Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2009 № 345 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012 №227 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Коллеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон" табдил дода шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон"-ро ҳал намоянд.

3. Ба донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва ғоибона имконият дода шавад, ки то хатм намудани коллеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе таҳсилро давом диҳанд.

4. Фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағҳои ба коллеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ҷудошуда ва аз ҳисоби қабули донишҷӯён дар асоси шартнома ба роҳ монда шавад.

5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёнро ба Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон" барои соли таҳсили 2009-2010 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва шартномавӣ муқаррар намояд.

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

7. Сархати якуми Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молияи Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 18 июни соли2009 № 345

 ш. Душанбе