Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 № 586 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо бА Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 51; с. 2005, № 12, мод. 630; с. 2006, № 12, мод. 541; с. 2008, № 6, мод. 460; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, № 3, мод. 88) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба сархати дуюми моддаи 3 пас аз калимаи "адлия" калимаҳои "ва андоз" илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 4:

- қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"5. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои тиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолият, ҳамчунин филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ - ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолият - ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ё додани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва (ё) қатъ намудани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва (ё) намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;

7) барои додани нусхаи (дубликати) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст.";

- қисми панҷум қисми шашум ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ - ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои қайди баҳисобгирии филиалҳо ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии хориҷӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ - ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;

7) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо - ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташудаба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои додани маълумотномаи гаравӣ барои шартномаҳои гарави амволи манқул - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

11) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.";

- банди 6) қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад, - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда мешавад, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм - ба андозаи 1 фоиз аз маблағи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;";

- қисми ёздаҳум хориҷ карда шавад ва қисмҳои дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум ва понздаҳум мутаносибан қисмҳои ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳум ҳисобида шаванд;

- дар қисми понздаҳум:

а) банди 2) хориҷ карда шавад;

б) бандҳои 3) - 9) мутаносибан бандҳои 2) - 8) ҳисобида шаванд.

3. Банди 6) қисми сеюми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6) меросхӯроне, ки то рӯзи кушода шудани мерос дар манзили истиқоматии меросӣ бо меросгузор якҷоя истиқомат мекарданд ва то рӯзи вафоти меросгузор дар манзили истиқоматии меросӣ қайди истиқомат доранд.".

4. Дар банди 2) қисми дуюми моддаи 6 пас аз калимаҳои "мақомоти он" калимаҳои ", инчунин мақомоти андоз" илова карда шаванд.

5. Дар тамоми матни Қонун қисмҳои моддаҳо рақамгузорӣ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

 12 январи соли 2010 № 586