Низомнома Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг аз 31 августи соли 2009 № 489

Санаи амалкуни: 31.10.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2009 №489

тасдиқ шудааст

Низомнома Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 609)

1) Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг (минбаъд Комиссия) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 № 392 бо мақсади ба танзим даровардани номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг таъсис дода шудааст.

2) Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3) Мақсадҳои асосии фаъолияти Комиссия инҳоянд:

- маводи номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳангро аз рӯи пешниҳодоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва иттиҳодияи шаҳрвандон баррасӣ менамояд;

- тартиби номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳангро ба танзим медарорад;

- мақсаднокии номгузорӣ намудани корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳангро назорат мебарад.

4) Вазифаҳои Комиссия инҳоянд:

- мувофиқа намудани фаъолияти комиссияҳои зертобеъ дар маҳалҳо;

- тартиб додан ва пешбурди Феҳристи номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг, ки аз тарафи Комиссия ба амал бароварда шудааст;

- муайян намудани талабот ба маводи пешниҳодшаванда вобаста ба инъикоси пурраи давраи ҳаёт ва хизматҳои шаҳрвандони шоиста;

- бо ҷалби олимон, мутахассисони пешбар, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баррасӣ намудани мавод ва санадҳои воридшуда бо дарназардошти ташхиси онҳо;

- дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои марбута баррасӣ намудани масъалаҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг;

- қабул кардани қарор дар бораи номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг дар асоси санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати иҷрои қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки барои фаъолияти асосии Комиссия заруранд.

5) Комиссия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо ташкилот ва муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, корхона, муассиса, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимон ва шаҳрвандони ҷудогона амалӣ менамояд.

6) Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Комиссия оид ба номгузории корхонахри давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг тибқи тартиби пешбининамудаи Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 609).

7) Ҳайати Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад ва он аз Раис, муовини Раис, котиби масъул ва аъзои Комиссия иборат аст.

8) Раис Комиссияро роҳбарӣ намуда, вазифаи ҳар як аъзои онро мутобиқи тартиби муайяннамудаи Низомномаи мазкур ба роҳ монда, фаъолияти онҳоро таъмин менамояд.

9) Котиби масъул фаъолияти Комиссияро ба танзим дароварда, ба он назорат мебарад ва ба Раис ҳисобот медиҳад.

10) Раиси Комиссия, котиби масъул ва аъзои Комиссия дар кори он ба таври ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.

Ширкати роҳбарон ва намояндагони вазорат, идора, ташкилот, корхона ва муассисаҳо дар мувофиқа амалӣ карда мешавад.

11) Ҷаласаҳои Комиссия мутобиқи нақшаи корӣ барпо мешаванд. Ҷаласаҳои ғайринақшавӣ дар сурати зарурат бо қарори Раиси Комиссия, вале на камтар аз як маротиба дар ҳар семоҳа гузаронида мешаванд.

12) Ҷаласаи Комиссия дар он сурат салоҳиятдор дониста мешавад, ки дар он аз нисф зиёди аъзои Комиссия иштирок дошта бошанд. Қарори Комиссия бо овоздиҳии кушоди аксари овозҳои иштирокдорон қабул карда мешавад.

Фикри аъзои ғоиббудаи Комиссия метавонад ба таври хаттӣ пеш аз оғози ҷаласа пешниҳод ва ҳангоми ҳисоби овозҳо ба инобат гирифта шавад.

13) Комиссия фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳои машваратӣ баъди аз ҷониби вазорату идора, ташкилот ва муассисаҳо пешниҳод кардани мавод ба роҳ мемонад. Мӯҳлат ва вақти барпо намудани ҷаласа аз ҷониби Раиси Комиссия муайян карда мешавад.

14) Рӯзномаи ҷаласаи Комиссия бо овоздиҳии аксари аъзои Комиссия тасдиқ карда мешавад. Бо пешниҳоди аъзои Комиссия ба рӯзномаи маҷлис тағйирот ворид карда мешавад.

15) Қарори Комиссия бо протокол ба расмият дароварда шуда, дар асоси он лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг тайёр карда мешавад.

16) Қарор нисбати ҳар як номгузорӣ алоҳида қабул карда мешавад.

17) Ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи маводи маҷлиси Комиссия ва мукотибаи ба салоҳияти Комиссия марбутбударо котиби масъули он ба анҷом мерасонад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2009 №489

тасдиқ шудааст

Низомнома Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг

1) Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг (минбаъд Комиссия) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 № 392 бо мақсади ба танзим даровардани номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг таъсис дода шудааст.

2) Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3) Мақсадҳои асосии фаъолияти Комиссия инҳоянд:

- маводи номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳангро аз рӯи пешниҳодоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва иттиҳодияи шаҳрвандон баррасӣ менамояд;

- тартиби номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳангро ба танзим медарорад;

- мақсаднокии номгузорӣ намудани корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳангро назорат мебарад.

4) Вазифаҳои Комиссия инҳоянд:

- мувофиқа намудани фаъолияти комиссияҳои зертобеъ дар маҳалҳо;

- тартиб додан ва пешбурди Феҳристи номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг, ки аз тарафи Комиссия ба амал бароварда шудааст;

- муайян намудани талабот ба маводи пешниҳодшаванда вобаста ба инъикоси пурраи давраи ҳаёт ва хизматҳои шаҳрвандони шоиста;

- бо ҷалби олимон, мутахассисони пешбар, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баррасӣ намудани мавод ва санадҳои воридшуда бо дарназардошти ташхиси онҳо;

- дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои марбута баррасӣ намудани масъалаҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг;

- қабул кардани қарор дар бораи номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи арбобони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг дар асоси санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати иҷрои қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки барои фаъолияти асосии Комиссия заруранд.

5) Комиссия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо ташкилот ва муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, корхона, муассиса, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимон ва шаҳрвандони ҷудогона амалӣ менамояд.

6) Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Комиссия оид ба номгузории корхонахри давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг тибқи тартиби пешбининамудаи Низомномаи Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амалӣ мегардад.