Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиқистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Лоиҳаҳои замимагардидаи Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ва Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шаванд.
2) Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ва Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" таъсис дода шаванд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ва оинномаи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"-ро тасдиқ намуда, бақайдгирии давлатии онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
4) Ба Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №589 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархати бисту дуюми банди 5 калимаҳои "-ҳамоҳангсозии корҳоро оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва такмили минбаъдаи онҳо амалӣ менамояд;" ба калимаҳои "-ҳамоҳангсозии корҳоро оид ба ташкил, идора, фаъолият ва такмили минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;" иваз карда шаванд.
5) Ба Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Раёсати методология ва маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ".
6) Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589 тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"
"Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"
"Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
"Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим"
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2009 № 475
ш. Душанбе