ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти аҳамияти умумидавлатӣ доштани барӯйхатгирии аҳолӣ фармон медиҳам:
1) Барӯйхатгарии аҳолӣ дар давраи аз 21 то 30 сентябри соли 2010 гузаронида шавад.
2) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) барои дар сатҳи баланд ташкил намудани барӯйхатгирии аҳолӣ чораҳо андешад;
б) ҳамкориии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро бо мақомоти давлатии омор дар гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ таъмин намояд;
в) дар давраи аз 1 сентябри соли 2009 то 1 марти соли 2011 тағйир додани марзи воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ, номгузории маҳалҳои аҳолинишин ва кӯчаҳо муваққатан боздошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
29 августи соли 2009 № 685