Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 № 530 "Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва бо мақсади ҳалли масъалаҳои демографӣ, тақвияти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ)-и аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ ва дар заминаи он таъсис додани шаҳраку деҳаҳои нави замонавӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва шароити моддию маишӣ ба шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2010-2012 (минбаъд Нақша) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои саривақтии Нақшаро таъмин намоянд.

3) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ:

- кӯчонидани муҳоҷирони дохилиро ба маҳали нави истиқомат мутобиқи рӯйхати ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида дар давоми солҳои 2010-2012 таъмин намоянд;

- ҳар сол то 1 ноябр мавзеи кӯчонидани муҳоҷиронро тибқи тартиби муқарраргардида муайян намуда, то 1 март корҳои омодагиро барои кӯчонидани муҳоҷирон мутобиқи Нақша анҷом диҳанд;

- бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайринақшавии дохилӣ, фаъолиятро доир ба муҳоҷиркунонии аҳолии қобили меҳнат танҳо дар мувофиқа ва ҳамоҳангсозии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

4) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ":

- бо дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишудаи ин вазорату идораҳо дар солҳои 2010-2012 корҳои омодагиро барои кӯчонидани муҳоҷирон мутобиқи Нақша ба анҷом расонанд;

- доир ба бунёд намудани шаҳракҳои нави замонавӣ, ки дар он ҷо оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ ҷойгир карда мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории саривақтии қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ таъмин намояд.

6) Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мутобиқи дархост ва рӯйхати пешниҳоднамудаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти саривақтии қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ тибқи муқаррарот амалӣ намояд.

7) Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола ҷараёни иҷрои Нақшаи мазкурро баррасӣ карда, барои татбиқи саривақти ва босамари он назорат ва мусоидат намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2009 № 530

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2009 № 530

тасдиқ шудааст

Нақшаи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012

+----+--------------+-------------+------------+---------------------ҷ
|Р/Т |Номгуи        |Номгуи       | Шумораи    |      Солхо          |
|    |вилоятхо      |шахру        | умумии     +------+-------+------+
|    |ва шахру      |нохияхое,    | оилахои    | 2010 |  2011 | 2012 |
|    |нохияхое,ки   |ки оилахое   | мухочирони |      |       |      |
|    |мухочирони    |мухочирони   | дохилии    |      |       |      |
|    |дохилиро      |дохилиро     | кучонида-  |      |       |      |
|    |интикол       |кабул        | шаванда    |      |       |      |
|    |медиханд      |менамоянд    | дар        |      |       |      |
|    |              |             | солхои     |      |       |      |
|    |              |             | 2010-2012  |      |       |      |
|    |              |             |            |      |       |      |
+----+--------------+-------------+------------+------+-------+------+
|1   |Хамаги дар    |             |            |      |       |      |
|    |микёси чумхури|             | 3019       |1102  | 966   | 951  |

|II  |Вилояти       |             |            |      |       |      |
|    |Мухтори       |             |            |      |       |      |
|    |Кухистони     |             |            |      |       |      |
|    |Бадахшон      |             | 11         |11    | -     | -    |

|1   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Мургоб        | Чиргатол    | 11         |11    | -     | -    |

|III |вилояти       |             |            |      |       |      |
|    |Хатлон        |             | 429        |165   | 144   | 120  |

|1   |шахри Кулоб   | нохия       |            |      |       |      |
|    |              | Шахритус    | 50         |25    | 25    | -    |

|2   |нохияи Вахш   | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Носири      |            |      |       |      |
|    |              | Хусрав      | 50         |15    | 15    | 20   |

|3   |нохияи Вахш   | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Шахритус    | 30         |10    | 10    | 10   |

|4   |нохияи Чиликул| нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Носири      |            |      |       |      |
|    |              | Хусрав      | 33         |19    | 14    | -    |

|5   |нохияи Мир    | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Сайид Алии    | Носири      |            |      |       |      |
|    |Хамадони      | Хусрав      | 22         |22    | -     | -    |

|6   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Шурообод      | Шахритус    | 20         |-     | 10    | 10   |

|7   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Кубодиён      | Носири      |            |      |       |      |
|    |              | Хусрав      | 215        |65    |  70   | 80   |

|8   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Чалолиддини   | Носири      |            |      |       |      |
|    |Руми          | Хусрав      | 9          |9     |  -    | -    |

|IV  |вилояти Сугд  |             | 1678       |657   |  509  | 512  |

|1   |шахри Исфара  | шахри       |            |      |       |      |
|    |              | Исфара      | 600        |200   |  200  | 200  |

|2   |нохияи Гончи  | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Гончи       | 97         |45    |  20   | 32   |

|3   |нохияи Гончи  | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Зафаробод   | 161        |70    |  51   |  40  |

|4   |нохияи Айни   | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Зафаробод   | 600        |200   |  200  |  200 |

|5   |нохияи        |             |            |      |       |      |
|    |Кухистони     | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Мастчох       | Зафаробод   | 220        |142   |  38   |  40  |

|V   |Шахру         |             |            |      |       |      |
|    |нохияхои тобеи|             | 901        |269   |  313  |  319 |
|    |чумхури       |             |            |      |       |      |

|1   |шахри Рогун   | шахри       |            |      |       |      |
|    |              | Рогун       | 105        |25    |  35   |  45  |

|2   |нохияи Варзоб | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Варзоб      | 200        |60    |  70   |  70  |

|3   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Точикобод     | Шахритус    | 53         |15    |  14   |  24  |

|4   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Точикобод     | Вахш        | 15         |5     |   5   |  5   |

|5   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Точикобод     | Ёвон        | 39         |5     |   14  |  20  |

|    |Точикобод     | Чиргтол     | 60         |-     |   30  |  30  |

|7   |нохияи Рашт   | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Рашт        | 150        |60    |   50  |  40  |

|8   |нохияи Рашт   | нохияи      |            |      |       |      |
|    |              | Чиргатол    | 80         |-     |   40  |  40  |

|9   |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Чиргатол      | Чиргатол    | 149        |79    |   35  |  35  |

|10  |нохияи        | нохияи      |            |      |       |      |
|    |Чиргатол      | Шахритус    | 50         |20    |   20  |  20  |