Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 413 "Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ"

Санаи амалкуни: 31.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170, аз 3.05.2014 № 312, аз 2.12.2014 № 754, аз 29.12.2018 № 611, аз 31.08.2023 № 426)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани кори тухмипарварию селексионӣ, такмили минбаъдаи истеҳсоли тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Номгӯи хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва номгӯи зерташкилотҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки бо тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд, мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолияти хоҷагиҳои бо тухмипарварии ибтидоӣ ва зиёдкунии тухмӣ машғулро ҷоннок намуда, барои дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ намудани навъҳои минтақабоби зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ҷиҳати дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ чораҳои амалӣ андешанд.

4) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мӯҳлати 6 моҳ фаъолияти илмӣ-истеҳсолии хоҷагиҳои тухмипарвариеро, ки дорои шакли моликияти ҷамоавӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва саҳомӣ мебошанд, ҳаматарафа таҳлил намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд.

5) Қарори Ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007 № 314 "Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон 

ш. Душанбе,

аз 28 июли соли 2009, № 413

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" декабри соли 2018, № 611

тасдиқ шудааст

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2023 № 426)

Номгӯи хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ

Замима   (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2023 № 426)

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 413

тасдиқ шудааст

Номгӯи зерташкилотҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки бо тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд

1) Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва зерташкилотҳои он (истеҳсол ва фурӯши тухмии хушсифати (аслӣ, элита ва репродуксионӣ) зироатҳои пахта, ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво)

- Филиал дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

- филиал дар вилояти Хатлон, ноҳияи Бохтар

- Стансияи таҷрибавии "Панҷакент", шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

- Хоҷагии таҷрибавии "Зироаткор", ноҳияи Ҳисор

- Хоҷагии таҷрибавии ба номи Дзержинский, ноҳияи Ҳисор.

2) Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва зерташкилотҳои он (истеҳсол ва фурӯши тухмиихушсифати (аслӣ, элитӣ ва репродуксионӣ) зироатҳои сабзавотӣ, полезӣ ва картошка)

- Стансияи таҷрибавии "Файзобод", ноҳияи Файзобод

- Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон

- Хоҷагии таҷрибавии "Сунбула", ноҳияи Ҳисор

- Хоҷагии таҷрибавии "Мӯъминобод", ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон

- Хоҷагии таҷрибавии лимӯпарварӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон

- Пойгоҳи "Ҷиргатол", ноҳияи Ҷиргатол.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170, аз 3.05.2014 № 312, аз 2.12.2014 № 754)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани кори тухмипарварию селексионӣ, такмили минбаъдаи истеҳсоли тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Номгӯи хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва номгӯи зерташкилотҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки бо тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд, мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолияти хоҷагиҳои бо тухмипарварии ибтидоӣ ва зиёдкунии тухмӣ машғулро ҷоннок намуда, барои дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ намудани навъҳои минтақабоби зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ҷиҳати дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ чораҳои амалӣ андешанд.

4) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мӯҳлати 6 моҳ фаъолияти илмӣ-истеҳсолии хоҷагиҳои тухмипарвариеро, ки дорои шакли моликияти ҷамоавӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва саҳомӣ мебошанд, ҳаматарафа таҳлил намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд.

5) Қарори Ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007 № 314 "Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон 

ш. Душанбе,

аз 28 июли соли 2009, № 413

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 413

тасдиқ шудааст

Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хоҷагии деҳқонии "Ванҷ"-и ноҳияи Ванҷ - ғалладонагиҳо

Хоҷагии деҳқонии "Рӯшон"-и ноҳияи Рӯшон - ғалладонагиҳо

Хоҷагии деҳқонии "Дзержинский"-и ноҳияи Шуғнон - картошка

Вилояти Суғд

Кооперативи истеҳсолии "Иттифоқ"-и ноҳияи Ашт - пахта

Ҷамъияти саҳомии ба номи Э. Бойматоваи шаҳри Конибодом - пахта

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Кооперативи истеҳсолии ба номи С. ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - пахта

Ҷамъияти саҳомии ба номи А.Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -пахта

Ассотсиатсиии хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Р. Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Овчӣ"-и ноҳияи Ғончӣ - картошка

Хоҷагии деҳқонии "Хоҷаҳо"-и ноҳияи Ғончӣ - картошка

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Хоҷагии деҳқонии "Ҳ.Қурбонов"-и ноҳияи Ғончӣ - картошка

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Ҷамъияти саҳомии "Гулистон"-и ноҳияи Спитамен - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Туйчибой"-и шаҳри Истаравшан - сабзавот

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Хоҷагии дехҳонии "Ш. Назаров"-и шаҳри Панҷакент - ғалладонагиҳо

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Хоҷагии деҳқонии "Ғилониён"- и шаҳри Панҷакент - картошка.

Хоҷагии деҳқонии "Нуробод"- и ноҳияи Спитамен - ғалладона (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2014 № 754)

Вилояти Хатлон

Хоҷагии ҷамоавии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш - пахта

Хоҷагии кооперативии "Авесто"-и ноҳияи Қубодиён - пахта

Хоҷагии ҷамоавии ба номи Н.Бекови ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ - пахта

Хоҷагии давлатии ба номи Э.Рахмонови ноҳияи Панҷ- пахта

Хоҷагии ҷамоавии ба номи Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб - пахта, ғалладонагиҳо

Хоҷагии деҳқонии "Сабз"-и ш. Кӯлоб - пахта

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Ресандаи Қурғон-теппа"-и ноҳияи Бохтар - пахта - ғалладонагиҳо

Хоҷагии "Ҷорубқул"-и ноҳияи Темурмалик - ғалладонагиҳо

Хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-и ноҳияи Данғара - пахта, ғалладонагиҳо

Хоҷагии деҳқонии "Бахт-82"-и ноҳияи Восеъ - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Шарифҷон"-и ноҳияи Восеъ - пахта, ғалладона

Хоҷагии деҳқонии "Салом"-и ноҳияи Восеъ - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Боҳтуробод"-и шаҳри Сарбанд - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Сайёд"-и ноҳияи Шаҳритус -пахта

Хоҷагии деҳқонии "Исмоили Сомони"-и ноҳияи Ховалинг - юнучқа

Хоҷагии деҳқонии "Файзи Ёвон"- и ноҳияи Ёвон - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Марям Мухторпур"-и ноҳияи Ёвон - ғалладона

Кооперативи истеҳсолии ба номи Э. Сатторов ноҳияи Ҷиликӯл-пахта

Хоҷагии деҳқонии ба номи Э.Султонови ноҳияи Ҷиликӯл - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Баракати Ҷомӣ" - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - пахта

Хоҷагии деҳқонии "Шоҳи Аҳтамҷон"-и ноҳияи Фархор - пахта

Кооперативи истеҳсолии "Абиров Кароматулло" - и ноҳияи Фархор - пахта

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Хоҷагии деҳқонии "Уланг- 2"- и ноҳияи Балҷувон - картошка

Кооперативи истеҳсолии "Баҳор- Б"- и ноҳияи Бохтар - пахта (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2014 № 754)

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Хоҷагии деҳқонии "Дӯстӣ"-и шаҳри Турсунзода - пахта, ғалладонагиҳо

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2014 № 754)

Хоҷагии деҳқонии "Шодлик-2006"-и шаҳри Турсунзода - ғалладонагиҳо

Хоҷагии деҳқонии ба номи Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав - пахта, ғалладонагиҳо

Кооперативи истеҳсолии ба номи Л.Муродови ноҳияи Ҳисор - пахта, ғалладонагиҳо

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Хоҷагии деҳқонии "Шумон"-и ноҳияи Ҳисор - сабзавот

Хоҷагии деҳқонии "Улҷабой"-и ноҳияи Рӯдакӣ - пахта, ғалладонагиҳо

Хоҷагии деҳқонии "Зувайд"-и ноҳияи Тавилдара - картошка

Ҳоҷагии давлатии "Қизилсу"-и гоҳияи Ҷиргатол - картошка

Хоҷагии давлатии ба номи А.Назирови ноҳияи Файзобод - картошка

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170)

Хоҷагии деҳқонии "Сари Най"-и ноҳияи Тоҷикобод - картошка.