ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 223; с. 1997, №9, мод. 110; с. 1998, №10, мод. 111, 115; с. 2000, №6, мод. 349; с. 2001, №4, мод. 200; с. 2004, №2, мод. 43; с. 2006, №3, мод. 142; с. 2007, №7, мод. 650; с. 2008, № 3, мод. 180, №10, мод. 794) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун фаслҳо бо рақамҳои римӣ ва бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар номи фасли якум калимаи "статуси" ба калимаи "вазъи ҳуқуқии" иваз карда шавад.
3. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ҳокимияти судӣ
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст.".
4. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мустақилият, дастҷамъӣ, ошкорбаёнӣ, мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо иборат аст.".
5. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
6. Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносе интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.".
7. Қисми сеюми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Дар сурати пеш аз мӯҳлат аз вазифа рафтани раис, муовини ӯ ё судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи худ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартибе, ки Қонуни коститутсионии мазкур муқаррар кардааст, ба ҷои онҳо шахсони дигарро интихоб менамояд.".
8. Қисми панҷуми моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Аз фаъолияти Суди конститутсионӣ ва судяҳои он оид ба масъалаҳои мурофиаи конститутсионӣ ҳисобот дода намешавад. Суди конститутсионӣ ҳар сол ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома мефиристад.".
9. Дар қисми 3 моддаи 9 калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад.
10. Дар моддаҳои 14 ва 15 калимаҳои "Ваколатҳои", "ваколатҳои" мутаносибан ба калимаҳои "Салоҳиятҳои", "салоҳиятҳои" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаҳои 15, 16, 17 ва 20 калимаҳои "Регламент", "аҳзоби", "байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "Дастур", "ҳизбҳои" ва "байналмилалии" иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 17:
- зербанди "ж)" қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"ж) ба Суди конститутсионӣ дастури онро барои қабул пешниҳод мекунад;";
- зербанди "к)" қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"к) кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиониро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;";
- дар қисми дуюм калимаи "амрҳо" ба калимаҳои "амру фармонҳо" иваз карда шавад.
13. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаҳои "қонуни оид ба меҳнат" ба калимаҳои "қонунгузории меҳнат" иваз карда шаванд.
14. Қисми дуюми моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мақомот ва шахсони мансабдори дар зербандҳои 1) - 5) ва 8) -9) моддаи 37 Қонуни конститутсионии мазкур зикрёфта ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва шахсони дар зербандҳои 6) - 7) моддаи номбурда зикрёфта бо дархост муроҷиат мекунанд.".
15. Дар моддаи 41:
-дар қисми дуюм калимаҳои "тафтиш намуда" ба калимаи "санҷида" иваз карда шавад;
-дар қисми сеюм калимаҳои "маводро ба арзкунанда бармегардонад" ба калимаҳои "дар ин хусус ба таври хаттӣ муроҷиаткунандаро огоҳ менамояд" иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 52:
-дар қисми якум баъди калимаҳои "барои ҳисобҳо" калимаҳои ", шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо" илова карда шаванд;
( -дар қисми сеюм калимаи "қонуни" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад;
-қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҷарима бояд аз ҷониби вайронкунандаи тартиботи маҷлиси судӣ на дертар аз панҷ рӯзи огоҳ кардани вай пардохта шавад. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида ихтиёран напардохтани ҷарима он ба таври маҷбурӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
17. Дар моддаи 60:
- қисми сеюм хориҷ карда шавад;
- қисмҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳум мутаносибан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум ҳисобида шаванд.
- дар қисми чорум баъди калимаи "намояндагон" калимаҳои ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон" илова карда шаванд;
-қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" муайян карда мешавад.";
-қисми нӯҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Тарафе, ки дар Суди конститутсионӣ хароҷот кардааст, ҳуқуқ дорад рӯёнидани онро аз шахсони мушаххас бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд."
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 августи соли 2009 № 537