ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №4, мод. 57; с. 2001, №4, мод. 152; с. 2003, №4, мод. 143; соли 2004, №12, қ. 1, мод. 695; с. 2005, №3, мод. 115, №12, мод. 645; с. 2006, №7, мод. 338; с. 2007, №5, мод. 360) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 10 банди 8) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"8) Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
2. Моддаи 12(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 12(2). Ҳуқуқи гирифтани яроқ аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба он вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқи дар асоси рухсатнома гирифтани яроқро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
5 августи соли 2009 № 536