Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот аз 2 июли соли 2009 № 386

Санаи амалкуни: 27.02.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 386

тасдиқ шудааст

Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот

(қарор аз 27.02.2010 № 103)

Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот (минбаъд Барнома) - барномаи чораҳои кӯтоҳмӯҳлат аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди ислоҳоти маъмурӣ-танзимии ба рушди соҳибкорӣ равона гардида, амалӣ карда мешавад. Барнома ба афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 асос ёфтааст ва ба амалӣ намудани вазифаҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007 - 2009 оид ба кам кардани монеаҳои маъмурӣ барои соҳибкорон ҳангоми оғози фаъолият ва паст кардани хароҷот ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ равона карда шудааст. Барнома аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалӣ, ки лоиҳа ва барномаҳоро дар соҳаи рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ дар мамлакат амалӣ менамоянд, таҳия гаштааст.

1. Мӯҳтавои мушкилот ва зарурияти ҳалли он

1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ислоҳотро оид ба беҳтарсозии шароити пешбурди соҳибкорӣ амалӣ намуд, ки онҳо фаъолнокии соҳибкориро дар мамлакат бо таври назаррас баланд намуданд.

2) Ислоҳоти системаи бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ боиси сарфаи умумии вақт ва хароҷот барои оғози фаъолият шуда, механизми батанзимдарории давлатии фаъолияти соҳибкориро беҳтар намуданд. Тағйироти ба қонунгузорӣ воридшуда дар қисми кам кардани талабот нисбати андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ нишондиҳандаи хуби соддагардии расмиёти бақайдгирии тиҷорат гардиданд. Маҷмӯи тадбирҳо оид ба беҳтар намудани дастрасии маблағгузории хориҷӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ андешида шуданд.

3) Бо дарназардошти он, ки соҳибкорон дар мавриди бақайдгирии фаъолияти расмии соҳибкорӣ то ҳол ба расмиёти душвори бақайдгирӣ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки ислоҳотро идома дода, проблемаҳои ҷойдоштаро ҳал намояд ва расмиёти муқарраргардидаро ба куллӣ сода кунад.

4) Расмиёти такмилнаёфтаи иҷозатномадиҳӣ барои соҳибкор мушкилиҳои махсусро пеш меорад.

5) Низоми иҷозатдиҳӣ яке аз монеаҳои асосии маъмурӣ ҷиҳати ташкил ва пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Қисми зиёди иҷозатҳо ба талаботи техникии кӯҳнашудаи замони шӯравӣ асос ёфтаанд. Мавҷуд набудани меъёру талаботи оддитарин дар сатҳи қонунгузорӣ, ба монанди мӯҳлатҳо, пулакӣ будан ва арзиши як қатор расмиётҳо ба коррупсия мусоидат намуда, соҳибкоронро ба истифода бурдани шаклҳои ғайрирасмии ҳалли мушкилот маҷбур месозанд.

6) Ҷиҳати риояи талаботи танзимкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми оғоз ва пешбурди тиҷорат соҳибкорон бояд мутобиқи расмиёти муқарраршуда, ба мақомоти давлатӣ шумораи зиёди маълумот ва ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд.

7) Талаботи мавҷуда якҷоя бо хароҷоти зарурӣ вобаста ба риояи он барои рушди соҳибкорӣ монеаи ҷиддӣ мебошанд.

8) Аксари вақт соҳибкорон ба иттилоот оид ба тағйироти охирин дар қонунгузорӣ дастрасӣ надоранд. Тағйироти доимӣ дар қонунгузорӣ муноқишаи байни сохторҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатии назоратиро пуршиддат мегардонад.

9) Омили дигаре, ки муҳити соҳибкориро дар мамлакат бад намудааст, инчунин расмиёти душвори убур намудани сарҳад мебошад, ки барои воридкунандагону содиркунандагон монеаи ҷиддӣ мегардад. Ҷараёни воридоту содирот душвор буда, боиси хароҷоти зиёди беасос мегардад.

10) Дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба низом дароварда нашудааст ва дорои хусусияти мавридӣ мебошад. Инфрасохтори дастгирии соҳибкории хурд ва миёна суст инкишоф ёфтааст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

11) Яке аз мақсадҳои асосии Барномаи мазкур маҷмӯан содда намудани расмиёти маъмурӣ дар якчанд самт - бақайдгирии тиҷорат, иҷозатномадиҳӣ, додани иҷозат, амалиёти тиҷоратии хориҷӣ аз рӯи принсипи "Равзанаи ягона" мебошад.

12) "Равзанаи ягона" механизми танзимкунандаи содда буда, мутобиқи он соҳибкор ӯҳдадор аст маълумоти дархостшуда ва ё ҳуҷҷатҳоро танҳо як маротиба бо истифодаи шабакаи иҷозатномаи ягона пешниҳод намояд. Татбиқи чунин механизм ба баланд бардоштани самарабахшии чораҳои расмии назорат, сарфаи вақт ва хароҷоти молиявӣ ҳам барои соҳибкорон ва ҳам барои мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.

13) "Равзанаи ягона" бояд ҷараёни иттилоотии байни иштирокчиёни фаъолияти соҳибкорӣ ва мақомоти ваколатдори давлатиро тезонад ва содда намояд, инчунин ба ҳамаи иштирокчиён манфиати назаррас орад.

14) Дар баробари расмиёти "Равзанаи ягона" дигар усулҳои танзимкунанда, ки ба принсипи "Сукут - аломати ризо" мутобиқанд дида баромада мешаванд.

15) Барнома масъалаҳои кам намудани намудҳои фаъолиятеро, ки барои анҷомдиҳии онҳо додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ зарур аст ва ташкил намудани низоми нави иҷозатдиҳӣ, ҷорӣ намудани методикаи таҳлили таъсири танзимкунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба фаъолияти субъектони соҳибкорӣ дар бар гирифтааст.

16) Қисми Барнома ба зиёд намудани шумора ва муайян намудани бартарияти "шакли соддаи андозбандӣ", ташкили инфрасохтори рушди соҳибкорӣ равона шудааст.

17) Ғайр аз ин, Барнома бояд барои гузаронидани ислоҳоти дарозмуддате замина фароҳам созад, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд.

18) Вобаста аз мақсадҳои гузошташуда, Барнома барои иҷрои вазифаҳои зерин нигаронида шудааст:

а) Содда намудани расмиёти маъмурии камсамар:

- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳо ва расмиёте, ки ба принсипи дархостии "Равзанаи ягона", "Сукут - аломати ризо" дар мавриди оғоз ва қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани иҷозатнома, ҳуқуқи истифодабарии замин, ҳангоми фаъолияти сохтмонӣ, анҷомдиҳии амалиёти воридотию содиротӣ асос ёфтаанд;

- содда намудани расмиёти муфлисӣ;

- содда намудани расмиёти кушодани ҳисобҳои бонкӣ;

- кам кардани шумораи намудҳои фаъолияте, ки гирифтани иҷозатномаро талаб мекунанд;

- содда гардонидани низоми назорати сифати мол (кор ва хизматрасонӣ);

- беҳтар намудани сифати ҳисоботдиҳии оморӣ;

- ташкили заминаи соддаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи воридоту содироти мол;

- таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили маъмуригардонии андоз ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии "Пешбурди соҳибкорӣ";

- таҳия намудани чораҳо оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ;

- мушаххасгардонии андозбандии амалиётҳои лизингӣ;

- содда гардонидани низоми андозбандӣ;

- такмил додани низоми иҷозатномадиҳӣ;

б) Таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон тавассути васеъ гардонидани имконоти онҳо дар идораи молу мулк:

- таъмини ҳифзи саҳмиягузорони миноритарӣ;

- таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати васеъ намудани ҳуқуқҳои саҳомон;

- таъсис додани низоми таҳияи сифатноки лоиҳаи қонунҳо дар соҳаи танзими бахши хусусӣ.

в) Рушди инфрасохтори соҳибкорӣ:

- таъмини иштироки васеи ширкатҳои маҳаллӣ дар раванди хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо;

- таъмин намудани мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Арзёбии самарабахшии Барнома

19) Иҷрои Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар бисёр соҳаҳои танзими давлатӣ - маркази ягонаи хизматрасонии соҳибкорон дар асоси принсипи дархостии "Равзанаи ягона" ҷорӣ карда шавад.

20) Ин тадбир дар навбати худ имконият медиҳад, ки:

а) бақайдгирии корхонаҳои навро тезонида, мувофиқан зиёд намудани ҷойҳои кории нав ва воридоти андозӣ таъмин гардад;

б) шумораи субъектҳои бақайдгирифташудаи соҳибкориро зиёд намуда, ҳаҷми бахши пинҳонии иқтисодиётро кам гардонад;

в) хароҷоти вақт ва молиявӣ ба пешбурди соҳибкорӣ паст шавад;

г) кам гардидани пардохтҳои ғайрирасмӣ ҳангоми ҷараёни шаффофи қабули қарорҳо;

д) хоҷагиҳои деҳқонӣ ба фаъолияти кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосил бештар диққат диҳанд;

е) дастрасии соҳибкорон ба итилооти дақиқу комил, ки ҷиҳати пешбурди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва ғайра зарур аст, беҳтар гардад.

21) Татбиқи мақсадҳои гузошташуда на танҳо сарфи вақт ва хароҷоти молиявии соҳибкоронро ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ кам ва ҳамкории соҳибкоронро бо мақомоти давлатӣ беҳтар мегардонад, балки кори худи идораҳои давлатиро оид ба хизматрасонии соҳибкорон ба танзим дароварда, масъулият ва ҷавобгарии онҳоро баланд мебардорад.

22) Иҷрои Барномаи мазкур ба паст шудани сатҳи коррупсия дар байни хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.

23) Татбиқи мақсадҳои гузошташуда ба беҳтар намудани рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.

4. Манбаъи мабалғгузории Барнома

24) Татбиқи Барномаи мазкур маблағгузории буҷетиро талаб намекунад.

25) Чорабиниҳои барномавӣ аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои кӯмаки техникии ташкилотҳои донор татбиқ мегарданд.

5. Ташкил ва назорати рафти иҷрои Барнома

26) Назорати умумии татбиқи Барномаро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар доираи ваколатҳои муқарраршуда амалӣ намуда, ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои барнома ҳисобот пешниҳод менамояд.

27) Ҳамоҳангсозии ҷараёни татбиқшавӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

28) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ташкил намудани гурӯҳи кории мустақил ҷиҳати мониторинги ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур мебошад.

29) Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, ки фаъолияти худро дар соҳаи беҳтар намудани муҳити сохибкорӣ амалӣ менамоянд, инчунин намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма шомиланд.

30) Гурӯҳи корӣ бояд ҳар 10 рӯз ҳисоботро оид ба татбиқи ислоҳот бо нашри ҳатмии иттилоот дар воситаҳои ахбори омма омода намояд.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 386

тасдиқ шудааст

Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Барномаи "Беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот"

+--+----------------------------+-------+---------+-----------+------ҷ
|№ |      Тадбирхо              |Мухлати|Натичахои| Ичрокунан-|Масъул|
|  |                            |ичро   |пешбиниша| дагон     |      |
|  |                            |       |ванда    |           |      |
+--+----------------------------+-------+---------+-----------+------+
|  |  Содда гардонидани чараёни ворид ва хоричшави аз бозор   |      |

|1 |Тахияи пешниход ба ворид на-|сентябр|Заминаи  |Кумитаи ан-|Шуъбаи|
|  |мудани тагийроту иловахо ба |       |меъёрии  |доз,вазорат|молия,|
|  |санадхои меъёрии хукуки, му-|       |хукуки му|хои адлия, |шуъбаи|
|  |тобики механизми бакайдгирии|       |тобик гар|молия,рушди|хукук,|
|  |шахсони хукуки аз руи прин- |       |дидаст   |иктисод ва |шуъбаи|
|  |сипи " Равзанаи ягона"      |       |         |савдо,мех- |ислохо|
|  |                            |       |         |нат ва хиф-|ти ик-|
|  |                            |       |         |зи ичти-   |тисоди|
|  |                            |       |         |моии ахоли |ва ин-|
|  |                            |       |         |           |вестит|
|  |                            |       |         |           |сия   |

|2 |Кабул ва мавриди амал карор |Сентябр|Камша-   |Бонки мил- |Шуъбаи|
|  |додани Дастурмали нав "Дар  |       |вии харо |лии Точикис|молия |
|  |бораи кушодон,аз нав ба рас-|       |чоти му- |тон        |      |
|  |мият даровардан ва бастани  |       |ваккати  |           |      |
|  |хисобхои бонки аз тарафи    |       |ва моли- |           |      |
|  |ташкилотхои карзи дар Чумху-|       |яви      |           |      |
|  |рии Точикистон              |       |чихати   |           |      |
|  |                            |       |кушодани |           |      |
|  |                            |       |хисобхои |           |      |
|  |                            |       |бонки    |           |      |

|3 |Амали намудани чорабинихои  |Декабр |Камша-   |Кумитаи ан-|Шуъбаи|
|  |ташкили чихати татбики Кону-|       |вии мухла|доз,Вазора-|молия |
|  |ни Чумхурии Точикистон "Дар |       |ти бакайд|ти адлия   |Шуъбаи|
|  |бораи бакайдгирии давлатии  |       |гири ва  |           |хукук |
|  |шахсони хукуки ва сохибко-  |       |бархам   |           |      |
|  |рони инфироди"              |       |додани   |           |      |
|  |                            |       |пардохти |           |      |
|  |                            |       |гайрирас |           |      |
|  |                            |       |ми       |           |      |

|4 |Тахлили татбики Конуни Чум- |Декабр |Соддаша- |Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |хурии Точикистон "Дар бораи |       |вии расми|латии сармо|ислохо|
|  |муфлисшави" ва хангоми зару-|       |ёт ва кам|ягузори ва |ти ик-|
|  |рат пешниходи таклифхо оид  |       |шудани   |идораи амво|тисоди|
|  |ба ворид намудани тагйиру   |       |мухлати  |ли давлати,|ва ин-|
|  |иловахо ба конуни мазкур    |       |муфлисша-|Вазорати мо|вестит|
|  |                            |       |ви       |лия,Вазора |сия   |
|  |                            |       |         |ти адлия   |      |

|5 |Тахия ва тасдики накшаи чора|Август |Коркарди |Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |бинихо чихати бехтар намуда-|Октябр |тавсияхо |латии сармо|молия |
|  |ни нишондихандахои чумхури- |       |оид ба   |ягузори ва |Шуъбаи|
|  |дар рейтинги  байналмилали  |       |такмилл  |идораи амво|ислохо|
|  |"Пешбурди  тичорат" дар     |       |додани ан|ли давлати,|ти ик-|
|  |сохаи андозбанди бо назар-  |       |дозбанди |Вазорати мо|тисоди|
|  |дошти тахлили молиявию икти-|       |         |лия,Кумитаи|ва ин-|
|  |содии  Кодекси андози       |       |         |андоз      |вестит|
|  |Чумхурии Точикистон         |       |         |           |сия   |

|6 |Тахлили фаъолияти молистех- |Сентябр|Тавсияхо |Вазорати   |Шуъбаи|
|  |солкунандагони ватани барои |       |тахия кар|рушди икти-|ислохо|
|  |асосноксозии техникию иктисо|       |да шуданд|сод ва сав-|ти ик-|
|  |дии чорабинихо оид ба хавас-|       |         |до,        |тисоди|
|  |мандгардонии онхо           |       |         |Кумитаи дав|ва ин-|
|  |                            |       |         |латии сармо|вестит|
|  |                            |       |         |ягузори ва |сия   |
|  |                            |       |         |идораи амво|      |
|  |                            |       |         |ли давлати,|      |
|  |                            |       |         |якчоя бо   |      |
|  |                            |       |         |Ассотсиатси|      |
|  |                            |       |         |яхои сохиб-|      |
|  |                            |       |         |кори       |      |

|7.|Тахия ва тасдик намудани Нак|Август |Сарфа на-|Агентии сох|Шуъбаи|
|  |шаи такмил додани санадхои  |       |мудани   |тмон ва меъ|сохт- |
|  |меъёрии хукукии танзимкунан-|       |вакт чиха|мори,      |мон   |
|  |даи сохаи сохтмон бо дарна- |       |ти гириф-|Кумитаи дав|мемори|
|  |зардошти аз байн бурдани    |       |тани хуч-|латии сармо|      |
|  |монеахои расмиёти маъмури   |       |чатхои   |ягузори ва |      |
|  |                            |       |ичозатно-|идораи амво|      |
|  |                            |       |мави ва  |ли давлати,|      |
|  |                            |       |паст кар-|           |      |
|  |                            |       |дани ха- |           |      |
|  |                            |       |рочот ба-|           |      |
|  |                            |       |рои сохт-|           |      |
|  |                            |       |мон      |           |      |

|8 |Омузиш ва хангоми зарурат   |Сентябр|Кам карда|Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |ирсол намудани пешниходот   |       |ни харочо|латии сармо|ислохо|
|  |оид ба ворид намудани тагйи-|       |ти мувак-|ягузори ва |ти ик-|
|  |рот  ба Конуни Чумхурии Точи|       |кати ва  |идораи амво|тисоди|
|  |кистон "Дар бораи ичозатно- |       |молияви  |ли давлати,|ва ин-|
|  |мадихи ба баъзе намудхои    |       |чихати   |якчоя,Вазо |вестит|
|  |фаъолият дар кисми кам кар- |       |пешбурди |рати адлия |сия   |
|  |дани намудхои фаъолияти     |       |тичорат  |           |Шуъбаи|
|  |ичозатномадихи              |       |         |           |хукук |

|9 |Тахияи лоихаи Конуни Чумху- |соли   |Низоми на|Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |рии Точикистон"Дар бораи    |2010   |ви ичозат|латии сармо|ислохо|
|  |низоми  ичозатдихи          |(карор |дихи     |ягузори ва |ти ик-|
|  |                            |аз     |         |идораи амво|тисоди|
|  |                            |27.02. |         |ли давлати |ва ин-|
|  |                            |2010   |         |           |вестит|
|  |                            |№ 103) |         |           |сия   |

|10|Тахлили санадхои меъёрии ху-|Декабр |Намудхои |Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |кукие,ки додани хуччатхои   |       |фаъолияте|латии сармо|ислохо|
|  |ичозатномавиро ба  субъект- |       |ки гириф-|ягузори ва |ти ик-|
|  |хои фаъолияти сохибкори бо  |       |тани ичо-|идораи амво|тисоди|
|  |максади тахияи пешниходот   |       |затномаро|ли давлати,|ва ин-|
|  |оид ба ихтисор намудани     |       |талаб ме-|Вазорати   |вестит|
|  |шумораи онхо ба танзим      |       |кунад,кам|адлия      |сия   |
|  |медароранд                  |       |гардонида|           |Шуъбаи|
|  |                            |       |шуданд   |           |хукук |

|   Аз навсозии муносибатхои амволи шахси ва ташкул додани низоми    |
|   сохибкории озод ва хифзшаванда                                   |

|11|Тахлил ва дар холати зарури |Сентябр|Чори наму|Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |пешниходи таклифхо оид ба   |       |дани ама-|латии сармо|ислохо|
|  |ворид намудани тагйиру ило- |       |лияи     |ягузори ва |ти ик-|
|  |вахо ба  Конуни  Чумхурии   |       |пешрафтаи|идораи амво|тисоди|
|  |Точикистон "Дар бораи чамъи-|       |идораи   |ли давлати |ва ин-|
|  |ятхои сахоми" вобаста ба    |       |корпара- |           |вестит|
|  |васеъ гардонидани имконоти  |       |тиви     |           |сия   |
|  |чамъиятхои сахоми,чалби     |       |         |           |      |
|  |маблаггузории хоричи        |       |         |           |      |

|12|Омузиш ва дар холати зарури |Октябр |Ошкоро на|Гурухи кори|Шуъбаи|
|  |пешниходи таклифхо оид ба   |       |мудани(ли|оид ба исло|кишо- |
|  |ворид намудани тагйирот ба  |       |берализат|хоти замин |варзи |
|  |Кодекси замин дар кисми     |       |сияи)бозо|           |ва ис |
|  |танзими масъалахои хариду   |       |ри истифо|           |тифо- |
|  |фуруши хукуки истифодаи     |       |даи замин|           |даи   |
|  |замин                       |       |         |           |замин |
|  |                            |       |         |           |Шуъбаи|
|  |                            |       |         |           |хукук |

|13|Тахияи пешниходхо оид ба чо-|Октябр |Механизми|Гурухи кори|Шуъбаи|
|  |ри намудани принсипи "Равза-|       |сабуккар-|оид ба исло|кишо- |
|  |ни ягона" хангоми чудо наму-|       |да шудаи |хоти замин |варзи |
|  |дани китъаи замин ва супори-|       |чудо наму|           |ва ис-|
|  |дани сертификати хукуки     |       |дани китъ|           |тифо- |
|  |истифодабарии замин         |       |ахои за- |           |даи за|
|  |                            |       |мин чараё|           |мин,  |
|  |                            |       |ни ба кай|           |Шуъбаи|
|  |                            |       |дигирии  |           |хукук |
|  |                            |       |хочагихои|           |      |
|  |                            |       |дехкониро|           |      |
|  |                            |       |осон ме- |           |      |
|  |                            |       |гардонад |           |      |

|14|Тахияи Стратегияи миллии    |Октябр |Ислохооти|Агентии    |Шуъбаи|
|  |рушди инфрасохтори сифат    |       |мархилави|стандарти- |саноат|
|  |                            |       |         |затсия,мет |ва    |
|  |                            |       |         |рология,   |энерге|
|  |                            |       |         |сертификат |тика  |
|  |                            |       |         |сия ва нози|Шуъбаи|
|  |                            |       |         |роти савдо,|ислохо|
|  |                            |       |         |Вазорати   |ти ик-|
|  |                            |       |         |рушди икти-|тисоди|
|  |                            |       |         |сод ва     |ва ин-|
|  |                            |       |         |савдо      |вестит|

|15|Мониторнинги Конуни Чумхурии|Ноябр  |Баланд   |Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |Точикистон "Дар бораи чамъи-|       |бардошта-|латии сармо|ислохо|
|  |ятхои сахоми вобаста бе бех-|       |ри чалбно|ягузори ва |ти ик-|
|  |тар намудани хифзи хукукии  |       |кии инвес|идораи амво|тисоди|
|  |сахомони миноритари         |       |титсиони |ли давлати |ва ин-|
|  |                            |       |чамъият- |           |вестит|
|  |                            |       |хои сахо-|           |сия   |

|16|Тахияи Барномаи чори намуда-|Ноябр  |Мунтазам |Вазорати   |Шуъбаи|
|  |ни "Равзанаи ягона" хангоми |       |намудани |рушди икти |ислохо|
|  |амали намудани расмиёти во- |       |чорабини-|сод ва сав |ти ик-|
|  |ридоту содироти молхо       |       |хо оид ба|до         |тисоди|
|  |                            |       |чори наму|           |ва ин-|
|  |                            |       |дани "Рав|           |вестит|
|  |                            |       |занаи яго|           |сия   |
|  |                            |       |на"      |           |      |

|17|Тахияи накшаи ислохоти      |Ноябр  |Низоми   |Агентии    |Шуъбаи|
|  |низоми танзими техники      |       |танзими  |стандарти- |саноат|
|  |                            |       |техники  |затсия,мет |ва    |
|  |                            |       |бо санад |рология,   |энерге|
|  |                            |       |хои бай  |сертификат |тика  |
|  |                            |       |налмилали|сия ва нози|Шуъбаи|
|  |                            |       |мутобик  |роти савдо,|ислохо|
|  |                            |       |карда    |Вазорати   |ти ик-|
|  |                            |       |шудааст  |рушди икти-|тисоди|

|   Гайримонополи намудан  ва  такмил  додани  хизматрасонии         |
|   давлати, ислохоти идораи давлати                                 |

|18|Тахлили Кодекси мехнати Чум-|Октябр |Тавсияхо |Вазорати   |Шуъбаи|
|  |хурии Точикистон чихати муто|       |чихати   |мехнат ва  |шугли |
|  |бикати  он бо принсипхои    |       |такмилди |хифзи ичти |ва хиф|
|  |бозаргони                   |       |хии Кодек|моии ахоли |зи ич |
|  |                            |       |си мехна-|           |тимои |
|  |                            |       |ти Чумху-|           |Шуъбаи|
|  |                            |       |рии Точи-|           |хукук |
|  |                            |       |кистон   |           |      |

|19|Тахияи методология ва       |Октябр |Сарфаи   |Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |шаклхои соддаи хисоботдихии |       |вакт ва  |латии омор |ислохо|
|  |омори                       |       |харочоти |           |ти ик-|
|  |                            |       |пешниходи|           |тисоди|
|  |                            |       |хисоботи |           |ва ин-|
|  |                            |       |омор     |           |вестит|

|   Бехтар намудаи ва рушди расмиёти карздихи,                       |
|   амалиёти лизинги ва сугурта                                      |

|20|Омода намудани таклифхои    |Сентябр|Шароити  |Вазорати   |Шуъбаи|
|  |асосноккардашуда оид  ба    |       |мусоид ба|молия,Ва-  |молия |
|  |ворид  намудани тагйирот ба |       |рои рушд-|зорати     |Шуъбаи|
|  |Кодекси андози Чумхурии То- |       |ди амали-|рушди икти-|ислохо|
|  |чикистон (моддаи 211 кисми  |       |ёти лизин|сод ва сав |ти ик-|
|  |2 ва кисми 4, моддаи 145)   |       |ги,ташак-|до,Кумитаи |тисоди|
|  |                            |       |кул ва аз|андоз      |ва ин-|
|  |                            |       |навсозии |           |вестит|
|  |                            |       |фондхои  |           |сия   |
|  |                            |       |нави ис- |           |      |
|  |                            |       |техсоли  |           |      |
|  |                            |       |чойхои   |           |      |
|  |                            |       |кори     |           |      |

|21|Тахияи пешниход оид ба ворид|Октябр |Шароити  |Бонки милли|Шуъбаи|
|  |намудани тагйиру иловахо ба |       |мусоид   |Вазорати   |молия |
|  |санадхои меъёрии хукуки     |       |барои та |адлия      |Шуъбаи|
|  |мутобики Конуни Чумхурии    |       |шаккул   |           |хукук |
|  |Точикистон "Дар бораи таъри-|       |ва фаъоли|           |      |
|  |хи  карзхо                  |       |яти бюро-|           |      |
|  |                            |       |хои карз-|           |      |
|  |                            |       |дихи     |           |      |

|22|Осон намудани расмиёти гуза-|Октябр |Баланд   |Вазорати   |Шуъбаи|
|  |ронидани  озмун барои харид |       |бардошта-|рушди икти-|ислохо|
|  |намудани молхо,корхо ва хиз-|       |ни имконо|сод ва сав-|ти ик-|
|  |матрасони барои ширкатхои   |       |ти ширкат|до,        |тисоди|
|  |махалли аз  хисоби  бучети  |       |хои дар  |Кумитаи дав|ва ин-|
|  |давлати ва маблагхои ташки- |       |тендер ва|латии сармо|вестит|
|  |лотхои байналмиллали        |       |таъмини  |ягузори ва |сия   |
|  |                            |       |шугли    |идораи амво|      |
|  |                            |       |ахоли    |ли давлати |      |

|23|Гузаронидани ташхиси хамаи  |Октябр |Заминаи  |Кумитаи дав|Шуъбаи|
|  |санадхои меъёрии хукукие,ки |       |мусоиди  |латии сармо|ислохо|
|  |фаъолияти сармоягузорони    |       |конунгузо|ягузори ва |ти ик-|
|  |хоричиро дар чумхури ба     |       |ри муста-|идораи амво|тисоди|
|  |танзим медароранд           |       |кими хори|ли давлати |ва ин-|
|  |                            |       |чи       |Вазорати   |вестит|
|  |                            |       |         |адлия      |сия   |

|24|Тахияи лоихаи Конуни Чумху- |Ноябр  |Заминаи  |Вазорати   |Шуъбаи|
|  |рии Точикистон "Дар бораи   |       |мусоиди  |рушди икти-|ислохо|
|  |минтакахои озоди иктисоди"  |       |конунгузо|сод ва сав-|ти ик-|
|  |дар тахрири нав             |       |ри барои |до         |тисоди|
|  |                            |       |фаъолияти|           |ва ин-|
|  |                            |       |минтака- |           |вестит|
|  |                            |       |хои озоди|           |сия   |
|  |                            |       |иктисоди |           |      |