Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ аз 1 октябри соли 2009 № 532

Санаи амалкуни: 05.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 167 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2009 № 532

тасдиқ шудааст

Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 458)

1) Тартиби мазкур қоидаҳои интишор ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муайян менамояд.

2) Вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд.

3) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" расман интишор карда мешаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар яке аз ин рӯзномаҳо, инчунин дар маҷаллаи "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди амал қарор мегиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 458).

4) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, мавриди интишори расмӣ қарор нагирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ва рақамгузорӣ намудан мавриди амал қарор мегиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 458).

5) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд, вале бо тартиби муқарраргардида интишор нагардидаанд, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор нагирифта оқибатҳои ҳуқуқӣ надоранд ва барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор, татбиқи ҷазо нисбат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ асос шуда наметавонанд.

6) Шахсони мансабдоре, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2009 № 532

тасдиқ шудааст

Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ

1) Тартиби мазкур қоидаҳои интишор ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муайян менамояд.

2) Вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд.

3) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" расман интишор карда мешаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар рӯзномаи мазкур, инчунин дар маҷаллаи "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди амал қарор мегиранд.

4) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, мавриди интишори расмӣ қарор нагирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ва рақамгузорӣ намудан мавриди амал қарор мегиранд.