Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 509 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо бА Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи муфлисшавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 674; с. 2008, №10, мод. 813) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" иваз карда шаванд.

2. Ба моддаи 4 мафҳумҳои зерин илова карда шаванд:

"- қарздори ғойиб - қарздоре, ки маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимӣ, инчунин муассисон ва шахсони мансабдор, ки онро муқаррар кардан мумкин нест ва бе онҳо шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар давоми шаш моҳи охир иҷро карда натавонист;

- мудири муваққатӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти мушоҳида таъин карда мешавад;

- мудири беруна - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти идоракунии беруна таъин карда мешавад;"

- мудири озмунӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад".

3. Моддаи 7(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 7(1). Қарздори ғойиб

Дар асоси аризаи шахси манфиатдор суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори ғойибро муайян менамояд.".

4. Дар қисми якуми моддаи 19 баъд аз калимаи "менамояд" калимаҳои "ва он бояд на камтар аз дувоздаҳ нишондиҳанда барои хисобҳо дар як моҳ бошад" илова карда шаванд.

5. Матни моддаи 20 дар тахрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор - шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони хуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

- мушоҳида;

- истехсолоти озмунӣ;

- созишномаи мусолиҳа.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор - шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории калон расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

- мушоҳида;

- идоракунии беруна;

- истеҳсолоти озмунӣ;

- созишномаи мусолиҳа.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор - соҳибкори инфиродӣ расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

- истеҳсолоти озмунӣ;

- созишномаи мусолиҳа.".

6. Қисми дуюми моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Парванда оид ба муфлисшавӣ аз ҷониби суд метавонад дар ҳолате оғоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба қарздорон - субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) дар маҷмӯъ на камтар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд".

7. Дар қисми дуюми моддаи 26 баъд аз калимаҳои "мақомоти андоз" калимаҳои ", мақомот оид ба идоракунии амволи давлатӣ" илова карда шаванд.

8. Ба қисми дуюми моддаи 32 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- рӯйхати кредиторон ва қарздорон бо муайянсозии қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ, бо нишон додани суроғаи кредиторон ва қарздорон.".

9. Матни моддаи 42 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Расмиёти мушоҳида барои субъектҳои хурду миёна ва дигар шахсони ҳукуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) - ба мӯҳлати як моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон ба мӯҳлати то ду моҳ амалӣ мегардад.".

10. Дар қисми чоруми моддаи 51 рақамҳои "12" ва "6" мутобиқан ба рақамҳои "10" ва "1" иваз карда шаванд.

11. Дар қисми якуми моддаи 64 калимаҳои "понздаҳ рӯз" ба калимаҳои "панҷ рӯзи корӣ" иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 70:

- қисми ду дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мӯҳлати истеҳсолоти озмунӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) то панҷ моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон то 12 моҳ буда метавонад.";

- дар қисми се калимаҳои "зиёдтар менамояд" ба калимаҳои "ба мӯҳлати на зиёда аз як моҳ тамдид намояд" иваз карда шаванд.

13. Сархати дуюми қисми сеюми моддаи 74 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ҳолати молиявии қарздорро бевосита таҳлил менамояд ва агар дорои донишҳои махсус набошад, барои ин амал бо мувофиқаи кредиторон мутахассис - таҳлилгарро ҷалб менамояд;".

14. Дар қисми дуюми моддаи 86 калимаҳои "10 рӯз" ба калимаҳои "5 рӯзи корӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 19 майи соли 2009, № 509

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 18 майи соли 2009 №642