Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии "Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ" ба Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ"
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди минбаъдаи намудҳои варзиши обӣ дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Корхонаи воҳиди давлатии "Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ" ба Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ" табдил дода шавад.
2) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ"-ро ҳал намояд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷазонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорон барои таъмир ва азнавсозии иншоотҳои варзишӣ ва бинои Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ" чораҳои зарурӣ андешанд.
4) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини "Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ" бо биноҳои маъмурию таълимӣ, таҷҳизот ва воситахои таълимию методӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
5) Маблағгузории Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ" дар доираи маблағҳои барои ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва солҳои минбаъда пешбинишуда амалӣ карда шавад.
6) Дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 609 тасдиқ шудааст:
- сархати шонздаҳум хориҷ карда шавад;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2009 № 396
ш.Душанбе