Низомномаи комиссияи байниидоравӣ аз 31 октябри соли 2009 № 606 "Оид ба муайян намудани сифат, миқдор ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ, ки барои пурра кардани фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои ҷумҳурии тоҷикистон харидорӣ карда м

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 606

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 606

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Комиссияи байниидоравӣ оид ба муайян намудани сифат, миқдор ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ, ки барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд

1. Муқарароти умумӣ

1) Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муайян намудани сифат, миқдор ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ, ки барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд (минбаъд Низомнома) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 №434 "Дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муайян намудани сифат, миқдор ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ, ки барои ғанӣ гардонидани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд" таҳия гардида, ҳуқуқ, вазифаҳо, ваколат, ӯҳдадорӣ ва ташкили фаъолияти Комиссияро муайян менамояд.

2) Комиссияи байниидоравӣ оид ба муайян намудани сифат, миқдор ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ, ки барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд (минбаъд - Комиссия) мақоми доимоамалкунанда буда, фаъолияти худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" амалӣ намуда, барои гузаронидани ташхис ва нархгузории алмоси табиӣ ва бриллиант, зумрад, ёқути сурх (рубин), ёқути кабуд (сапфир), александрит, марвориди табиӣ (жемчуг), лаъли асил ва сангҳои ороишию заргарӣ, ки барои пурра кардани Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, ташкил карда шудааст.

3) Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4) Ба кори Комиссия мутахассисони баландихтисос аз вазорату идораҳои дахлдор ҷалб карда мешаванд.

2. Вазифаҳои асосии Комиссия

5) Комиссия дар фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- таҳияи дастурамал оид ба қабул, ташхис ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ;

- ба ташхис ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо ва ороишию заргарӣ дар асоси муроҷиати хаттии субъекти истихроҷ, коркард, шахсони воқеию ҳуқуқии барои хариду фурӯши ашё ва маҳсулоти сангҳои қиматбаҳо масъулбуда, барои пешниҳод ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мекунад;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 31 октября 2009 года №606

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 31 октября 2009 года №606

Положения межведомственной комиссии по определению качества, количества и оценки драгоценных и поделочных ювелирных камней, покупаемых для пополнения Государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан

1. Общее положение

1) Положение Межведомственной комиссии по определению качества, количества и оценки драгоценных и поделочных ювелирных камней, покупаемых для пополнения Государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан (далее Положение) разработано на основании постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 июля 2009 года за №434 "О создании Межведомственной комиссии по определению качества, количества и оценки драгоценных и поделочных ювелирных камней, покупаемых для пополнения Государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан" и определяет права, функции, полномочие, обязательство и организацию деятельности Комиссии.

2) "Межведомственная комиссия по определению качества, количества и оценки драгоценных и поделочных ювелирных камней, покупаемых для пополнения Государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан" (далее- Комиссия) является постоянно действующим органом, осуществляющий свою деятельность согласно Закону Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях", организованный для проведения экспертизы и оценки природного алмаза и бриллианта, изумруда, рубина, сапфира, александрита, природного жемчуга, шпинели и поделочных ювелирных камней, поступающих для пополнения Государственного фонда драгоценных металлов и драгоценных камней Республики Таджикистан.

3) Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами и законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан а также настоящим Положением.

4) К работе в Комиссию привлекаются высококвалифицированные специалисты заинтересованных министерств и ведомств.

2. Основные функции Комиссии

5) Комиссия в процессе своей работы выполняет следующие функции:

- разработка инструкций по приему, экспертизе и оценке драгоценных и поделочных ювелирных камней;

- приступает к экспертизе и оценке драгоценных и поделочных ювелирных камней на основании письменных обращений субъекта добычи, переработки, юридических и физических лиц, ответственных за продажу и покупку сырья и изделий из драгоценных камней для представления в Государственное хранилище ценностей при Министерстве финансов Республики Таджикистан;

...