Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.07.2015 № 465, аз 30.09.2021 №424)
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди минбаъдаи варзиши намуди якҳарба (ИТФ) дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад .:
1. Муассисаи давлатии "Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба" дар доираи воҳидҳои кории амалкунандаи ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад .
2. Ба номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 609 тасдиқ шудааст, сархати дувоздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад
"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба" .
3. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини Муассисаи давлатии "Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба" бо биноҳои маъмурию таълимӣ, таҷҳизот ва воситаҳои таълимию методӣ чораҳои зарурӣ андешад .
4. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба" дар доираи маблағҳои барои муассисаҳои зертобеи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва солҳои минбаъда пешбинишуда амалӣ карда шавад .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 майи соли 2009 № 320
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до (ИТФ)"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди минбаъдаи варзиши намуди таэквон-до (ИТФ) дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до (ИТФ)" дар доираи воҳидҳои кории амалкунандаи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Ба номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 609 тасдиқ шудааст, сархати дувоздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до (ИТФ)".
3. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до (ИТФ)" бо биноҳои маъмурию таълимӣ, таҷҳизот ва воситаҳои таълимию методӣ чораҳои зарурӣ андешад.
4. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до (ИТФ)" дар доираи маблағҳои барои муассисаҳои зертобеи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва солҳои минбаъда пешбинишуда амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 майи соли 2009 № 320
ш. Душанбе