояд номи (номгӯйи) саҳмдор, зикри маҳалли истиқомат ва миқдори саҳмияҳо ва вомбаргҳои бадастовардашавандаро дар бар гирад.
Агар қароре, ки барои паҳн кардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда асос аст, бо пул напардохтани онҳоро пешбинӣ намояд, шахсони ба харидани саҳмияҳо ва вомбаргҳо ҳуқуқи афзалиятнок дошта, ҳақ доранд бо салоҳдиди худ онҳоро бо пул пардохт намоянд.
33) Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки сертификати саҳмияҳоро бо арзиши 500 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ, ки соҳиб шуданро ба саҳмияҳои Ҷамъият тасдиқ менамояд, барорад. Фурӯши саҳмияҳо ба маблағи зиёда аз 5000 сомонӣ тариқи нависондани номи саҳмдор (саҳмдорон) дар феҳристи саҳмдорони Ҷамъият ва тартиб додани Сертификати саҳмияҳо амалӣ карда мешавад.
7. Саҳмдорони Ҷамъият, ҳуқуқҳо ва вазифаи онҳо
34) Ҷамъият вазифадор аст, ки бурдан ва нигоҳдории феҳристи саҳомони Ҷамъиятро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Ҷамъият таъмин намояд.
35) Ҳар як саҳмияи оддии Ҷамъият ба саҳмдор ҳаҷми баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.
Саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои оддии Ҷамъият ҳуқуқ доранд:
- дар маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият бо ҳуқуқи овоз аз рӯи тамоми масъалаҳои рӯзномаи маҷлис шахсан ва ё тавассути намояндаи худ иштирок намоянд ва дар баробари ин ба намояндаи худ салоҳдид барои муаррифӣ намудани ӯ дар маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият бо роҳи ба чунин шахс додани ваколатнома;
- дар идоракунии Ҷамъият иштирок намоянд, интихоб шаванд ва номзадҳоро ба мақоми идоракунӣ ва назоратии Ҷамъият пешбарӣ намоянд;
- ба рӯзномаи маҷлиси умумӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур масъала пешниҳод намоянд;
- дар бораи фаъолияти Ҷамъият тамоми иттилоотро дастрас намоянд, бо рӯзномаи маҷлиси Ҷамъият, ҳуҷҷатҳои муассисӣ, муҳосиботӣ ва дигари ба фаъолияти молиявию хоҷагидории Ҷамъият дахлдошта бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд;
- аз мақомоти идоракунии Ҷамъият маълумоти заруриро доир ба масъалаҳое, ки ба рӯзномаи маҷлиси умумии саҳмдорон дохиланд, дастрас намоянд;
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур аз рӯи саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта дивиденд ба даст оранд;
- ҳангоми барҳамдиҳии Ҷамъият қисми моликияти ба онҳо тааллуқдоштаро бигиранд;
- навиштаҷот аз феҳристи саҳмиядорони Ҷамъиятро ба даст оранд;
- ба суд бо даъво ва шикояти қарори қабулнамудаи маҷлиси умумии саҳмдорон, ки ҳуқуқҳои ба саҳмдордодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкурро поймол намудаанд, муроҷиат намоянд;
- дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкурро амалӣ созанд.
36) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар идоракунии Ҷамъият дорои ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ") мебошад.
37) Саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои оддии Ҷамъият ӯҳдадоранд:
- талаботи Оиннома ва қарори Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъиятро иҷро намоянд;
- аз рӯи талаби Ҷамъият ба ӯ доир ба саҳмдор маълумоти заруриро барои ворид намудан ба феҳристи саҳмдорони Ҷамъият равона намоянд;
- доир ба фаъолияти Ҷамъият маълумоти махфӣ ва ё махсуси ба ӯ маълумбударо ошкор нанамояд.
8. Суди (дивиденди) саҳмияҳо
38) Ҷамъият вазифадор аст, соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад.
Ҷамъият ӯҳдадор аст суди саҳмияи эълонгардидаро аз рӯи ҳар намуди саҳмия пардохта намояд.
39) Ҷамъият ҳуқуқ надорад суди (дивиденди) саҳмияҳои эълоншударо дар ҳолатҳои зайл пардозад:
- агар дар рӯзи қабули чунин қарор ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисӣ дорои аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар дар натиҷаи пардохти суди саҳмияҳо аломатҳои зикршуда дар ҷамъияти саҳомӣ ба мушоҳида расанд;
- агар дар рӯзи пардохт арзиши дороиҳои софи ҷамъияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ, сармояи эҳтиётӣ камтар бошад ва арзиши барҳамдиҳии саҳмияҳои имтиёзноки фурӯхташуда аз арзиши номиналии муайяннамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ баландтар бошад ё дар натиҷаи пардохти суди саҳмияҳо аз маблаги мазкур камтар гардад;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
40) Қарор дар мавриди пардохти суди солонаи саҳмияҳо, андозаи суди саҳмия аз рӯи ҳар як намуди саҳмияҳо аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.
Маблағи суди саҳмия аз андозаи тавсиянамудаи Шӯрои нозирони Ҷамъият зиёд буда наметавонад.
Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ дорад, қарорро дар бораи напардохтани суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои оддӣ қабул намояд.
41) Ҷамъият ҳуқуқ надорад дар ҳолатҳои зайл оид ба пардохти суди саҳмияҳо қарор қабул кунад (эълон намояд):
- то пурра пардохтани тамоми сармояи оинномавии Ҷамъият;
- то харида гирифтани ҳамаи саҳмияҳое, ки бояд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" харидорӣ шаванд;
- агар дар рӯзи қабули чунин қарор Ҷамъият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди муфлисӣ дорои аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар дар натиҷаи пардохти суди саҳмияҳо аломатҳои зикршуда дар Ҷамъият ба мушоҳида расанд;
- агар дар рӯзи қабули чунин қарор арзиши дороии софи ҷамьияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ ва фонди захиравии он камтар бошад ё ҳаҷми онҳо дар натиҷаи қабули чунин қарор камтар гардад;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
42) Суди (дивиденди) саҳмияҳо аз даромади софи Ҷамъият бо асъори миллӣ пардохт мешавад. Ҷамъият андозаи суди саҳмияҳоро бе дарназардошти андозҳо аз онҳо эълон мекунад.
43) Суди (дивиденди) саҳмия аз рӯи саҳмияҳое, ки ба муомилот бароварда нашудаанд ва дар тавозуни Ҷамъият мебошанд, пардохт карда намешаванд.
44) Суди (дивиденди) саҳмия ба саҳмдоре пардохт карда мешавад, ки арзиши саҳмияҳоро ба пуррагӣ пардохт намудааст.
45) Рӯйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди (дивиденди) саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад.
46) Барои гирифтани суди (дивиденди) саҳмияҳо, он саҳмияҳое ҳуқуқ доранд, ки на дертар аз 30 рӯзи то гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба даст оварда шуда бошанд.
9. Фондҳои Ҷамъият
47) Ҷамъият ба андозаи 5 (панҷ) фоизи сармояи оинномавӣ фонди захиравӣ ташкил менамояд.
Андозаи ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ расидан 10 фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъиятро ташкил медиҳад.
48) Фонди захиравии Ҷамъият, ҳангоми мавҷуд набудани дигар маблағҳо, барои пӯшонидани зарари он, инчунин барои пардохтани арзиши вомбаргҳои Ҷамъият ва аз нав харидани саҳмияҳои Ҷамъият муқаррар гардидааст.
Фонди захиравии Ҷамъиятро барои дигар мақсадҳо истифода бурдан мумкин нест.
49) Ҷамъият мутобиқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар фондҳоро, ки фаъолияти молиявию-хоҷагии ӯро таъмин менамонд, таъсис диҳад.
10. Мақомоти идоракунии Ҷамъият
50) Мақомоти идоракунии Ҷамъият инҳо мебошанд:
- мақоми олӣ - Маҷлиси умумии саҳмдорон;
- мақоми идора - Шӯрои нозирони Ҷамъият;
- мақоми иҷроия - директори генералӣ;
- макоми назоратӣ - комиссияи тафтишотӣ.
11. Маҷлиси умумии саҳмдорон
51) Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият мақоми олии идоракунии Ҷамъият ҳисобида мешавад.
52) Дар Ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳамаи саҳмияҳои овоздор ба як саҳмдор тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҳамин саҳмдор шахсан қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.
53) Ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои зерин мансубанд:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи он дар таҳрири нав;
- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;
- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;
- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;
- зиёд кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;
- кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи як қисми ин саҳмияҳоро бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо харидани ҷамъияти саҳомӣ ва инчунин бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияхои бадастоварда ё азнавхаридаи Ҷамъият;
- таъсиси мақомоти идоракунии Ҷамъият, тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;
- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва подошпулии он. Интихоби комиссияи тафтишотии Ҷамъият;
- тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар мавриди фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарари) Ҷамъият, инчунин тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони зарари Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;
- тасдиқи дастури кори Маҷлиси умумии саҳмдорон;
- қабул намудани қарор дар бораи пардохт намудани мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият;
- қабул намудани қарор дар бораи пардохт намудани мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои комиссияи тафтишотии Ҷамъият;
- паҳн кардани саҳмияҳои оддӣ ва вомбаргҳои ба саҳмияи оддӣ табдилшаванда, ки беш аз 25 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан паҳнкардаро ташкил медиҳанд;
- интихоби аъзои комиссияи баҳисобгирӣ ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;
- қабули қарор дар бораи маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- муайян намудани нархи саҳмияҳои ба таври иловагӣ паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- қабули қарор оид ба тақсим ва муттаҳидсозии саҳмияҳои Ҷамъият;
- аз ҷониби Ҷамъият харидани саҳмияҳои паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият;
- пардохти суди (дивиденди) саҳмия;
- қабули қарор дар бораи додани ваколати мақоми идоракунии Ҷамъият ба ташкилоти идоракунанда ё маъмур;
- дигар масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти Маҷлиси умумӣ мансубанд.
54) Масъалаҳои марбут ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонанд ҷиҳати ҳал ба Шӯрои нозирони Ҷамъият ирсол гарданд.
Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ надорад масъалаҳои тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" таҳти салоҳияташ қарорнадоштаро баррасӣ намояд ва вобаста ба онҳо қарор қабул кунад, инчунин рӯзномаро дигар кунад.
55) Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ бо аксарияти овози саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои овоздори Ҷамъият, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, кабул карда мешавад, агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" барои қабули қарор тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
56) Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорон, ки дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок доранд аз рӯи масъалаҳои зерин қабул карда мешавад:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи он дар таҳрири нав;
- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;
- барҳам додани Ҷамъият, таъин намудани Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;
- зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё паҳнкунии саҳмияҳои иловагӣ;
- кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо бо роҳи аз тарафи Ҷамъият харида гирифтани қисми саҳмияҳо бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо, инчунин тавассути пардохт намудани саҳмияҳои аз тарафи Ҷамъият ба даст овардашуда ё азнавхарида;

- қабул намудани қарор оид ба маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- масъалаҳои дигар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти Маҷлиси умумӣ мансубанд.
57) Қарор дар бораи маъқул донистани аҳде, ки дар он манфиатдорӣ мавҷуд аст, аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти овозҳои ҳамаи саҳмдорон соҳибони саҳмияҳои овоздори дар аҳд манфиатдор набуда, мутобиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" қабул карда мешавад.
58) Баровардани қарор ба Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаи супоридани салоҳиятҳои мақоми инфиродии иҷроияи Ҷамъият ба ташкилоти идоракунанда танҳо бо пешниҳоди Шӯрои нозирони Ҷамъият амалӣ карда мешавад.
59) Ҷойи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият муқаррар карда мешавад.
60) Вазифаи раисикунандаро дар Маҷлиси умумии саҳмдорон Раиси Шӯрои нозирон ё муовини ӯ иҷро менамояд. Дар сурати набудани онҳо тибқи интихоби аъзоёни Шӯрои нозирон, яке аз аъзои Шӯрои нозирон дар Маҷлис раисӣ мекунад.
12. Гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон
61) Маҷлиси умумии саҳмдорон дар мӯҳлатҳои на барвақттар аз 2 моҳ ва на дертар аз 6 моҳи баъди соли молиявӣ гузаронида мешавад.
Ба рӯзномаи Маҷлиси солонаи умумии саҳмдорон бояд ҳатман масъалаҳои интихоби Шӯрои нозирони Ҷамъият, Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият, тасдиқи аудитор, инчунин тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар мавриди фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарари) Ҷамъият, инчунин тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони зарари Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ ворид карда мешавад.
Дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият масъалаҳои дигари ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият вобаста метавонанд баррасӣ карда шаванд.
62) Маҷлиси умумии саҳмдорон дар шакли иштироки якҷояи саҳмдорон (намояндагони саҳмдорон) барои ҳалли масъалаҳои рӯзномаи рӯз ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳое, ки ба овоздиҳӣ гузоштаанд, гузаронида мешавад.
Қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон бо роҳи овоздиҳии ғоибона тибқи банди 13 ҳамин Оиннома қабул шуда метавонад.
63) Рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси маълумоти феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ тартиб дода мешавад.
Санаи таҳияи рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонад барвақттар аз санаи қабули қарор оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ва бештар аз 50 рӯз муқаррар карда шавад.
64) Иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд на дертар аз 20 рӯз, вале иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки рӯзномаи он дорои масъалаҳои азнавташкилдиҳии Ҷамъият мебошад, дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз то санаи гузаронидани он пешниҳод карда шавад.
Агар шахси дар феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ба қайд гирифташуда дорандаи номиналии саҳмияҳо бошад, иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба суроғаи дорандаи номиналии саҳмияҳо ирсол мегардад, ба шарте ки дар рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон суроғаи дигари почтавӣ, ки тибқи он бояд иттилоот дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ирсол гардад, зикр нашуда бошад.
65) Иттилоот оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд ба ҳар як шахсе, ки дар рӯйхати шахсони барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқдошта зикр гардидааст, тавассути мактуби фармоишӣ фиристода шавад, ё ба ҳар як саҳмдор шахсан супорида шавад.
66) Иттилоот (мавод) аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи рӯз дар давоми 30 рӯз ва ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки рӯзномаи он дорои масъалаи азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ мебошад, дар давоми 40 рӯз то гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон барои шиносоӣ дар бинои мақоми иҷроияи Ҷамъият ва дигар ҷойҳо, ки суроғаи онҳо дар иттилоот оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон зикр шудаанд, бояд дастрас бошад.
67) Саҳмдор ҳуқуқи дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳам шахсан ва ҳам тавассути намояндаи худ иштирок карданро дорад.
68) Маҷлиси умумии саҳмдорон дар сурате босалоҳият аст (дорои кворум мебошад), ки дар он саҳмдорони дар маҷмӯъ дорои беш аз нисфи овозҳои саҳмияҳои овоздори паҳнкардашудаи Ҷамъият иштирок намоянд.
Дар Маҷлиси умумии саҳмдорон саҳомоне иштирокнамуда ба ҳисоб мераванд, ки барои иштирок дар он ба қайд гирифта шудаанд.
69) Ҳангоми мавҷуд набудани кворум барои гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон бояд Маҷлиси умумии саҳмдорон бо ҳамон рӯзнома такроран гузаронида шавад. Маҷлиси такрории умумии саҳмдорон ба шарте салоҳиятдор (дорои кворум) ҳисобида мешавад, ки дар он саҳмдорони дар маҷмӯъ дорои на камтар аз 30 фоизи овозҳои саҳмияҳои паҳнкардашудаи овоздори ҷамъияти саҳомӣ иштирок дошга бошанд.
Ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмдорон дар мӯҳлати 5 рӯзи баъди Маҷлиси умумии доирнашудаи саҳмдорон шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон мутобиқи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии доирнашудаи саҳмдорон ҳуқуқ доштанд, муайян мегардад.
70) Протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи анҷоми Маҷлиси умумии саҳмдорон ё санаи анҷоми қабули бюллетенҳо ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон дар шакли овоздиҳии ғоибона тартиб дода мешавад.
Протоколи Маҷлиси умумии саҳмдорон дар муддати 10 (даҳ) рӯз пас аз пӯшидани Маҷлиси умумии саҳмдорон дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар ду нусха аз тарафи раисикунандаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ва котиби Маҷлиси умумии саҳмдорон ба имзо мерасад.
71) Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси умумии сахмдорон, инчунин натиҷаи овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки дар рафти он овоз додаанд, эълон карда мешавад ё дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъди тартиб додани протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ба маълумоти шахсони ба рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дохилшуда бо тартиби огоҳонӣ аз гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон пешбинигардида расонида мешавад.
13. Гузаронидаи Маҷлиси умумии саҳмдорон дар шакли овоздиҳии ғоибона
72) Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад бе гузаронидани маҷлис (иштироки якҷояи саҳмдорон барои муҳокимаи масъалаи рӯзнома ва қабули қарор оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ) тавассути овоздиҳии ғоибона қабул карда шавад.
Овоздиҳӣ роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки дар шакли ғоибонаи овоздиҳӣ гузаронида мешавад, танҳо бо бюллетенҳои овоздиҳӣ амалӣ мегардад.
73) Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки рӯзномаи он масъалаҳои интихоби Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият ва тасдиқи аудитори Ҷамъият инчунин дигар масъалаҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" наметавонад дар шакли овоздиҳии ғоибона гузаронида шавад.
Аз нав гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон бо роҳи доир намудани овоздиҳии ғоибона ба ивази Маҷлиси умумии саҳмдорони доир нагардида, ки мебоист бо роҳи ҳузури муштарак сурат мегирифт, доир шуда наметавонад.
74) Рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси маълумоти феҳристи саҳмдорони Ҷамъият ва рӯйхати соҳибони саҳмияҳои манзурӣ тартиб дода мешавад.

75) Иттилоъ дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон тавассути воситаҳои ахбори умум амалӣ мегардад.
76) Масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис тавассути воситаҳои ахбори умум иттилоъ дода мешаванд.
Тартиби шиносоии шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, бо маълумотҳои (маводи) рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ва номгӯи ин маълумотҳо (мавод) бо қарори Шӯрои нозирони Ҷамъият муайян карда мешаванд.
77) Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки дар шакли овоздиҳии ғоибона мегузарад, салоҳиятдор аст, агар дар он саҳмдороне, ки дар маҷмӯъ аз нисф зиёди фоизи овозҳои саҳмияҳои овоздори паҳнкардашудаи Ҷамъият иштирок намуданд.
Дар Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият, ки дар шакли овоздиҳии ғоибона гузаронида мешавад, саҳмдороне иштирокнамуда ҳисобида мешаванд, ки бюллетенҳои онҳо то санаи аз ҷониби Ҷамъият нишондодашудаи анҷоми қабули бюллетенҳо гирифта шудаанд.
78) Протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи анҷоми Маҷлиси умумии саҳмдорон тартиб дода мешавад.
Протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ аз ҷониби котиби Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият дар давоми даҳ рӯзи баъди анҷоми қабули бюллетенҳо дар ду нусха ба расмият дароварда мешавад.
79) Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон, инчунин натиҷаи овоздиҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъди тартиб додани протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ба маълумоти саҳмдорон тавассути воситаҳои ахбори умум расонида мешавад.
14. Даъват ва пешниҳодот ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият
80) Саҳмдорони (саҳмдори) Ҷамъият, ки дар маҷмӯъ соҳиби на камтар аз 2 фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият мебошанд, ҳуқуқ доранд ба рӯзномаи Маҷлиси солонаи умумии саҳмдорон масъала дохил намоянд ва номзадҳоро ба Шӯрои нозирони Ҷамъият, мақоми дастаҷамъии иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ (ревизорон) ва Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъият, ки шумораи онҳо наметавонад аз миқдори аъзои мақоми дахлдор бештар бошад, инчунин ба мансаби мақоми инфиродии иҷроия пешниҳод кунад. Чунин пешниҳодот бояд ба Ҷамъият дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди ба анҷом расидани соли молиявӣ ворид шавад.
81) Пешниҳод дар бораи ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ворид намудани масъалаҳо ва оид ба пешниҳоди номзадҳо дар шакли хаттӣ бо нишон додани номи (номгӯи) саҳмдорони пешниҳодкарда, миқдор ва навъи саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта манзур карда шуда, аз ҷониби саҳмдорон (саҳмдор) имзо карда шавад.
82) Пешниҳодот дар бораи ворид намудани масъалаҳо ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд мӯҳтавои ҳар як масъалаи пешниҳодшуда, пешниҳодот дар мавриди пешбари номзадҳо бошад, номи ҳар як номзади пешниҳодшаванда, номи мақомеро, ки барои интихоб дар он пешниҳод шудааст, дар бар гирад.
83) Шӯрои нозирони Ҷамъият, вазифадор аст пешниҳодоти воридшударо баррасӣ намуда, дар хусуси ворид кардани онҳо ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ё ворид накардани онҳо ба рӯзномаи зикргардида дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи баъди ба охиррасии мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи банди 80 қарор қабул кунад.
84) Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳуқуқ дорад дар сурати риоя накардани талаботҳое, ки дар бандҳои 80 - 82 пешбинӣ шудаанд, барои аз ҷониби саҳмдорон шомил намудани масъалаҳо ба рӯзномаи кории Маҷлиси умумии саҳмдорон, инчунин шомил намудани номзадҳои пешниҳодшударо ба рӯйхати номзадҳо барои овоздиҳӣ ҷиҳати интихоб ба мақомоти дахлдори Ҷамъият рад намояд, инчунин агар масъалаи пешниҳодгардида ба рӯзномаи кории Маҷлиси умумии саҳмдорон ба салоҳияти ӯ вобаста нест ва (ё) ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунад.
85) Қарори асосноки Шӯрои нозирони Ҷамъият дар хусуси ворид накардани масъалаи пешниҳодшуда ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ё дохил накардани номзад ба рӯйхати номзадҳо ҷиҳати овоздиҳӣ дар интихоби мақоми дахлдори Ҷамъият ба саҳмдорон (саҳмдор), ки ворид намудани масъаларо пешниҳод ё номзадро пешбарӣ кардааст, дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи баъди қабули он фиристода мешавад.
86) Дар сурати радъ намудан ё саркашии Шӯрои нозирони Ҷамъият дар бораи даъвати Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон ё Маҷлиси умумии такрории саҳмдорон дар муддати 30 рӯз аз лаҳзаи гирифтани талабот барои даъват, даъват дар асоси қарори суд амалӣ карда мешавад. Суд метавонад вақти муайян, маҳали гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи онро муайян кунад мазмуни огоҳиномаи ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ирсолшавандаро муқаррар ва шартҳои дигари барои ноил шудан ба мақсадҳои Маҷлиси умумӣ заруриро муайян созад.
87) Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳуқуқ надорад ба тасвияи масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рӯзномаи кории Маҷлиси умумии саҳмдорон пешниҳод шудаанд ва (дар ҳолати мавҷудияти онҳо) ба ташреҳи қарорҳо оид ба ин масъалаҳо тағйирот ворид намояд.
Ба ғайр аз масъалаҳои ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон пешниҳодшуда, инчунин дар ҳолатҳои набудани чунин пешниҳодҳо, набудан ё шумораи нокифояи номзадҳо, ки саҳмдорон барои таъсиси мақоми дахлдор пешниҳод намуданд, Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдор масъалаҳо дохил кунад ё номзадҳоро ба рӯйхати номзадҳо ворид намоянд.
15. Даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъият
88) Маҷлисҳои умумии саҳмдорон ба ғайр аз маҷлиси солона ғайринавбатӣ ба ҳисоб меравад.
89) Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон бо қарори Шӯрои нозирони Ҷамъият бо ташаббуси худи Шӯро, бо талаби Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият, аудитори Ҷамъият, инчунин бо талаби саҳмдорон (саҳмдор), ки соҳиби на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият дар санаи пешниҳоди талабот мебошанд, доир мегардад.
90) Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, ки бо талаби Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият, аудитори Ҷамъият ё саҳмдорони (саҳмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият, аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият даъват мегардад.
Чунин Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи пешниҳоди талабот оид ба доир намудани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон гузаронида шавад.
91) Талаботи доир намудани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис воридшаванда мутобиқи талаботи моддаи 14 ҳамин Оиннома бояд ташаккул ёбад.
Шахсоие (шахсе), ки даъвати маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъиятро талаб мекунанд, ҳуқуқ доранд лоиҳаи қарори маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, пешниҳод дар бораи шакли гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмиядорон манзур намоянд. Дар сурате, ки агар талабот дар бораи даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон пешниҳодро оид ба пешбарӣ кардани номзадҳоро дошта бошад, ба чунин пешниҳод талаботҳои моддаи 14 ҳамин Оиннома паҳн мегардад.
Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳуқуқ надорад ба тасвияи масъалаҳои рӯзномаи корӣ, тасвияи қарорҳо оид ба чунин масъалаҳо тағйирот ворид намояд ва шакли пешниҳодгардидаи гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдоронро, ки бо дархости комиссияи ревизионии Ҷамъият, аудитори Ҷамъият ё саҳҳомоне (саҳмдоре), ки соҳиби на камтар аз 10 (даҳ) фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият мебошанд, дигаргун намояд.
92) Агар талабот дар мавриди даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон аз ҷониби саҳмдорон (саҳмдор) пешниҳод шуда бошад, он бояд номи (номгӯйи) саҳмдоронро (саҳмдорро), ки даъвати чунин маҷлисро талаб намудаанд ва зикри миқдор ва намуди (навъи) саҳмияҳои ба онҳо (он) марбутаро дар бар гирад.
Талаб оид ба Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон аз ҷониби шахсоне (шахсе), ки даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдоронро тақозо намудаанд, имзо карда мешавад.
93) Дар давоми 5 рӯзи пешниҳоди талаботи Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият ё саҳмдорони (саҳмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият оид ба даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон Шӯрои нозирони Ҷамъият бояд дар хусуси даъват кардан ё накардани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон қарор қабул кунад.
94) Қарор дар хусуси даъват накардани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон бо талаби Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият ё саҳмдорони (саҳмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият метавонад дар ҳолати риоя накардани тартиби муқарраргардидаи моддаи мазкур оид ба пешниҳоди талабот дар мавриди даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, риоя нагардидани талаботҳои моддаи 89, инчунин ҳангоми хеҷ яке аз масъалаҳои ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон пешниҳодгардида таҳти салоҳияти он набошад ва (ё) ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ набошад, қабул карда шавад.
95) Қарори Шӯрои нозирони Ҷамъият дар бораи даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон ё қарори асоснок дар хусуси даъват накардани он ба шахсоне, ки даъвати маҷлисро тақозо намудаанд, дар давоми 3 (се) рӯзи қабули чунин қарор фиристода мешавад.
96) Дар сурати аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият даъват накардани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон ё саркашӣ аз гузаронидани он маҷлис дар давоми 30 рӯз дар асоси қарори суд даъват карда мешавад. Суд метавонад вақти муайян, маҳали гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи онро муайян кунад мазмуни огоҳиномаи ба саҳмдорони Ҷамъият ирсолшавандаро муқаррар ва шартҳои дигари барои ноил шудан ба мақсадҳои Маҷлиси умумӣ заруриро муайян созад.
97) Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 68-70 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" Шӯрои нозирони Ҷамъият вазифадор аст дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон қарор қабул намояд, чунин Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд дар давоми 30 рӯзи аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият гузаронида шавад.
16. Шӯрои нозирони Ҷамъият
98) Шӯрои нозирони Ҷамъият ба фаъолияти Ҷамъият роҳбарии умумӣ мекунад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон қарор доранд.
Ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъият масъалаҳои зайл марбутанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;
- зиёдшавӣ ё камшавии арзиши сметавии сохтмони ҶСК "НБО Роғун";
- тасдиқ намудани арзиши нархгузории хотимавии ҶСК "НБО Роғун";
- тасдиқ намудани нақшаҳои тиҷоратӣ ва молиявии Ҷамъият, ҳисоботҳо дар бораи иҷроиши онҳо, инчунин сметаҳои ҳарсолаи Ҷамъият;
- даъвати Маҷлиси солона ва ғайринавбатии умумии саҳмдорон;
- тасдиқи рӯзномаи кории Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият;
- интихоби котиби Маҷлиси умумии саҳмдорон;
- барпо кардани комиссияи баҳисобгирӣ ҳангоми овоздиҳии ғоибонаи гузаронидани ҷаласаи Маҷлиси умумии саҳмдорон;
- муайн намудани санаи таҳияи рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон, тасдиқи сметаи хароҷотҳо барои гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ва дигар масъалаҳо вобаста ба омодагӣ ба Маҷлиси умумии саҳмдорон ва доир намудани он алоқаманд мебошад;
- аз ҷониби Ҷамъият паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо, аз ҷумла вомбаргҳое, ки ба саҳмия мубаддал мешаванд ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- тасдиқи тарҳи барориши коғазҳои қиматнок;
- ба даст овардани қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- муайян намудани арзиши (баҳогузории пулии) моликият, арзиши паҳнкунӣ ва харида гирифтани саҳмияҳо ва вомбаргҳо дар ҳолатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳангоми ҳалли масъалаҳое, ки дар зербандҳои 26, 27 банди 98 Оинномаи мазкур нишон дода шудаанд;
- харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки фурӯхтаи Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тавсияҳо вобаста ба андозаи пардохти подош ва ҷубронпулӣ ба аъзои Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият ва муайян намудани андозаи хизматонаи аудитор;
- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъият, барҳамдиҳии онҳо, инчунин ворид намудани тағйирот ва иловагиҳо ба Оинномаи Ҷамъият, вобаста ба таъсисдиҳии филиалҳо, кушодани намояндагиҳои Ҷамъият (аз ҷумла тағйирот дар маълумотнома дар бораи номгӯ ва ҷойгиршавии филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият) ва барҳамдиҳии онҳо;
- тасдиқи дорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ баста, инчунин бекор кардани шартнома;
- таъсиси мақоми муваққатии инфиродии иҷроияи Ҷамъият (директор, директори генералӣ) то гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон;
- ташкили кумитаҳо ҳангоми зарурат барои ҳал намудани масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва дигар кормандони Ҷамъият;
- масъалагузорӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият оид ба супоридани салоҳияти мақоми инфиродии иҷроияи Ҷамъият ба ташкилоти идоракунанда ё раиси он;
- фурӯши саҳмияҳои Ҷамъият, ки ба ихтиёри Ҷамъият дар натиҷаи аз саҳмдорон ба даст овардан ё харида гирифтан ворид шудаанд;
- тавсияҳо оид ба ҳаҷми дивиденд аз рӯи саҳмияҳо ва тартиби пардохти он;
- тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки тартиби ташаккулёбӣ ва истифодабарии фондҳои Ҷамъиятро муайян мекунанд;
- тасдиқи пешакии ҳисоботи солона ва муҳосибаи солонаи молиявии Ҷамъият;
- муайян намудани сиёсати қарзии Ҷамъият дар қисмати аз ҷониби Ҷамъият қабул намудани ӯҳдадориҳо дар бораи додани/гирифтани қарз, бастани шартномаҳои қарзӣ, барориши коғазҳои қиматнок, додани супоришҳо, ҳамаи намудҳои кафолатҳо ва аккредитивҳо, қабул намудани ӯҳдадориҳо аз рӯи вексел (додани вексели оддӣ ва интиқолӣ, аз ҷумла аввалкунонии вексел ва хариду фурӯши векселе, ки аз ҷониби шахсони сеюм бароварда шудаанд).
- қабул намудани қарор дар бораи маъқул донистани аҳдҳое, ки дар он манфиатдорӣ мавҷуд мебошад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";
- муайян намудани шартҳои шартномаи меҳнатӣ бо директори генералӣ (ташкилоти идоракунанда);
- баровардани қарор дар бораи ба ҷавобгарии молумулкӣ кашидани шахсони мансабдори Ҷамъият;
- қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ (аз ҷумла мувофиқагардонии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ), тағйир додани ҳиссаи иштирок (миқдори саҳмияҳо, ҳиссаҳо), гаронии саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва қатъ намудани иштироки Ҷамъият дар дигар ташкилотҳо;
- интихоби муовини Шӯрои директорони Ҷамъият ва қатъи пеш аз мӯҳлати ваколатҳои ӯ;
- қабули қарор дар бораи боздоштани ваколатҳои ташкилоти идоракунанда (раиси он);
- қабули қарор дар бораи таъин намудани иҷрокунандаи вазифаи Директори Генералии Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 128 моддаи 20 ҳамин Оиннома;
- ба масъулияти интизомӣ кашидани Директори генералии Ҷамъият ва мукофотонидани он мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баррасии ҳисоботҳои Директори генералӣ дар бораи фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла дар бораи аз ҷониби ӯ иҷро намудани ӯҳдадориҳои вазифавӣ), дар бораи иҷроиши қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои директорони Ҷамъият;
- тасдиқ намудани тартиби ҳамкории Ҷамъият бо ташкилотҳое, ки дар он Ҷамъият иштирок менамояд;
- аз ҷониби Ҷамъият пешкаш намудани номзадҳо барои интихоб ба мақоми иҷроия ва дигар мақомотҳои идоракунӣ, мақомоти назоратӣ, инчунин номзадҳои аудитори корхона, ки дар онҳо Ҷамъият иштирок менамояд, корхонаҳое, ки бо тавлид, интиқол, танзимгарӣ, тақсимот ва фурӯши нерӯи барқӣ ва гармӣ, инчунин фаъолияти тармимотӣ ва хизматрасониро анҷом медиҳад;
- тасдиқ намудани номзадии нархгузори мустақил (нархгузорон) барои муайян намудани арзиши саҳмияҳо, моликият ва дигар дороиҳои Ҷамъият дар ҳолатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои, ҳамин Оиннома, инчунин бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои директорони Ҷамъият пешбинӣ шудаанд;
- пешакӣ маъқул донистани шартномаи коллективӣ, созишномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ баста шудаанд;
- тасдиқ намудани номзадҳои мушовири молиявӣ, ташкилкунандагони барориши коғазҳои қиматнок ва мушовирон оид ба амалиётҳое, ки бевосита бо ҷалб намудани маблағҳо дар шакли қарзгирии оммавӣ вобаста мебошанд;
- муайян намудани сиёсати харидорӣ дар Ҷамъият ва қабули қарор тибқи ҳуҷҷатҳои дар Ҷамъият тасдиқгардидае, ки фаъолияти харидории Ҷамъиятро ба танзим медароранд;
- қабули қарор дар бораи пешниҳод намудани Директори генералии Ҷамъият барои мукофотҳои давлатӣ;
- дигар масъалахои таҳти салоҳияти Шӯрои нозирон қарор дошта тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва ҳамин Оиннома.
99) Масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъиятро ба зиммаи мақоми иҷроияи Ҷамъият гузоштан мумкин нест.
100) Аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ ва иҷроиши вазифаҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, амалигардонии ҳуқуқҳои худ ва иҷроиши ӯҳдадориҳоро дар муносибат ба Ҷамъият содиқона ва оқилона анҷом диҳанд.
101) Аъзои Шӯрои нозирон дар назди Ҷамъият барои зарарҳое, ки ба Ҷамъият бо амалҳои ҷавобгарона (бефаъолиятӣ) ҷавобгар мебошанд, агар асосҳои дигар ва андозаи масъулиятнокӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад.
Аъзои Шӯрои нозирон, ки ба қарори ба Ҷамъият зарар овардааст, зид овоз додаанд, ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, ҷавобгар намебошанд.
17. Интихоби Шӯрои нозирони Ҷамъият
102) Ҳайати Шӯрои нозирони Ҷамъият аз 7 (ҳафт) нафар иборат мебошад.
103) Аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият фақат шахсони воқеӣ шуда метавонанд. Аъзои Шӯрои нозирон метавонад саҳмдори Ҷамъият набошад. Саҳмдор ё намояндаи саҳмдоре, ки соҳиби на камтар аз 2 фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият мебошад, аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият интихоб шуда метавонад.
104) Шахсоне, ки ба ҳайати Шӯрои нозирони Ҷамъият интихоб шудаанд, метавонанд якчанд маротиба аз сари нав интихоб гарданд.
105) Қатъи салоҳияти аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият бо ташаббуси ӯ дар ҳар вақт тавассути иттилои хаттии Шӯрои нозирони Ҷамъият амалӣ мегардад. Салоҳияти аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият аз лаҳзаи аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият гирифтани огоҳнома қатъ карда мешавад, агар дар огоҳнома мӯҳлати дертар, ки аз шаш моҳ зиёдтар буда наметавонад ва ин мӯҳлат аз ҷониби аксарияти овозҳои аъзои боқимондаи Шӯрои нозирони Ҷамъият қабул гардад.
18. Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъият
106) Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъият бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
107) Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъият кори Шӯрои нозирони Ҷамъиятро ташкил менамояд, ҷаласаи онро даъват менамояд ва дар он раисӣ карда, дар ҷаласаҳо тартиб додани протоколро ташкил менамояд.
108) Дар сурати набудани Раиси Шӯрои нозирон вазифаи ӯро муовини Раиси Шӯрои нозирон, ки аз ҳайати аъзои Шӯрои нозирон бо аксарияти овозҳои миқдори умумии аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият интихоб мегардад, иҷро менамояд.
19. Ҷаласаҳои Шӯрои нозирони Ҷамъият
109) Ҷаласаҳои Шӯрои нозирон аз рӯи зарурият гузаронида мешавад.
Ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъият аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъият (ё муовини Раиси Шӯрои нозирон) аз рӯи ташаббуси ӯ ё тибқи талаботи аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи ревизионии Ҷамъият, Аудитори Ҷамъият, мақоми иҷроияи Ҷамъият ё саҳмдоре, ки соҳиби на камтар аз 10 (даҳ) фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият мебошад, даъват карда мешавад.
110) Дар ҷаласаи якуми Шӯрои нозирони Ҷамъият, ки дар ҳайати нав интихоб шудаанд, ҳатман масъалаҳои интихоби муовини Раиси Шӯрои нозирон ҳаллу фасл мегарданд.
111) Қарори Шӯрои нозирони Ҷамъият тариқи овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) метавонад қабул карда шавад. Ҳангоми овоздиҳии ғоибона ба ҳамаи аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият мавод оид ба масъалаҳои рӯзномаи корӣ ва варақаи пурсишӣ барои овоздиҳӣ, бо нишон додани мӯҳлате, ки аз ҷониби аъзои Шӯро варақаи пурсишии пур кардашуда ва ба имзо расонидашуда бояд ба Шӯрои нозирони Ҷамъият пешниҳод карда шавад.
112) Аъзои Шӯрои нозирон, ки дар ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳузур надошт, ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ фикрҳои худро аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи корӣ бо тартиби муқаррарнамудаи регламенти фаъолияти Шӯрои нозирони Ҷамъият, баён намояд.
113) Супоридани ҳуқуқи овоздиҳии аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият ба дигар шахс, аз ҷумла ба дигар аъзои Шӯрои нозирон роҳ дода намешавад.
114) Қарор дар ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъият бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият, ки дар ҷаласа иштирок менамоянд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома қабул карда мешаванд.
115) Қарори Шӯрои нозирони Ҷамъият аз рӯи масъалаҳои зерин якдилона қабул карда мешаванд:
- зиёдкунӣ ё камкунии арзиши сметавии сохтмони НБО-и Роғун;
- тасдиқи арзиши нархгузории хотимавии сохтмони НБО-и Роғун.
116) Қарор дар бораи маъқул донистани аҳде, ки дар он манфиатдорӣ мувофиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" мавҷуд мебошад, аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯрои нозирон, ки дар он манфиатдор нестанд, қабул карда мешавад.
117) Ҳангоми ҳалли масъала дар ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳар як аъзои Шӯрои нозирон соҳиби як овоз мебошад. Дар сурати баробарии овозҳо ҳангоми овоздиҳӣ овози раисикунанда ҳалкунанда мебошад.
118) Кворум барои гузаронидани ҷаласаи Шӯрои нозирон на камтар аз нисфи овозҳои ҳайати аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъиятро ташкил медиҳад.
119) Дар маҷлиси Шӯрои нозирони Ҷамъият протокол бурда мешавад. Протоколи маҷлиси Шӯрои нозирони Ҷамъият дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъди гузаронидани он тартиб дода мешавад. Ба протокол ҳамаи мавод аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи кории маҷлис ва ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Шӯрои нозирон тасдиқгардида замима мегарданд.
Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирон қабул гардидани қарорҳо бо овоздиҳии ғоибона, ба протокол варақаҳои пурсишӣ барои овоздиҳӣ, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои нозирон имзо шудаанд, замима мешаванд.
20. Мақоми иҷроияи инфиродии Ҷамъият
120) Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми инфиродии иҷроия-Директори генералӣ роҳбарӣ мекунад.
121) Директори генералии Ҷамъият ба Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳисоботдиҳанда аст.
122) Ба салоҳияти Директори генералии Ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон ё Шӯрои нозирони Ҷамъият қарордошта марбутанд.
123) Директори генералии Ҷамъият бе ваколатнома аз номи Ҷамъият амал мекунад, аз ҷумла:
- иҷроиши нақшаҳои фаъолияти Ҷамъият, ки барои ҳалли вазифаҳои ӯ зарур мебошанд, таъмин менамояд;
- иҷроиши қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои нозирони Ҷамъиятро ташкил менамояд;
- пеш бурдани баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳиро дар Ҷамъият ташкил менамояд;
- моликияти Ҷамъиятро идора менамояд, аз номи Ҷамъият амалиётҳо мегузаронад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо, дигар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисобҳои Ҷамъиятро мекушояд;
- фармонҳо мебарорад, дастурамалҳо, санадҳои меъёрӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъиятро аз рӯи масъалаҳои таҳти салоҳияти ӯ қарордоштаро тасдиқ (қабул) менамояд, фармоишҳо медиҳад, ки иҷроиши онҳо аз тарафи ҳамаи кормандони Ҷамъият ҳатмӣ мебошад;
- мутобиқ бо сохтори тасдиқшудаи дастгоҳи иҷроияи Ҷамъият ва смета, ҷадвали штатии кормандон ва музди меҳнати кормандони Ҷамъиятро тасдиқ менамояд;
- нисбати кормандони Ҷамъият мувофиқи қонунгузории меҳнат ҳуқуқу вазифаҳои корфарморо амалӣ намуда, низомнома дар бораи пардохти музди меҳнат, дар бораи пардохти мукофотпулии яквақта барои собиқаи корӣ ва додани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба кормандони ҶСК "НБО Роғун"-ро тасдиқ менамояд;
- вазифаҳоро байни муовинони Директори генералӣ тақсим менамояд;
- роҳбарони филиал ва намояндагони Ҷамъиятро ба вазифа таъин ва озод менамояд;
- ба баррасии Шӯрои нозирон ҳисоботи фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастае, ки саҳмияҳои онро Ҷамъият соҳибӣ менамояд, оид ба филиалҳо ва намояндагиҳо, инчунин маълумот дар бораи дигар ташкилотҳое, ки дар он Ҷамъият иштирок менамояд, пешниҳод менамояд;
- ҳисоботро оид ба натиҷаҳои барориши коғазҳои қиматнок, ҳисобот оид ба натиҷаҳои ба даст овардани саҳмияҳо аз саҳмдорони Ҷамъият ва ҳисобот оид ба натиҷаҳои харида гирифтани саҳмияҳо аз саҳмдорони Ҷамъиятро тасдиқ менамояд;
- на дертар аз 45 (чилу панҷ) рӯз то санаи доир намудани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият, ба баррасии Шӯрои нозирони Ҷамъият тавозуни солонаи муҳосибавӣ, ҳисоби фоида ва зарарҳои Ҷамъият, тақсимоти фоида ва зарари Ҷамъиятро пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои дигари фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои нозирони Ҷамъият вогузор шудаанд, ҳал менамояд.
124) Директори генералии Ҷамъият бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
125) Ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои Директори генералӣ ҷиҳати амалӣ намудани роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома ва шартномаи меҳнатии бо Ҷамъият басташуда муайян карда мешавад.
126) Аз номи Ҷамъият Шартномаи меҳнатиро Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъият ё шахсе, ки аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият ваколатдор шудааст, ба имзо расонида мешавад.
127) Аз ҷониби Директори генералии Ҷамъият якҷоякунии вазифаҳо дар мақоми идоракунии дигар ташқилотҳо, инчунин дар дигар вазифаҳои пардохтшавандаи ташкилотҳои ғайр, танҳо бо ризоияти Шӯрои нозирони Ҷамъият роҳ дода мешавад.
128) Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ дорад ҳар вақт дар бораи қатъи пеш аз мӯҳлати ваколати ташкилоти идоракунанда (сардор) қарор қабул намояд.
Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳуқуқ дорад дар бораи боздоштани ваколатҳои ташкилоти идоракунанда ё сардор қарор қабул намояд. Дар як вақт бо қарори зикргардида Шӯрои нозирони Ҷамъият ӯҳдадор аст дар бораи таъин намудани ташкилоти идоракунанда ё сардор ва дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдоронро барои ҳалли масъалаҳо оид ба қатъи пеш аз мӯҳлати ваколатҳои ташкилоти идоракунанда (сардор) ва дар бораи таъсиси ташкилоти идоракунанда (сардор) қарор қабул намояд.
21. Комиссияи тафтишотии Ҷамъият
129) Барои амалӣ намудани назорати молиявию хоҷагии Ҷамъият аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон дар ҳайати на камтар аз се аъзо Комиссияи тафтишотии Ҷамъият интихоб мегардад.
130) Аъзои Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори Ҷамъият наметавонанд ҳамзамон аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият бошанд, инчунин дар мақомоти идораи Ҷамъият мансабҳои дигарро ишғол намоянд.
131) Тибқи қарори Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият салоҳиятҳои Комиссияи тафтишотии Ҷамъият пеш аз мӯҳлат қатъ шуда метавонад.
132) Ба салоҳияти Комиссияи тафтишотии Ҷамъият дохиланд:
- тасдиқи дурустии маълумотҳое, ки дар ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибӣ, ҳисоби фоида ва зарарҳои Ҷамъият дарҷ шудаанд;
- таҳлили ҳолати молиявии Ҷамъият, ошкор намудани захираҳои беҳтарсозии ҳолати молиявии Ҷамъият ва таҳияи тавсияҳо барои мақомоти идоракунии Ҷамъият;
- ташкил ва амалӣ намудани назорати (тафтиши) фаъолияти молиявию-хоҷагии Ҷамъият, аз ҷумла:
- санҷиши (тафтиши) ҳуҷҷатҳои молиявӣ, муҳосибавӣ, пардохтию-ҳисоббаробаркунӣ ва ғайраи Ҷамъият вобаста ба фаъолияти молиявию-хоҷагии Ҷамъият, ба мавзӯи мутобиқати он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва ғайраи Ҷамъият;
- назорат аз рӯи нигоҳдорӣ ва истифодабарии воситаҳои асосӣ;
- назорат аз рӯи риояи тартиби муқарраргардидаи ба ҳисоби зарар аз ҳисоб баровардани қарздории дебиторҳои ғайри қобили пардохтбуда;
- назорат аз рӯи хароҷотҳои маблағҳои пулии Ҷамъият мутобиқ бо нақшаи тиҷоратӣ ва буҷети Ҷамъият;
- назорат аз рӯи ташаккулёбӣ ва истифодабарии фондҳои эҳтиётӣ ва дигари махсуси Ҷамъият;
- тафтиши дурустӣ ва саривақтии ҳисоб кардан ва пардохти дивидендҳо аз рӯи саҳмияҳои Ҷамъият, фоизҳо аз рӯи вомбаргҳо, даромадҳо аз рӯи дигар коғазҳои қиматнок;
- тафтиши иҷрои дастурҳои қаблан додашуда барои рафъи қонуншиканиҳо ва камбудиҳое, ки бо тафтишҳои (санҷишҳои) қаблӣ муайян шудаанд;
- амалӣ намудани корҳои (чорабиниҳои) дигари марбут ба тафтиши фаъолияти хоҷагии Ҷамъият вобаста мебошанд.
133) Комиссияи тафтишотии Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳангоми ошкор намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти моливию-хоҷагии Ҷамъият, ӯҳдадор аст даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии Ҷамъиятро талаб намояд.
134) Тартиби фаъолияти Комиссияи тафтишотии Ҷамъият бо ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият муайян карда мешавад.
Комиссияи тафтишотии Ҷамъият мутобиқ бо қарор дар бораи гузаронидани тафтиш (санҷиш) ҳуқуқ дорад барои гузаронидани тафтиш (санҷиш) мутахассисонро дар соҳаҳои дахлдори ҳуқуқ, иқтисодиёт, молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, идоракунӣ, бехатарии иқтисодӣ ва ғайраҳо, аз ҷумла ташкилотҳои махсусгардонидашударо ҷалб намояд.
135) Санҷиши (тафтиши) фаъолияти молиявию-иқтисодии Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои солонаи фаъолияти Ҷамъият амалӣ карда шуда, инчунин метавонад ҳар вақт бо ташаббуси Комиссияи тафтишотии Ҷамъият, қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон, Шӯрои нозирони Ҷамъият ё бо талаби саҳмдори (саҳмдорони) Ҷамъият, ки на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои Ҷамъиятро соҳиб мебошанд, амалӣ шуда метавонад.
22. Аудитори Ҷамъият
136) Барои амалӣ намудани санҷиши ҳарсолаи мустақили фаъолияти молиявию-хоҷагии Ҷамъият, аудити ҳисоботи солона, тавозуни солонаи муҳосибӣ Ҷамъият аудиторро (шахси ҳуқуқӣ ва воқеиро) ҷалб менамояд.
137) Аудитор наметавонад бо манфиатҳои молу мулкӣ бо Ҷамъият вобаста бошад.
138) Аудитори Ҷамъиятро ва андозаи мукофотпулии ӯро Маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ менамояд.
139) Санҷиши фаъолияти молиявию-хоҷагии Ҷамъият ҳар вақт бо талаби саҳмдороне, ки на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои Ҷамъиятро соҳиб мебошанд, амалӣ шуда метавонад. Дар ин ҳолат хизматҳои аудитор аз ҷониби саҳмдороне пардохт карда мешавад, ки аз рӯи талаби онҳо санҷиш гузаронида мешавад.
23. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявии Ҷамъият
140) Ҷамъият ӯҳдадор аст баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ҳисоботи молиявиро пешниҳод кунад.
141) Масъулият барои ташкил, вазъи кунунӣ ва дурустии ҳисоби муҳосибавӣ дар Ҷамъият, пешниҳоди саривақтии ҳисобот ва дигар ҳисоботдиҳии молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин маълумот дар бораи фаъолияти Ҷамъият, ки ба саҳмдорони Ҷамъият, кредиторон ва ба воситаҳои ахбори умум пешниҳод мегарданд, Директори генералии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба дӯш дорад.
142) Дурустии маълумотҳое, ки дар ҳисоботи солонаи Ҷамъият, ҳисоботи муҳосибавии солона бояд аз ҷониби Комиссияи тафтишотӣ ва Аудитори Ҷамъият тасдиқ карда шавад.
143) Ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибавӣ, ҳисоби даромад ва зарар, тақсимоти фоида ва зарари Ҷамъият бояд пешакӣ аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият дар давоми 30 рӯз то гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон тасдиқ карда шавад.
24. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Ҷамъият аз ҷониби Ҷамъият пешниҳод намудани иттилоот
144) Ҷамъият бояд ҳуҷҷатҳои зайлро ҳифз намояд:
- қарор дар бораи таъсиси Ҷамъият;
- оинномаи Ҷамъият, тағйиру иловаҳои ба оинномаи Ҷамъият воридгардида ва бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифташуда, қарор дар бораи таъсиси Ҷамъият, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии Ҷамъият;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи Ҷамъият ба молу мулке, ки дар тавозуни он мебошад;
- ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки аз ҷониби мақомоти идоракунии Ҷамъият тасдиқ мешаванд;
- низомномаи филиалҳо ё намояндагиҳои Ҷамъият;
- ҳисоботи солонаи молиявӣ;
- эъломияҳои эмиссия, ҳисоботи семоҳаи эмитент ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои иттилооте, ки бояд нашр гарданд ё бо усули дигар мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо ошкор карда шаванд;
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ;
- ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ;
- протоколи Маҷлиси умумии саҳмдорон, маҷлисҳои Шӯрои директорони Ҷамъият, Комиссияи тафтишотӣ (ревизор);
- бюллетенҳои овоздиҳӣ, инчунин ваколатномаҳо (нусхаи ваколатномаҳо) барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон;
- ҳисоботи нархгузорони мустақил;
- рӯйхати шахсони бонуфузи Ҷамъият;
- рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон, дорои ҳуқуқи гирифтани суди саҳмияҳо, инчунин дигар рӯйхатҳое, ки Ҷамъият мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" барои татбиқи ҳуқуқҳои саҳмдорон таҳия менамояд;
- хулосаи Комиссияи тафтишотии (ревизори) Ҷамъият, аудитори Ҷамъият, мақомоти назорати давлатии молиявӣ, дар ҳолати мавҷуд будани саҳми давлат дар Ҷамъият;
- дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома, ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият ва қарорҳои мақомоти идоракунии Ҷамъият.
145) Ҷамъият ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 144 ҳамин моддаро дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти иҷроияи он тибқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд.
146) Ҳангоми азнавташкилдиҳии Ҷамъият ҳамаи ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқарраргардида ба ворисҳуқуқ супорида мешаванд.
147) Ҳангоми барҳамдиҳии Ҷамъият ҳуҷҷатҳои нигоҳдории доимии дорои аҳамияти илмӣ-таърихӣ дошта, инчунин ҳуҷҷатҳо марбут ба ҳайати шахсӣ (фармонҳо, варақаҳои шахсӣ ва варақаҳои ҳисоб, ҳисобҳои шахсӣ ва ғайра) барои нигоҳдорӣ ба бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.
Супоридан ва батартибоварии ҳуҷҷатҳо мувофиқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Маълумот дар бораи Ҷамъият аз ҷониби ӯ тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
148) Ҷамъият ба саҳмдорон дастрасиро ба ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 144 ҳамин модда бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Ба ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ саҳмдороне (саҳмдоре) иҷозат дода мешавад, ки дар маҷмӯъ дорои на камтар аз 25 фоизи саҳмияҳои овоздори Ҷамъият бошанд.
149) Ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 144 ҳамин модда, бояд аз ҷониби Ҷамъият дар муддати 7 (ҳафт) рӯз аз рӯзи пешниҳоди дархости дахлдор барои шиносоӣ дар бинои мақоми иҷроияи Ҷамъият пешниҳод гарданд. Ҷамъияти саҳомӣ ӯҳдадор аст тибқи дархости шахсоне, ки ҳуқуқи дастрасӣ намудан ба ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 144 доранд, ба онҳо нусхаҳои ҳуҷҷатҳои қайдшударо диҳад.
25. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ҷамъият
150) Ҷамъият метавонад ихтиёран бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ, инчунин дар асосҳо ва бо тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил дода шавад.
151) Ҷамъият метавонад бо қарори суд ё ихтиёрӣ бо тартибе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва ҳамин Оиннома барҳам дода шавад.
152) Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Ҷамъият ё қатъ намудани корҳое, ки маълумоти давлатии махфиро доро мебошанд, Ҷамъият ӯҳдадор аст нигоҳдории ин маълумотҳо ва паҳнкунандагони онҳоро бо роҳи таҳия ва татбиқи чораҳои реҷаи махфият, ҳимояи ахборот, ҳимоя ва бехатарии зиддисӯхториро таъмин намояд.
Замимаи № 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2009 №685
Сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.10.2010 № 546)
Замима
Замимаи № 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2009 № 685
Тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2010 № 4)
1. Муқаррароти умумӣ
Тартиби мазкур қоидаҳои ба муомилот баровардан, шартҳои муомилоти саҳмия, ҷойгиркунӣ ва фурӯши саҳмияҳо, бақайдгирӣ ва номнависии сертификати саҳмияҳо, ҷамъоварии маблағҳоро аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун" муайян менамояд.
Саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурии ҶСК "НБО Роғун" дар шакли коғазҳои қиматнок бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин Сертификатҳои саҳмияҳои манзурӣ бо арзиши 500 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ бароварда шудаанд.
Дар тарафи пеши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурӣ номи ҶСК "НБО Роғун", санаи барориш, арзиши номиналии саҳмия, нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми сарбанд, обанбор ва ҷоришавии об, рақами сабти давлатии барориши саҳмия, хатти интиқоли барқ, рақам (ҳафт ва ҳашт рақама) ва силсилаҳои саҳмияҳо, мӯҳри факсималӣ ва имзои факсималии ду шахси масъули ҶСК "НБО Роғун" нишон дода шудааст.
Дар тарафи қафои онҳо шартҳои муомилоти саҳмия, ном ва суроғаи эмитент дарҷ гардидааст.
Сертификати саҳмияҳои номӣ, ки маблағашон зиёда аз 5000 сомониро ташкил медиҳад аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи бақайдгирӣ ва номнависӣ дода мешавад.
Ҷойгиркунӣ ва хариду фурӯши саҳмияҳо аз ҷониби ҶСК "НБО Роғун" тавассути Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" калимаҳои "Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" барои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ().
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба тариқи нақдӣ ё ғайринақдӣ саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун"-ро харидорӣ намоянд.
Фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун" аз январи соли 2010 оғоз меёбад.
2. Шартҳои муомилоти саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун"
Хар саҳмияи оддии ҶСК "НБО Роғун" ҳангоми қабули қарорҳо дар маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқи як овозро медиҳад.
Дорандаи саҳмияҳо барои гирифтани ҳиссаи даромади ҷамъияти саҳомӣ, дар шакли суди (дивиденди) саҳмияҳо ҳуқуқ дорад.
Барои гирифтани суди (дивиденди) саҳмияҳо, он саҳмияҳое ҳуқуқ доранд, ки на дертар аз 30 рӯз то гузаронидани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон ба даст оварда шуда бошанд.
Андоза ва мӯҳлати пардохти суди (дивиденди) саҳмияҳо бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон баъди ба истифода дода шудани навбати аввали НБО Роғун муайян ва амалӣ карда мешавад.
Саҳмдор ҳуқуқ дорад саҳмияҳоро бегона намояд (фурӯшад, тӯҳфа кунад, иваз намояд), ба мерос ва гарав гузорад.
Даромадҳои ба дастовардаи саҳмдорон аз рӯи саҳмияҳои доштаашон мувофиқи қонунгузории амалкунанда андозбандӣ карда мешаванд.
Мақомоти ваколатдор оид ба пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдорон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Ҷойгиркунӣ ва фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" саҳмияҳоро бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ва сертификати саҳмияҳоро бо арзиши 500 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ бо боваринома ва сабти миқдор, рақам ва ҳаҷми маблағи саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо ба Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" калимаҳои "Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" барои ҷойгиркунӣ месупорад ().
Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" калимаҳои "Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳоро барои ба роҳ мондани фурӯши онҳо дар шӯъбаҳо ва бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии худ мувофиқи шумораи воқеии аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо ҷойгир менамояд ().
Шаҳрвандон бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷате, ки шахсиятро муайян мекунад ва шахсони ҳуқуқии ҷумҳурӣ бо дархости хаттӣ, ки бо имзои роҳбар ва мӯҳри он тасдиқ карда шудааст барои харидорӣ намудани саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурӣ ба Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва шӯъбаю бахшҳои он Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" муроҷиат мекунанд ().
Ба харидорони саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурии ҶСК "НБО Роғун" аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва шӯъбаю бахшҳои он Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" дар баробари додани саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо, оиди маблағи пардохтшуда ҳуҷҷати тасдиқкунанда (квитансия) дода мешавад ().
Дар ҷараёни фурӯш ва харидории саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурии ҶСК "НБО Роғун" масъулини сарраёсат ва раёсатҳои молияи Вилояти Мухторн Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доимӣ дар Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва шӯъбаю бахшҳои он Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" иштирок намуда, риояи тартиботи мазкурро назорат менамоянд ().
Ҷиҳати ҷойгиркунӣ ва фурӯши сертификати саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун" ба маблағи зиёда аз 5000 сомонӣ барои бақайдгирӣ ва номнависии онҳо аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарраёсат ва раёсатҳои молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияхои ҷумҳурӣ ваколат дода мешавад.
Кормандони масъулӣ сарраёсат ва раёсатҳои молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва шӯъбаю бахшҳои он Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" ҳангоми хариди сертификати саҳмияхои ҶСК "НБО Роғун", ки маблағашон аз 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ зиёд аст, сертификати саҳмияҳои номиро ба қайд гирифта, ба харидорон месупоранд ().
4. Баҳисобгирии воридоти маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияқои ҶСК "НБО Роғун"
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъоварии маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун" дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия бо асъори миллии сомонӣ ва дар Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" бо асъори хориҷӣ ва "Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳои махсус мекушояд ().
Маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун" воридгардида, худи ҳамон рӯз ба суратҳисобҳои дар боло зикргардида интиқол дода мешаванд.
Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва шӯъбаю бахшҳои он Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" дар якҷоягӣ бо сарраёсат ва раёсатҳои молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба миқдори саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо фурӯхташуда ва ҳаҷми маблағҳои аз фурӯши онҳо ворид гардида ҳар рӯз то анҷоми рӯзи корӣ бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд ().
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ, маълумотро оид ба миқдори саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо фурӯхташуда ва ҳаҷми маблағҳои аз фурӯши онҳо ворид гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи маблағҳое, ки дар суратҳисоби махсуси бонкҳо аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк". Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдиду инкишофи саноати тоҷик "Тоҷпромбонк", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Бонки Рушди Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Фононбонк" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" шартнома мебандад ().
5. Бақайдгирӣ ва бурдани феҳристи саҳмдорони ҶСК "НБО Роғун"
Бо мақсади тартиб додани Феҳристи саҳмдорони ҶСК "НБО Роғун", сарраёсат ва раёсатҳои молияи Вилояти Мухторм Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ феҳрист, номнависӣ ва бақайдгирии сертификати саҳмияҳои фурӯхташударо тартиб дода, ҳар 10 рӯз ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Дар феҳрист номгӯи пурраи шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, рақами сабти давлатӣ, рақами шиноснома, ҷои истиқомат ва суроғаи онҳо, миқдори саҳмияҳои номии фурӯхташуда, маблағи онҳо, силсила ва рақами давлатии сертификати саҳмияҳо дарҷ карда мешаванд.
Нигоҳдорандаи феҳристи саҳмдорони ҶСК "НБО Роғун" Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар феҳристи саҳмдорони ҶСК "НБО Роғун" ба ҳар як соҳиби сертификати саҳмияҳои номӣ ҳисоби шахсӣ кушода мешавад.
Фурӯш ва ба каси дигар додани сертификати саҳмияҳои номӣ дар асоси санади интиқолӣ (индоссамент) амалӣ карда мешавад.
Гардиши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК "НБО Роғун" дар бозори такрории коғазҳои қиматнок тавассути Биржаи Фондӣ ё бевосита байни соҳибони саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо ва харидорон сурат мегирад.