Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2009 № 236
тасдиқ шудааст
Низомнома оид ба тартиб ва мӯҳлати (давомнокии) батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андоз
1. Низомномаи мазкур тартиб ва мӯҳлати (давомнокии) батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андозро муайян менамояд.
2. Батаъхиргузорӣ ин гузаронидани мӯҳлати пардохти як ё якчанд андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо ба таърихи нисбатан дертар ба ҳисоб меравад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати батаъхиргузорӣ андозсупоранда ӯҳдадор аст маблағи қарзро аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо пурра ва якбора пардохт намояд.
Маблағи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, ки қаблан бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳо мӯҳлати пардохташон ба таъхир гузошта шудаанд, ҳангоми гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо ва аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод ҳамчун бақияпулиҳои андоз ба эътибор гирифта мешаванд.
3. Батаъхиргузорӣ нисбати он ӯҳдадориҳои андоз, ки мӯҳлати пардохташон нарасидааст, манъ аст.
4. Батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андози андозсупоравдагон танҳо дар ҳолатҳои мавҷуд будани яке аз асосҳое, ки дар қисми 10 моддаи 90 Кодекси андоз зикр ва тибқи тартиби зерин асоснок гардидааст, анҷом дода мешавад:
а) қарори Раиси шаҳр ё ноҳия доир ба тасдиқ намудани зарари расонидашуда аз офатҳои табиӣ, садамаи технологӣ ва дигар ҳолатҳои таъсири қувваҳои рафънопазир;
б) тасдиқномаи мақомоти молияи маблағгузор доир ба сари вақт аз буҷет маблағғузорӣ нашудани ин шахс (андозсупоранда) ва дурустии мавҷуд будани маблағи ин қарз то рӯзи пешниҳод шудани дархост;
в) тасдиқномаи мақомоти идоракунии соҳавии ҷумҳуриявӣ доир ба гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ё таҷрибавию конструкторӣ;
г) барномаи анҷом додани фаъолияти ҷоринамоӣ ё инноватсионӣ, аз ҷумла офаридани технологияҳои нав ё такмили технологияҳои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав, ки аз ҷониби андозсупоранда дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо вазорату идораи соҳавии ҷумҳуриявӣ таҳия гардидааст.
5. Батаъхиргузории такрории пардохти андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо бе пурра пӯшонидани маблағҳои андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, ки қаблан ба таъхир гузошта шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи бандҳои 1) ва 2) қисми 10 моддаи 90 Кодекси андоз манъ аст.
6. Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои умумидавлатӣ, аз ҷумла:
- андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- аксизҳо;
- андоз аз замин;
- андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
- андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо
аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 3 сол қабул карда мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо қарорҳои ҷудогонаи худ ин мӯҳлатро то 5 сол зиёд намояд.
7. Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ, аз ҷумла:
- андоз аз амволи ғайриманқул;
- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- андоз аз фурӯши чакана
ба мӯҳлати то 3 сол бо пешниҳоди мақомоти дахлдори молия ва андози шаҳр (ноҳия) аз ҷониби раиси шаҳр (ноҳия) қабул карда мешавад.
8. Барои баррасии масъала оид ба тағйир додани мӯҳлати пардохти андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо аз тарафи андозсупоранда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати молияи шаҳру ноҳияҳои ҷойи бақайдгирӣ маводҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- дархост оид ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти андозҳо;
- санади муқоисавии тасдиқкунандаи қарздории андозсупоранда дар назди буҷет аз рӯи намуди андозҳо то рӯзи пешниҳоди дархост;
- маълумоти тасдиқкунанда оид ба мавҷуд будани ақаллан яке аз асосҳои дар банди 10 моддаи 90 Кодекси андоз муқарраргардида:
- мактуби андозсупоранда, ки пардохти андозҳои ҷориро кафолат медиҳад.
Утверждено
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "29" апреля 2009 года № 236
Положение о порядке и сроках (продолжительности) отсрочки налоговых обязательств
1. Настоящее Положение определяет порядок и сроки (продолжительность) отсрочки налоговых обязательств;
2. Отсрочкой является перенос срока уплаты одного или нескольких налогов, процентов и штрафов по ним на более позднюю дату. По истечении предоставленного времени налогоплательщик обязан уплатить полностью и единовременно сумму задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним.
Сумма налогов, процентов и штрафов по ним, по которым ранее по решениям Правительства Республики Таджикистан и председателей городов и районов предоставлена отсрочка, при проведении взаимозачетов и списании безнадежных задолженностей считается недоимкой по налогам.
3. В отношении налоговых обязательств, срок уплаты которых не наступил, отсрочка не предоставляется.
4. Отсрочка налоговых обязательств налогоплательщиков предоставляется только в случаях возникновения одного из условий, указанных в пункте 10 статьи 90 Налогового Кодекса и обоснованного в следующем порядке:
а) решением Председателя города или района об утверждении причиненного ущерба в результате стихийного бедствия, технологической катастрофы или иных обстоятельств непреодолимой силы;
б) подтверждением финансирующего финансового органа о несвоевременном финансировании этого лица (налогоплательщика) и достоверности наличия этой задолженности до дня представления ходатайства;
в) подтверждением отраслевого республиканского органа управления о проведении научно-исследовательских или опытно-конструкторских работ;
г) программой осуществления внедренческой или инновационной деятельности, в том числе создание новых или совершенствование применяемых технологий, создание новых видов сырья или материалов, разработанной налогоплательщиком по согласованию с местными исполнительными органами государственной власти или республиканскими отраслевыми министерствами и ведомствами.
5. Повторное предоставление отсрочки по уплате налогов, штрафов и процентов; без полного погашения ранее отсроченных сумм налогов, штрафов и процентов, запрещается, за исключением случаев, когда имеют место основания, предусмотренные в пунктах 1) и 2) части 10 статьи 90 Налогового кодекса.
6. Решение об Отсрочке общегосударственных налогов, в том числе:
- подоходного налога с физических лиц (налог с доходов физических лиц);
- налога на прибыль юридических лиц;
- налога на добавленную стоимость;
- акцизов;
- земельного налога;
- налога на недропользователей;
- налога с пользователей автомобильных дорог;
- налога, уплачиваемого по упрощенной системе;
- единого налога для производителей сельскохозяйственной продукции;
- налога с продаж (хлопка-волокна и алюминия первичного);
- минимального налога на доходы;
- налога на продукты переработки товаров принимается Правительством Республики Таджикистан сроком до 3 лет. В исключительных случаях, по представлению Министерства финансов Республики Таджикистан, согласованному с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Налоговым Комитетом при Правительстве Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан может по отдельным постановлениям продлить этот срок до 5 лет.
7. Решение об отсрочке по местным налогам, в том числе:
- налога на недвижимое имущество;
- налога с владельцев транспортных средств;
- налога с розничных продаж сроком до 3 лет по представлению соответствующих финансовых и налоговых органов городов (районов) принимается председателями городов (районов).
8. Для рассмотрения вопросов об изменении сроков уплаты налогов, процентов и штрафов по ним в Министерство финансов Республики Таджикистан и финансовые управления городов и районов по месту регистрации налогоплательщиками представляются следующие материалы:
- ходатайство о предоставлении отсрочки уплаты налогов;
- акт сверки, подтверждающий задолженность налогоплательщика перед бюджетом по видам налогов до дня представления ходатайства;
- подтверждающие документы о наличии хотя бы одного из оснований, установленных пунктом 10 статьи 90 Налогового кодекса;
- письмо налогоплательщика, гарантирующее уплату текущих налогов.