ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 "Дар бораи туризм" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1999, №9, мод. 228; с. 2005, №12, мод. 641) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи моддаи 1 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ҳамин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- ном ва матни ҷумлаи якум дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:";
- дар сархати якум пас аз калимаи "динӣ" калимаҳои "(ба истиснои ҳаҷ)" ва пас аз калимаи "варзишӣ" калимаҳои "касбию хизматӣ" илова карда шаванд;
- дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва нуздаҳум калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаҳои "ҷудо карда" ба калимаи "ҷудогардида" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаи "(альпинизм)" ба калимаи "(алпинизм)" иваз карда шавад;
- сархати нӯҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"- турист - шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад;";
- дар сархати даҳум калимаи "нақд" ба калимаи "нақл" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои дувоздаҳум, сенздаҳум ва нуздаҳум калимаҳои "ҳуқуқӣ ё воқеӣ" ба калимаҳои "воқеӣ ё ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чордаҳум ва дар тамоми матни Қонун калимаи "маданӣ" ба калимаи "фарҳангӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаи "дамгирӣ" ба калимаҳои "истироҳатию фароғатӣ" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои нуздаҳум, бисту дуюм ва дар тамоми матни Қонун калимаи "қонунҳои" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад;
- дар сархати бисту дуюм ва дар тамоми матни Қонун калимаи "байналхалқӣ", "байналхалқии", "байналхалқиро" ва "байналхалқие" ба калимаҳои "байналмилалӣ", "байналмилалии", "байналмилалиро" ва "байналмилалие" иваз карда шаванд.
3. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
4. Дар моддаи 4:
- қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, манъ аст.".
5. Дар моддаи 5:
- дар қисми сеюм калимаи "танзимкунии" ба калимаи "танзими" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои "таъмин намудани" ба калимаи "таъмини" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 6:
- дар банди 1) ҳамин қисм калимаи "чорчӯбаи" ба калимаи "чаҳорчӯбаи" иваз карда шавад;
- дар банди 2) калимаи "вақтхушӣ" ба калимаи "завқовар" иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 7:
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
" - сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм амалӣ менамояд;";
- дар банди 1) калимаи "месозанд" ба калимаи "менамоянд" иваз карда шавад;
- дар банди 4) калимаи "равонаанд" ба калимаҳои "равона шудаанд" иваз карда шавад;
- дар банди 7) калимаҳои "ҷалб намудани сармоягузорон" ба калимаҳои "ҷалби сармоя" иваз карда шаванд;
- дар банди 10) калимаи "ӯ" ба калимаи "он" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 8:
- дар номи модда, қисмҳои якум ва дуюми он калимаҳои "мақомоти идораи давлатӣ", "мақоми давлатии идоракунии" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- пас аз банди 9) сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи туризм;";
- дар банди 10) калимаи "ӯ" ба калимаи "он" иваз карда шавад;
- банди "10)" мутаносибан банди "11)" ҳисобида шавад.
9. Дар моддаи 9:
- дар номи модда калимаи "(литсензиякунонии)" аз матн хориҷ карда шавад.
10. Дар қисми якуми моддаи 10 калимаи "мамлакат" ба калимаи "кишвари" иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаҳои "қонунҳои мазкур" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" ва калимаҳои "ҳуқуқию меъёрии" ба калимаҳои "меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд;
- дар банди 5) қисми дуюм калимаи "кори" ба калимаи "фаъолияти", калимаи "ҳастанд" ба калимаи "мебошанд;" иваз карда шаванд.
12. Дар банди 6) моддаи 14 калимаи "шудааст" ба калимаи "шудаанд" ва калимаи "кардааст" ба калимаи "кардаанд" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 15 ҷумлаҳои дуюм, сеюм ва чорум ҳамчун қисмҳои ҷудогона аз сари сатр навишта шаванд.
14. Дар моддаи 16:
- аз номи модда калимаи "ва" хориҷ карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Туристон вазифадоранд:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд;
- нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд, бо эҳтиёт муносибат намоянд;
- қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз ҳудуди онро риоя намоянд;
- шартҳои қарордодҳо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;
- зарар ва хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ё фиристода расонидаро пурра ҷуброн намоянд;
- зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат расонидашударо ҷуброн намоянд;
- қоидаҳои шахсии бехатариро ҳангоми саёҳат риоя намоянд.".
15. Дар моддаи 17 ҷумлаи дуюми матн ҳамчун қисми дуюм аз сари сатр навишта шавад.
16. Дар матни Қонун қисмҳои моддаҳо бо рақамҳои арабӣ ва сархатҳо бар ивази рақамҳо бо аломати дефис (-) ифода карда шаванд.
17. Моддаи 19 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 530
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
18 майи соли 2009 № 650