Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2009 № 387
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175, аз 10.02.2016 № 66)
1. Қоидаҳои умумӣ
1) Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №171 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ)-ро ба танзим медарорад. Муассис (муассисон) дар асоси Низомномаи мазкур Оинномаи муассисаро таҳия менамояд.
2) Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) (минбаъд Муассиса) дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, Низомномаи мазкур ва Оинномаи худро ба роҳбарӣ мегирад.
3) Муассиса ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ салохият дошта, дар амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таълим, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинс, забон, миллат, муносибати нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию хусусиятҳои касбу кор, мазҳаб ва муносибатҳои дин вазифаҳои зеринро ҳал менамояд:
а) ба хонандагон додани таҳсилоти миёнаи умумӣ мутобиқ ба талаботҳои меъёрҳои давлатӣ ва байналмилалии таълим, таъмини малакаҳои меҳнатӣ ва касбӣ, рушди қобилияти эҷодии инфиродӣ, сатҳи фарҳангӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;
б) таъмин намудани таҳсилот ва ҳимояи хонандагон аз ҳама гуна маҳдудиятҳо дар соҳаи таълиму тарбия;
в) фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи шахсияти хонанда, тарбия намудани қобилияту истеъдод, ташаккули ҷаҳонбинии саршор аз ғояҳои сулҳдӯстӣ, ватанпарварӣ, риоя намудани арзишҳои донишу малакаҳои зарурӣ дар бораи табиат, ҷамъият, инсон ва ӯ, мусоидат кардан ба қонеъсозии дархости миллию фарҳангии ҷомеа, ташаккули тафаккури эҷодии ҷавонон, дарки мавқеи шаҳрвандӣ ва тарбияи омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона, меҳнат ва ҳифзи Ватан.
4) Муассиса барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳои шахс вобаста ба шаклу намуди интихобнамудаи қобилияту истеъдод, лаёқатмандӣ, ҳифзи саломатии кӯдак, сифатнок аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ки бо меъёрҳои стандарти давлатии таҳсилот ё стандартҳои байналмиллалӣ мувофиқ мебошад, масъулият дорад.
5) Дар Муассиса фаъолияту сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракат ва ташкилотҳои динӣ иҷозат дода намешавад. Бо хоҳиши хонандагон созмонҳои талабагиро таъсис додан мумкин аст.
6) Таҳсил дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот ва ҷорӣ карда мешавад .
2. Ташкили фаъолияти Муассиса
7) Муассиса бо ташаббуси муассис (муассисон) таъсис дода мешавад.
8) Муассиса танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ сохтани фаъолияти таълимиро дорад.
9) Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони Муассиса дар асоси Қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони Раёсат ва шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 № 122 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
10) Гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва додани иҷозатномаи Муассиса дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.02.03 № 54 "Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомнома дар бораи аттестатсияи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад .
11) Таъсис, аз навташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассиса дар асоси қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
12) Муассиса метавонанд дорои филиалҳо бошад, вале филиалҳои он шахси ҳуқуқӣ шуда наметавонанд.
Роҳбарони филиалҳоро муассис таъин менамояд.
13) Шумораи синфҳо ва теъдоди хонандагонро дар ҳар як синф тибқи талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва меъёрҳои муқарраргардида муассис муайян мекунад.
14) Қоидаю шароити қабули хонандагонро ба Муассиса муассис муайян карда, дар Оинномаи муассисаҳои мазкур инъикос менамояд.
Ба синфи якум кӯдакони 7-сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба синни 7 медароянд, қабул карда мешаванд .
15) Муассиса кушодани гурӯҳҳои тайёрӣ (боғча) ва бо дархости падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), гурӯҳҳои рӯзаш бардавомро ташкил карда метавонад .
16) Хизматрасонии тиббиро дар Муассиса муассис ташкил менамояд.
17) Ҳамкории байни муассиси Муассиса ва Раёсати маорифи марбута дар асоси шартнома сурат мегирад.
3. Раванди таълиму тарбия
18) Муассиса ҷараёни таълиму тарбияро мувофиқи савияе, ки дар барномаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст, амалӣ мегардонад.
Зинаи якум-таҳсилоти ибтидоии умумӣ (мӯҳлати таҳсил 4-сол)
Зинаи дуюм-таҳсилоти умумии асосӣ (мӯҳлати таҳсил 5-сол)
Зинаи сеюм-таҳсилоти миёнаи умумӣ (мӯҳлати таҳсил 2 сол) .
Зинаҳои таълим метавонанд мустақилона ё якҷоя амал намоянд. Функсия ва вазифаҳои зинаҳои таълимиро Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
19) Муассиса вобаста ба ташкили дараҷаи сатҳи дониш дар интихоби маводи таълим ва шаклу методҳо озод аст.
20) Ҷараёни таълим дар Муассиса дар асоси нақшаи таълимии Муассиса, ки дар асоси нақшаи намунавии тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ (хусусӣ) таҳия карда шудааст, сурат мегирад .
Муассиса реҷаи кориашро барои ҳафта дар асоси нақшаи кори солонаи худ муайян мекунад.
Илова ба фанҳои ҳатмии нақшаи таълимӣ бо хоҳиши хонандагон, бо мақсади амалӣ гардонидани шавқу қобилият ва имкониятҳои шахсии онҳо, муассис таълими фанҳои иловагиро (соатҳои иловагӣ) ҷорӣ карда метавонад.
Сарборӣ ва тартиби гузаронидани машғулиятҳои хонандагон дар Оинномаи Муассиса дар асоси талаботи санитарӣ-гигиенӣ инъикос карда мешавад.
21) Муассиса дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шакл тартиб ва санҷишҳои фосилавӣ мустақил буда, механизми онро муассис дар Оинномаи муассиса нишон медиҳад.
22) Дар Муассиса корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 94 тасдиқ шудааст, бо назардошти майлу хоҳиш, хусни таваҷҷӯҳ, шавқу завқи хонандагон, эҳтироми тарафайн, ҳамкории талабаву омӯзгор ташкил карда мешавад.
Соли хониш 1 сентябр оғоз ёфта, 7 июн ба анҷом мерасад. Давомнокии соли хониш ба истиснои рӯзҳои ид барои синфи 1 на кам аз 33 ҳафта, барои синфҳои 2-11 на кам аз 34 ҳафта муқаррар карда мешавад.
Соли хониш ба ду нимсола ҷудо гардида, нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн муқаррар карда мешавад. Дар фосилаи байни ҳар як нимсола рейтинги сифати дониш гузаронида мешавад, ки он барои нимсолаи аввал охири моҳи октябр ва барои нимсолаи дуюм аввали моҳи апрел муқаррар мегардад.
Барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:
- таътили зимистона аз 1 январ то 31 январ;
- таътили тобистона баъди анҷоми соли хониш, бо дарназардошти давраи аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, то 31 август .
24) Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту мӯҳлати таътил бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои хонандагони синфи якум як ҳафтаи таътили иловагиро муассис дар давоми соли хониш дар мувофиқа бо падару модарони хонандагон муайян менамояд .
4. Ҳуқуқ ва вазифаҳои субеъктҳои раванди таълиму тарбия
25) Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар Муассиса хонандагон, тарбиягирандагон, мураббиён, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгорӣ, падару модарон, муассисон, шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ иштирок мекунанд, мебошанд.
26) Тартиби қабули хонандагон, коркунони педагогӣ ва дигар кормандони Муассисаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис муайян мекунад ва дар Оиннома муқаррар менамояд. Муассис вазифадор аст, ки падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва хонандагонро ба мазмуни Низомномаи мазкур шинос намояд .
27) Хонандагон дар Муассиса ҳуқуқ доранд: мувофиқи меъёри пардохти маблағ аз рӯи стандартҳои фаннӣ дониш талаб намоянд, аз китобхона, толорҳои варзишӣ, лабораторияҳо истифода баранд, хадамоти маърифати иловагиро истифода бурда, эҳтироми шаъну шарафи худро ҳимоя намуда, дар озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ аз номи муассисаи таълимӣ баромад кунанд.
28) Тартиби аз синф ба синф гузаронидани хонандагонро муассис дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
29) Азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар се зина бо супоридани аттестатсия хотима меёбад .
Аттестатсияи давлатии хатм дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии таҳия ва тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва гузаронида мешавад .
30) Имтиёзҳои иловагӣ, аз қабили додани стипендияҳои ҳавасмандкунӣ, кӯмакпулиҳо, ва ҳавасманд намудани кормандонро муассис муайян мекунад ва дар Оиннома инъикос менамояд.
31) Ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" муайян карда мешаванд .
Ҳуқуқ ва вазифаҳои иловагиро муассис муайян карда, ба Оинномаи Муассиса ворид менамояд.
32) Ба кори педагогӣ шахсоне таъин карда мешаванд, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, ҳуҷҷати расмии ба соҳа мувофиқ ва тасдиқгардида дошта бошанд.
Дар Муассиса ба фаъолияти педагогӣ шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят ва ё амалҳое, ки фаъолияташон аз рӯи хулосаи комиссияи тиббӣ манъ шудааст, роҳ дода намешаванд.
33) Муносибати корманд бо Муассиса дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба низом дароварда мешавад (шартҳои он дар қарордод нишон дода мешаванд).
Ҳуқуқ ва вазифаҳои корманди Муассисаро муассис дар асоси Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи маориф" муайян менамояд.
34) Ҳаҷми сарбории таълимии кормандони педагогиро муассис муайян намуда, тартиби онро дар Оинномаи худ нишон медиҳад.
35) Корманди Муассиса ба талаботи квалификатсионии (таснифот) муассисаи мазкур бояд мувофиқ бошад ва вазифадор аст, ки талаботи Низомномаи мазкур ва шартномаи дутарафаи байни волидайн (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва муассисро иҷро намояд .
5. Идоракунии Муассиса
36) Муассиса мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур идора карда мешавад.
Идоракунии бевоситаи Муассисаро муассис ё ба супориши он Шӯрои педагогӣ, ки онро директор роҳбарӣ мекунад, иҷро менамояд.
Вазифаҳои хизматии директор ва тартиби дохилиро муассис муайян карда, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани онро дида мебарояд.
37) Ҳуқуқ ва вазифаҳои Шӯрои педагогӣ ва директорро муассис дар доираи Низомномаи Шӯрои педагогӣ, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва дар Оинномаи худ инъикос менамояд.
38) Бо мақсади инкишофу такмили ҷараёни таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва камолоти эҷодии муаллимон, омӯхтан, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) Шӯрои методӣ ташкил карда мешавад. Барои кори якҷояи ҷамъиятӣ ва муассиса Шӯрои ҷамъиятӣ ташкил карда шуда, фаъолияти он тибқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ сурат мегирад.
6. Низоми ҳуқуқии Муассиса
39) Муассиса шахси ҳуқуқӣ буд, соҳиби суратҳисоби бонкӣ мӯҳр ва штампи бо номи худ, нишона ва дигар атрибутҳо, дорои фонди марказонидашуда ва захиравӣ мебошанд ва ҳуқуқи баромад карданро аз номи муаасисаи таълимӣ дар судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорад.
40) Барои фаъолияти худ ва ҳалли масъалаҳо Муассиса ҳуқуқи зеринро дорад:
а) ба амал баровардани фаъолияти таълиму тарбия, хоҷагӣ ва дигар намудҳои фаъолият;
б) дар ихтиёри худ доштани таҷҳизотҳо, инвентар, моликияти маданӣ тиббӣ ва солимгардонӣ, варзишӣ ва дигарҳо;
в) ба иҷора гирифтани биноҳо, таҷҳизотҳои корхонаҳое, ки истифода бурда намешаванд;
г) харидорӣ намудани корҳои илмии татқиқотшуда ва ғайраҳо;
д) барои харидорӣ кардани таҷҳизот, лавозимоти лабораторӣ ва намоишдиҳӣ талабнома пешниҳод намояд;
е) аз бонкҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, аз шахсони алоҳида, ҳамаи намуди кредитҳоро гирифта метавонад;
ж) барои сохтмони биноҳои муассисаи таълимӣ гирифтани замин;
з) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ аз номи худ шартномаҳо банданд, намоиш, озмунҳо, лоиҳаҳо ва дигар намуди чорабиниҳоро гузаронад.
7. Фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии Муассиса
41) Муассиса барои баҳисобгирии фаъолияти молиявӣ, ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ ҷорӣ намуда, ба фаъолияти он ҷавобгар аст.
Тартиби ҳисоботи муҳосибавӣ ва оморӣ тибқи қонунгузорӣ ба низом дароварда мешавад.
42) Муассиса ба Раёсати маорифи марбута маълумоти оморӣ пешниҳод менамоянд.
43) Назорати ҷараёни таълиму тарбияро мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" раёсатҳо ва шӯъбаҳои маорифи марбута амалӣ мегардонанд.