Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 № 581 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685: с.2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651: с. 2008, №3, мод.181; №6, мод. 443; № 12, қ. 1, мод. 982) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми сеюми моддаи 25 пас аз калимаҳои "коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олӣ" калимаҳои ", коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олӣ" илова карда шаванд.

2. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 31 калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятиро" ба калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ, "ҷиноӣ, оилавӣ ва маъмуриро" иваз карда шаванд.

3. Ба Қонун моддаҳои 35(1) ва 35(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

Моддаи 35(1). Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- парвандаҳои оилавиро ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

- парвандаҳои оилавиро аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ, ки қонун муқаррар кардааст, парвандаҳои оилавиро ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд;

- аризаҳои шахсони дар парванда иштироккардаро дар бораи аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав дида баромадани ҳалномаҳое, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин карорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё карори нав қабул гардидааст, баррасӣ менамояд;

- таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, омори судиро таҳлил менамояд;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонун ба салоҳияти ӯ гузоштааст, ҳаллу фасл менамояд.

Моддаи 35(2). Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- парвандаҳои маъмуриро ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

- парвандаҳои маъмуриро аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ, ки қонун муқаррар кардааст, парвандаҳои маъмуриро ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд;

- аризаҳои шахсони дар парванда иштироккардаро дар бораи аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав дида баромадани ҳалномаҳое, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ менамояд;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонун ба салоҳияти ӯ гузоштааст, ҳаллу фасл менамояд".

4. Дар моддаи 37 калимаҳои "Парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноӣ" ба калимаҳои "Парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, оилавӣ ва маъмурӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар ном ва матни моддаи 63 калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ" ба калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ" иваз карда шаванд.

6. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 67 калимаҳои "парвандаҳои гражданию ҷиноятиро" ба калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, оилавӣ ва маъмуриро" иваз карда шаванд.

7. Дар қисми якуми моддаи 75:

- дар сархати сеюм калимаҳои "ҷиноӣ амал мекунанд." ба калимаи "ҷиноӣ;" иваз карда шавад;

- сархатҳои чорум ва панҷум ба мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ;

- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ амал мекунанд.".

8. Дар сархати дуюми моддаи 78 калимаҳои "ва коллегияи судиро оид ба парвандаҳои ҷиноӣ" ба калимаҳои ", коллегияи судиро оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, коллегияи судиро оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи судиро оид ба парвандаҳои маъмурӣ" иваз карда шаванд.

9. Дар қисми якуми моддаи 80 калимаҳои "ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии" ба калимаҳои ", коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии" иваз карда шаванд.

10. Дар моддаи 81 калимаҳои "коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии" ба калимаҳои "коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии" иваз карда шаванд.

11. Дар қисми якуми моддаи 87 пас аз калимаи "ҷиноӣ" калимаи ", оилавӣ" илова карда шавад.

12. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 131 пас аз калимаи "ҷиноятӣ" калимаи ", оилавӣ" илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

 12 январи соли 2010 № 581