Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 № 573 "Оид ба ворид намудани иловаҳо бА Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23 - 24, мод. 348; с.2003, №8, мод. 450; с. 2006, №3, мод. 153) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 4 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҳифзи асар дар қаламрави Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбати асарҳое амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишваре, ки асар эҷод шудааст, ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқи муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошад. Дар ин сурат мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз мӯҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқи муаллифии кишваре, ки дар он асар эҷод шудааст, зиёд буда наметавонад.".

2. Ба қисми якуми моддаи 6 банди 13) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"13) қисматҳои асар (аз ҷумла номи он, қаҳрамонҳо ва унсурҳои дигар), ки талаботи қисми якуми моддаи 5-ро қонеъ мегардонанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ истифода шаванд.".

3. Дар моддаи 10:

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шахсоне ҳаммуаллиф пазируфта намешаванд, ки ба муаллиф танҳо кӯмакҳои техникӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва ғайра расонидаанд, зеро ин амал фаъолияти эҷодӣ маҳсуб намегардад.";

- қисми ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Агар дар созишномаи байни ҳаммуаллифон чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқ дорад аз номи худ, аз ҷумла бе гирифтани иҷозати ҳаммуаллифони дигар, мутобиқи нишондоди Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳо нисбат ба асар тадбирҳо андешад. Ҳаммуаллифе, ки чунин тадбирҳо меандешад, вазифадор аст ҳаммуаллифони дигарро огоҳ намояд.".

4. Ба моддаи 30 қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҳифзи объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифие амал мешавад, ки онҳо дар кишвари эҷод шудаашон ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошанд. Дар ин сурат мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз мӯҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифии кишваре, ки дар он объекти ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.".

5. Ба моддаи 43 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ташкилотҳои идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:

- номи ташкилот бояд ибораи "ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон"-ро дар бар гирад;

- пешбурди кори ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ҳамчун шакли асосии фаъолият зикр карда шавад;

- мақсад ва вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи моддаҳои 43 - 46 Қонуни мазкур мутобиқ бошанд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 3 декабри соли 2009 № 573

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Точикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 октябри соли 2009 № 1431

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" баррасӣнамуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 19 ноябри соли 2009 № 705