Низомномаи Комиссия оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ аз 28 майи соли 2009 № 305

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 305

тасдиқ шудааст

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 305

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссия оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ

1. Комиссия оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд - Комиссия) бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №633 аз 7 марти соли 2009 таъсис дода шудааст.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Вазифаҳои асосии Комиссия инҳоянд:

- ҷамъоварӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- арзёбии пешниҳодҳо ва асоснокиҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои мутобиқат ба меъёрҳои муқарраргардида;

- таҳияи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ;

- таҳияи Номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва анҷомдиҳии мониторинги раванди таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.

...

Приложение №2

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 28 мая 2009 года № 305

Приложение №2

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 28 мая 2009 года № 305

Положение о Комиссии по совершенствованию нормативных правовых актов, регулирующих выдачу разрешительных документов субъектам предпринимательской деятельности

1. Комиссия по совершенствованию нормативных правовых актов, регулирующих выдачу разрешительных документов субъектам предпринимательской деятельности (в дальнейшем - Комиссия), образована в целях реализации Указа Президента за № 633 от 7 марта 2009 года.

2. В своей деятельности Комиссия руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и настоящим Положением.

3. Основными задачами Комиссии являются:

- сбор и подготовка предложений по нормативным правовым актам, регулирующим выдачу разрешительных документов;

- оценка предложений и обоснований по нормативным правовым актам, регулирующим выдачу разрешительных документов, на предмет соответствия установленным критериям;

- разработка проектов решений Правительства о внесении изменений и дополнений в действующие нормативные правовые акты или признании утратившим силу нормативных правовых актов, регулирующих выдачу разрешительных документов субъектам предпринимательской деятельности;

- разработка Перечня разрешительных документов;

- координация и осуществление мониторинга процесса пересмотра нормативных правовых актов, регулирующих выдачу разрешительных документов.

...