Низомномаи намояндагии доимии Ҷумҳурин Тоҷикистон "Дар назди ташкилоти байналмилалӣ" аз 30 октябри соли 2009 № 729

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 октябри соли 2009 № 729

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1) Низомномаи мазкур фаъолияти намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалиро ба танзим медарорад.

2) Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ (минбаъд - Намояндагии доимӣ) ба низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон шомил аст ва мақоми давлатии робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди ташкилоти байналмилалии дахлдор ба амал мебарорад.

Намояндагии доимӣ тибқи пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҷойгиршавии қароргоҳи ташкилоти байналмилалӣ ва ё шӯъбаҳои он, агар ин бо қоидаҳои ташкилоти байналмилалии дахлдор иҷозат дода шуда бошад, таъсис мегардад.

3) Намояндагии доимӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳо ва фармоишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Низомнома, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии татбиқшаванда, қоидаҳои ташкилоти байналшшалӣ, созишномаҳои онро бо кишвари иқомат ва бо дарназардошти қонунгузории кишвари иқомат ба роҳбарӣ мегирад.

4) Намояндагии доимӣ ҳимояи манфиатҳои миллиро дар доираи ташкилоти байналмилалӣ ва амалисозии самти ягонаи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоти байналмилалии дахлдор таъмин менамояд ва бо ин мақсадҳо бо тартиби муқарраргардида иштироки мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайатҳои онҳо ва гурӯҳи мутахассисонро дар фаъолияти мақомоти ташкилоти байналмилалӣ ҳамоҳанг менамояд. Ҳайтҳои номбаршуда ва гурӯҳи мутахассисон ба Намояндагии доимӣ дар иҷрои вазифаҳои он мусоид менамоянд ва бо тартиби муқарраргардида фаъолияти худро бо Намояндагии доимӣ дар ин ташкилоти байналмилалӣ мувофиқа менамояд.

5) Дар бинои Намояндагии доимӣ ва ё дар ҳудуди он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад, сипар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷоти "Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар назди номи ташкилоти байналмилалӣ) бо забони тоҷикӣ ва бо яке аз забонҳои расмии ташкилоти байналмилалӣ, инчунин бо забони давлатии кишвари иқомат гузошта мешавад. Рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти амалияи ташрифотии ташкилоти байналмилалии дахлдор ва кишвари иқомат истифода мегардад.

6) Намояндагии доимӣ, кормандони он ва аъзои оилаи онҳо дар кишвари иқомат аз масуният ва имтиёзҳо мувофиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории кишвари иқомат баҳраманд мебошанд.

Кормандони Намояндагии доимӣ ва аъзои оилаи онҳо ӯҳдадоранд қонунҳо, қоидаҳои маъмурӣ, инчунин расму оинҳои кишвари иқоматро риоя намоянд, аз ҳар гуна ҳаракатҳо, ки метавонанд ҳамчун дахолат ба корҳои дохилӣ тафсир дода шаванд, худдорӣ намоянд.

II. Вазифаҳои асосии Намонндагии доимӣ

7) Вазифаҳои асосии Намояндагии доимӣ инҳоянд:

- намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалии дахлдор;

- ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

- таъмини иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ;

- иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин супоришҳои дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дархостҳои мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд. Супоришҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дархостҳои мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба Намояндагии доимӣ танҳо ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд;

- муайян ва таҳлил намудани фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ, ҳолат ва тамоюли асосии рушди ҳамкорӣ дар доираи ташкилоти байналмилалии давлатҳои аъзои ташкилоти байналмилалӣ ва мушоҳидон дар назди ташкилоти байналмилалӣ;

- бо тартиби муқарраршуда ба иттилои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия расонидани маълумот оид ба масъалаҳои фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ, бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодот оид ба таъмини иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ;

- бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо гарифтани ҳуҷҷатҳо, маълумотнома ва дигар маводи зарурӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Намояндагии доимӣ шомиланд, бо тартиби муқарраршуда таҳвили маълумот ба мақомот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои зикршуда;

- мусоидат намудан дар татбиқи мақсад ва принсипҳои ташкилоти байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он мебошад, инчунин татбиқи қарорҳои он ва иҷрои шартномаҳои байналмилалии дар доираи он қабулшуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад;

- гузаронидани гуфтушунидҳо бо ташкилоти байналмилалӣ ва дар доираи он иштирок намудан дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вобаста ба мавзӯъҳое, ки ба фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ мансуб аст;

- робита намудан бо котиботи ташкилоти байналмилалӣ, намояндагони доимии (намояндагиҳои доимии) давлатҳои аъзои ташкилоти байналмилалӣ ва намояндагиҳои доимии мушоҳидон дар назди ташкилоти байналмилалӣ, инчунин бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, доираҳои соҳибкорӣ, илмию фарҳангии кишвари иқомат, воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти Намояндагии доимӣ мансуб аст;

- иштирок намудан дар омодасозӣ ва амалӣ гардонидани сафарҳои шахсони мансабдор ва ҳайати расмӣ, аз ҷумла ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба гузаронидани чорабиниҳо дар доираи ташкилоти байналмилалӣ;

- иҷро намудани дигар вазифаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои ташкилоти байналмилалии дахлдор, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо дарназардошти қонунгузории кишвари иқомат.

III. Сохтор ва ташкили фаъолияти Намояндагии доимӣ

8) Намояндагии доимиро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ (минбаъд-Намояндаи доимӣ), ки намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ мебошад, роҳбарӣ менамояд.

9) Намояндаи доимӣ бевосита фаъолияти Намояндагии доимиро роҳбарӣ менамояд, шахсан барои иҷрои вазифаҳои ба Намояндагии доимӣ вогузоршуда ва иҷрои вазифаҳо масъул аст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Намояндагии доимиро муайян месозад, ӯҳдадориҳои вазифавиро байни кормандони он тақсим менамояд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии Намояндаи доими тибқи Низомномаи мазкур муайян мегардад.

Дар сурати мавҷуд набудани Намояндаи доимӣ дар кишвари иқомат вазифаи ӯро иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимӣ анҷом медиҳад, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби муовинони ӯ ва ё кормандони дипломатии сатҳи болоии Намояндагии доимӣ таъин мегардад.

Агар Намояндаи доимӣ ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат бошад, дар сурати набудани ӯ, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимӣ Кордори муваққатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё яке аз кормандони сатҳи болоии дипломатӣ, ки бо тартиби муқарраршуда таъин мегардад, мебошад.

10) Таъмини амнияти Намояндагии доимӣ, кормандони он ва аъзои оилаи онҳо, ташкили ҳимояи сирри давлатӣ ва сирри бо қонун ҳимояшаванда, ихтиёрдории воситаҳои молиявӣ, ташкили кори кормандон ва ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои Намояндагии доимӣ бевосита аз ҷониби Намояндаи доимӣ ва ё корманди дипломатии сатҳи болоии таъинамудаи ӯ сурат мегирад.

Тадбирҳо оид ба таъмини амнияти Намояндагии доимӣ, аз ҷумла амалҳо дар шароити ҳолатҳои фавқулодда дар кишвари иқомат, кормандони Намояндагии доимӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо риояи имтиёз ва масунияти онҳо тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории кишвари иқомат, ташкили ҳифзи сирри давлатӣ ва сирри бо қонун ҳимояшаванда, аз ҷониби Намояндаи доимӣ дар ҳамкорӣ ва дар мувофиқа бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат андешида мешаванд.

11) Смета ва ҷадвали штатии Намояндагии доимӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ҳукуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони Намояндагии доимӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамали вазифавӣ муайян мегарданд. Кормандони Намояндагии доимӣ ӯҳдадоранд фармонҳо ва супоришҳои Намояндаи доимиро ва дар сурати набудани ӯ - иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимиро иҷро намояд.

12) Дар Намояндагии доимӣ шӯъбаҳо ё гурӯҳҳо оид ба самтҳои фаъолияти он метавонанд таъсис дода шаванд.

13) Фаъолияти Намояндагии доимӣ дар асоси нақшаҳои семоҳа, ки бо дарназардошти супоришҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегарданд, ба амал бароварда мешавад.

Намояндагии доимӣ, бояд ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи сиёсӣ ва молиявиро тибқи мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод намояд.

14) Таъин намудан ба ҳайати Намояндагии доимӣ, инчунин ротатсияи кормандон бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳангоми таъин намудан ба вазифаи дипломатии сатҳи болоӣ (мушовир ва аз ин боло) фикри Намояндаи доимӣ ба инобат гирифта мешавад.

15) Ба ҳайати Намояндагии доимӣ метавонанд бо тартиби муқарраргардида намояндагони дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дохил карда шаванд.

Шартҳои фиристодан, таъин намудан, фаъолият намудан ва бозхондани онҳо бо созишномаи алоҳида байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи дахлдор муайян мешавад. Маблағгузории фаъолияти чунин намоянда аз ҳисоби маблағҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи дахлдор сурат мегарад.

16) Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намояндагии доимӣ сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ба истиснои иттифоқи касаба наметавонанд таъсис дода шаванд.

IV. Тартиби таъин ва бозхонд намудани Намояндаи доимӣ

17) Намояндаи доимӣ - намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ мебошад ва дар назди ташкилоти байналмилалӣ аккредитатсия мешавад.

18) Намояндаи доимӣ бо пешниҳоди Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва бозхонд карда мешавад.

Намояндаи доимӣ аз шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад, ки бо сифатҳои касбӣ ва шахсии худ, маълумот ва вазъи саломатӣ метавонад ӯҳдадориҳои ба зиммаи ӯ вогузоршударо иҷро намояд.

V. ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои асосии Намояндаи доимӣ

19) Намояндаи доимӣ Намояндагии доимиро сардорӣ менамояд, бевосита фаъолияти Намояндагии доимиро роҳбарӣ менамояд, сохтори онро мувофиқи санадҳои меъёрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад, вазифаҳои мансабиро байни кормандони Намояндагии доимӣ тақсим менамояд. Намояндаи доимӣ барои иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи Намояндагии доимӣ вогузоршуда ва иҷрои вазифаҳои он мувофиқи Низомномаи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ масьулияти шахсӣ дорад ва тибқи тартиби муқарраргардида дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастурҳо ва супоришҳо ҳисобот медиҳад.

20. Намояндаи доимӣ ҳимояи манфиатҳои миллиро дар доираи ташкилоти байналмилалӣ ва амалисозии самти ягонаи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоти байналмилалии дахлдор таъмин менамояд ва бо ин мақсад тибқи тартиби муқарраргардида иштироки мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайатҳои онҳо ва гурӯхи мутахассисонро дар фаъолияти мақомоти ташкилоти байналмилалӣ ҳамоҳанг менамояд. Ҳайатҳои номбаршуда ва гурӯҳи мутахассисон ба Намояндаи доимӣ дар иҷрои вазифаҳои он мусоидат менамоянд ва тибқи тартиби муқаррагардида фаъолияти худро дар ин ташкилоти байналмилалӣ бо Намояндаи доимӣ мувофиқа менамоянд.

21) ӯҳдадориҳои асосии Намояндаи доимӣ инҳоянд:

-иҷро намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин супоришҳои дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст;

-бо тартиби муқарршуда иттилоъ додан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ ва бо тартиби муқарраршуда манзур намудани пешниҳод дар хусуси таъмини иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ;

-ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

-таъмини иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолиятн ташкилоти байналмилалӣ;

-муайян ва таҳлил намудани фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ, ҳолат ва тамоюли асосии рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ташкилоти байналмилалӣ ва мушоҳидон дар назди ташкилоти байналмилалӣ;

-бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо гирифтани ҳуҷҷатҳо, маълумотнома ва дигар маводи зарурӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Намояндагии доимӣ шомиланд, бо тартиби муқарраршуда таҳвил додани маълумот ба мақомотҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои зикршуда;

-мусоидат намудан дар татбиқи мақсад ва принсипҳои ташкилоти байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он мебошад, инчунин татбиқи қарорҳои он ва иҷрои шартномаҳои байналмилалии дар доираи он қабулшуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад;

- гузаронидани гуфтушунидҳо бо ташкилоти байналмилалӣ ва дар доираи он иштирок намудан дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вобаста ба мавзӯъҳое , ки ба фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ мансуб аст;

- робита намудан бо котиботи ташкилоти байналмилалӣ, намояндагони доимии (намояндагиҳои доимии) даалатҳои аъзои ташкилоти байналмилалӣ ва миссияҳои доимии мушоҳидон дар назди ташкилоти байналмилалӣ, инчунин бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, доираҳои соҳибкорӣ, илмию фарҳангии кишвари иқомат, воситаҳои ахбори умум вобаста ба мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти Намояндагии доимӣ мансуб аст;

-иштирок намудан дар омодасозӣ ва амалӣ гардонидани сафарҳои шахсони мансабдор ва ҳайати расмӣ, вобаста ба гузаронидани чорабиниҳо дар доираи ташкилоти байналмилалӣ;

-дар доираи ташкилоти байналмилалӣ таъмин намудани тавсеаи маълумоти расмӣ оид ба масъалаҳои марбут ба самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохилии он, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, мусоидат намудан дар ташаккулёбии муносибати мусбӣ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалӣ ва ташаббусҳои он дар арсаи байналмилалӣ;

-бурдани кор бо ҳайати Намояндагии доимӣ бо мақсади бо таври арзанда таъмин намудани пешниҳоди манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалӣ;

-андешидани тадбирҳо бо мақсади он ки дар кишвари иқомат тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории кишвари иқомат имтиёзҳо ва масуниятҳо, ки ба Намояндагии доимӣ, кормандони намояндагӣ ва аъзои оилаи онҳо манзур мегарданд, таъмин шаванд;

-ташкили ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳимояшаванда, андешидани тадбирҳо оид ба нигоҳ доштани сатҳи зарурии амнияти Намояндагии доимӣ, кормандони он ва аъзои оилаи онҳо;

-таъмини хароҷоти оқилонаи маблағҳои давлатӣ, ки ба Намояндагии доимӣ барои нигоҳ доштани он ҷудо мегарданд, риояи интизоми молиявӣ;

-таъмин намудани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти ҳайати Намояндагии доимӣ, бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳод вобаста ба фаъолияти он.

Намояндаи доимӣ дигар вазифаҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иҷро менамояд.

22) Намояндаи доимӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба ӯ вогузоршуда ҳуқуқ дорад:

- гуфтушунидҳо бо ташкилоти байналмилалӣ анҷом диҳад ва дар доираи он дар таҳияҳои лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вобаста ба мавзӯъҳое, ки ба фаъолияти ташкилоти байналмилалӣ тааллуқ дорад, иштирок намояд, инчунин дар конференсияҳо ва вохғриҳо, ки дар доираи ташкилоти байналмилалӣ гузаронида мешавад, ширкат варзад;

-бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба масъалаи таъмини иштироки -Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои аъзои ташкилоти байналмилалӣ, инчунин оид ба фаъолияти Намояндагии доимӣ манзур намояд;

-бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо гирифтани ҳуҷҷатҳо, маълумотнома ва дигар маводи зарурӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Намояндагии доимӣ шомиланд, гирад, бо тартиби муқарраршуда маълумотро ба мақомотҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои зикршуда таҳвил намояд;

-дар сурати зарурӣ ва бо розигии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарҳои хизматии кӯтоҳмуддатро берун аз кишвари иқомат анҷом диҳад;

-дар сурати зарурӣ маблағҳои ҷудошудаи солонаро аз рӯи моддаҳои сметаи Намояндагии доимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тақсим намояд;

-ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида нисбат ба кормандони фаъоли Намояндагии доимӣ оид ба сарфароз гардонидани онҳо бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рутба ва мансаби кормандони дипломатии Намояндагии доимӣ, тамдиди мӯхлати кори кормандони дипломатӣ ва маъмурӣ-техникии Намояндагии доимӣ дар хориҷа, инчунин ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо пешниҳод манзур намояд;

- оид ба ҳавасманд гардонидани кормандони ҳайати маъмурию техникӣ ва хизматрасонии Намояндагии доимӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо, дар хусуси ба кор қабул кардан ва аз кор озод намудан (дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон), оид ба рухсатиҳои меҳнатӣ ва сафарҳои хизматии кормандоне, кидар маҳал қабул гардидаанд, инчунин оид ба дигар масъалаҳои фаъолияти Намояндагии доимӣ фармонҳо барорад;

-дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати зарурӣ масъалаҳои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани фаъолияти кормандони Намояндагии доимиро ҳал намояд;

-мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба сафари кӯтоҳмуддат анҷом додан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар кишварҳо аз ҷониби кормандони Намояндагии доимӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар қаламрави кишвари иқомат мебошанд, ҳал намояд;

-аз ҳуқуқҳои дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ истифода барад.

VI. Муқаррароти хотимавӣ

23) Намояндагии доимӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мӯҳрҳои дахлдор, штамп, варақаҳо, суратҳисоб дар бонкҳо мебошад.

24) Қитьаҳои замин, бино, иншоот ва дигар амволи Намояндагии доимӣ, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он вобаста карда мешаванд.

Намоядагии доимӣ нисбат ба амволи ба он вобасташуда бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи моликият, истифода ва ихтиёрдории онро бо дарназардошти қонунгузории кишвари иқомат анҷом медиҳад.

25) Масъалаҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба таъмини фаъолияти Намояндагии доимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мегарданд.

26) Дар ташкилоти байналмилалие, ки дар он институти намояндагии доимӣ мавҷуд нест, ба ҳайати Намояндаи доимӣ ва ё Ваколатдор метавонад корманди дипломатии сатҳи болоии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомати ташкилоти байналмилалӣ ва ё дар давлати хориҷии наздик таъин карда шавад.

27) Таъсис ва фаъолияти миссияи мушоҳидони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндаҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, ки вазифаҳои худро дар қаламрави кишвари хориҷӣ анҷом медиҳад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома, бо дарназардошти қоидаҳои ташкилоти байналмилалии дахлдор сурат мегирад.