Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июли соли 2009 № 428
тасдиқ шудааст
Тартиби ташаккул ва истифодаи "Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025
№ 135)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод (минбаъд - Фонд) мутобиқи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташаккул ёфта, маблағҳои он барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сўзишворию энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, хизматрасонии қарзҳои берунаи давлатӣ ва тадбирҳои амниятӣ равона мегардад (№ 135).
2) хориҷ карда шуд (№ 135).
2. Тартиби ташаккули Фонд
3) Фонд аз ҳаҷми умумии иҷрои барзиёдии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, инчунин аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз ҷумла маблағҳое, ки воридоти онҳо дар нақшаи соли молиявии дахлдор пешбинӣ нашудааст, бо шартҳои зерин ташаккул меёбад (№ 135):
а) макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳар семоҳа аз ҳаҷми умумии нақшаи барзиёд иҷрогардида маблағро ба андозаи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ муқарраршуда ба суратҳисаби 20204972054010100016 Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд (№ 135);
б) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа аз ҳаҷми умумии нақшаи барзиёд иҷрогардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ маблағро ба андозаи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ муқарраршуда ба суратҳисоби 20204972054010100016 Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад (№ 135);
в) маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонд интиқол медиҳанд, аз иҷрои нақшаи Буҷети давлатӣ кам карда намешаванд. Дар ҳисоботи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳои мазкур дар қисми хароҷот ҳамчун "маблағҳое, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои ташаккули Фонд интиқол дода шудаанд" нишон дода мешавад (№ 135);
г) хориҷ карда шуд (№ 135).
д) дар ҳолати барзиёд иҷро гардидани даромади буҷетҳои маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо буҷетҳои иловагиро пас аз пурра таъмин намудани уҳдадориҳои молиявӣ, аз ҷумла дар назди Фонд ва таъмини касри буҷет қабул менамоянд (№ 135).
е) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои аз ҳисоби манбаъҳои дигари ғайринақшавӣ воридшударо дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонд барои пўшонидани уҳдадориҳо дар назди Фонд интиқол медиҳад ва хароҷоти онро танзим менамояд (№ 135).
4) Маблағҳо ба Фонд баъди ҷамъбасти ҳар семоҳа дар мӯҳлатҳои зерин гузаронида мешавад:
- аз рӯи:
семоҳаи якум - то 25 апрел;
семоҳаи дуюм - то 25 июл:
семоҳаи сеюм - то 25 октябр:
семоҳаи чорум - то 25 январи соли оянда.
Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида интиқол нагардидани маблағҳо ба Фонд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз суратҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ фоизи муқарраршудаи маблағро мустақиман тариқи барномаи автоматикунонидашуда ситонад (№ 135).
Дар ҳолате, ки дар семоҳаи пеш буҷет барзиёд иҷро гардида, дар семоҳаи дигар иҷро нагардад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои барзиёд ба Фонд воридгардидаро бо тартиби ҳисобии байниҳамдигарӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ бармегардонад.
5) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба ташаккули Фонд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд (№ 135).
хориҷ карда шуд (№ 135).
3. Тартиби истифодаи маблағҳои Фонд ва дар ҳисоботи муҳосибавӣ инъикос ёфтани амалиёти дахлдор
6) Хароҷоти маблағҳо аз Фонд аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (№ 135).
7) Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ муқарраршуда маблағҳои аз иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявиро ба Фонд мегузаронад ва дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт мегузоронад (№ 135):
Д-т 020 - "Хароҷоти буҷет" К-т 040"Даромади буҷет"
8) Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ бошад, ба андозаи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ муқарраршуда маблағҳои аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллӣ воридгардидаро ба Фонд интиқол дода, дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт мегузоронанд (№ 135):
Д-т 062 - "Ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети маҳаллӣ"
К-т 061 - "Ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети ҷумҳуриявӣ"
Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ дар ҳисобот баъд аз ҷамъбасти хароҷот маблағҳои ба Фонд гузаронидашударо дар рамзи 114 нишон медиҳанд.
9) Баъд аз ворид шудани маблағҳо ба Фонд Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт мегузоронад:
Д-т 061 - "Ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети ҷумҳуриявӣ" К-т 040 , "Даромади буҷет"
10) Ҳангоми анҷом додани хароҷот аз Фонд дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт гузаронида мешавад:
Д-т 040 - "Даромади буҷет" К-т 020 - "Хароҷоти буҷет"
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июли соли 2009 № 428
тасдиқ шудааст
Тартиби ташаккул ва истифодаи "Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод"
1. Муқаррароти умумӣ
1) Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод (минбаъд - Фонд) мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009" ташаккул ёфта, пеш аз ҳама барои рушди соҳаи сӯзишворию энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ, саривақт таъмин намудани хизматрасонии қарзҳои берунаи давлатӣ равона мегардад.
2) Хароҷоти маблағҳои Фонд бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Тартиби ташаккули Фонд
3) Фонд аз ҳисоби 20 фоиз аз ҳаҷми умумии иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва 30 фоиз аз ҳаҷми иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бо шартҳои зерин ташаккул меёбад:
а) макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳар семоҳа иҷрои буҷети маҳаллиро ҷамъбаст карда, аз ҳаҷми умумии нақшаи барзиёд иҷрогардида 20 фоизи маблағро ба суратҳисаби 20204972054010100016 Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд;
б) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа буҷети ҷумҳуриявиро ҷамъбаст карда, аз ҳаҷми умумии нақшаи барзиёд иҷрогардида 30 фоизи маблағро ба суратҳисоби 20204972054010100016 Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;
в) маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонд мегузаронанд, аз иҷрои Буҷети давлатӣ кам карда намешаванд. Дар ҳисоботи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳои мазкур дар қисми хароҷот ҳамчун "маблағҳое, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои ташаккули Фонд дода шудаанд" нишон дода мешавад;
г) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 20 фоиз аз ҳаҷми умумии аз нақша барзиёд иҷрогардидаро бо дарназардошти маблағҳое, ки ба буҷети шаҳр аз буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешаванд, ба Фонд ҳар семоҳа мегузаронад.
д) дар ҳолати барзиёд иҷро гардидани даромади буҷетҳои маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо қабули буҷети иловагиро баъди таъмини иҷрои ӯҳдадории худ дар назди Фонд амалӣ менамоянд.
4) Маблағҳо ба Фонд баъди ҷамъбасти ҳар семоҳа дар мӯҳлатҳои зерин гузаронида мешавад:
- аз рӯи:
семоҳаи якум - то 25 апрел;
семоҳаи дуюм - то 25 июл:
семоҳаи сеюм - то 25 октябр:
семоҳаи чорум - то 25 январи соли оянда.
Дар ҳолате, ки дар семоҳаи пеш буҷет барзиёд иҷро гардида, дар семоҳаи дигар иҷро нагардад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои барзиёд ба Фонд воридгардидаро бо тартиби ҳисобии байниҳамдигарӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ бармегардонад.
5) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пурра ташаккул ёфтани Фонд ҳар семоҳа таҳлил гузаронида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод менамояд.
Дар ҳолате, ки агар мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ӯҳдадориҳои худро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли оянда дар ташаккули Фонд таъмин накунанд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз ҳисоби хазинадории буҷетҳои маҳаллӣ бо роҳи гузаронидани ҳисоби байниҳамдигарӣ маблағҳои нагузаронидаро ба Фонд гирад.
3. Тартиби истифодаи маблағҳои Фонд ва дар ҳисоботи муҳосибавӣ инъикос ёфтани амалиёти дахлдор
6) Хароҷоти маблағҳо аз Фонд мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
7) Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои аз иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявиро ба Фонд мегузаронад ва дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт мегузоронад: Д-т 020 - "Хароҷоти буҷет" К-т 040"Даромади буҷет"
8) Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ бошад, 20 фоизи маблағҳои аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллӣ воридгардидаро ба Фонд интиқол дода, дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт мегузоронанд:
Д-т 062 - "Ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети маҳаллӣ"
К-т 061 - "Ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети ҷумҳуриявӣ"
Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ дар ҳисобот баъд аз ҷамъбасти хароҷот маблағҳои ба Фонд гузаронидашударо дар рамзи 114 нишон медиҳанд.
9) Баъд аз ворид шудани маблағҳо ба Фонд Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт мегузоронад:
Д-т 061 - "Ҳисоббаробаркунӣ бо буҷети ҷумҳуриявӣ" К-т 040 , "Даромади буҷет"
10) Ҳангоми анҷом додани хароҷот аз Фонд дар ҳисоботи муҳосибавӣ чунин амалиёт гузаронида мешавад:
Д-т 040 - "Даромади буҷет" К-т 020 - "Хароҷоти буҷет"