Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 № 261 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи намудҳои асосии ашёи хом, мавод ва таҷҳизоти воридкунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озодшаванда"

Санаи амалкуни: 30.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

  Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.07.2013 № 296 аз эътибор соқит дониста шуд     

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Номгӯи намудҳои асосии ашёи хом, мавод ва таҷҳизоти воридкунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озодшаванда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 171)

Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия ва зарурати такмили техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 171):

1. Номгӯи замимагардидаи намудҳои асосии ашёи хом, мавод ва таҷҳизоти воридкунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озодшаванда тасдиқ карда шавад.

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000 №222 "Дар бораи тасдиқи номгӯи намудҳои асосии ашёи хом, мавод, захираҳои энергетикӣ ва таҷҳизоти воридшавандаи Заводи алюминийи Тоҷикистон ҷиҳати истеҳсоли алюминийи аввалияи аз пардохти андози арзиши иловагӣ озодшаванда" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 апрели соли 2009 № 261

ш. Душанбе

Номгӯй ба заб. русӣ оварда шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Номгӯи намудҳои асосии ашёи хом, мавод ва таҷҳизоти воридкунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озодшаванда

Мутобиқи банди 8) қисми 4, моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия ва зарурати такмили техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: