ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи гурезаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод. 305) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "мақомоти давлатии муҳоҷират", "мақомоти муҳоҷират", "мақомоти муҳоҷиратро" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ", "мақомоти корҳои дохилиро", калимаҳои "мақомоти минтақавии муҳоҷират" ба калимаҳои "мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ", калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда, қисмҳо рақамгузорӣ ва сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
2. Дар матни Қонун баъд аз калимаҳои "мақомоти амнияти" калимаи "миллии" илова карда, калимаҳои "мақомоти амният", "мақомоти амниятро" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти амнияти миллӣ", "мақомоти амнияти миллиро" иваз карда шаванд.
3. Аз матни Қонун калимаҳои "мақомоти ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "мақомоти ҳифзи Сарҳади давлатӣ" хориҷ карда шаванд.
4. Матни моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақомоти идораи давлатӣ, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо таъмин мекунанд, инҳоянд:
- мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.".
5. Дар моддаи 5:
1) дар қисми якум:
-аз сархати нӯҳум калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" хориҷ намуда, калимаҳои "(шӯъбаҳои раводид ва бақайдгирӣ)" берун аз қавсайн ифода карда шаванд;
-сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
-"шахсоне, ки нисбати онҳо масъалаи бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза дониста шуданашон баррасӣ мегардад ва шахсони шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархостдоштаро ба қайд гирифта, мӯҳлати амали қайди онҳоро дароз мекунад;
-барои шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида гуреза дониста шудаанд ва аъзои оилаи онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати муваққатии зистро ба расмият дароварда, ба онҳо месупорад ва мӯҳлати амали онро дароз мекунад;
-ҳангоми зарурат расмиёти айниятгардонии (идентификатсияи) шахсияти онҳоеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, анҷом медиҳад;
-дактилоскопияи (нақши панҷаҳо) шахсонеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд, анҷом медиҳад.";
2) ба қисми дуюм сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳангоми убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳо ё берун аз онҳо шахсони паноҳҷӯяндаро, ки барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома надоранд, вале бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми моддаи 2 Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданро изҳор намудаанд, бозмедорад ва дар мӯҳлати на дертар аз 72 соат дар ин бора ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар медиҳад.";
3) қисмҳои сеюм ва панҷум хориҷ карда шаванд.
6. Дар қисми панҷуми моддаи 6 калимаҳои "мақомоти ҳифзи Сарҳади давлатӣ" ба калимаҳои "қушунҳои сарҳадӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми дуюми моддаи 9 калимаҳои "Мақомоти давлатии муҳоҷират, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти амниятро" ба калимаҳои "Мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллиро" иваз карда шаванд.
8. Аз сархати дуюми қисми дуюми моддаи 10 калимаҳои "хатии мақомоти давлатии муҳоҷират ва" хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 11:
1) қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дархости гуреза донистани шахс дар мӯҳлати на дертар аз се моҳи пас аз ба қайд гирифта шудани он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ карда мешавад. Мӯҳлати амали бақайдгирӣ низ ба ҳамин муддат дароз карда мешавад.";
2) қисми ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шаҳодатнома дар баробари пешниҳодоти мақомоти корҳои дохилӣ барои гирифтани иҷозати зист ба мӯҳлати гуреза донистани шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ӯ асос мебошад.";
3) аз қисми нӯҳум калимаҳои "дар мақомоти корҳои дохилӣ" хориҷ карда шаванд;
4) қисми ёздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти дахлдорро аз қабули қарори ниҳоӣ дар хусуси рад намудани гуреза донистани шахс хабардор сохта, онро аз қайд мебарорад ва ба вай ва ба аъзои оилааш барои додани раводиди хуруҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мекунад.".
10. Дар моддаи 12:
1) дар қисми дуюм:
- аз сархати дуюм калимаҳои "мақомоти давлатии муҳоҷират ва" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати чорум калимаҳои "ва дар мавриди зарурат ба мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ" хориҷ карда шаванд.
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад;
"- дар сурати иваз намудани ҷойи истиқомат аз қайди мақомоти корҳои дохилӣ бароянд ва дар давоми се рӯзи корӣ пас аз расидан ба маҳалли нави истиқомат дар мақомоти корҳои дохилии он маҳал аз қайд гузаранд;".
11. Қисми панҷуми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти дахлдорро аз қарори қабулгардида дар бораи аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намудани шахс хабардор намуда, онро аз қайд мебарорад, ҳамзамон дар хусуси ба расмият даровардани раводиди хуруҷи ӯ ва аъзои оилааш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост менамояд.".
12. Аз қисми шашуми моддаи 14 калимаҳои "дар асоси дархости хаттии мақомоти давлатии муҳоҷират" хориҷ карда шаванд.
13. Дар матни моддаи 15 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти минтақавии мақомоти давлатии муҳоҷират" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
12 январи соли 2010 № 590