Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 № 474 "Дар бораи Ҳисоботи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Ҳисоботи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009"

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ҳисоботи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009" ба инобат гирифта шавад (замима мегардад).

2) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- иҷрои пурра, саривақтӣ ва сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009"-ро таъмин намояд;

- бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" аз 19 майи соли 2009 №508 оид ба ҷорӣ намудани тартиби нави бақайдгирии давлатӣ аз рӯи принсипи "Равзанаи ягона" ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таклифҳо пешниҳод намояд.

3) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Барномаи рушди соҳа барои солҳои 2010-2015, аз ҷумла ҷиҳати ба "Барномаи сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва кӯмаки техникӣ барои солҳои 2010-2012" дохил намудани лоиҳаи сармоягузории афзалиятноки соҳавӣ - "Лоиҳаи рушди идоракунӣ ва такмили усули маъмурии идоракунии андоз", инчунин, дарёфти манбаъҳои қарзӣ ва грантии маблағгузории он аз ҷониби кишварҳои донор ё ташкилотҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешанд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 №468 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" оид ба ташкили шабакаи ягонаи электронии табодули маълумот байни мақомоти андоз, молия, гумрук ва бонкҳои хизматрасон чораҳои дахлдор андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

4) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақкими заминаи моддию техникии мақомоти андоз ва рушди нерӯи зеҳнии он, маблағгузории хизматрасонӣ барои иҷрои пурраи барномаҳои соҳавӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар солҳои 2010-2012 ба мақомоти андоз ҳар сол дар ҳаҷмҳои зарурӣ маблағ ҷудо намояд.

5) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар таъмин намудани иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009", роҳ надодан ба зиёдшавии андозаи бақияпулиҳои андоз ба мақомоти андоз ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 августи соли 2009 № 474

ш.Душанбе