ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 410; с. 2001, № 4, мод. 173; с. 2002, № 11, мод. 672; с. 2004, № 12 (қисми 1), мод. 690; с. 2007, № 7, мод. 680) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "юридикӣ", "бухгалтерӣ", "кредит", "аксия, аксияҳо", "байналхалқӣ", "система", "конкурс", "ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ", "асъори миллӣ", "санадҳои меъёрии", "баланс", "заёмҳои", "депозитҳо" мутаносибан ба калимаҳои "ҳуқуқӣ", "муҳосибӣ", "қарз", "саҳмия, саҳмияҳо", "байналмилалӣ", "низом", "озмун", "ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ", "пули миллӣ", "санадҳои меъёрии ҳуқуқии", "тавозун", "вомбаргҳои", "амонатҳо" иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаи 1(1) ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ), ки мақсади асосиашон гирифтани фоида буда, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк - ташкилоти қарзие (кредитие), ки ақаллан ҳуқуқи иҷрои се амалиёти зерин: ҷалби амонату пасандозҳо, додани қарз (кредит), кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкиро дорад;
- ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие (кредитие), ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ - Бонки миллии Тоҷикистон, ки ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) барои гирифтани қарз дар ҳолати мавҷуд набудани имкониятҳои дигари қонеъ гардонидани талаботашон метавонанд ба он муроҷиат кунанд;
- қурби расмии асъор - қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлат муқаррар кардааст;
- тавозуни пардохт - таносуби байни маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар воридшуда ва ба хориҷи кишвар пардохтшуда;
- меъёри бозтамвил - меъёри ҳадди ақалли фоизие, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ қарз медиҳад;
- қарз (кредит) - маблағи пулие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба муштарӣ бо шартҳои мӯҳлатнокӣ, пардохти фоиз ва баргардонидан дода мешавад;
- амонат -маблағҳои пулӣ ва ашёи қимматноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷойгир карда шудаанд;
- пасандоз маблағҳои пулие, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дода шудааст;
- пули миллӣ - сомонӣ аст, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст;
- асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ;
- фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон - фоидае, ки бо роҳи ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани маблағҳои пулӣ ба даст омадааст;
- низоми пардохтӣ - низоми бо ҳам алоқаманди технологияҳо, тартиб, қоида, воситаҳои пардохтӣ ва низоми интиқоли маблағҳои пулӣ, ки муомилоти пулро таъмин мекунад;
- хизматрасониҳои пулӣ - низомҳои интиқоли пулӣ, қабули пардохтҳо бо истифодабарии нуқтаҳои автоматикунонидашудаи қабули пардохтҳо, хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунӣ - хазинавӣ, инкассатсияи маблағҳои пулӣ, векселҳо ва чекҳо, эмиссия ва хизматрасонии кортҳои пардохтии пластикӣ;
- низоми клиринг - низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба ҳисоби талаботи пардохти мутақобилаи пулӣ ва ӯҳдадориҳо асос ёфтааст;
- низоми (системаи) бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии (кредитии) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;
- низоми пулӣ - тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пулӣ;
- меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ) - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ҳатмӣ мебошад.".
3. Сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"- аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиторӣ;
- аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани ширкати дигари аудиторӣ барои гузаронидани аудити Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 79 Қонуни мазкур дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи аудите, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст;
- аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобот оид ба иҷрои он.".
4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 3. Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон
Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар доираи салоҳияти худ;
- таъмини рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат;
- мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.".
5. Моддаи 4 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 4. Вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон
Барои ба даст овардани мақсадҳои дар моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда, Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ менамояд;
- ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;
- таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти ҷомеа мерасонад;
- барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро танзиму назорат менамояд;
- барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ мебошад;
- низомҳои пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва хизматрасониҳои пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд;
- ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ намуда, гардиш ва аз муомилот гирифтани онро ба роҳ мемонад;
- захираҳои байналмилалии дарихтиёрдоштаро нигоҳдорӣ ва идора менамояд;
- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо гирифта, амалиётеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои бонкию муносибатҳои пулӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ бармеояд, иҷро мекунад;
- тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад;
- амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонун метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм чораҳои заруриро андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро танзим ва назорат намояд.".
6. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум калимаҳои "бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, шахсони юридикӣ ва воқеӣ" ба калимаҳои "ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои "бонкҳои бақайдгирифташуда ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ" ба калимаҳои "ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)" иваз карда шаванд.".
7. Дар моддаи 6:
- дар қисми дуюм калимаҳои "ба онҳо ихтиёрдорӣ мекунад ва метавонад" ба калимаҳои "метавонад воситаҳои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозун хориҷ намуда, ба шахсони дигар ройгон диҳад ё фурӯшад" иваз карда шаванд";
- ба модда қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигоҳдории молу мулку дороиҳо ва ҳифзи кормандонаш тадбирҳо меандешад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад хадамоти махсуси амният ва муҳофизат таъсис дода, ҳамчунин яроқ ва воситаҳои махсуси ҳимоявиро тибқи қонун ба даст орад ва истифода барад.".
8. Моддаи 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 10. Фоида ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон
Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда мешавад.
Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби зерин тақсим карда мешавад:
- ба сармояи оинномавӣ -10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;
- ба фонди захиравӣ - 60 фоиз то ба 10 фоизи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани он;
- ба буҷети давлатӣ - қисми боқимондаи фоида баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат.
Зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ ва дар ҳолати нокифоя будани он аз ҳисоби сармояи оинномавӣ пӯшонида мешавад.
Дар ҳолати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба пӯшонидани касри бавуҷудомада аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост равона мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бо тартиби муқарраргардида баррасӣ намудани асоснокии дархости Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пӯшонидани касри сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул мекунад.".
9. Номи боби III ва моддаҳои 12, 13 ва 14 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Боби III. Сиёсати пулию қарзӣ
Моддаи 12. Сиёсати пулию қарзӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон Кумитаи сиёсати пулию қарзиро, ки мақоми машваратии байниидоравӣ мебошад, таъсис медиҳад, ки вазифаҳо ва тартиби фаъолияти он бо низомномаи аз ҷониби Раёсат тасдиқшуда муайян карда мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол, на дертар аз 1 ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда пешниҳод менамояд.
Моддаи 13. Воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои амалӣ намудани вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ воситаҳо ва усулҳои зеринро истифода мебарад:
- меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;
- меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ;
- амалиётҳо дар бозори озод;
- қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ);
- танзими асъорӣ;
- муқарраркунии ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул;
- маҳдудкуниҳои миқдории бевосита.
Моддаи 14. Танзими ҳаҷми қарзҳои додашаванда
Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба нишондиҳандаҳои дурнамои сиёсати пулию қарзии қабулшуда ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби он додашавандаро танзим менамояд.".
10. Дар қисми 3 моддаи 15 калимаҳои "ба мақсади мустаҳкам намудани асъори миллӣ" ба калимаҳои "бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо" иваз карда шаванд.
11. Моддаҳои 16, 18, 19, 20, 21 ва 22 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 16. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи амонатҳо ва ӯхдадориҳои дигари ба онҳо монанд захираҳои ҳатмӣ муқаррар менамояд. Меъёрҳои захираҳои ҳатмиро Раёсат муқаррар менамояд.
Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ метавонанд барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) тафриқа дошта, наметавонанд аз 20 фоизи ӯҳдадориҳои онҳо зиёд бошанд.
Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ дар давоми ҳар давраи ҳисоботӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мегардад, наметавонад зиёда аз 5 банди фоизӣ тағйир дода шавад.
Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) риоя нагардидани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи камомадро аз суратҳисобҳои он меситонад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро аз рӯи маблағи камомад ба андозаи на зиёда аз меъёри дукаратаи бозтамвил ҷарима бандад.
Дар сурати бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ маблағҳои захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда, барои иҷрои ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) истифода мешаванд.".
"Моддаи 18. Бозтамвил
Бозтамвил ин додани қарз аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), баҳисобгирӣ ва аз нав баҳисобгирии векселҳо мебошад.
Тарз ва шартҳои додани қарз аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи қоидаҳои моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
Моддаи 19. Маҳдудкуниҳои миқдории бевосита
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ бо мақсади гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.
Маҳдудкуниҳои миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёрҳои бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъи иҷрои баъзе амалиёти бонкиро аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ифода мекунад.
Моддаи 20. Муқаррар намудани ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул
Бонки миллии Тоҷикистон ҳудуди афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои ҳаҷми пулро мувофиқи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 21. Додани қарз ба ташкилотҳои қарзи (кредитӣ)
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо шартҳое, ки мунтазам аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва бо таъминоти зерин қарз диҳад:
- коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст ва онҳо як қисми эмиссияи давлатӣ мебошанду мӯҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон аз як сол зиёд нест;
- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;
- векселҳои оддӣ ё интиқолӣ, ки ду ва зиёда паснавишт (индоссамент) дошта, яке аз онҳо ақаллан ба яке аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) тааллуқ дорад ва мӯҳлати пардохташон на зиёда аз даҳ моҳ аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон мебошад;
- амонат, пасандоз, асъори нақди хориҷӣ, металлҳои қиматбаҳо ва дороиҳои дигар дар Бонки миллии Тоҷикистон ё ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун дороиҳои бозоргир эътироф мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ба маълумоти аҳли ҷомеа меъёри бозтамвил ва шартҳое, ки мувофиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) барои гирифтани қарзҳо ба озмунҳо роҳ дода мешаванд мерасонад.
Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедиҳад ва ҷудо (пешниҳод) намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пешбинӣ кардааст.
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон расонидани ҳама гуна кӯмаки молиявӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти асосии он бевосита алоқаманд нестанд, манъ аст.
Моддаи 22. Ба сифати мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ додани қарз ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
Бонки милии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ метавонад ба ташкилотҳои қарзии (кредитии) вазъи молиявиашон қаноатбахш дар ҳолатҳои зерин қарз (кредит) диҳад:
- барои таъмини пардохтпазирӣ бо шартҳои қобили қабули таъминнокӣ;
- бо мақсади нигохдории устувории низоми молиявӣ таҳти кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои фоизие, ки Раёсат муқаррар кардааст.
Қарзҳои (кредитҳои) мазкур ба мӯҳлати то се моҳ дода мешавад. Мӯҳлати пардохти онҳо метавонад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон боз то се моҳи дигар бо дархост ва пешниҳоди нақшаи асосноки чорабиниҳо оид ба пардохти чунин қарз, ки аз ҷониби мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тасдиқ шудааст, тамдид карда шавад.".
12. Моддаи 23 хориҷ карда шавад.
13. Дар моддаи 24:
- дар қисми чорум калимаҳои "вақт вақт" хориҷ карда шаванд;
- қисми панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи давлат, пардохти қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат машварат медиҳад.".
14. Дар қисми дуюми моддаи 25 калимаҳои "ҷобаҷокунии ибтидоии" ба калимаҳои "аввали барориши" иваз карда шаванд.
15. Моддаи 27 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 27. Амонатҳо ва амалиёти кассавӣ
Ба сифати амонатнигоҳдорандаи давлат Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинадории давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ хизматҳои бонкӣ мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон пардохтҳоро мувофиқи ҳаҷми маблағҳо дар суратҳисобҳои дахлдор амалӣ месозад.
Дар ҳолати зарурати татбиқи сиёсати муайяни пулию қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад қисми маблағҳои буҷети давлатиро мутобиқи шартнома ба мӯҳлати муайян ҳамчун пасандоз қабул намояд.".
16. Ба моддаи 28 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун агенти молиявӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва фондҳои нафақа барои нигоҳдории маблағҳои онҳо бо пули миллӣ, асъор ва коғазҳои қиматнок хизматрасонӣ намояд. Тартиби хизматрасонии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба амалӣ карда мешавад.".
17. Номи Боби V ва моддаи 31 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Боби V. Низоми пардохтӣ
Моддаи 31. Низоми пардохтӣ
Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохтӣ буда, роҳбарии ташкил ва таъмини рушди низоми самараноку боэътимоди пардохт, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.
Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
- ба ҳамкории мутақобилаи низомҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клиринг бо низомҳои дахлдори дигар, ки ба биржаҳо, бозорҳои коғазҳои қиматнок алоқаманданд, мусоидат менамояд;
- таҳияи усулу технологияҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад;
- барои ҳамкорӣ байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои пулӣ шароит фароҳам меоварад.".
18. Ба Қонун моддаҳои 32(1) ва 32(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 32(1). Танзим ва назорати низоми пардохт
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохт:
- хизматрасониҳоеро, ки ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ё таъминкунандагони хизматрасониҳои пулӣ оид ба ирсол, коркард ва қабули супоришномаҳои пардохтӣ, чекҳо, интиқоли маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок ба суратҳисобҳои онҳо ё мизоҷонашон иҷро мекунанд, танзим ва назорат намояд;
- низомҳои зеринро ташкил намуда, фаъолияташонро таъмин намояд, барои ташкилу танзими фаъолияти онҳо иҷозатнома диҳад, бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад:
а) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;
б) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо коғазҳои қиматнок;
в) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар аз рӯи пардохтҳо (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо ҳар гуна асъор дар муқоиса бо пардохтҳои дигар (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо асъори дигар;
- шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;
- талаботи ҳадди ақалро оид ба боэътимодӣ ва таъмини амнияти ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ, интиқоли маблағҳо, низоми клиринг, интернет-бонкинг, инчунин таъмини амнияти иттилооти бонкӣ муқаррар намояд.
Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад.
Моддаи 32(2). Стандартҳои байналмилалӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохтӣ стандартҳои байналмилалиро истифода намуда, бо мақсади таъмини амният ва самаранокии он бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои марказии кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд".
19. Моддаҳои 33, 34 ва 35 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 33. Низоми иттилоотии қарздиҳӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад низоми иттилооти қарздиҳиро барои ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилоот оид ба қарздиҳӣ байни ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ба роҳ монад, инчунин барои амалӣ намудани иҷрои он меъёрҳо таҳия намояд.
Моддаи 34. Хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, суратҳисобҳо кушода, барои бақияи онҳо фоиз диҳад ё барои хизматрасониаш ҳаққи муайян гирад.
Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар муносибатҳо бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ намояндаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.".
20. Банди 4) моддаи 40 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"4) барои бонкҳои хориҷӣ, бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ суратҳисобҳо кушода, инчунин манфиати онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кунад;".
21. Номи Боби VII ва моддаҳои 42, 43, 44, 45, 46, 47, 48, 49, 50, 51, 52, 53, 54, 55, 56 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Боби VII. Танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мебошад.
Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
- ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар китоби баҳисобгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;
- санҷиши ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин мақсад ҷалбгардида, аз ҷумла санҷиши амалиёт, феҳристҳо, ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои онҳоро гузаронида, риояи талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" ва қонунҳои дигари ба фаъолияти бонкӣ дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд;
- аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пешниҳоди иттилооти зарурӣ барои танзим ва назорати фаъолияти онҳо, инчунин дидани чораҳо оид ба ислоҳи вазъияти дар онҳо баамаломадаро талаб мекунад.
Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзи (кредитӣ) нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторон мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонун пешбинӣ кардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои барои ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ҳатмии гузаронидани амалиёти бонкӣ, ҳисобдорӣ, тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва маълумоти оморӣ ва шаклу тартиби пешниҳод кардани ин маълумотро муқаррар мекунад.
Моддаи 43. Ҳамкории иттилоотӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонкӣ, молиявӣ ва таҳлили вазъи иқтисодӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти оморӣ ва дигар маълумот ҳамкорӣ менамояд ва метавонад аз мақомоти давлатӣ иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон маводи зеринро нашр менамояд:
- иттилооти умумии оморӣ ва таҳлилӣ дар бораи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуҷҷатҳо оид ба усулҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ;
- маълумоти дахлдори оморӣ ва консепсияе, ки ба гузарондани таҳқиқу санҷиши берунии омори анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳанд.
Моддаи 44. Пешниҳоди иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тавассути дархости хаттӣ аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пешниҳоди ҳама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзеҳи онҳо ё пешбиниҳои зеринро талаб намояд:
- оид ба масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, молиявӣ, меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ) ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
- оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, даромад ва хароҷот, аз ҷумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, ҳаққи хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, ӯҳдадориҳо ва тамоми хавфҳои ба вай таҳдидкунанда;
- нисбати ҳар гуна шахси алоқаманди ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирифташуда, ки дар ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нуфузи калон дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иттилооти пешниҳодшударо, ки ба феҳристи иттилоот ё маълумоти махфӣ дохил намешавад, пурра ё қисман мувофиқи категорияҳои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки аз рӯи навъи фаъолияташон дараҷабандӣ шудаанд, нашр намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонкӣ таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.
Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) вазифадоранд, ки ҳама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дархостшавандаро саривақт пешниҳод намоянд.
Моддаи 45. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти назоратии дохилию хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дигар бонкҳои марказӣ, хориҷӣ ё мақомоти назоратии дохилию берунӣ шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон боварӣ дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чораҳои оқилона андешида шудаанд.
Моддаи 46. Меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ)
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" муқаррар карда мешавад.
Моддаи 47. Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо тартиби зерин назорати маҷмӯӣ мебарад:
- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
- аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ҳар гуна бонкҳои фаръй ва ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулй, нуфузу эътибори саҳмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзй (кредитӣ) соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;
- санҷиши ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.
Санҷиши баррасии фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро дар бар мегирад.
Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро санҷиш мекунад, ба истиснои намояндагиҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиш карда мешаванд.
Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё бонки фаръӣ ва ширкатҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.
Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб мегардад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) саривақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) вазифадоранд дар гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.
Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Узви Раёсат, корманд ва намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳар шахсе, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур барои гузаронидани санҷиш, инчунин ба сифати мудири муваққатӣ таъин ё ҷалб гардидааст, барои зиёни ҳангоми дар доираи Қонуни мазкур софдилона иҷро кардани ӯҳдадории вазифавӣ расонидашуда, ҷавобгар намебошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони мазкур ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳо аз даъвои судии вобаста ба софдилона иҷро кардани ӯҳдадориҳои вазифавиашон пешниҳодшударо кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шудани онҳо.
Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳнамой ё таъсиррасонии дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба вай маълум гардад, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
- талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя накардаанд;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо саривақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
- амалиёти бонкии дорои хавфи аз меъёр зиёд ё нодурустро гузаронидаанд.
Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) як ё якчанд чораҳои ислоҳнамоӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) амрнома фиристад;
- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дастур диҳад;
- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб кунад;
- тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;
- ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз (кредит) муқаррар созад;
- илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар мӯҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзй (кредитӣ) талаб намояд;
- аз раиси Шӯрои нозирон даъвати ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон чиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;
- аз раис ё раёсати ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) талаб намояд, ки солимгардонии молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро, аз чумла бо усули тағйирдиҳии таркиби дороиҳои он амалй намояд;
- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) муваққатан ё пурра аз кор барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунандаро талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз вазифа сабукдӯш кардани раис ё дигар узви Шӯрои нозиронро талаб намояд;
- азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавй, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро талаб намояд;
- барои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) меъёрҳои мақбулро ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад;
- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иҷрои баъзе аз амалиёти дар иҷозатномаи он муайяншударо ба мӯҳлати то дувоздаҳ моҳ манъ намояд;
- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро манъ кунад;
- қабул ва интиқоли дороиҳоро аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), инчунин пардохти суди саҳмияҳоро маҳдуд намояд;
- мувофиқи Қонун нисбат ба кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) чазои ҷаримавӣ татбиқ кунад;
- ваколатҳои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро боздошта, барои солимгардонии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи қонун маъмурияти муваққатӣ таъин намояд;
- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ чарима гузорад;
- иҷозатномаи ба ташкилоти қарзӣ додашударо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" бозхонд намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад инчунин ташкилотҳои қарзӣ (кредитй)-ро дар ҳолатҳои зерин ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад ва бартараф намудани камбудиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида талаб намояд:
- агар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳар гуна ҳисобот, маълумоти оморӣ, дигар иттилооти нопурра ва носаҳеҳро пешниҳод намояд;
- агар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) маълумот оид ба муштарӣ, хавфҳои муайяни муштариёни хосааш ва ҳар гуна иттилооти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дархостшударо пешниҳод накунад ё пешниҳоди онро ба таъхир андозад;
- барои камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи санҷиши бевоситаи фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ошкор гардидаанд.
Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иҷро нагардидани талаботи Бонки миллии Тоҷикистон ҷаримабандӣ мутобиқи қисми сеюми моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.
Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), бе супориши вай ситонида мешавад. Дар ҳолати дар Бонки миллии Тоҷикистон надоштани чунин суратҳисоб маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.
Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Раёсат муайян карда мешавад.
Чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро, ки дар моддаи мазкур пешбинй гардидаанд, Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як сол аз рӯзи аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо, аммо на дертар аз се моҳ баъди ошкор шудани онҳо амалӣ менамояд.
Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ё таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ҷавобгарии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро аз рӯи дигар қонунҳо истисно намекунад.
Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ
Маъмурияти муваққатӣ мақоми махсуси идоракунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавии он ба мӯҳлати шаш моҳ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад.
Мӯҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ имкон дорад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то шаш моҳ тамдид карда шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон маъмурияти муваққатиро дар ҳолатҳои зерин таъин менамояд, агар:
- ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ӯҳдаи иҷрои талаботи амонатгузорон ё пардохти ӯҳдадориҳои худ баромада натавонад;
- ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз дороиҳои он зиёд бошад;
- ба ақидаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳдид ё ногузирии ба амал омадани ҳолатҳои дар боло зикргардида мавҷуд бошад;
- сармояи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз 50 фоизи ҳадди ақалли сармояи танзимшавандае, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар кардааст, камтар бошад;
- барои оғози парванда оид ба муфлисшавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба суд дархост ворид шуда бошад.
Роҳбарии маъмурияти муваққатиро мудири он амалӣ менамояд.
Мудири маъмурияти муваққатӣ аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бе ваколатнома амал менамояд.
Ҳайати маъмурияти муваққатӣ ва мудири он аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат таъин карда мешавад.
Хароҷоти вобаста ба фаъолияти маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) амалӣ мегардад. Харҷномаи маъмурияти муваққатӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Хароҷоти маъмурияти муваққатӣ дар доираи харҷномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқгардида бе навбат бояд пардохт шавад.
Қарори Раёсат дар бораи таъини маъмурияти муваққатӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз санаи қабули он дар ду рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
Нисбат ба қарори Раёсат дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) метавонад ба суд шикоят намояд.
Моддаи 50. Натиҷаи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ
- ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) боз дошта мешаванд, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмиядор, амонатгузор ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) доранд, ба маъмурияти муваққатӣ дода мешаванд. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои монеъ шудан ба додани ҳамаи ҳуқуқҳо ба мудири маъмурияти муваққатӣ ё иҷрои ин ҳуқуқҳо аз тарафи вай ҳақ надоранд;
- мӯҳлати мувофиқи қонун, шартнома ё ба таври дигар муайяншуда, ки баъди тамомшавии он ҳар гуна талабот ё ҳуқуқи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) қатъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рӯзи сипаришавии он ба мӯҳлати шаш моҳ тамдид карда мешавад;
- ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдорӣ нисбати ҳар дороӣ ё амволи ташкилоти қарзй (кредитӣ) бекор карда мешавад ва ба ҳабси нав ё ҳуқуқи нигоҳдорӣ нисбати ягон хел дороӣ ё амволи ташкилоти қарзй (кредитӣ) роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:
а) ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдорӣ, ки шаш моҳ (ё дувоздаҳ моҳ) дар сурати ҳабс ё ҳуқуқи нигаҳдорӣ ба фоидаи ҳар саҳмиядор, корманди роҳбарикунанда ё корманди ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) пеш аз дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ эътибор пайдо кардааст;
б) ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдорӣ, ки аз тарафи мудири муваққатӣ барои иҷрои талаботи моддаи 54 ҳамин Қонун татбиқ шудааст;
в) варақаи иҷро оид ба ҳабс ё ҳуқуқи нигохдорӣ, ки то лаҳзаи таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ дода шудааст, агар маблағи он аз меъёре, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, зиёд набошад;
г) ҳар гуна пардохтҳо ё додани дороӣ ё амволи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар давоми се моҳи то лаҳзаи таъин гардидани маъмурияти муваққатй ё дар давоми дувоздаҳ моҳ, агар пардохт ё таҳвил ба фоидаи саҳмиядор, корманди роҳбарикунанда, корманд ё филиали ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) сурат гирифта бошад, беэътибор дониста мешаванд, агар онҳо дидаю дониста иҷро карда шуда бошанд, ё натиҷаи ба гирандагони он додани ҳуқуқи афзалиятнок нисбати дигар амонатгузорону кредиторон бошад. Қоидаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- ҳангоми пардохти амонатҳо ва пасандозҳо аз рӯи ҳисоббарорӣ барои ҳар амонатгузор ба он маблағе, ки аз меъёри муқаррарнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон зиёд нест;
- ҳангоми додани дороӣ ё амвол бар ивази арзиши одилонаи бозории онҳо;
-ҳангоми пардохти музди меҳнат ва ёрдампулиҳо (ба истиснои мукофотпулӣ ва пардохтҳои махсус) ба корманди роҳбарикунанда ё кормандони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ).
Моддаи 51. Вазифаҳои маъмурияти муваққатӣ
Маъмурияти муваққатӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) фавран чораҳои зеринро меандешад:
- ҳамаи кӯшишҳои худро софдилона барои таъмини нигаҳдории дороиҳои ташкилоти қарзй (кредитӣ) ба харҷ медиҳад;
- ҳисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороиҳо, аз ҷумла дороиҳои воқеӣ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро оғоз менамояд;
- ба тамоми воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) оид ба ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) огоҳиномаро бо зикри таърих ва вақти ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ, ки набояд аз вақту рӯзи ирсоли огоҳинома пештар бошад, ирсол менамояд;
- дар рӯзномаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байни аҳолӣ, дар он ҷойҳое, ки воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷойгир аст, оид ба оғози фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) эълон менамояд;
- ҳамаи амволи воқеӣ, сабтҳо ва дигар дороиҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро, аз ҷумла аз бонкҳои фаръии вай бозпас мегирад;
- ҳуқуқ дорад кормандони роҳбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро аз вазифа барканор ва ё озод намояд;
- иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани рамзҳои истифодаи компутерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзй (кредитӣ) амал мекарданд, инчунин муқаррар намудани маҳдудиятҳои дигарро барои дастрасӣ ба объектҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзй (кредитӣ)-ро анҷом медиҳад;
- ташкилотҳои қарзии (кредитии) бақайдгирандагон ва агентҳое, ки бо коғазҳои қиматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороиҳои берунии ташкилоти қарзй (кредитӣ)-ро дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дастурҳо медоданд, огоҳ менамояд;
- ҳама гуна пардохтҳоро ба моликон, саҳмиядорон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба истиснои музди меҳнати онҳо бозмедорад;
- дар тамоми филиалҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) намояндаҳои худро таъин менамояд.
Моддаи 52. Ҳисоботи маъмурияти муваққатӣ
Мудири маъмурияти муваққатӣ дар давоми се моҳ баъд аз санаи таъин шуданаш дар бораи вазъи молиявӣ ва дурнамои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба Раёсат ҳисоботи пешакӣ пешниҳод мекунад.
Мудири маъмурияти муваққатӣ дар ҳисоботи худ андешидани яке аз чораҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- чораҳои беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бо роҳи:
а) барқароркунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
б) азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
- бозхонди иҷозатнома барои гузаронидани амалиёти бонкӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ).
Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи маъмурияти муваққатй дар муддати понздаҳ рӯз қарори дахлдор қабул мекунад.
Моддаи 53. Мораторияи қонеъгардонии талаботи амонатгузорон ва кредиторони ташкилоти қарзй (кредитӣ)
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки дар он маъмурияти муваққатй таъин шудааст, метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ иҷрои талаботи амонатгузорон ва кредиторони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро манъ намояд.
Амали мораторияи мазкур ба уҳдадориҳои пули ва ухдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки то таъини маъмурияти муваққатӣ пайдо шудааст, татбиқ мегардад.
Дар муддати амали моратория:
- чораҳои ҷавобгарӣ, ки бо қонун ва шартнома барои иҷро накардан ва ё ба таври дилхоҳ иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва ӯҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла ҷарима, фоизҳо, муҷозоти дигари молиявӣ татбиқ намегарданд;
- ба ситонидани маблағҳои пулии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи ҳуҷҷатҳои иҷроия ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки аз рӯи онҳо бояд ситониш бо тартиби бебаҳс сурат гирад, роҳ дода намешавад;
- иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроия, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, боздошта мешавад;
- қонеъ гардонидани талаби муассиси ташкилоти қарзй (кредитӣ) дар бораи баргардонидани ҳиссааш ба сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), бинобар сабаби аз ҳайати муассисони он баромадани ӯ манъ карда мешавад.
Ба маблагҳои асосии талаботи манъкардашудаи мазкур дар рӯзи ҷорӣ кардани манъкунӣ ба андозаи нисфи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон фоиз ҳисоб карда шуда, он баъди ба итмом расидани мӯҳлати моратория пардохта мешавад.
Мораторияи дар моддаи мазкур пешбинигардида дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- ҳангоми пардохти маблағҳо вобаста ба ҷуброни зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонида шудааст;
- ҳангоми пардохти ҷубронпулӣ барои аз кор рафтан, пардохти музди меҳнати шаҳрвандон, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд ва пардохти мукофот аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;
- ҳангоми пардохти хароҷоти ташкиливу- хоҷагӣ барои фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) зарурбуда;
- ҳангоми иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроия, ки то эълони маҳдудиятҳо дар асоси қарорҳо дар бораи ситонидани қарзи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи шартномаҳои суратҳисоби бонкӣ ва амонати бонкӣ басташуда дода шудааст.
Моддаи 54. Амалӣ намудани нақшаи беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)
Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул кардани қарор дар бораи чораҳои беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) маъмурияти муваққатӣ метавонад:
- анҷомдиҳии амалиёти бонкиро аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) давом диҳад ё қатъ намояд;
- бо тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон қарзҳо ҷалб кунад;
- пардохти ҳар гуна уҳдадории ташкилоти қарзи (кредитӣ)-ро амалӣ намояд ё маҳдуд кунад;
- меъёри фоизҳоро аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) то меъёрҳои дар бозори дахлдор амалкунанда тағйир диҳад;
- шахсони мансабдор, кормандон ва мушовирони заруриро ба кор гирад;
- шартномаи кироя барои хизматрасонӣ ё шартномаи иҷораро, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иштирокчии он мебошад, қатъ кунад;
- иттилоотро дар бораи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва амалиёти онҳо, аз ҷумла иттилооти дорои хусусияти махфиро бо мақсади беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ифшо намояд;
- мол ё хизматрасонӣ ё амволи дигарро аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) харад ва фурӯшад;
- аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳар гуна воситаҳои пардохтиро барорад;
- аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд;
- оид ба баргардонидани маблағҳои мӯҳлати пардохташон гузашта амалҳои зеринро анҷом диҳад:
а) амволи ба сифати гарав гирифташударо фурӯшад;
б) аз қарздороне, ки мӯҳлати пардохти қарзашон гузаштааст, додани таъминот ва кафолатҳои иловагӣ талаб намояд;
- бо қарздорон дар бораи пеш аз мӯҳлат пардохт намудани қарз қарордод бандад;
- ба шахсони дигар харидорӣ намудани қарзҳои пардохтанашударо пешниҳод намояд;
- барои баргардонидани қарзҳои дебитории дигари ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) чора андешад;
- чораҳои зарурии дигарро анҷом диҳад.
Моддаи 55. Анҷом ёфтани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ
Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ҳангоми бартараф карда шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардидаанд, ба анҷом мерасад.
Баъди ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ бинобар беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ):
- тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунандаи он муқаррар шуда буданд, бекор мегардад;
- ҳамаи тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақомоти идоракунй ва ҳайати кормандони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки тибқи қонун ҳангоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ворид шудаанд, амал мекунанд.
Дар бораи ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ Бонки миллии Тоҷикистон қарор мебарорад.
Моддаи 56. Барҳам додани ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)
Агар фаъолияти маъмурияти муваққатӣ боиси беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои гузаронидани амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд талаби барҳам додани ташкилоти қарзй (кредитӣ)-ро пешниҳод менамояд.
Ҳангоми аз ҷониби суд баррасӣ намудани парванда оид ба муфлисшавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) истеҳсолоти озмунӣ татбиқ гардида, мушоҳида, беҳбудии вазъи молиявй, идоракунии берунӣ ва созишномаи мусолиҳа, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавй" муқаррар шудааст, татбиқ намегардад".
22. Моддаи 61 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 61. Воситаи қонунии пардохт ва эмиссияи пули миллӣ
Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва аз гардиш гирифтанашуда, воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна ӯҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.".
23. Моддаи 63 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 63. Чопи пули миллӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти он
Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигохдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда, тадбирҳо меандешад.
Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.
Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳоеро, ки фарсуда шудаанд, аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва бар ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.
Агар ороиши пулҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошанд, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад.".
24. Моддаи 66 хориҷ карда шавад.
25. Моддаҳои 67 ва 68 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 67. Соли молиявӣ
Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
Моддаи 68. Ҳисоботи солона
Баъди ба охир расидани соли молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад:
- ҳисоботи тавозунӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён, ҳисобот оид ба тағйирёбии сармоя ва ҳисоботи зарурии дигар;
- усулҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани ҳисоботи молиявӣ аз он истифода намудааст;
- шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, баҳодиҳӣ ба вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
26. Ба Қонун моддаҳои 69(1) ва 69(2) ба мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 69(1). Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ташкил ва тартиб дода мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъди анҷом ёфтани ҳар моҳ ҳисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро дар рӯзи кории охирини моҳи анҷомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ маълумот нашр менамояд.
Моддаи 69(2). ӯҳдадориҳои шартӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дорои ӯҲдадориҳои муайян мебошад, ки қисме аз онҳоро ӯҳдадориҳои шартӣ (кафолатномаҳо, маблағҳои муштариён дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳое, ки дар асоси баҳсҳои судӣ пайдо шудааанд,) ташкил медиҳанд.
Охири ҳар сол Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартиаш иттилоъ медиҳад, агар:
- маблағи ӯҳдадориҳои шартӣ аз панҷ фоизи дороиҳои софаш зиёд бошад;
- маблағи дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷудбуда дар давоми 3 соли охир аз ҷониби муштарй талаб карда нашуда бошад.
Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИ аз зарурати баррасии мукаммали ӯҳдадориҳои шартӣ бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниход менамояд.".
27. Моддаи 70 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 70. Пешниҳод ва чоп намудани ҳисобот
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 31 май ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи худро баъди баррасӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма нашр намояд.".
28. Дар моддаи 71:

"Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ бояд дорои маълумоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ буда, доғи судӣ надошта бошанд ва ба ташкилоти муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд.";
- ба модда қисмҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Маоши вазифавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Аъзои Раёсат ба мӯҳлатҳои зерин таъин карда мешаванд:
- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба мӯҳлати ҳафт сол;
- муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба мӯҳлати панҷ сол;
- аъзои дигари Раёсат - ба мӯҳлати чор сол.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъин карда шаванд.
Аъзои дигари Раёсат аз ҳисоби собиқадорони соҳаи иқтисод, устодони донишгоҳу донишкадаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои илмӣ ва ғайра, ба истиснои хизматчиёни давлатӣ, таъин карда мешаванд. Ба шахсони мазкур аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон подошпулӣ муқаррар карда мешавад";
- қисми шашум мутобиқан қисми даҳум ҳисобида шавад.
29. Ба Қонун моддаи 71(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 71(1). Асосҳои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат танҳо дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:
- бинобар гузаштани мӯҳлати ваколат;
- бинобар иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;
- додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;
- бо ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудан;
- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;
- сӯиистифода аз вазифа;
- иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат.
Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъйини узви нав дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пур карда шавад.".
30. Банди 5 қисми якуми моддаи 72 хориҷ карда шавад.
31. Дар моддаи 74:
- дар банди 2) калимаҳои "асъори миллиро" ба калимаи "асъорро" иваз карда шавад;
- дар банди 8) калимаҳои "қисми 3 моддаи 21" ба калимаҳои "моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур" иваз карда шаванд;
- дар банди 13 калимаи "Раиси" ба калимаи "хизматчиёни" иваз карда шавад;
- банди 18 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"18) шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва агенти молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад;";
- ба модда бандҳои 19, 20, 21 ва 22 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
19) оид ба кушодан ва пешбурди суратҳисоб барои бонкҳои марказию тиҷоратии хориҷӣ, ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор қабул мекунад;
20) низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдик мекунад;
21) тартиби суғуртаи тиббии хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;
22) дигар масъалаҳои ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқдоштаро баррасӣ мекунад.".
32. Моддаҳои 76 ва 77 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 76. Кормандон ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис ва муовинони
ӯ) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Шартҳои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Раёсат муқаррар менамояд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъйин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои рӯйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур ӯҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд.
Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) гирифтаашон ба Мудирияти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.
Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мегиранд, муқаррар намояд.
Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Раёсат суғуртаи ҳатмӣ карда мешаванд.
Моддаи 77. Бархӯрди манфиатҳо
Аъзои Раёсат ва хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд аз ягон хел манфиатҳои корӣ, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд.
Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки боиси саршавии бархӯрди манфиатҳо мегардад, канораҷӯӣ намоянд.
Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд:
- кори дигари музднокро, ба истиснои кори муаллимӣ, илмӣ ва эҷодӣ иҷро намоянд;
- аъзои мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бошанд;
- молик ё идоракунандаи бовариноки зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бошанд.
Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тӯҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои бегаразона иҷро намудани вазифаҳои ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчии Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин хилофкорй аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.
Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онҳоро ифшо карда, дигар дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад.".
33. Моддаҳои 79 ва 80 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 79. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон
Ба ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудиторй дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати эътирофшудаи аудиторӣ, ки ғолиби озмун гардидааст, қарордод мебандад ва ҳисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит зарурбударо пешниҳод мекунад.
Қарордод дар бораи гузаронидани аудит бояд ҳаҷми иттилооти ба ширкати аудиторй додашаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбинӣ кунад.
Як ширкати аудиторӣ наметавонад пайдарпай бештар аз панҷ сол аудити Бонки миллии Тоҷикистонро гузаронад. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳй ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ширкатҳои аудитории хориҷие, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистонро мегузаронанд, татбиқ намегардад.
Моддаи 80. Аудити дохилӣ
Аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Мудирияти аудити дохилӣ амалӣ мегардад.
Вазифаҳои Мудирияти мазкур ва талаботи тахассусӣ нисбат ба кормандони он аз ҷониби Раёсат муқаррар карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
5 августи соли 2009 № 548