Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 № 494 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷУмҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 413 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои илмии соҳаи тандурустӣ, татбиқи дастовардҳои илми муосир ва усулҳои нави ташхису табобат дар амалияи тиббӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Теъдоди кормандони Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 19 воҳиди корӣ аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ муайян карда шавад.

3. Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағи буҷети давлатии барои муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ ҷудогардида ва дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда шавад.

4. Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

5. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикисгон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ҳал намояд.

6. Ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

"Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 августи соли 2009 № 494

ш. Душанбе