ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, №10, мод. 812; с. 2009, № 5, мод. 318; № 7- 8, мод. 496) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 4 моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Саҳмдори ҷамъияти саҳомии пӯшида, ки нияти ба шахси сеюм фурӯхтани саҳмияҳои худро дорад, ӯҳдадор аст саҳмдорони боқимондаи ҷамъияти саҳомӣ ва худи ҷамъияти саҳомиро бо нишон додани нарх ва дигар шартҳои фурӯши саҳмияҳо хаттӣ огоҳ намояд. Огоҳонидани саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ тавассути ҷамъияти саҳомӣ амалӣ мешавад. Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, огоҳонидани саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ аз ҳисоби саҳмдоре амалӣ мешавад, ки нияти фурӯхтани саҳмияҳои худро дорад.
Агар саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ва (ё) ҷамъияти саҳомӣ аз ҳуқуқи афзалиятнок барои ба даст овардани ҳамаи саҳмияҳои барои фурӯш пешниҳодшаванда истифода накунанд, дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи гирифтани чунин огоҳинома аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳо метавонанд ба шахсони сеюм бо ҳамон нарх ва шартҳое, ки ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он хабар дода шуда буданд, фурӯхта шаванд. Агар то ба охиррасии ин мӯҳлат аз ҳама саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, инчунин ҷамъияти саҳомӣ (агар ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи афзалиятноки ба даст овардани саҳмияҳоро дошта бошад) аризаҳои хаттӣ оид ба истифода ё рад кардан аз ҳуқуқи афзалиятнок гирифта шуда бошад, мӯҳлати амалинамоии ҳуқуқи афзалиятнок қатъ мегардад.".
2. Сархати ёздаҳуми қисми 3 моддаи 14 хориҷ карда шавад.
3. Матни моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Бақайдгирии ҷамъияти саҳомӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ мегардад.
2. Бақайдгирии саҳмия ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ" амалӣ мегардад.".
4. Дар банди ҳаштуми қисми 3 моддаи 26 пас аз калимаи "(унвони)" калимаҳои "ва манзурӣ" илова карда шаванд.
5. Дар қисми 2 моддаи 44 пас аз калимаҳои "Маҷлиси умумии" калимаи "солонаи" илова карда шавад.
6. Дар сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 45 пас аз калимаҳои "ваколатҳои онҳо" калимаҳои ", агар бо оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тибқи Қонуни мазкур ҳалли ин масъалаҳо ба салоҳияти Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) вогузор нашуда бошад" илова карда шаванд.
7. Дар қисми 3 моддаи 46 рақами "30" ба рақами "45" иваз карда шуда, калимаҳои ", агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ мӯҳлати камтар пешбинӣ нашуда бошад" хориҷ карда шаванд.
8. Дар банди сеюми қисми 3 моддаи 48 рақамҳои "30" ва "40" мутаносибан ба рақамҳои "20" ва "30" иваз карда шаванд,
9. Дар моддаи 52:
- дар қисми 5 пас аз калимаҳои "қабул кунад" калимаҳои ", инчунин ба рӯзнома тағйирот ворид намояд" илова карда шаванд;
- аз қисми 6 калимаҳои ", вале на дертар аз 45 рӯз аз санаи қабули ин қарорҳо" хориҷ карда шаванд.
10. Дар қисми 2 моддаи 53 калимаҳои "сархати дувоздаҳуми" ба калимаҳои "сархати даҳуми" иваз карда шаванд.
11. Банди сеюми қисми 5 моддаи 54 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар сурати гузаштани ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳо дар марҳилаи баъди санаи тартибдиҳии рӯйхат ва то санаи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, харидор (молики нави саҳмияҳо) ҳуқуқ дорад дар чунин Маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликиятро ба саҳмияҳо тасдиқ менамоянд, аз ҷумла иқтибос аз феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, иштирок намояд. Зимнан, молики аввалаи саҳмияҳо, ки ба рӯйхати шахсони дорандаи ҳуқуқ барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дохил шудааст, ҳуқуқи иштирок дар чунин Маҷлиси умумии саҳмдоронро гум мекунад ва ӯҳдадор аст ба молики нави саҳмияҳо иттилоотро оид ба нақшаҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор (огоҳинома оид ба Маҷлиси умумии саҳмдорон) хабар диҳад. Дар сурати аз ҷониби молики аввалаи саҳмияҳои ба рӯйхати шахсони дорандаи ҳуқуқ барои иштирок дар Маҷлиси ӯмумии саҳмдорон дохилшуда иҷро нагардидани ӯҳдадории мазкур, молики нави саҳмияҳо ҳуқуқ дорад аз молики аввала ҷуброни зарари ба ӯ расонидашударо талаб намояд.".
12. Дар моддаи 56:
- ҷумлаи дуюми банди сеюми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ваколатномаи овоздиҳӣ бояд мутобиқи талаботи моддаи 210 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда бошад.";
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 3, 4, 5 мувофиқан қисмҳои 2, 3, 4 ҳисобида шаванд.
13. Дар қисми 3 моддаи 63 калимаҳои "дорои камтар аз панҷоҳ саҳмдор" ба калимаҳои "дорои панҷоҳ ва аз он камтар саҳмдор" иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 64:
- ба қисми 2 ҷумлаҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Саҳмдороне, ки миқдори муайяни саҳмияҳои дар оинномаи Ҷамъият муқарраршударо соҳибӣ мекунанд, метавонанд аъзои Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) интихоб гарданд. Дар оиннома ё ҳуҷҷати дохилии ҷамъияти саҳомӣ метавонад дигар талабот ба аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ муқаррар карда шавад.";
- аз банди якуми қисми 3 калимаҳои "ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон" хориҷ карда шаванд.
15. Банди дуюми қисми 1 моддаи 65 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ба салоҳияти Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ масъалаҳои зерин марбутанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ;
- даъвати Маҷлиси солона ва ғайринавбатии умумии саҳмдорон;
- тасдиқи рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон;
- муайян намудани санаи таҳияи рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ва дигар масъалаҳое, ки мутобиқи муқаррароти боби 8 Қонуни мазкур ба салоҳияти Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дохил шудаанд ва ба омодагӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон алоқаманд мебошанд;
- тасдиқи буҷети солона ва бизнес-нақшаи ҷамъияти саҳомӣ;
- таъсиси мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои он, агар бо оинномаи ҷамъияти саҳомӣ чунин ҳуқуқ ба салоҳияти Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) вогузор гардида бошад;
- муайян намудани ҳаҷми маошҳои вазифавӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва мукофотонидани аъзои мақоми иҷроия (шахсе, ки вазифаи мақоми иҷроияро якка амалӣ менамояд);
- маъқул донистани аҳдҳои калон дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
- муайян намудани иттилоот оид ба ҷамъияти саҳомӣ ё фаъолияти он, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳанд, инчунин тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ;
- аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- ба даст овардани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки паҳннамудаи ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- тавсияҳо вобаста ба андозаи суди саҳмияҳо ва тартиби пардохти онҳо;
- муайян намудани нархи (арзиши пулии) молу мулк, нархи паҳн кардан ва хариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- тасдиқи пешакии ҳисоботи солона, ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ, аз он ҷумла ҳисобот оид ба даромад ва зарари (ҳисобҳои даромад ва зарари) ҷамъияти саҳомӣ, инчунин тақсими даромад ва зарари ҷамъияти саҳомӣ аз рӯи натиҷаи соли молиявӣ;
- пешниҳоди тавсияҳо вобаста ба андозаи пардохти подош ва ҷубронпулӣ ба аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ ва муайян намудани андозаи пардохти хизмати аудитор;
- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои ҷамъияти саҳомӣ;
- тасдиқи нигоҳдорандаи феҳристи ҷамъияти саҳомӣ ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор қардани шартнома бо ӯ;
- таъсиси мақоми муваққатии инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) то гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, агар таъсиси мақоми иҷроия бо оинномаи ҷамъият ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб дониста шуда бошад;
- ҳангоми зарурат ташкили кумитаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва дигар кормандони ҷамъияти саҳомӣ;
- дигар масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ.".
16. Дар банди чоруми қисми 2 моддаи 79 калимаҳои "мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 84:
- матни модда бо рақами "1." ишора карда шуда, қисмҳои 2, 3 ва 4 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"2. Ҷамъияти саҳомӣ ӯҳдадор аст бо талаби ҳар як саҳмдор маълумоти муфассалро оид ба аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда мавҷуд мебошад, пешниҳод намояд.
3. Ҷамъияти саҳомӣ ӯҳдадор аст маълумотро оид ба бастани аҳдҳо аз ҷониби ҷамъият, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда мавҷуд мебошад, дар мӯҳлати 5 рӯз аз лаҳзаи бастани чунин аҳд бо роҳи ирсол намудани огоҳинома бо маълумот оид ба аҳд (оид ба шартҳо ва хусусиятҳои аҳд, оид ба ҳамаи далелҳои муҳими марбут ба хусусият ва дараҷаи манфиати мавҷуда) ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ошкор намояд.
4. Маълумот оид ба шартҳо ва хусусияти ахд, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда мавҷуд мебошад, аз ҷумла ошкор намудани ҳамаи далелҳои муҳими марбут ба хусусият ва дараҷаи манфиат бояд ба ҳисоботҳои семоҳа ва солона, ки аз ҷониби ҷамъият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд, дохил карда шаванд.".
18. Дар моддаи 85:
- қисми 6 хориҷ карда шавад;
- қисми 7 қисми 6 ҳисобида шавад.
19. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 90 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
12 январи соли 2010 № 585