Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 феврали соли 2009
№ 104 тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561)
1. Нишонҳои бақайдгарии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян мутобиқи Тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи "Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо", ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ шудааст, дода мешаванд .
2. Ба ивази нишонҳои гумшуда додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" дар асоси иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани санадҳои зерин дода мешаванд :
а) ариза дар бораи ба ивази нишони гумшуда додани нусхаи нишони бақайдгирии силсилаи "TJ" бо ишорати воҳиди Бозрасии давлатии автомобилии маҳали қайди воситаи нақлиёт дар он хусус, ки нишони бақайдгирӣ дар байни нишонҳои бозёфт, дастгир ё барои ягон хел вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ гирифташуда вуҷуд надорад ;
б) санади тафтиши хизматии комиссияи босалоҳияти ташкилоти воситаи нақлиётро бақайдгирифта дар бораи ҳодисаи гум шудани нишони бақайдгирӣ бо зикри тадбирҳое, ки нисбат ба шахси дар гум шудани нишони бақайдгирӣ айбдор дониста шудааст;
в) квитансия дар бораи пардохти боҷе, ки барои арзиши нишони бақайдгирӣ муқаррар гардидааст.
Ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки нишони бақайдгириро гум кардаанд, то ҳалли масъалаи тайёр кардан ва додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгирӣ барои воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ба мӯҳлати 1 моҳ нишонҳои тартибии бақайдгирӣ дода мешавад. Дар ин давра ҷустуҷӯи нишонҳои бақайдгирӣ мутобиқи санади меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
3. Тайёр намудани нусхаҳо ва ба ивази нишонҳои фарсудашуда (корношоям) додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" низ бо иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад .
4. Ҳангоми иваз шудани воситаи нақлиёти хизматрасонии шахси мансабдор, ба дигар нақлиёт гузаронидани нишони бақайдгирии силсилаи "TJ" иҷозат дода мешавад. Ба нақлиёти нав вобаста намудани нишони бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" тибқи тартиби муқарраршуда дар Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад .
5. Нусхахои нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" ба ивази нишонҳои гум ё фарсудашуда (корношоям) танҳо бо фармони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд .
6. Ҳангоми тағйир ёфтани рӯйхати шахсони мансабдор, тағйироти сохтори дар мақомоти қонунгузорӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ нишонҳои бақайдгирии давлатаи силсилаи "TJ" бояд ба Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шаванд. Дар сурати сари вақт баргардонида нашуданашон нишонҳои бақайдгирй бояд ба тариқи маҷбурӣ гирифта шаванд .
7. Миқдори захиравии нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" дар Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуда, қатъиян бо иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд .
8. Барои додани ғайриқонунӣ ё ғайриқонунӣ иҷозат додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" шахсони мансабдор мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 феврали соли 2009
№ 104 тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт
1. Нишонҳои бақайдгарии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян мутобиқи Тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи "Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо", ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ шудааст, дода мешаванд.
2. Ба ивази нишонҳои гумшуда додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" дар асоси иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани санадҳои зерин дода мешаванд:
а) ариза дар бораи ба ивази нишони гумшуда додани нусхаи нишони бақайдгирии силсилаи "РТ" бо ишорати воҳиди Бозрасии давлатии автомобилии маҳали қайди воситаи нақлиёт дар он хусус, ки нишони бақайдгирӣ дар байни нишонҳои бозёфт, дастгир ё барои ягон хел вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ гирифташуда вуҷуд надорад;
б) санади тафтиши хизматии комиссияи босалоҳияти ташкилоти воситаи нақлиётро бақайдгирифта дар бораи ҳодисаи гум шудани нишони бақайдгирӣ бо зикри тадбирҳое, ки нисбат ба шахси дар гум шудани нишони бақайдгирӣ айбдор дониста шудааст;
в) квитансия дар бораи пардохти боҷе, ки барои арзиши нишони бақайдгирӣ муқаррар гардидааст.
Ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки нишони бақайдгириро гум кардаанд, то ҳалли масъалаи тайёр кардан ва додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгирӣ барои воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ба мӯҳлати 1 моҳ нишонҳои тартибии бақайдгирӣ дода мешавад. Дар ин давра ҷустуҷӯи нишонҳои бақайдгирӣ мутобиқи санади меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
3. Тайёр намудани нусхаҳо ва ба ивази нишонҳои фарсудашуда (корношоям) додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" низ бо иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.
4. Ҳангоми иваз шудани воситаи нақлиёти хизматрасонии шахси мансабдор, ба дигар нақлиёт гузаронидани нишони бақайдгирии силсилаи "РТ" иҷозат дода мешавад. Ба нақлиёти нав вобаста намудани нишони бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" тибқи тартиби муқарраршуда дар Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.
5. Нусхахои нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" ба ивази нишонҳои гум ё фарсудашуда (корношоям) танҳо бо фармони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд.
6. Ҳангоми тағйир ёфтани рӯйхати шахсони мансабдор, тағйироти сохтори дар мақомоти қонунгузорӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ нишонҳои бақайдгирии давлатаи силсилаи "РТ" бояд ба Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шаванд. Дар сурати сари вақт баргардонида нашуданашон нишонҳои бақайдгирй бояд ба тариқи маҷбурӣ гирифта шаванд.
7. Миқдори захиравии нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" дар Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуда, қатъиян бо иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
8. Барои додани ғайриқонунӣ ё ғайриқонунӣ иҷозат додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" шахсони мансабдор мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.