ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 630, аз 22.07.2013 № 996)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти оморӣ ба танзим дароварда, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти омори давлатӣ, инчунин тартиби ташкили, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ ва пешбурди баҳисобгирии омори расмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои танзимкунандаро барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии омори расмӣ ва паҳн намудани маълумоти омори давлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷомеаро ба иттилооти омории пурра, эътимоднок, илман асоснок ва саривақтӣ оид ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва равандҳои дигари ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад, муайян менамояд.
2. Амали Қонуни мазкур ба ҳамаи воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, татбиқ мегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- омор - маҷмӯи маълумоти миқдорӣ оид ба ҷамъи зуҳурот ё равандҳо;
- омори давлатӣ - низоми ягонаи омории иттилооти давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ ташаккул меёбад;
- низоми омори давлатӣ - қисми асосии таркибии низоми иттилооти давлатӣ мебошад, ки дар худ маҷмӯи маълумоти омории аввалия, ҷамъбастшуда ва маъмуриро ифода менамояд;
- омори расмӣ - маълумоти аз воҳидҳои омори ҷамъоварӣ ва коркардшуда, ки тавсифҳои зуҳуроти ба амаломадаро дар маҷмӯи дахлдор нишон медиҳад;
- баҳисобгирии омори расмӣ - фаъолияте, ки тибқи методологияи омори расмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ва коркарди маълумоте, ки дар натиҷаи онҳо гирифта мешаванд, равона карда шуда, бо мақсади ташаккули иттилооти омори расмӣ андешида мешавад;
- субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ - мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ташаккулёбии иттилооти омори расмиро дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд ();
- воҳиди оморӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;
- ҳисоботҳои омори давлатӣ - маълумоте, ки аз ҷониби воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти омори давлатӣ пешниҳод мегарданд;
- иттилооти омори расмӣ - иттилооти ҷамъбастии ҳуҷҷатнокшуда оид ба тарафҳои миқдории равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва равандҳои дигари ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи барномаҳои корҳои оморӣ ва дигар мушоҳидаҳо ташаккул меёбанд ();
- методологияи оморӣ - маҷмӯи қоидаҳои умумӣ ва усулҳои махсуси мушоҳидаҳои оморӣ;
- мушоҳидаҳои оморӣ - ҷамъоварии муназзами илман асосноки маълумот дар бораи зуҳурот ва равандҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои оморӣ, ки мақомоти омори давлатӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ба амал мебароранд;
- мушоҳидаҳои омории идоравӣ - мушоҳидаҳое мебошанд, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ аз рӯи намудҳои мушаххаси фаъолият ба амал мебароранд;
- низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ - низоми гурӯҳбандии иттилоот оид ба воҳидҳои оморӣ аз рӯи намуди фаъолият, шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ғайраҳо;
- регистри омори давлатӣ - махзани ҷамъбастии маълумоти воҳидҳои оморӣ мебошад, ки алоқамандиро бо регистр ва махзанҳои маълумоти иттилоотии идоравӣ дар асоси низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ таъмин менамояд ();
- маълумоти аввалияи оморӣ - иттилооти оморӣ дар бораи воҳиди мушаххаси оморӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият;
- маълумоти маъмурӣ - маълумотҳое, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои маъмуриашон гирифтаанд ва ба мақомоти омори давлатӣ барои истеҳсол ва баҳисобгирии омори расмӣ пешниҳод карда мешаванд;
- маълумоти ҷамъбастшуда - калон кардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба воситаи муттаҳид кардани онҳо ба гурӯҳи ягона;
- махфӣ будани омор - таъмин намудани ҳифзи маълумоти оморӣ, ки ошкор намудани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст ();
- барӯйхатгирӣ - яке аз усулҳои мушоҳидаи баҳисобгирии сартосарии воҳидҳои оморӣ, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақту замони муайян гузаронида мешавад ();
- тадқиқот - ташаккул додани маълумоте мебошад, ки бо роҳи пурсиш аз воҳидҳои ҷудогонаи интихобшудаи маҷмӯи воҳидҳои баҳисобгирии оморӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд;
- интихоб - усулҳо ва расмиёти интихоби воҳиди объекти омӯхташаванда мебошад, ки ба тадқиқот тааллуқ дорад;
- паҳн намудан - барои ҳамаи истифодабарандагон дастрас будани иттилооти оморӣ, ки махфӣ нестанд;
- баҳои оморӣ - бузургии ба ҳақиқат наздикшудаи иттилооти оморӣ;
- метамаълумот - иттилоот дар бораи маълумотҳои миқдории оморӣ мебошад, ки ба усулҳои ҷамъоварӣ, коркард, паҳнкунӣ, шарҳҳо ва мулоҳизоти методологӣ оид ба сифати маълумот тааллуқ доранд;
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор ба ташкил, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ дар асоси мустақилият, методологияи илман асоснок ва меъёрҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии ташаккули омори давлатӣ
Бо мақсади таъмин намудани сифати омори давлатӣ, омор мувофиқи принсипҳои зерин ташаккул дода мешавад:
- рӯзмарра, воқеӣ, илман асоснок, саривақтӣ ва эътимоднок будани омори расмӣ;
- холисона ва махфӣ будани омори расмӣ;
- шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расмӣ;
- мувофиқатпазир будани омори расмӣ.
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ, ВАЗИФА, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 6. Мақомоти омори давлатӣ
1. Мақомоти омори давлатӣ мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) мебошад, ки ташкил, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, умумигардонӣ, паҳн намудан ва ҳифзи иттилооти омори расмиро амалӣ менамояд ().
2. Мақоми ваколатдор сиёсати давлатиро дар соҳаи омор амалӣ намуда, фаъолияти омориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил медиҳад ва ба воҳидҳои сохторӣ роҳбарӣ мекунад.
Моддаи 7. Вазифаҳои мақоми ваколатдор
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор мақоми ваколатдор вазифадор аст:
- фаъолияти омории субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ва воҳидҳои омориро ҳамоҳанг ва назорат намояд;
- фаъолияти омори дохилии идоравиро амалӣ намояд;
- меъёрҳои оморӣ, аз ҷумла методология, таснифотро барои истеҳсоли омори расмӣ таҳия намояд;
- оид ба ташаккули Шӯрои байниидоравии оморӣ, низомнома ва ҳайати он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
- ҳамкориро бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ намуда, бо онҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ва созишномаҳо бандад ();
- шаклҳои ҳисоботи оморӣ, дастурамалҳои пешниҳод намудани онҳоро таҳия ва тасдиқ намояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд ().
Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:
- аз воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дар ҳаҷми нишондодашуда ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ маълумоти оморӣ, аз ҷумла маълумоти дорои сирри давлатӣ ва тиҷоратиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон гирад;
- аз ҳамаи намудҳои манбаъҳо, аз ҷумла аз регистрҳои идоравӣ ва махзанҳои иттилоотӣ маълумот талаб кунад ва дар асоси иттилооти мавҷуда баҳои оморӣ диҳад ();
- дар байни аҳолӣ мушоҳидаҳои оморӣ гузаронад;
- дурустии маълумоти омориро санҷида, дар мавридҳои ошкор шудани таҳриф, бартараф кардани онҳоро талаб кунад;
- ба ҳисоботи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дастрасӣ дошта бошад;
- истифодаи нодуруст ва тафсири маълумоти омориро шарҳ диҳад;
- усули гузаронидани мушоҳидаҳои омориро муайян намояд;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартнома корҳои оморӣ, таҳлилӣ, иттилоотию ҳисоббарорӣ ва дигар корҳоро оид ба мавзӯи касбӣ ба амал барорад;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои баҳисобгирии омори расмиро барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ҷалб намояд;
- дар доираи ваколати худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул намояд ();
- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намояд ().
Моддаи 9. ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ӯҳдадор аст:
- мувофиқи барномаю методологияҳои қабулшуда мушоҳидаҳои омори давлатиро ташкил намояд;
- барои доираи васеи истифодабарандагон дастрас будани иттилоотӣ омориро таъмин намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраршуда иттилооти омориро мутобиқи ӯҳдадориҳои қабулкардашуда аз рӯи шартномаи байналмилалии имзошуда пешниҳод намояд;
- муҳимият, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории мусоиди зарурии иттилооти омориро таъмин намояд;
- пешбурди регистри омори давлатиро таъмин намояд ();
- дар бораи тағйироти умумӣ дар омори давлатӣ ба воситаҳои ахбори омма иттилоот ва шарҳи мухтасари заруриро пешниҳод намояд ();
- воҳидҳои омориро бо варақаҳои ҳисоботи омории мутамарказ ва дастурҳои методӣ (дастурамалҳо) таъмин намояд;
- риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва махфияти оморро оид ба воҳидҳои оморӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Моддаи 10. Шӯрои байниидоравии оморӣ
1. Шӯрои байниидоравии оморӣ дар назди мақоми ваколатдор таъсис дода мешавад.
2. Шӯрои байниидоравии оморӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи омор, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва технологӣ, такмил додани методология ва пешниҳоди тавсияҳоро оид ба масъалаҳои асосии фаъолияти оморӣ кор карда мебарояд ().
3. Шӯрои байниидоравии оморӣ ҳуқуқи баррасии масъалаҳои махсуси омори расмӣ, таъсиси гурӯҳҳои корӣ ва даъвати коршиносонро дошта, ба ҷаласаҳои худ метавонад коршиносони берунаро низ даъват намояд. Шӯрои байниидоравии оморӣ барои маслиҳат метавонад ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва шӯроҳои омории давлатҳои дигар муроҷиат намояд ().
4. Низомномаи Шӯрои байниидоравии омориро мақоми ваколатдор таҳия намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ().
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИ РАСМӢ
Моддаи 11. Барномаҳои омори давлатӣ
1. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти оморӣ ва рушди минбаъдаи омори давлатӣ барномаи ягонаи бисёрсолаи омор ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол ва барномаи солонаи корҳои оморӣ, ки рӯйхати шаклҳои баҳисобгирии омориро бо нишон додани мӯҳлати пешниҳоди онҳо дар бар мегиранд, таҳия карда мешаванд.
2. Барномаҳои омори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 12. Баҳисобгирии омори расмӣ
1. Баҳисобгирии омори расмиро мақоми ваколатдор мутобиқи барномаи солонаи корҳои оморӣ, дар асоси мушоҳидаҳои омории ҳуҷҷатнокшуда, аз ҷумла маълумоти аввалияи оморӣ ва маълумоти маъмурӣ ба амал мебарорад.
2. Воҳидҳои оморӣ вазифадоранд, ки маълумотро ба мақоми ваколатдор дар шакли муқарраргардида саривақт, пурраю дақиқ ва ройгон пешниҳод намоянд.
3. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ба мақоми ваколатдор, ба ҳамаи махзанҳои маълумот, регистрҳо ва ба дигар маълумот имконияти дастрасиро пешниҳод менамоянд ().
Моддаи 13. Методологияи оморӣ
1. Методологияи оморӣ усули ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандии маълумоти аввалияи оморӣ ва маълумоти маъмурӣ, баҳодиҳии дақиқияти иттилооти омори расмӣ, ба танзим даровардани онро, ки барои омӯхтани зуҳуроти миқдорӣ дар равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ равона карда шудаанд, ташаккул медиҳад.
2. Унсурҳои таркибии методологияи оморӣ мушоҳидаҳои оморӣ, истифодаи нишондиҳандаҳои омории ҷамъбастӣ ва таҳлилии онҳо мебошанд ().
Моддаи 14. Мушоҳидаҳои оморӣ
1. Мушоҳидаҳои оморӣ аз тарафи мақоми ваколатдор нисбати воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои оморӣ вобаста ба усули гузаронидан метавонанд сартосарӣ ва интихобӣ бошанд ().
2. Мушоҳидаҳои омории сартосарӣ ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз ҳамаи воҳидҳои оморӣ барои ташкили омори расмӣ гирифта шудаанд ().
3. Мушоҳидаҳои омории интихобӣ ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз қисми муайяни воҳидҳои оморӣ аз рӯи намудҳои ҷудогонаи фаъолият, мувофиқи методологияи махсус гирифта шудааст ().
4. Тарзи гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ аз тарафи мақоми ваколатдор ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ муайян карда мешавад, агар тартиби дигар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад ().
5. Ҷамъоварии маълумоти аввалияи оморӣ аз рӯи шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ба амал бароварда шуда, пешниҳоди ин маълумот аз тарафи воҳидҳои оморӣ ё бо роҳи пурсиши онҳо ва қайди далелҳо сурат мегирад.
6. Шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ва дастурамалҳо оид ба пур кардани онҳо, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ таҳия кардаанд, аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 15. Регистри омори давлатӣ
1. Регистри омори давлатӣ воситаи баҳисобгирии омори расмӣ мебошад ва рӯйхати ҳатмии нишондиҳандаҳои маъмурӣ ва аввалияи омориеро дар бар мегирад, ки фаъолияти воҳидҳои омориро мувофиқи низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ тавсиф менамояд ().
2. Пешбурди регистри омори давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад ().
3. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки регистр ва махзани маълумоти иттилоотиро дар бораи воҳидҳои оморӣ таъсис медиҳанд ва пеш мебаранд, барои ташаккул додан ва муҳиммият гардонидани регистри омори давлатӣ ба мақоми ваколатдор иттилооти заруриро ройгон пешниҳод менамоянд ().
Моддаи 16. Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ
1. Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ аз тарафи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ тавассути нашрияҳои расмӣ, ҷойгир намудан дар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум ва телекоммуникатсионӣ, барандаҳои электронӣ, инчунин бо пешниҳод намудани маълумот ба воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор сари вақт дар бораи санаи чопи нашрияҳо ва метамаълумот иттилоот паҳн мекунад.
3. Тамоми истифодабарандагон ҳуқуқи дастрасии баробар ва яквақтиро ба маълумоти омори расмӣ доранд, ба истиснои маълумоти махфии дорои иттилооти инфиродӣ дар бораи воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ.
4. Паҳн намудани маълумоти аввалияи оморӣ метавонад танҳо бо розигии воҳидҳои оморӣ, ки иттилоотро пешниҳод кардаанд, сурат гирад.
5. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи маълумоти махфиро аз дастрасӣ ва ошкоркунии ғайриқонунӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 17. Таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва моддӣ-техникии корҳои оморӣ
1. Корҳои омори давлатӣ, ки мувофиқи барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешаванд, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Хароҷот барои амалӣ намудани корҳои иловагии оморӣ аз ҳисоби фармоишгари ин корҳо маблағгузорӣ карда мешавад ва маблағҳои бадастовардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии мақоми ваколатдор истифода мегарданд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Кафолатҳои ҳуқуқии воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ
1. Мақоми ваколатдор ба воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ махфӣ нигоҳ доштани маълумоти аввалияи омориро кафолат медиҳад.
2. Мақоми ваколатдор коркард, нигоҳ доштан ва ҳифзи маълумоти аввалияи омориро дар шароитҳои кафолатдиҳандаи пешгирӣ кардани онҳо аз дуздӣ, талафот ё таҳрифот таъмин менамояд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи омори давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 127; с. 2003, № 4 мод. 136; с. 2006, № 3, мод. 161; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 998) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
12 январи соли 2010, № 588
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи омори давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 630)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти оморӣ ба танзим дароварда, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти омори давлатӣ, инчунин тартиби ташкили, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ ва пеш бурдани баҳисобгирии омори расмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои танзимкунандаро барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии омори расмӣ ва паҳн намудани маълумоти омори давлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷомеаро ба иттилооти омории пурра, эътимоднок, илман асоснок ва саривақтӣ оид ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва равандҳои дигари ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад, муайян менамояд.
2. Амали Қонуни мазкур ба ҳамаи воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, татбиқ мегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- омор - маҷмӯи маълумоти миқдорӣ оид ба ҷамъи зуҳурот ё равандҳо;
- омори давлатӣ - низоми ягонаи омории иттилооти давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ ташаккул меёбад;
- низоми омори давлатӣ - қисми асосии таркибии низоми иттилооти давлатӣ мебошад, ки дар худ маҷмӯи маълумоти омории аввалия, ҷамъбастшуда ва маъмуриро ифода менамояд;
- омори расмӣ - маълумоти аз воҳидҳои омори ҷамъоварӣ ва коркардшуда, ки тавсифҳои зуҳуроти ба амаломадаро дар маҷмӯи дахлдор нишон медиҳад;
- баҳисобгирии омори расмӣ - фаъолияте, ки тибқи методологияи омори расмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ва коркарди маълумоте, ки дар натиҷаи онҳо гирифта мешаванд, равона карда шуда, бо мақсади ташаккули иттилооти омори расмӣ андешида мешавад;
- субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ - мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти давлатие, ки ташаккулёбии иттилооти омори расмиро дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд;
- воҳиди оморӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;
- ҳисоботҳои омори давлатӣ - маълумоте, ки аз ҷониби воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти омори давлатӣ пешниҳод мегарданд;
- иттилооти омори расмӣ - иттилооти ҷамъбастии ҳуҷҷатнокшуда оид ба тарафҳои миқдории равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва дигар ҷараёнҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи барномаҳои корҳои оморӣ ва дигар мушоҳидаҳо ташаккул меёбанд;
- методологияи оморӣ - маҷмӯи қоидаҳои умумӣ ва усулҳои махсуси мушоҳидаҳои оморӣ;
- мушоҳидаҳои оморӣ - ҷамъоварии муназзами илман асосноки маълумот дар бораи зуҳурот ва равандҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои оморӣ, ки мақомоти омори давлатӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ба амал мебароранд;
- мушоҳидаҳои омории идоравӣ - мушоҳидаҳое мебошанд, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ аз рӯи намудҳои мушаххаси фаъолият ба амал мебароранд;
- низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ - низоми гурӯҳбандии иттилоот оид ба воҳидҳои оморӣ аз рӯи намуди фаъолият, шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ғайраҳо;
- регистри омори давлатӣ - махзани маълумоти ҳисобкардашудаи воҳидҳои оморӣ мебошад, ки алоқамандиро бо регистр ва махзанҳои маълумоти иттилоотии идоравӣ дар асоси низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ таъмин менамояд ;
- маълумоти аввалияи оморӣ - иттилооти оморӣ дар бораи воҳиди мушаххаси оморӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият;
- маълумоти маъмурӣ - маълумотҳое, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои маъмуриашон гирифтаанд ва ба мақомоти омори давлатӣ барои истеҳсол ва баҳисобгирии омори расмӣ пешниҳод карда мешаванд;
- маълумоти ҷамъбастшуда - калон кардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба воситаи муттаҳид кардани онҳо ба гурӯҳи ягона;
- махфӣ будани омор - таъмин намудани муҳофизати маълумоти оморӣ, ки ошкор намудани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст;
- барӯйхатгирӣ - мушоҳидаи сартосарии омории воҳидҳои оморӣ, ки бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақту замони муайян ба ҳисоб гирифта шавад;
- тадқиқот - ташаккул додани маълумоте мебошад, ки бо роҳи пурсиш аз воҳидҳои ҷудогонаи интихобшудаи маҷмӯи воҳидҳои баҳисобгирии оморӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд;
- интихоб - усулҳо ва расмиёти интихоби воҳиди объекти омӯхташаванда мебошад, ки ба тадқиқот тааллуқ дорад;
- паҳн намудан - барои ҳамаи истифодабарандагон дастрас будани иттилооти оморӣ, ки махфӣ нестанд;
- баҳои оморӣ - бузургии ба ҳақиқат наздикшудаи иттилооти оморӣ;
- метамаълумот - иттилоот дар бораи маълумотҳои миқдории оморӣ мебошад, ки ба усулҳои ҷамъоварӣ, коркард, паҳнкунӣ, шарҳҳо ва мулоҳизоти методологӣ оид ба сифати маълумот тааллуқ доранд;
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор ба ташкил, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ дар асоси мустақилият, методологияи илман асоснок ва меъёрҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии ташаккули омори давлатӣ
Бо мақсади таъмин намудани сифати омори давлатӣ, омор мувофиқи принсипҳои зерин ташаккул дода мешавад:
- рӯзмарра, воқеӣ, илман асоснок, саривақтӣ ва эътимоднок будани омори расмӣ;
- холисона ва махфӣ будани омори расмӣ;
- шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расмӣ;
- мувофиқатпазир будани омори расмӣ.
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ, ВАЗИФА, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 6. Мақомоти омори давлатӣ
1. Мақомоти омори давлатӣ мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) мебошад, ки ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, умумигардонӣ, паҳн намудан ва ҳифзи иттилооти омори расмиро амалӣ менамоянд.
2. Мақоми ваколатдор сиёсати давлатиро дар соҳаи омор амалӣ намуда, фаъолияти омориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил медиҳад ва ба воҳидҳои сохторӣ роҳбарӣ мекунад.
Моддаи 7. Вазифаҳои мақоми ваколатдор
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор мақоми ваколатдор вазифадор аст:
- фаъолияти омории субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ва воҳидҳои омориро ҳамоҳанг ва назорат намояд;
- фаъолияти омори дохилии идоравиро амалӣ намояд;
- меъёрҳои оморӣ, аз ҷумла методология, таснифотро барои истеҳсоли омори расмӣ таҳия намояд;
- оид ба ташаккули Шӯрои байниидоравии оморӣ, низомнома ва ҳайати он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
- ҳамкориро бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ намояд, бо онҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ва созишномаҳо бандад;
- шаклҳои ҳисоботи оморӣ, дастурамалҳои пешниҳод намудани онҳоро таҳия ва тасдиқ намояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба амал барорад.
Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:
- аз воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дар ҳаҷми нишондодашуда ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ маълумоти оморӣ, аз ҷумла маълумоти дорои сирри давлатӣ ва тиҷоратиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон гирад;
- аз ҳамаи намудҳои манбаъҳо, аз ҷумла аз регистрҳои идоравӣ ва махзанҳои иттилоотӣ маълумот талаб кунад, инчунин дар асоси иттилооти мавҷуда баҳои оморӣ диҳад ;
- дар байни аҳолӣ мушоҳидаҳои оморӣ гузаронад;
- дурустии маълумоти омориро санҷида, дар мавридҳои ошкор шудани таҳриф, бартараф кардани онҳоро талаб кунад;
- ба ҳисоботи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дастрасӣ дошта бошад;
- истифодаи нодуруст ва тафсири маълумоти омориро шарҳ диҳад;
- усули гузаронидани мушоҳидаҳои омориро муайян намояд;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартнома корҳои оморӣ, таҳлилӣ, иттилоотию ҳисоббарорӣ ва дигар корҳоро оид ба мавзӯи касбӣ ба амал барорад;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои баҳисобгирии омори расмиро барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ҷалб намояд;
- дар доираи салоҳияти худ қарорҳо қабул кунад, ки иҷрои онҳо барои воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ҳатмӣ бошад.
Моддаи 9. ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ӯҳдадор аст:
- мувофиқи барномаю методологияҳои қабулшуда мушоҳидаҳои омори давлатиро ташкил намояд;
- барои доираи васеи истифодабарандагон дастрас будани иттилоотӣ омориро таъмин намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраршуда иттилооти омориро мутобиқи ӯҳдадориҳои қабулкардашуда аз рӯи шартномаи байналмилалии имзошуда пешниҳод намояд;
- муҳимият, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории мусоиди зарурии иттилооти омориро таъмин намояд;
- пешбурди регистри омори давлатиро таъмин намояд ;
- дар бораи тағйироти умумӣ дар омори давлатӣ ба васоити ахбори омма иттилоот ва шарҳи мухтасари заруриро пешниҳод намояд;
- воҳидҳои омориро бо варақаҳои ҳисоботи омории мутамарказ ва дастурҳои методӣ (дастурамалҳо) таъмин намояд;
- риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва махфияти оморро оид ба воҳидҳои оморӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Моддаи 10. Шӯрои байниидоравии оморӣ
1. Шӯрои байниидоравии оморӣ дар назди мақоми ваколатдор таъсис дода мешавад.
2. Шӯрои байниидоравии оморӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи омор, ҷорӣ намудани муносибатҳои инноватсионӣ ва технологӣ, такмил додани методология ва пешниҳоди тавсияҳоро оид ба масъалаҳои асосии фаъолияти оморӣ кор карда мебарояд.
3. Шӯрои байниидоравии оморӣ ҳуқуқи баррасии масъалаҳои махсуси омори расмӣ, таъсиси гурӯҳҳои корӣ ва даъвати коршиносонро дошта, ба ҷаласаҳои худ метавонад коршиносони берунаро низ даъват намояд. Шӯрои байниидоравӣ барои маслиҳат метавонад ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва шӯроҳои омории давлатҳои дигар муроҷиат намояд .
4. Низомномаи Шӯроро мақоми ваколатдор таҳия намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПЕШ БУРДАНИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИ РАСМӢ
Моддаи 11. Барномаҳои омори давлатӣ
1. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти оморӣ ва рушди минбаъдаи омори давлатӣ барномаи ягонаи бисёрсолаи омор ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол ва барномаи солонаи корҳои оморӣ, ки рӯйхати шаклҳои баҳисобгирии омориро бо нишон додани мӯҳлати пешниҳоди онҳо дар бар мегиранд, таҳия карда мешаванд.
2. Барномаҳои омори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 12. Баҳисобгирии омори расмӣ
1. Баҳисобгирии омори расмиро мақоми ваколатдор мутобиқи барномаи солонаи корҳои оморӣ, дар асоси мушоҳидаҳои омории ҳуҷҷатнокшуда, аз ҷумла маълумоти аввалияи оморӣ ва маълумоти маъмурӣ ба амал мебарорад.
2. Воҳидҳои оморӣ вазифадоранд, ки маълумотро ба мақоми ваколатдор дар шакли муқарраргардида саривақт, пурраю дақиқ ва ройгон пешниҳод намоянд.
3. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ба мақоми ваколатдор, ба ҳамаи махзанҳои маълумот, регистрҳо ва ба дигар маълумот имконияти дастрасиро пешниҳод менамоянд .
Моддаи 13. Методологияи оморӣ
1. Методологияи оморӣ усули ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандии маълумоти аввалияи оморӣ ва маълумоти маъмурӣ, баҳодиҳии дақиқияти иттилооти омори расмӣ, ба танзим даровардани онро, ки барои омӯхтани зуҳуроти миқдорӣ дар равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ равона карда шудаанд, ташаккул медиҳад.
2. Унсурҳои таркибии методологияи оморӣ мушоҳидаҳои оморӣ, истифодаи нишондиҳандаҳои умумигардонидашудаи оморӣ ва таҳлили онҳо мебошанд.
Моддаи 14. Мушоҳидаҳои оморӣ
1. Мушоҳидаҳои оморӣ нисбати воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, аз тарафи мақоми ваколатдор гузаронида мешавад. Мушоҳидаҳои оморӣ вобаста ба усули гузаронидан метавонанд сартосарӣ ва интихобӣ бошанд.
2. Мушоҳидаҳои сартосарӣ ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз ҳамаи воҳидҳои оморӣ барои ташкили омори расмӣ гирифта шудаанд.
3. Мушоҳидаҳои интихобӣ ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз қисми муайяни воҳидҳои оморӣ аз рӯи намудҳои ҷудогонаи фаъолият, мувофиқи методологияи махсус гирифта шудааст.
4. Тарзи гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ аз тарафи мақоми ваколатдор ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ муайян карда мешавад, агар тартиби дигар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда нашуда бошад.
5. Ҷамъоварии маълумоти аввалияи оморӣ аз рӯи шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ба амал бароварда шуда, пешниҳоди ин маълумот аз тарафи воҳидҳои оморӣ ё бо роҳи пурсиши онҳо ва қайди далелҳо сурат мегирад.
6. Шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ва дастурамалҳо оид ба пур кардани онҳо, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ таҳия кардаанд, аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 15. Регистри омори давлатӣ
1. Регистри омори давлатӣ воситаи баҳисобгирии омори расмӣ мебошад ва рӯйхати ҳатмии нишондиҳандаҳои маъмурӣ ва аввалияи омориеро дар бар мегирад, ки фаъолияти воҳидҳои омориро мувофиқи низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ тавсиф менамояд .
2. Пеш бурдани регистри омори давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад .
3. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки регистр ва махзани маълумоти иттилоотиро дар бораи воҳидҳои оморӣ таъсис медиҳанд ва пеш мебаранд, барои ташаккул додан ва муҳиммият гардонидани регистри омори давлатӣ ба мақоми ваколатдор иттилооти заруриро ройгон пешниҳод менамоянд .
Моддаи 16. Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ
1. Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ аз тарафи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ тавассути нашрияҳои расмӣ, ҷойгир намудан дар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум ва телекоммуникатсионӣ, барандаҳои электронӣ, инчунин бо пешниҳод намудани маълумот ба воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор сари вақт дар бораи санаи чопи нашрияҳо ва метамаълумот иттилоот паҳн мекунад.
3. Тамоми истифодабарандагон ҳуқуқи дастрасии баробар ва яквақтиро ба маълумоти омори расмӣ доранд, ба истиснои маълумоти махфии дорои иттилооти инфиродӣ дар бораи воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ.
4. Паҳн намудани маълумоти аввалияи оморӣ метавонад танҳо бо розигии воҳидҳои оморӣ, ки иттилоотро пешниҳод кардаанд, сурат гирад.
5. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи маълумоти махфиро аз дастрасӣ ва ошкоркунии ғайриқонунӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 17. Таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва моддӣ-техникии корҳои оморӣ
1. Корҳои омори давлатӣ, ки мувофиқи барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешаванд, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Хароҷот барои амалӣ намудани корҳои иловагии оморӣ аз ҳисоби фармоишгари ин корҳо маблағгузорӣ карда мешавад ва маблағҳои бадастовардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии мақоми ваколатдор истифода мегарданд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Кафолатҳои ҳуқуқии воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ
1. Мақоми ваколатдор ба воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ махфӣ нигоҳ доштани маълумоти аввалияи омориро кафолат медиҳад.
2. Мақоми ваколатдор коркард, нигоҳ доштан ва ҳифзи маълумоти аввалияи омориро дар шароитҳои кафолатдиҳандаи пешгирӣ кардани онҳо аз дуздӣ, талафот ё таҳрифот таъмин менамояд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи омори давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 127; с. 2003, № 4 мод. 136; с. 2006, № 3, мод. 161; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 998) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
12 январи соли 2010 № 588