Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи азнавташкилдиҳии Муассисаи давлатии "Колеҷи техникии шаҳри Душанбе"
Мутобиқи моддаҳои 58, 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Муассисаи давлатии "Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе" бо роҳи ба он ҳамроҳ кардани Муассисаи давлатии "Коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе" аз нав ташкил дода шуда, он ҳамчун Муассисаи давлатии "Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ" номгузорӣ карда шавад.
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида супоридан ва қабул кардани амвол ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро аз Муассисаи давлатии "Коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе" ба Муассисаи давлатии "Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ" таъмин намояд.
3) Вориси ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе" пас аз ба имзо расидани санади супоридану қабул намудани амвол ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисаи зикргардида Муассисаи давлатии "Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ" ҳисобида шавад.
4) Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе" хориҷ карда шуда, калимаҳои "Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ" иваз карда шаванд.
5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти бақайдгирандаи давлатӣ азнавбақайдгирии ҳуҷҷатҳои таъсисии Муассисаи давлатии "Колеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ"-ро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2009 № 555
ш. Душанбе