Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ аз 1 октябри соли 2009 № 550

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2009 № 550

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2009 № 550

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ

1) Комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ (минбаъд Комиссия) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2009 №394 "Дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ" таъсис дода шуда, мақсади асосии он мусоидат намудан ба пастравии таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ташкили шароити мусоид барои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ мебошад.

2) Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3) Комиссия барои амалӣ намудани вазифаҳои вогузоршуда:

а) номгӯи ҳуҷҷатҳоро барои баррасии масъалаҳои ба беҳбудии вазъи иқтисодию молиявии молистеҳсолкунандагони ватанӣ тааллуқдошта, ташкили рақобати солим, ҳимояи бозори дохилӣ аз ғасби молҳои воридотӣ муайян менамояд;

б) ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба комиссия вогузоршуда бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иштирокчиёни бевоситаи бахши воқеии истеҳсолот ва бозори мол новобаста аз шакли моликият ҳамкорӣ менамояд.

в) пешниҳодҳоро ҷиҳати мақсаднок будани татбиқи чораҳои ҷавобӣ ба амалҳои маҳдудкунанда ва амалҳои давлатҳои дигар ё иттиҳоди онҳо, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро поймол менамоянд, таҳия мекунад.

г) ҳар семоҳа пешниҳодҳо омода намуда, тибқи тартиби муқарраргардида маълумотро дар бораи тадбирҳои комплексии хусусияти қонунгузорӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва хусусиятҳои дигари ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ равонашуда, аз ҷумла баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва афзоиши номгӯи маҳсулоти нстеҳсолшаванда (кору хизматрасонӣ), танзими меъёрҳои андозӣ, тарифӣ, гумрукӣ ва ғайра, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ташкили ҷойҳои кори иловагӣ бо назардошти таъмини дарозмуддати манфиатҳои стратегии кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

4) Комиссия ҳуқуқ дорад:

а) тибқи тартиби муқарраргардида талаб намудани:

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 1 октября 2009 года №550

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 1 октября 2009 года №550

Положение о Межведомственной комиссии по поддержке отечественных товаропроизводителей и защите внутреннего рынка

1) Межведомственная комиссия по поддержке отечественных товаропроизводителей и защите внутреннего рынка, (далее - Комиссия) образована в соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 июня 2009 года "О создании Межведомственной комиссии по поддержке отечественных товаропроизводителей и защите внутреннего рынка", основной целью которого является содействие снижению влияния мирового финансового кризиса на экономику Республики Таджикистан, организации благоприятных условий для поддержки отечественных товаропроизводителей и защиты внутреннего рынка.

2) Комиссия руководствуется в своей деятельности Конституцией Республики Таджикистан, законами, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, а также настоящим Положением.

3) Комиссия для реализации возложенных на нее задач:

а) определяет перечень документов, необходимых для рассмотрения вопросов улучшения финансово- экономического состояния отечественного товаропроизводителя, создания благоприятной конкурентной среды, защиты внутреннего рынка от экспансии импорта;

б) взаимодействует с министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, городов и районов, непосредственными участниками реального сектора производства и товарного рынка, независимо от форм собственности по выполнению поставленных задач перед Комиссией;

в) разрабатывает предложения о целесообразности введения ответных мер на дискриминационные и иные действия со стороны других государств или их союзов, ущемляющих интересы Республики Таджикистан;

г) ежеквартально готовит предложения и в установленном порядке представляет информацию в Правительство Республики Таджикистан о комплексных мерах законодательного, организационного, финансового и иного характера, направленных на поддержку отечественных товаропроизводителей, в частности повышения конкурентоспособности и расширения номенклатуры производимой продукции (работ, услуг), регулирования налогового, тарифного, таможенного и иного бремени, проведения научно-технических и опытно-конструкторских работ, создания новых рабочих мест с учетом обеспечения долгосрочных стратегических интересов республики.

4) Комиссия имеет право:

а) запрашивать в установленном порядке:

...