Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 № 265 "Дар бораи Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат" маъқул дониста шавад.

2. Маблағгузории Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат" аз ҳисоби даромадҳои маҷалла ва маблағҳои ғайрибуҷетии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат"-ро ҳал намояд.

4. Ба Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 апрели соли 2009 № 265

ш. Душанбе