Фармони президенти ҷумҳурии тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2009, № 708 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143

Бо мақсади такмили сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар банди 4 рақамҳои "530" ва "18" мувофиқан ба рақамҳои "555" ва "205" иваз карда шаванд;

б) дар Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар банди 4 баъди калимаи "Суғд" калимаҳои "ва шӯъбаи минтақавии он дар водии Зарафшон" илова карда шаванд;

- банди 7 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"7. Шӯъбаи минтақавии Рашт".

2) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории 25 воҳиди кории ба таври илова ҷудошударо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои тасдиқгардидаи Агентӣ таъмин намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 сентябри соли 2009 № 708