Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 № 395 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Мудирияти назорати техникии нерӯгоҳи барқи обии сохташудаистодаи "Сангтуда - 2"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Мудирияти назорати техникии Нерӯгоҳи барқи обии сохташудаистодаи "Сангтуда - 2"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани назорати бевоситаи техникӣ аз рӯи ҳаҷм ва сифати корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда - 2" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Мудирияти назорати техникии Нерӯгоҳи барқи обии сохташудаистодаи "Сангтуда - 2" таъсис дода шавад.

2. Фаъолияти Муассисаи давлатии "Мудирияти назорати техникии Нерӯгоҳи барқи обии сохташудаистодаи "Сангтуда - 2" дар доираи маблағгузориҳои лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии сохташудаистодаи "Сангтуда - 2" амалӣ карда шавад.

3. Ба Номгӯи идораю корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав дар таҳрири зерин илова карда шавад:

- Муассисаи давлатии "Мудирияти назорати техникии Нерӯгоҳи барқи обии сохташудаистодаи "Сангтуда - 2";.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2009 № 395

ш. Душанбе