Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2009 № 610
тасдиқ шудааст
Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст (минбаъд-Тартиб), қоидаҳои ҷуброни хароҷотро ба мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ҳуқуқи омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати аз тарафи онҳо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдоре, ки барои гирифтани он муроҷиат намудаанд, муайян мекунад.
2) Зери мафҳуми "пешниҳоди иттилоот ба шахсони манфиатдор" дастрасӣ ба иттилооте дар назар дошта шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ омадаанд, ғайр аз маълумоти бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ", "Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳоро вобаста ба сирри давлатӣ танзим мекунанд, иттилооти "Барои истифодаи хизматӣ", инчунин дигар намудҳои иттилоот, ки барои дастрасӣ маҳдуд карда нашудаанд, аз ҷумла:
- шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки иттилооти дархостшавандаро дар бар мегиранд;
- гирифтани нусхаи ҳуҷҷати дахлдор ё иқтибос аз он;
- гирифтани маълумотномаи хаттӣ, ки иттилооти дархостшавандаро дар бар мегирад;
- гирифтани нақли шифоҳии мӯҳтавои иттилооти дархостшаванда;
- гирифтани маълумот дар бораи сарчашмаи нашри иттилооти дархостшаванда дар нашрияи расмӣ;
- гирифтани манбаъҳои иттилооти электронии аз ҳуҷҷатҳои расмӣ гузаронидашуда, ки ба гурӯҳи иттилооти дастрасиашон маҳдуд дохил карда нашудаанд.
3) Тартиби иҷрои дархостро барои гирифтани иттилоот роҳбари мақомоти дахлдор муқаррар менамояд.
4) Мақомот ва ташкилотҳо иттилоотро тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони манфиатдор аз рӯи дархости шифоҳӣ (бо роҳи сӯҳбати бевосита) ё хаттии (аз ҷумла, бо истифодаи технологияҳои электронӣ) онҳо ба номи роҳбари мақомот ё ташкилот пешниҳод менамоянд.
5) Иттилооти дархостшаванда аз тарафи шахси мансабдор, ки ба пешниҳод кардани иттилоот масъул аст, на дертар аз ҳафт рӯзи корӣ баъд аз гирифтани дархост тайёр карда мешавад. Дар сурати тӯл кашидани вақти ҷустуҷӯи иттилооти зарурӣ бо сабабҳои душвор будани дастрасии онҳо ин мӯҳлат тибқи талаботи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
2. Ҳисобӣ ва ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст
6) Шакл, мӯҳлат ва тартиби пешкаш кардани ҳисоби хароҷоти аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки ба пешниҳод намудани иттилооти мақомот ва ташкилотҳо алоқаманд мебошанд, аз тарафи роҳбарони мақомоту ташкилотҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд.
Иттилооти дархостшаванда ба шахсони манфиатдор дар шакле, ки дар дархости онҳо зикр гардидааст, баъди қабули пешниҳоди ҳуҷҷати ҷуброни хароҷот, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст, дастрас карда мешавад.
7) Асоси хароҷотеро, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони манфиатдор вобаста аст, хароҷоти тайёр кардани нусхаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда ва хароҷоти шӯъбаҳои алоқа ташкил менамоянд. Хароҷоти зикргардидаро сохторҳои молиявии дахлдори мақомот ё ташкилотҳо бо назардошти арзиши мушаххаси ҳар як гурӯҳ ва навъи иттилоот дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян менамоянд.
8) Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо арзиши иттилоотӣ дар асоси фармоиш пешниҳодшавандаро метавонанд тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ" (нархгузорӣ)" низ муайян намоянд.
9) Шакли ҳисобкунӣ (калкулятсионӣ) оид ба пешниҳоди иттилооти пулакӣ бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад. Пардохт барои ҳама гуна нусхаи иттилооти пешниҳодшуда набояд аз як фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як нусхаи саҳифаи ҳуҷҷати пешниҳодшуда зиёд бошад.
10) Агар иттилооти пешниҳодшаванда арзиши тиҷоратӣ ё арзишҳои дигар дошта бошад, сохторҳои молиявии дахлдори мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳо хароҷоти пешниҳод кардани онро бо назардошти арзиши ҷории он ҳисобӣ мекунанд.
11) Ташкилотҳое, ки фаъолияти асосии онҳо аз пешниҳод кардани иттилоот дар асоси тиҷоратӣ иборат аст, андозаи пардохтро мустақилона дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян мекунанд.
12) Агар иттилоот дастраси умум буда, махфӣ набошад, мақомоту ташкилотҳои дорои ин иттилоот метавонанд бо он чунин амалиётро иҷро намоянд:
- таъсис ва тағйир додан, ба шакл даровардан, маҳфуз ва дар хотир нигоҳ доштан, қабул, чен, омехта, коркард, содда, хориҷ, паҳн, ҷамъ ва ба қисмҳо ҷудо кардан, фиристодан, истифода бурдан, нусха гирифтан, иловаҳо ҷустан.
Агар иттилоот қисман аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гашта, бо мақсади татбиқшавӣ ҷамъ оварда шуда бошад, он гоҳ пешниҳоди иттилоот мувофиқи амалиёти зикргардида ба ҷо оварда мешавад. Агар захираи иттилоотӣ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда бошад, он гоҳ тартиби истифодаи маълумот дар мувофиқа бо Мақоми ваколатдор дар қисмати ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.
13) Мубодилаи иттилоотӣ байни мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ройгон амалӣ мегардад.
3. Баҳисобгирӣ ва тақсимоти воситаҳои молиявӣ
14) Мақомот ва ташкилотҳое, ки ба аҳолӣ иттилооти пулакӣ пешниҳод менамоянд, ӯҳдадоранд, ки баҳисобгирӣ ва ҳисоботи оморию муҳосибавиро оид ба фаъолияти асосӣ ва иттилооти пулакӣ дар алоҳидагӣ анҷом диҳанд.
15) Пардохт барои иттилооти пулакӣ ба таври ғайринақдӣ, зимни ба шаҳрванд додани варақаи ҳисоботии бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ тасдиқшуда амалӣ мегардад.
16) Воситаҳои пулие, ки мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ аз расондани иттилооти пулакӣ ба даст меоранд, бояд ба суратҳисоби маблағҳои махсуси мақомоту ташкилотҳои буҷетӣ оид ба баҳисобгирии воситаҳои аз аҳолӣ гирифташуда интиқол дода шавад.
17) Агар иттилоот пештар аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ ташаккул ёфта бошад, пас 90 фоизи маблағи ба хазинаи муассиса воридшуда ба буҷети давлатӣ ирсол шуда, боқимондаи он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳо ворид карда мешавад.
18) Воситаҳои молиявии аз пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба иттилооти пулакӣ ба даст овардаи мақомот ё ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, баъд аз супоридани андозҳои муқарраршудаи давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда мувофиқи салоҳдиди роҳбар сарф карда мешаванд.
4. Хусусиятҳои муқаррар намудани Тартиби мазкур ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар мавриди татбиқи он
19) Масъулиятро ҷиҳати истифодаи дурусти нарх ва нархномаҳо, ҳамчунин ҳисобу китоби маблағҳои барои ҷуброн пешниҳодшуда роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои пешниҳодкунандаи иттилооти пулакӣ ба ӯҳда доранд.
20) Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки иттилооти дорои маълумоти носаҳеҳ ё нопурраро пешниҳод кардаанд, тибқи дархости хаттии асосноккардаи шахси манфиатдор ба таври ройгон илова ва ислоҳи зарурӣ ворид менамоянд.
21) Дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои баҳисобгирии маблағҳои аз пешниҳод кардани иттилоот воридшуда дафтари махсус кушода мешавад.
22) Масъулият барои пешбурди дафтар ба шахси бо фармони роҳбар таъиншуда вогузор мегардад.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "31 "октября 2009 года № 610
Порядок возмещения органам и организациям расходов, связанных с предоставлением ими информации
1. Общее положение
1) Настоящий Порядок возмещения органам и организациям расходов, связанных с предоставлением ими информации (далее Порядок), устанавливает правила возмещения государственным органам и организациям, иным органам и организациям, наделенных государством властными полномочиями, органам местного самоуправления расходов, связанных с предоставлением ими информации обратившимся с запросом о её получении, заинтересованным физическим и юридическим лицам.
2) Под понятием "предоставления информации заинтересованным лицам" подразумевается доступ к информации, содержащейся в официальных документах, кроме сведений, составляющих государственную тайну согласно законам Республики Таджикистан "О государственной тайне", "О Перечне сведений, составляющих государственную тайну" и другим нормативным правовым актам, которые регулируют отношения, относящиеся к государственной тайне, информации "Для служебного пользования", а также других, не отнесенных к категории ограниченного доступа, в том числе:
- ознакомление с официальными документами, содержащими запрашиваемую информацию;
- получение копии соответствующего документа или выдержек из него;
- получение письменной справки, содержащей запрашиваемую информацию;
- получение устного изложения содержания запрашиваемой информации;
- получение сведений об источнике опубликования запрашиваемой информации в официальном издании;
- получение источников электронной информации, переведенных из официальных документов, не отнесенной к категории информации ограниченного доступа.
3) Порядок выполнения запросов на получение информации устанавливается руководителем соответствующего органа.
4) Органы и организации предоставляют в установленном порядке информацию заинтересованным лицам по их устному (путем непосредственной беседы) или письменному запросу (в том числе, с использованием электронных технологий) на имя руководителя органа или организации на получение информации.
5) Запрашиваемая информация подготавливается должностным лицом, ответственным за предоставление информации, не позднее семи рабочих дней со дня получения заявления. В случае если время на поиск необходимой информации по причине ее труднодоступности увеличивается, его срок определяется согласно, требованиям действующего законодательства.
2. Расчет и возмещение расходов, связанных с предоставлением информации
6) Установленные Министерством финансов Республики Таджикистан и Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан формы, сроки и порядок предоставления расчета расходов, связанных с предоставлением платной информации органами и организациями утверждаются руководителями соответствующих органов и организаций.
Запрашиваемая информация предоставляется заинтересованным лицам в форме, указанной в их запросе по предоставлению документа о возмещении расходов, связанных с ее предоставлением.
7) Основу расходов, связанных с предоставлением информации заинтересованным лицам, составляют расходы на изготовление копий запрашиваемых документов и почтовые расходы. Вышеуказанные расходы, определяются соответствующими финансовыми подразделениями государственных органов или организаций, исходя от конкретной стоимости каждой группы или вида информации, по согласованию с государственным антимонопольным органом.
8) Государственные органы и организации могут определять стоимость информации, предоставляемой на основании заказа, также в соответствии с установленными требованиями Закона Республики Таджикистан "Об оценочной деятельности"
9) Калькуляционная форма по предоставлению платной информации согласовывается с государственным антимонопольным органом. Плата за любую копию предоставленной информации не должна превышать один процент от показателей для расчётов с одной копии страницы предоставленного документа.
10) Если предоставляемая информация имеет коммерческую или другую ценность, то расходы на ее предоставление рассчитываются соответствующими финансовыми подразделениями органов или организаций исходя из нынешней ее ценности.
11) Организации, основной деятельностью которых является предоставление информации на коммерческой основе, по согласованию с государственным антимонопольным органом определяют размер платы за нее самостоятельно.
12) В случае, если информация общедоступна и не имеет конфиденциальности, то органы и организации, обладающие данной информацией, могут манипулировать данными в следующем порядке:
создавать и преобразовывать, формализовать, хранить и запоминать, принимать, измерять, комбинировать, обрабатывать, упрощать, удалять, распространять, собирать и делить на части, передавать, использовать, копировать, искать дополнение.
В случаях, когда информация частично финансировалась за счет государственного бюджета и была собрана в целях ее реализации, то предоставление информации осуществляется согласно вышеперечисленным манипуляционным действиям.
Если информационный ресурс полностью финансировался за счет государственного бюджета, то порядок манипулирования данными производится в согласовании с Уполномоченным органом в части формирования государственных информационных ресурсов.
13) Обмен информацией между государственными органами и организациями, финансируемыми за счёт государственного бюджета, производится безвозмездно.
3. Учет и распределение финансовых средств
14) Органы и организации, предоставляющие населению платную информацию, обязаны вести статистический и бухгалтерский учет и отчетность раздельно по основной деятельности и платной информации.
15) Оплата за платную информацию производится путем безналичных расчетов с выдачей гражданину бланка отчетности, утвержденного в установленном законодательством порядке.
16) Денежные средства, получаемые государственными органами и организациями от оказания услуг по предоставлению платной информации, должны быть перечислены на специальный счет по учету средств бюджетных органов и организаций, полученных от населения.
17) Если информация прежде формировалась за счет государственного финансирования, то 90 процентов от суммы, полученной в кассу организации, перечисляются в государственный бюджет, остальные средства в соответствии с установленным порядком поступают в специальный счет организации.
18) Финансовые средства от органов и организаций, наделенных государством властными полномочиями, полученные от оказания услуг по предоставлению платной информации, после уплаты установленных государством налогов, в соответствии с действующим законодательством, расходуются по усмотрению руководителя.
4. Особенности установления настоящего Порядка и ответственности государственных органов и организаций по его реализации
19) Ответственность за правильное применение цен и тарифов, а также расчет сумм и калькуляций, предъявляемых к возмещению, несут руководители государственных органов и организаций, предоставляющие платную информацию.
20) Государственные органы и организации, предоставившие информацию, содержащую неточные или неполные сведения, по мотивированному письменному заявлению заинтересованного лица бесплатно вносят необходимые исправления и дополнения.
21) В государственных органах и организациях для учета средств, поступающих в связи с предоставлением информации, ведется специальный журнал.
22) Ответственность за ведением журнала возлагается на лицо, назначенное приказом руководителя организации.