Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 № 576 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конст. ҶТ "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2004 "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 339; с. 2006, №11, мод. 472) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"-сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия - сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллие, ки дар сохтор ё нақшаи идоракунии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия қарор надошта, роҳбарони онҳо бевосита аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;";

- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- машварати назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия - мақоми машваратии ташкили кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки барои баррасии масъалаҳои дахлдор даъват карда мешавад;".

2. Қисми сеюми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия иборат мебошанд.".

3. Дар моддаи 8:

- дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" ба калимаҳои "Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар сархати нуздаҳум баъди калимаи "ноҳия," калимаҳои "роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" илова карда шаванд.

4. Дар моддаи 13:

- ба қисми якум ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар ҳолати вакил набудани иҷрокунандаи вазифаи раис ва муовинони ӯ иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раиси Маҷлиси вакилони халқ ба кори он раисӣ мекунад.";

- дар қисми сеюм калимаҳои "зиёд ё аз се ду ҳиссаи" ба калимаи "зиёди" иваз карда шаванд.

5. Дар қисми ҳафтуми моддаи 14 баъди калимаҳои "Шахсони мансабдори" калимаҳои "сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ," илова карда шаванд.

6. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро" ба калимаҳои "мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро" иваз карда шаванд.

7. Дар қисми якуми моддаи 20:

- сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- мувофиқи сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи раисро тасдиқ менамояд;";

- сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"-дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи раис ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тасдиқ менамояд;";

-дар сархати шонздаҳум баъд аз калимаи "дастгоҳро" калимаҳои "тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

8. Дар моддаи 23:

- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.";

-қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Низомномаи дастгоҳ, сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории онро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқи низомнома ва сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".

9. Дар сархати якуми қисми дуюми моддаи 31 калимаи "феҳристи" ба калимаи "номгӯи" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 3 декабри соли 2009 № 576

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш.Душанбе, 28 октябри соли 2009, № 1444

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О местных органах государственной власти" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст.339; 2006 г., №11, ст.472) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- дополнить абзацем седьмым следующего содержания:

"- структуры местных исполнительных органов государственной власти, подчинённые председателю Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района - структуры местных исполнительных органов, не входящих в структуру и схему управления центральных органов исполнительной власти, руководители которых непосредственно назначаются на должность или освобождаются от должности председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;";

- абзац восьмой изложить в следующей редакции:

"- совещание при председателе Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района - совещательный орган по организации работы местного исполнительного органа государственной власти, созывается для рассмотрения соответствующих вопросов.".

2. Часть третью статьи 3 изложить в следующей редакции:

"Местные исполнительные органы государственной власти состоят из председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, структур местных исполнительных органов государственной власти, подчиненных председателю Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, а также местных структур центральных органов исполнительной власти.".

3. В статье 8:

- в абзаце девятнадцатом после слова "района," дополнить словами "руководителей структур местных исполнительных органов государственной власти, подчиненных председателю ГорноБадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района".

4. В статье 13:

- часть первую дополнить третьим предложением следующего содержания:

"Если исполняющий обязанности председателя и его заместители не являются депутатами, сессию Маджлиса народных депутатов открывает старейший по возрасту депутат и председательствует в её работе до избрания председателя Маджлиса народных депутатов.";

- в части третьей слова "более половины или двух третей" заменить словом "более".

5. В части седьмой статьи 14 после слов "Должностные лица" дополнить словами "структур местных исполнительных органов государственной власти,".

6. В части первой статьи 18 слова "представительным и исполнительным органами" заменить словами "местными представительными органами государственной власти и местными исполнительными органами государственной власти".

7. В части первой статьи 20:

- абзац четырнадцатый изложить в следующей редакции:

"-в соответствии с типовой структурой, утверждённой Правительством Республики Таджикистан, утверждает структуру аппарата председателя;";

- дополнить абзацем пятнадцатым следующего содержания:

"- в рамках лимита предельной численности государственных служащих, установленного Правительством Республики Таджикистан, утверждает штатные расписания аппарата председателя и соответствующих подразделений местных исполнительных органов государственной власти, которые финансируются из местного бюджета;";

- в абзаце шестнадцатом после второго слова "аппарата" дополнить словами "в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан,".

8. В статье 23:

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Типовые положения и структура аппарата председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района утверждаются Правительством Республики Таджикистан.";

- дополнить частью четвёртой следующего содержания:

"Положение об аппарате, его структуре и штатное расписание утверждаются председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района в соответствии с типовыми положениями и структурой, утверждёнными Правительством Республики Таджикистан в рамках лимита предельной численности государственных служащих, установленного Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 декабря 2009 года № 576

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии конституционного Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон  Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                       С.Хайруллоев

г.Душанбе, 28 октября 2009 года, № 1444

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О конституционном Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти"

Рассмотрев конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон  Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                      М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 19 ноября 2009 года №708