Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 440 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории моҳияи Рӯдакӣ" таъсис дода шавад.

2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2009- 2010 ва солҳои минбаъда нақшаи қабули донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ"-ро муқаррар намоянд.

3) Маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ" дар соли 2009 ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.

4) Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2009 № 440

ш. Душанбе