Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 539 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 "Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 7, мод. 457) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 7:

Дар номи модда калимаҳои "Вазифаҳои асосии" ба калимаҳои "Вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои" иваз карда шаванд;

дар қисми якум:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда, инчунин биноҳо, иншоот ва ҳудуди (қитъаҳои замин) ҳамшафати онҳо ва акваторияҳо, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонСарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;";

- дар сархати дуюм калимаҳои "вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Гвардияи миллӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, худи шахс, ашёи бо худ доштаи шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда пиёда (савора) медароянд ва аз онҳо пиёда (савора) мебароянд, воситаҳои нақлиёт ва ашёи дар нақлиёт бударо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ тафтиш намояд;

- шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва ё дар ҳудуди ё наздикии объектҳои ҳимояшаванда ҷиноят содир кардаанд, боздошт намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

- шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда ғайриқонунӣ дохил шудаанд ё худ кӯшиши ба онҳо дохил шуданро кардаанд ва. ё ба амру дастурҳо ва талаботи қонунии кормандони Гвардияи миллӣ итоат накардаанд, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

- дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти алоқаи махсусро ба роҳ монад;

- дар ҳолатҳои зарурӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқро ба кор барад;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки амнияти объектҳои ҳимояшавандаро зери хатар мегузоранд, пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмиро ирсол намояд.".

2. Дар моддаҳои 8, 9, 10 ва 11 калимаҳои "Ситод", "Ситоди" ва "ситод" мутаносибан бо калимаҳои "Сарситод", "Сарситоди" ва "Сарситод" иваз карда шаванд.

3. Сархати сеюми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "бо фармонҳои худ Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Сардори СарситодМуовини аввал, муовинони Фармондеҳ, сардорони раёсатҳо ва командирони бригадаҳои зудамали Гвардияи миллиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;".

4. Дар сархати даҳуми қисми дуюми моддаи 10 баъд аз калимаи "ситод" калимаи "раёсатҳо" илова карда шавад.

5. Дар моддаи 13:

- дар қисми сеюм калимаҳои "ба ихтиёри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "ба комиссияҳои марбутаи даъват" иваз карда шаванд;

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Интихоби хизматчиёни ҳарбии даъватшуда барои хизмат дар сафҳои Гвардияи миллӣ афзалиятнок буда, он аз тарафи Сарситоди Гвардияи миллӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.".

6. Дар моддаи 16 калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ" мутобиқан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 5 августи соли 2009 № 539