Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 № 683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ фармон медиҳам:

1) Нақшаи бунёди боғу токзорҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи мазкур чораҳои мушаххас андешида, аз иҷрои корҳои анҷомдода мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

3) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хоҷагиҳо новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ва аҳолӣ бо ниҳолҳои лозимии ба иқлими минтақаҳои ҷумҳурӣ мувофиқ чораҳои саривақти андешида, аз натиҷааш ҳар сол дар моҳҳои июн ва ноябр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намоянд.

4) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои Фармони мазкурро ба инобат гиранд.

5) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо тавсияи олимону мутахассисон дар мӯҳлати ду моҳ банақшагирии бунёди боғу токзорро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таври мушаххас аз рӯи намудҳо ва навъҳои меваю ангур муайян намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастрас намояд.

6) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати ҷалби маблағҳо аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ бо мақсади бунёди боғу токзор тадбирҳои иловагӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол дар моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

7) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Народная газета" ва "Халқ овозӣ" якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мақсад ва моҳияти Фармони мазкурро ба аҳолӣ шарҳ дода, ҷараёни иҷрои онро мунтазам дар телевизион ва рӯзномаҳо инъикос намоянд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

27 августи соли 2009 № 683