Тартиби ташаккул ва истифодаи "Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод" аз 28 июли соли 2009 № 428

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 428

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 428

тасдиқ шудааст

Тартиби ташаккул ва истифодаи "Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 135)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод (минбаъд - Фонд) мутобиқи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташаккул ёфта, маблағҳои он барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сўзишворию энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, хизматрасонии қарзҳои берунаи давлатӣ ва тадбирҳои амниятӣ равона мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 135).

2) хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 135).

2. Тартиби ташаккули Фонд

3) Фонд аз ҳаҷми умумии иҷрои барзиёдии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, инчунин аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз ҷумла маблағҳое, ки воридоти онҳо дар нақшаи соли молиявии дахлдор пешбинӣ нашудааст, бо шартҳои зерин ташаккул меёбад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 135):

а) макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳар семоҳа аз ҳаҷми умумии нақшаи барзиёд иҷрогардида маблағро ба андозаи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ муқарраршуда ба суратҳисаби 20204972054010100016 Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 135);

б) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа аз ҳаҷми умумии нақшаи барзиёд иҷрогардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ маблағро ба андозаи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ муқарраршуда ба суратҳисоби 20204972054010100016 Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад (№ 135 nt-size: 1rem;">қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 135);

в) маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонд интиқол медиҳанд, аз иҷрои нақшаи Буҷети давлатӣ кам карда намешаванд. Дар ҳисоботи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳои мазкур дар қисми хароҷот ҳамчун "маблағҳое, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои ташаккули Фонд интиқол дода шудаанд" нишон дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 135);

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "28" июля 2009 года №428

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "28" июля 2009 года №428

Порядок формирования и использования "Стабилизационного фонда развития экономики"

(в редакции постановление Правительства РТ от 28.02.2025 №135

1. Общие положения

1) Стабилизационной фонд развития экономики (далее - Фонд) формируется в соответствии со статьей 47 Закона Республики Таджикистан «О государственных финансах Республики Таджикистан» и его средства направляются для развития социальной, топливно-энергетической отраслей, обеспечения продовольственной безопасности, обслуживания внешнего государственного долга и мер по безопасности (в редакции постановление Правительства РТ от 28.02.2025 №135). 

Исключен (в редакции постановление Правительства РТ от 28.02.2025 №135). 

2. Порядок формирования Фонда

3) Фонд формируется из общего объема перевыполнения доходов республиканского бюджета и местных бюджетов, а также за счет других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, включая средства, поступление которых не было предусмотрено в плане соответствующего финансового года, при следующих условиях (в редакции постановление Правительства РТ от 28.02.2025 №135):

а) исполнительные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов ежеквартально перечисляют в размере установленным Законом Республики Таджикистан о Государственном бюджете Республики Таджикистан на соответствующий финансовый год средств от общего объема перевыполненного плана на специальный счет 20204972054010100016 Главного управления Центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан(в редакции постановление Правительства РТ от 28.02.2025 №135);

б) Министерство финансов Республики Таджикистан ежеквартально  перечисляет в размере установленным Законом Республики Таджикистан о Государственном бюджете Республики Таджикистан на соответствующий финансовый год средств от общего объема перевыполненного плана на специальный счет 20204972054010100016 Главного управления Центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан (в редакции постановление Правительства РТ от 28.02.2025 №135);

в) средства, которые исполнительные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов за счет местных бюджетов и Министерство финансов Республики Таджикистан из республиканского бюджета перечисляют в Фонд, при исполнении плана Государственного бюджета не уменьшаются. В отчете об исполнении местных бюджетов, данные средства в расходной части будут отражаться как средства, "перечисляемые республиканскому бюджету для пополнения Фонда" (в редакции постановление Правительства РТ от 28.02.2025 №135);

...