ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 510; с. 2006, №3, мод. 164; с. 2008, №3, мод. 200) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс фаслҳо бо рақамҳои римӣ, қисмҳо бо рақамҳои арабӣ, сархатҳо бо аломати дефис (-) ишора карда, бо ҳарфи хурд навишта шаванд.
2. Ба моддаи 2 сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- обхезӣ - офати табиӣ, ки бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё, кӯл, обанбор ва дигар иншооти обӣ, ки дар натиҷаи он масоҳати васеи маҳал зери об монда, дучори осеб ё фалокат шуда метавонад. Ба обхезӣ обшавии барф, боришоти зиёди борон, рахнаи сарбанд ва дарғот, кӯлҳое, ки аз фаромадани ярчу тарма ба вуҷуд омадаанд ва дигар ҳодисаҳои табиию иқлимӣ боис мешаванд;
- пешгирии обхезӣ - чорабиниҳое, ки пешакӣ андешида мешаванд ва барои кам кардани хатари рӯй додани обхезӣ, таъмини амнияти аҳолӣ, кам намудани андозаи зарар ба муҳити зист ва зиёни моддӣ дар мавриди обхезӣ равона карда шудаанд;
- бартараф намудани обхезӣ - корҳои наҷотдиҳӣ аз фалокат ва корҳои дигари таъҷилӣ, ки ҳангоми рӯй додани обхезӣ анҷом дода мешаванд, барои наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани андозаи зарар ба муҳити зист ва талафоти моддӣ равона карда шудаанд;
- усулҳои мубориза бо обхезӣ - маҷмӯи чорабиниҳои огоҳонӣ ва рафъи фалокат, ки барои кам кардани таъсири зиёновари обхезӣ равона шудаанд.".
3. Ба моддаи 6 сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, назорат ва идораи корҳои мубориза бо обхезӣ, инчунин ваколату вазифаҳои он;
- тасдиқ намудани ҳайат ва ваколатҳои Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ;".
4. Ба моддаи 7 сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
" - муайян ва тасдиқ намудани чорабиниҳои пешгирии обхезӣ бо роҳи таъсис додани сохтори дахлдори мубориза бо обхезӣ, сохтмони иншооти дахлдор барои пешгирии обхезӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти мубориза бо обхезӣ;
- дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ системаи назорати тахдиди обхезӣ ва системаи огоҳонидани пешакӣ ва бартараф намудани обхезӣ ташкил намудан;".
5. Ба Кодекс моддаҳои 132(1) - 132(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 132(1). Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ
1. Мубориза бо обхезӣ аз рӯи усули банақшагирии ягона анҷом дода мешавад ва ба маҷмӯи тадбирҳо оид ба мониторинг (мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯӣ), огоҳонидан аз обхезӣ ва бартараф намудани оқибати онҳо асос меёбад.
2. Сохтмони иншооти таъиноти мубориза бо обхезӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, инчунин маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иншооти мазкур барои ҳимояи онҳо бунёд мегардад, маблағгузорӣ карда мешавад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд иҷрои ҳамаи чораҳои мубориза бо обхезиро таъмин намоянд. Назорати обхезӣ ва мониторинги ҷории онро дар марказҳои маъмурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ менамояд.
4. Корхонаҳои роҳи оҳан, алоқа, энергетика ва саноати истихроҷи маъдан дар минтақаҳои таҳдиди хавфи обхезӣ бояд аз ҳисоби маблағи худ фондҳои мубориза бо обхезӣ таъсис дода, корҳои иҷрогардидаро маблағгузорӣ намоянд.
Моддаи 132(2). Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ
1. Мубориза бо обхезӣ бояд бо назардошти хавфи сар задани он, хусусиятҳои ҳар як объекти об ва ҳавзаҳои дарёҳо дар асоси барномаи ягона анҷом дода, дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад.
2. Номгӯи объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳоро, ки нисбати онҳо Барномаи давлатии мубориза бо обхезӣ таҳия ва амалӣ мешавад, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Барномаҳои маҳаллии мубориза бо обхезӣ дар объектҳои дигари об ва ҳавзаҳои дарёҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
4. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ, ки бо мақсади пешгирӣ, ҳимоя ва кам намудани зарари обхезӣ пешбинӣ шудаанд, бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гиранд:
- ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти мониторинги ҳолати объектҳои дахлдори об, ба ҳисоб гирифтани иншооти мавҷудаи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, арзёбии техникию иқтисодии ҷузъҳои мавҷуда ва зарурии иншооти мазкур бо мақсади мубориза бо обхезӣ:
- ҷорӣ намудани равандҳои мутавозии истифодаи захираҳои об бо роҳи ҳамаҷониба ва асоснок кор фармудани оби партов, заҳбуру заҳкашҳо ва обҳои дигар дар хоҷагӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои кӯчонидани аҳолии минтақаҳое, ки ба онҳо хавфи зиёди обхезӣ таҳдид менамояд, барқарорсозии саддҳои муҳофизи соҳил ва иншооти дигари гидротехникӣ, мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва каналҳо.
5. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ бо назардошти маблағҳои мавҷуда, ҷалби маблағ ва захираҳои моддию техникии имконпазир таҳия мешаванд.
6. Барномаҳои мубориза бо обхезӣ дар маҷмӯъ таҳия шуда, онҳо дар баробари мубориза бо обхезӣ инчунин чораҳои мубориза бо биёбоншавиро низ пешбинӣ менамоянд.
Моддаи 132(3). Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои хавфи зиёд
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об якҷоя бо мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дорои хавфи зиёди пайдоиши ярч, лағжиш ва обхезӣ мониторинги ин гуна ҳодисаҳоро таъмин намуда, чораҳои огоҳонӣ ва назоратӣ меандешад.
2. Ҳангоми таҳия ва татбиқи чораҳои огоҳонӣ аз обхезӣ ба ҳимояи иншооти обтақсимкунандаи минтақаҳои аҳолинишин, анборҳои нигоҳдории партовҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, дигар моддаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, инчунин дигар иншооти калони иқтисодӣ, ки дар минтақаҳои дорои хавфи зиёди обхезӣ ҷойгир мебошанд, диққати махсус дода шавад.
3. Минтақаҳое, ки дар онҳо объектҳои нисбатан зарури вилояти мазкур (шаҳр, ноҳия) ҷойгиранд, бояд бо системаи муҳандисии муҳофизат аз обхезӣ ва дигар таъсирҳои зараровари об таъмин карда шаванд.
Моддаи 132(4). Ҷалби муваққатии захираҳои моддию техникӣ
1. Дар давраи ҳолати фавқулоддаи обхезӣ, Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ метавонад ба мақомоти дахлдор барои муваққатан ҷалб кардани захираҳои зарурии ашёи хом, сӯзишворӣ, мавод, нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ҳуқуқ диҳад.
2. Маводу таҷҳизот ва нақлиёти муваққатан сафарбаршуда баъд аз анҷоми корҳои давраи ҳолати фавқулодда бояд ба соҳибонашон баргардонида шаванд. Дар мавриди истифода шудан, осеб дидан ё аз кор баромадан арзиши пурраи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 132(5). Бартараф намудани оқибати обхезӣ
Дар мавриди обхези мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бояд дар минтақаи офат корҳои ёрирасонии тиббӣ ва санитарию эпидемиологиро ба роҳ монанд, тартиботи ҳуқуқиро таъмин намоянд ва инчунин ба таъмир ва барқарорсозии биною иншооти таъмини зисти аҳолӣ, ки дар натиҷаи обхезӣ зарар дидаанд, ёрӣ расонанд.
Моддаи 132(6). Мониторинги кӯли Сарез
Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои фалокати рахнаи оби кӯли Сарез Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси мубориза бо обхезӣ аз ҷумла чорабиниҳои зерин таҳия менамоянд:
- пешгӯӣ ва пешгирии хавфи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба рахнаи оби кӯли Сарез;
- ташкил ва таъмини мониторинги эҳтимолияти оқибати деформатсия (тағйири шакл), заминҷунбӣ, обуҳавосанҷӣ дар натиҷаи рахнаи оби кӯли Сарез;
- таҳия ва татбиқи системаҳои боэътимоди муоинаи маҳаллӣ ва огоҳонии фаврӣ;
- ба нақша гирифтани амалиёти якҷоя бо мамлакатҳои манфиатдор дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда, мубодилаи иттилоот бо онҳо оид ба арзёбии хавфе, ки бар асари рахнаи оби кӯли Сарез ба муҳити зист ва аҳолӣ таҳдид менамояд;
- банақшагирии якҷоя, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи адабиёти илмию техникӣ ва натиҷаи таҳқиқоти илмӣ.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 декабри соли 2009 № 572
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2009 № 1466
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор меку н ад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 19 ноябри соли 2009 № 704