Оинномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" аз 29 апрели соли 2012, № 256

Санаи амалкуни: 16.09.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009 №256

тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 533, аз 16.09.2015 № 568)

I. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" (минбаъд "Ҷамъият") мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи табдилдиҳии Корхонаи вохиди давлатии "Тоҷикгаз" таъсис дода шудааст ва вориси хуқуқии он мебошад.

1.2. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Оинномаи мазкур таъсис гардида дониста шуда, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

1.3. Ҷамъият бе маҳдудияти мӯҳлати фаъолияташ таъсис дода шудааст.

1.4 Номгӯи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз";

1.5. Номгӯи пурраи Ҷамъият ба забони русӣ - Открытое акционерное общество "Таджиктрансгаз".

1.6. Номгӯи мухтасари Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - ҶСК "Тоҷиктрансгаз".

1.7. Номгӯи мухтасари Ҷамъият ба забони русӣ - ОАО "Таджиктрансгаз".

1.8. Маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 6.

2. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият

2.1. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.

2.2. Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ мебошад.

2.3. Муассиси Ҷамъият:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо нишони зерин ҷойгир шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон - соҳиби 100 фоизи саҳмияҳои Ҷамъият мебошад.

2.4. Ҷамъият дорои молу мулки алоҳида ва тавозуни мустақил буда, соҳиби ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайри молумулкӣ ва дорои ӯҳдадорӣ дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар мебошад.

2.5. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраршуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҳисобҳои бонкӣ кушояд.

2.6. Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳояш бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.

Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои Саҳмдорон ҷавобгар нест.

Саҳмдорон аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷавобгаранд.

Саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои вобаста ба таъсиси он, ки то лаҳзаи бақайдгирии давлатии ҳамин ҷамъияти саҳомӣ ба миён омадаанд, масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) доранд.

2.7. Ҷамъият дорои мӯҳри доирашакл мебошад, ки дар он номгӯи пурраи фирмавӣ сабт гардидааст.

Ҷамьият ҳуқуқ дорад, ки мӯҳр (штамп) ва бланкҳоро (бланк) бо сабти номи фирмавӣ, нишона ва инчунин тамғаи молӣ ва дигар воситаҳои фарқкунандаи ҳаммонанде, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, дошта бошад.

2.8. Ҷамъият метавонад филиалҳо ва намояндагиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтаанд, кушояд, агар мувофиқи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият шахсони хуқуқӣ набуда, аз номи Ҷамъият дар асоси низомномаҳои аз тарафи Ҷамъият тасдиқшуда фаъолият менамоянд. Филиалҳо ва намояндагиҳо аз ҷониби Ҷамъият бо воситаҳои асосӣ ва воситаҳои гардон таъмин мегардад, ки он ҳам дар тавозуни алоҳидаи онҳо ва ҳам дар тавозуни Ҷамъият ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагии худ масъул мебошад.

Ҷамъият дорои намояндагиҳои зерин мебошад:

Намояндагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" дар Ҷумҳурии ӯзбекистон;

Намояндагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" дар вилояти Суғд.

Ҷамъият метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобастаи дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро дошта бошад.

3. Мақсад ва намудҳои фаъолияти Ҷамъият

3.1. Мақсади асосии фаъолияти Ҷамъият - ба даст овардани фоида мебошад.

3.2. Барои ба даст овардани фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳама намуди фаъолиятро, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нест, амалӣ созад, аз ҷумла:

- интиқол ва фурӯши гази табиӣ ва моеъ ба истеъмолкунандагоншахсони хуқуқӣ ва воқеӣ;

- содирот ва воридотӣ гази табиӣ ва моеъ, таҷҳизот ва технология барои интиқол ва баҳисобгирии газ;

- ташкили системаи ннтиқоли газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмири системаҳои интиқоли газ ва системаи истифодабарии газ, ҷиҳозонии биноҳои истиқоматӣ, корхонаю муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, асбобҳои ченаки газ;

- сохтмони стансияҳои компрессорӣ барои фурӯши газ ба сифати сӯзишвории воситаҳои нақлиёт;

- бо тартиби муқараргардида ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосир барои истеҳсол ва интиқоли гази табиӣ;

Ҷамъият вобаста ба фаъолияти зикршуда:

- дар доираи салоҳияти худ самтҳои асосии инкишофи соҳаро муайян менамояд ва барномаҳои рушди онро ба амал мебарорад;

- бо назардошти инкишофи муносибатҳои бозаргонӣ шаклу усулҳои нави идоракуниро дар соҳаи газ таҳия менамояд;

- корҳоро бо усули навбатдорию экспедитсионӣ ташкил мекунад;

- дар асоси шартномавӣ вазифаҳои фармоишгарро иҷро мекунад;

- маблағгузориҳои асосиро ба таври самаранок истифода мебарад ва назорати истифодаи дурусти онро дар корхонаҳо анҷом медиҳад;

- тарифҳои интиқолу фурӯши гази табии воридотӣ ва нархномаҳом кору хизматрасониро Ҷамъият дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори амалмкунандаи сиёсати зиддимонополӣ муайян менамояд;

- барои истифодаи самараноки нерӯи истеҳсолии корхонаҳо шароити иқтисодӣ, ташкилӣ ва ғайраро фароҳам месозад;

- тибқи тартиби муқарраргардида фондҳо ва захираҳои муттамаркази Ҷамъиятро ҷиҳати равонасозии онҳо ба самтҳои афзалятноки рушди хоҷагии газ ташкил намуда, тарбияи кадрҳо, бозомузӣ ва такмили ихтисоси онҳоро созмон медиҳад;

3.3. Ба баъзе намудҳои фаъолият, ки номгӯи онҳо тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, Ҷамъият метавонад фақат дар асоси иҷозатнома (литсензия) фаъолият намояд.

Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияте, ки гирифтани иҷозатномаи махсусро талаб мекунад, аз лаҳзаи гирифтани ин гуна иҷозатнома ё мӯҳлати дар он нишондодашуда оғоз гардида, то санаи эътибор доштани он давом мекунад, агар тибқи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

4. Сармояи оинномавии Ҷамъият

4.1. Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият, иборат мебошад.

4.2. Сармояи оинномавии Ҷамъият 75731000 (ҳафтоду панҷ миллиону ҳафтсаду сиву як ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи оннномавӣ ба 75731 (ҳафтоду панҷ ҳазору ҳафтсаду сиву як) саҳмияҳои оддии номӣ тақсим шудааст. Арзиши номиналии ҳар як саҳмия 1000 (як ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Сармояи оинномавии Ҷамъият дар шакли бино, иморат, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, қоғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул меёбад. Арзиши саҳмҳо бо пули миллӣ нархгузорӣ карда мешавад.

Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:

-бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;

-бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани шумораи умумии онҳо ё бо тариқи харида гирифтани қисме аз саҳмияҳо тибқи ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда кам карда шавад.

4.3. Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият фақат баъди пардохти пурраи он мумкин аст.

Зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст ё барои пардохти қарзи мӯҳлаташ гузашта роҳ дода намешавад.

4.4. Кам кардани Сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.

4.5. Ҷамъият вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.

5. Саҳмдорони Ҷамъият, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои онҳо

5.1. Ҷамъият вазифадор аст, ки бурдан ва нигоҳдории реестри саҳомони Ҷамъиятро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Ҷамъият таъмин намояд.

5.2. Ҳар як саҳмияи оддии Ҷамъият ба саҳмдор ҳаҷми баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5.3. Ҷамъият барои маълумоти умумӣ ҳисоботро оид ба баланси муҳосибавӣ ва ҳисоботро дар бораи фоидаи ба даст омада ва зарар ҳарсола интишор менамояд.

5.4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар идоракунии Ҷамъият дорои ҳуқуқи махсус ("саҳмияи тиллоӣ") мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 533).

6. Суди (дивиденди) саҳмияҳо

6.1. Ҷамъият вазифадор аст, соле на камтар аз як маротиба (метавонад ҳар нимсола, семоҳа) оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад.

6.2. Қарор дар мавриди пардохти суди саҳмияҳои солона (нимсола семоҳа) маблағи суди саҳмия аз рӯи ҳар як намуди саҳмияҳо аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.

Маблағи суди саҳмия аз андозаи тавсиянамудаи Шӯрои нозирони Ҷамъият зиёд буда наметавонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ дорад қарорро дар бораи напардохтани суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои оддӣ қабул намояд.

6.3. Суди саҳмияҳо аз даромади софи Ҷамъият бо асъори миллӣ пардохта мешавад.

6.4. Рӯйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад.

6.5. Мӯҳлати пардохти суди саҳмияҳо тибқи Оинномаи Ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо муайян карда мешавад. Агар дар Оинномаи Ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон санаи пардохти суди саҳмияҳо муайян нашуда бошад, мӯҳлати пардохти он набояд аз рӯзи қабули қарор дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо аз 90 рӯз бештар бошад.

7. Фондҳои Ҷамъият

7.1. Ҷамъият баробар ба 5 (панҷ) фоизи сармояи оимномавӣ фонди захиравӣ ташкил менамояд.

Ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ ба 7 фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъият баробар мебошад.

8. Мақомоти идоракунӣ ва назоратии Ҷамъият

8.1. Мақомоти идоракунии Ҷамъият инҳоянд:

- мақоми олӣ - Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- мақоми идора - Шӯрои нозирони Ҷамъият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- мақоми иҷроия - Директори генералӣ;

- мақоми назоратӣ - Комиссияи тафтишотӣ (ревизор).

9. Маҷлиси умумии саҳмдорон

9.1. Дар Ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳамаи саҳмияҳои овоздор ба як саҳмдор тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҳамин саҳмдор шахсан қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.

9.2. Ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои зерин мансубанд:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи он дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;

- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъини Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- муайян намудани шумораи аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият, интихоби аъзои он ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Директори генералии Ҷамъият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- зиёд кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи як қисми ин саҳмияҳоро бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо харидани Ҷамъият ва инчунин бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияҳои ба дастоварда ё азнавхаридаи Ҷамъият;

- таъсиси мақомоти идоракунии Ҷамъият (аз ҷумла мақомоти иҷроияи Ҷамъият), тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва подошпулии он. Интихоби Комиссияи тафтишотии Ҷамъият;

- тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар мавриди фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарар) Ҷамъият, инчунин тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони зарари Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;

- тасдиқи дастури кори Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- қабули қарор оид ба пардохти мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- қабули қарор оид ба пардохти мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои Комиссияи тафтишотӣ (Ревизор);

- паҳн кардани саҳмияҳои оддӣ ва вомбаргҳои ба сахмияи оддӣ табдилшаванда, ки беш аз 25 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан паҳнкардаро ташкил медиҳанд.

- қабули қарор дар бораи маъқул донистани аҳдҳо дар холатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- муайян намудани нархи саҳмияҳои ба таври иловагӣ паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- харидорӣ намудани саҳмияҳои паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Оинномаи мазкур аз ҷониби Ҷамъият;

- қабули қарор оид ба тақсим ва муттаҳидсозии саҳмияҳои Ҷамъият;

- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супурдани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмӯъ 25 фоиз ё бештари ҳамаи дороии Ҷамъиятро ташкил медиҳад;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият;

- пардохти суди (дивиденди) саҳмия;

- дигар масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон мансубанд.

9.3. Масъалаҳои марбут ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонанд ҷиҳати ҳал ба Шӯрои нозирони Ҷамъият ирсол гарданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

9.4. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ бо аксарияти овози саҳмдорони Ҷамъият, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад, агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" барои қабули қарор тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

9.5. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози сахмдорон, ки дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок доранд аз рӯи масъалаҳои зерин қабул карда мешавад:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъияти ё тасдиқи Оиннома дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;

- барҳам додани Ҷамъият, таъин намудани Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё паҳнкунии саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо бо роҳи аз тарафи Ҷамъият харида гирифтани қисми саҳмияҳо бо мақсади кам кардани миқдори умумим онҳо, инчунин тавассути пардохт намудани саҳмияҳои аз тарафи Ҷамъият ба даст овардашуда ё харидашуда;

- паҳн кардани саҳмияҳои оддӣ ё вомбаргҳои ба саҳмияҳои оддӣ табдилшаванда, ки зиёда аз 25 фоизи саҳмияҳои қаблан пахншударо ташкил медиҳад;

- қабул намудани қарор оид ба маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- масъалаҳои дигари бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда.

9.6. Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ надорад аз рӯи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият дохил нашудаанд, қарор қабул кунад, инчунин рӯзномаро дигар кунад.

9.7. Вазифаи раисикунандаро дар Маҷлиси умумии саҳмдорон Раиси Шӯрои нозирон ё муовини ӯ амалӣ месозад. Дар мавриди иштирок накардани онҳо яке аз аъзои Шӯрои нозирон бо интихоби аъзои Шӯрои нозирон маҷлисро раисӣ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

10. Гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон

10.1. Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" гузаронида мешавад.

11. Шӯрои нозирони Ҷамъият

11.1. Ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъият масъалаҳои роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъият мансубанд, ба истиснои ҳалли масалаҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон вогузор шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

Ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъият чунин масъалаҳо дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568):

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;

- тасдиқ намудани нақшаҳои солонаи молиявӣ ва тиҷоратии Ҷамъият, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи сметаҳои ҳарсола;

- таъин ва озод намудани Котиби корпоративии Ҷамъият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- тасдиқи Низомнома дар бораи Котиби корпоративии Ҷамъият, ки фаъолияти Котиби корпоративиро муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- тасдиқи сохтори идоракунии мақоми иҷроияи Ҷамъият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- баррасии ҳисоботҳои Директори генералӣ оид ба фаъолияти Ҷамъият, дар бораи иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои нозирони Ҷамъият (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- тасдиқ намудани тартиби ҳамкории Ҷамъият бо ташкилотҳое, ки дар фаъолияти онҳо Ҷамъият иштирок менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- таъсиси мақомоти идоракунии Ҷамъият, тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568);

- даъвати Маҷлиси солона ва ғайринавбатии умумии саҳмдорони ҷамъият;

- тасдиқи рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият;

- интихоби котиби Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- муайян намудани санаи таҳияи рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ва тасдиқи сметаи хароҷот барои гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият, ҳалли дигар масъалаҳо, ки ба омодагӣ ба Маҷлиси умумии саҳмдорон алоқаманд мебошанд;

- аз ҷониби Ҷамъият паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- ба даст овардани қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки фурӯхтаи Ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- пешниҳоди тавсияҳо вобаста ба андозаи пардохти подош ва ҷубронпулӣ ба аъзои Комиссияи тафтишотии Ҷамъият ва муайян намудани андозаи хизматрасонии аудитор;

- таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъияти саҳомӣ;

- дигар масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур;

11.2. Масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ҷамъиятро ба зиммаи мақоми иҷроияи Ҷамъият гузоштан манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

11.3. Аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва иҷрои вазифаҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, ҳуқуқ, вазифа ва ӯҳдадориҳои худро дар муносибат ба Ҷамъият содиқонаву софдилона ва оқилона анҷом диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

12. Интихоби Шӯрои нозирони Ҷамъият

12.1. Ҳайати Шӯрои нозирони Ҷамъият бо шумораи на камтар аз 7 (ҳафт) нафар муайян мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

12.2. Аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти овозҳои саҳмдорони дар маҷлис иштирокдошта ба мӯҳлати то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

Дар сурати интихоб шудани Шӯрои нозирони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъият, аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихобшуда ҳисобида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

12.3 Ваколати узви Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомӣ бо ташабусси ӯ ҳар вақт, бо роҳи ба таври хаттӣ огоҳ намудани Шӯрои нозирони Ҷамъият қатъ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

13. Мақоми иҷроияи Ҷамъият. Директори генералӣ

13.1. Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми инфиродии иҷроияи Ҷамъият - Директори генералӣ роҳбарӣ мекунад.

13.2. Директори генералии Ҷамъият ба Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои нозиронии Ҷамъият ҳисоботдиҳанда аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

13.3. Ба салоҳияти Директори генералии Ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон, Шӯрои нозирони Ҷамъият қарордошта марбутанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

13.4. Директори генералии Ҷамъият бе ваколатнома аз номи Ҷамъият амал мекунад.

13.5. Салоҳият ва фаъолияти Директори генералии Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" сурат мегирад.

14. Комиссияи тафтишотии Ҷамъият

14.1. Ҷиҳати муайян намудани назорати фаъолияти молиявию хоҷагии Ҷамъият, Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият аз ҷумлаи саҳмдорон дар ҳайати на камтар аз се аъзо то мӯҳлати Маҷлиси умумии солонаи оянда Комиссияи тафтишотии Ҷамъиятро интихоб менамояд.

14.2. Тартиби фаъолияти Комиссияи тафтишотии Ҷамъият тибқи ҳуҷҷати дохилии Ҷамъият, ки Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

15. Аудитори Ҷамъият

15.1. Барои амалигардонии тафтиши мустақили ҳарсолаи фаъолияти молиявю ҳоҷагидории Ҷамъият, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити ҳисоботи солона, тавозуни солонаи муҳосибӣ, Ҷамъият аудиторро ҷалб мекунад.

15.2. Аудитор наметавонад бо Ҷамъият бо манфиятҳои молумулкӣ вобаста бошад.

15.3. Аудитори Ҷамъият ва андозаи мукофоти ӯро Маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ менамояд.

16. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявии Ҷамъият

16.1. Ҷамъият вазифадор аст баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ҳисоботи молиявиро пешниҳод кунад.

16.2. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибавӣ дар Ҷамъият, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Ҷамъият, ки барои саҳмдорони Ҷамъият, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба зиммаи Директории генералии Ҷамъият гузошта шудааст.

16.3. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботи солонаи Ҷамъият ва ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ бояд аз ҷониби Комиссияи тафтишотӣ ё Аудитори Ҷамъият, тасдиқ карда шавад.

16.4. Ҳисоботи солонаи Ҷамъият, тавозуни муҳосибӣ, ҳисоби зарару фоидаҳо, тақсимоти фоидаю зараҳои Ҷамъият бояд пешакӣ аз ҷониби Шӯрои нозирони Ҷамъият дар давоми 30 (сӣ) рӯз то гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.09.2015 № 568).

17. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ҷамъият

17.1. Азнавташкилдиҳии Ҷамъият метавонад бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ, инчунин бо асосҳо ва тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардад.

17.2. Ҷамъият метавонад бо қарори суд ё ба таври ихтиёрӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур барҳам дода шавад.

17.3. Дар сурати азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Ҷамъият ё қатъ намудани корҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, Ҷамъият ӯҳдадор аст ҳифзи ин маълумот ва омилҳои онро бо роҳи таҳия ва амалисозии чораҳои махфият, ҳифзи маълумот, ҳифз ва бехатарии сӯхторро таъмин намояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009 №256

тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"

I. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" (минбаъд "Ҷамъият") мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи табдилдиҳии Корхонаи вохиди давлатии "Тоҷикгаз" таъсис дода шудааст ва вориси хуқуқии он мебошад.

1.2. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Оинномаи мазкур таъсис гардида дониста шуда, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

1.3. Ҷамъият бе маҳдудияти мӯҳлати фаъолияташ таъсис дода шудааст.

1.4 Номгӯи пурраи фирмавии Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз";

1.5. Номгӯи пурраи Ҷамъият ба забони русӣ - Открытое акционерное общество "Таджиктрансгаз".

1.6. Номгӯи мухтасари Ҷамъият ба забони тоҷикӣ - ҶСК "Тоҷиктрансгаз".

1.7. Номгӯи мухтасари Ҷамъият ба забони русӣ - ОАО "Таджиктрансгаз".

1.8. Маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 6.

2. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият

2.1. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.

2.2. Ҷамъият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ мебошад.

2.3. Муассиси Ҷамъият:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо нишони зерин ҷойгир шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон - соҳиби 100 фоизи саҳмияҳои Ҷамъият мебошад.

2.4. Ҷамъият дорои молу мулки алоҳида ва тавозуни мустақил буда, соҳиби ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайри молумулкӣ ва дорои ӯҳдадорӣ дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар мебошад.

2.5. Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқарраршуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҳисобҳои бонкӣ кушояд.

2.6. Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳояш бо тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар мебошад.

Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои Саҳмдорон ҷавобгар нест.

Саҳмдорон аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷамъият дар доираи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷавобгаранд.

Саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои вобаста ба таъсиси он, ки то лаҳзаи бақайдгирии давлатии ҳамин ҷамъияти саҳомӣ ба миён омадаанд, масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) доранд.

2.7. Ҷамъият дорои мӯҳри доирашакл мебошад, ки дар он номгӯи пурраи фирмавӣ сабт гардидааст.

Ҷамьият ҳуқуқ дорад, ки мӯҳр (штамп) ва бланкҳоро (бланк) бо сабти номи фирмавӣ, нишона ва инчунин тамғаи молӣ ва дигар воситаҳои фарқкунандаи ҳаммонанде, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, дошта бошад.

2.8. Ҷамъият метавонад филиалҳо ва намояндагиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар он ҷо филиал ва намояндагӣ ҷой гирифтаанд, кушояд, агар мувофиқи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият шахсони хуқуқӣ набуда, аз номи Ҷамъият дар асоси низомномаҳои аз тарафи Ҷамъият тасдиқшуда фаъолият менамоянд. Филиалҳо ва намояндагиҳо аз ҷониби Ҷамъият бо воситаҳои асосӣ ва воситаҳои гардон таъмин мегардад, ки он ҳам дар тавозуни алоҳидаи онҳо ва ҳам дар тавозуни Ҷамъият ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҷамъият барои фаъолияти филиал ва намояндагии худ масъул мебошад.

Ҷамъият дорои намояндагиҳои зерин мебошад:

Намояндагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" дар Ҷумҳурии ӯзбекистон;

Намояндагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" дар вилояти Суғд.

Ҷамъият метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобастаи дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро дошта бошад.

3. Мақсад ва намудҳои фаъолияти Ҷамъият

3.1. Мақсади асосии фаъолияти Ҷамъият - ба даст овардани фоида мебошад.

3.2. Барои ба даст овардани фоида Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳама намуди фаъолиятро, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нест, амалӣ созад, аз ҷумла:

- интиқол ва фурӯши гази табиӣ ва моеъ ба истеъмолкунандагоншахсони хуқуқӣ ва воқеӣ;

- содирот ва воридотӣ гази табиӣ ва моеъ, таҷҳизот ва технология барои интиқол ва баҳисобгирии газ;

- ташкили системаи ннтиқоли газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмири системаҳои интиқоли газ ва системаи истифодабарии газ, ҷиҳозонии биноҳои истиқоматӣ, корхонаю муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, асбобҳои ченаки газ;

- сохтмони стансияҳои компрессорӣ барои фурӯши газ ба сифати сӯзишвории воситаҳои нақлиёт;

- бо тартиби муқараргардида ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосир барои истеҳсол ва интиқоли гази табиӣ;

Ҷамъият вобаста ба фаъолияти зикршуда:

- дар доираи салоҳияти худ самтҳои асосии инкишофи соҳаро муайян менамояд ва барномаҳои рушди онро ба амал мебарорад;

- бо назардошти инкишофи муносибатҳои бозаргонӣ шаклу усулҳои нави идоракуниро дар соҳаи газ таҳия менамояд;

- корҳоро бо усули навбатдорию экспедитсионӣ ташкил мекунад;

- дар асоси шартномавӣ вазифаҳои фармоишгарро иҷро мекунад;

- маблағгузориҳои асосиро ба таври самаранок истифода мебарад ва назорати истифодаи дурусти онро дар корхонаҳо анҷом медиҳад;

- тарифҳои интиқолу фурӯши гази табии воридотӣ ва нархномаҳом кору хизматрасониро Ҷамъият дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори амалмкунандаи сиёсати зиддимонополӣ муайян менамояд;

- барои истифодаи самараноки нерӯи истеҳсолии корхонаҳо шароити иқтисодӣ, ташкилӣ ва ғайраро фароҳам месозад;

- тибқи тартиби муқарраргардида фондҳо ва захираҳои муттамаркази Ҷамъиятро ҷиҳати равонасозии онҳо ба самтҳои афзалятноки рушди хоҷагии газ ташкил намуда, тарбияи кадрҳо, бозомузӣ ва такмили ихтисоси онҳоро созмон медиҳад;

3.3. Ба баъзе намудҳои фаъолият, ки номгӯи онҳо тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, Ҷамъият метавонад фақат дар асоси иҷозатнома (литсензия) фаъолият намояд.

Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияте, ки гирифтани иҷозатномаи махсусро талаб мекунад, аз лаҳзаи гирифтани ин гуна иҷозатнома ё мӯҳлати дар он нишондодашуда оғоз гардида, то санаи эътибор доштани он давом мекунад, агар тибқи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

4. Сармояи оинномавии Ҷамъият

4.1. Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши номиналии саҳмияҳои Ҷамъият, иборат мебошад.

4.2. Сармояи оинномавии Ҷамъият 75731000 (ҳафтоду панҷ миллиону ҳафтсаду сиву як ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи оннномавӣ ба 75731 (ҳафтоду панҷ ҳазору ҳафтсаду сиву як) саҳмияҳои оддии номӣ тақсим шудааст. Арзиши номиналии ҳар як саҳмия 1000 (як ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Сармояи оинномавии Ҷамъият дар шакли бино, иморат, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, қоғазҳои қиматнок, моликияти зеҳнӣ (ноу-хау), инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул меёбад. Арзиши саҳмҳо бо пули миллӣ нархгузорӣ карда мешавад.

Сармояи оинномавии Ҷамъият метавонад:

-бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад;

-бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани шумораи умумии онҳо ё бо тариқи харида гирифтани қисме аз саҳмияҳо тибқи ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда кам карда шавад.

4.3. Зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият фақат баъди пардохти пурраи он мумкин аст.

Зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброн намудани зараре, ки ба Ҷамъият расидааст ё барои пардохти қарзи мӯҳлаташ гузашта роҳ дода намешавад.

4.4. Кам кардани Сармояи оинномавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.

4.5. Ҷамъият вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам намояд.

5. Саҳмдорони Ҷамъият, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои онҳо

5.1. Ҷамъият вазифадор аст, ки бурдан ва нигоҳдории реестри саҳомони Ҷамъиятро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии Ҷамъият таъмин намояд.

5.2. Ҳар як саҳмияи оддии Ҷамъият ба саҳмдор ҳаҷми баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5.3. Ҷамъият барои маълумоти умумӣ ҳисоботро оид ба баланси муҳосибавӣ ва ҳисоботро дар бораи фоидаи ба даст омада ва зарар ҳарсола интишор менамояд.

6. Суди (дивиденди) саҳмияҳо

6.1. Ҷамъият вазифадор аст, соле на камтар аз як маротиба (метавонад ҳар нимсола, семоҳа) оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад.

6.2. Қарор дар мавриди пардохти суди саҳмияҳои солона (нимсола семоҳа) маблағи суди саҳмия аз рӯи ҳар як намуди саҳмияҳо аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.

Маблағи суди саҳмия аз андозаи тавсиянамудаи Шӯрои директорони Ҷамъият зиёд буда наметавонад.

Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ дорад қарорро дар бораи напардохтани суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои оддӣ қабул намояд.

6.3. Суди саҳмияҳо аз даромади софи Ҷамъият бо асъори миллӣ пардохта мешавад.

6.4. Рӯйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад.

6.5. Мӯҳлати пардохти суди саҳмияҳо тибқи Оинномаи Ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо муайян карда мешавад. Агар дар Оинномаи Ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон санаи пардохти суди саҳмияҳо муайян нашуда бошад, мӯҳлати пардохти он набояд аз рӯзи қабули қарор дар хусуси пардохти суди саҳмияҳо аз 90 рӯз бештар бошад.

7. Фондҳои Ҷамъият

7.1. Ҷамъият баробар ба 5 (панҷ) фоизи сармояи оимномавӣ фонди захиравӣ ташкил менамояд.

Ҳиссаҷудокунии ҳатмии ҳарсола ба фонди захиравии Ҷамъият то ба маблағи муқарраршудаи фонди захиравӣ ба 7 фоизи маблағи фоидаи софи Ҷамъият баробар мебошад.

8. Мақомоти идоракунӣ ва назоратии Ҷамъият

8.1. Мақомоти идоракунии Ҷамъият инҳоянд:

- мақоми олӣ - Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- мақоми идора - Шӯрои директорони Ҷамъият;

- мақоми иҷроия - Директори генералӣ;

- мақоми назоратӣ - Комиссияи тафтишотӣ (ревизор).

9. Маҷлиси умумии саҳмдорон

9.1. Дар Ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳамаи саҳмияҳои овоздор ба як саҳмдор тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҳамин саҳмдор шахсан қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.

9.2. Ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои зерин мансубанд:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъият ё тасдиқи он дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;

- барҳамдиҳии Ҷамъият, таъини Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- муайян намудани шумораи аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият, интихоби аъзои он ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

- муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;

- зиёд кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани сармояи оинномавии Ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи як қисми ин саҳмияҳоро бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо харидани Ҷамъият ва инчунин бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияҳои ба дастоварда ё азнавхаридаи Ҷамъият;

- таъсиси мақомоти идоракунии Ҷамъият (аз ҷумла мақомоти иҷроияи Ҷамъият), тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

- тасдиқи аудитори Ҷамъият ва подошпулии он. Интихоби Комиссияи тафтишотии Ҷамъият;

- тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар мавриди фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарар) Ҷамъият, инчунин тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони зарари Ҷамъият аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;

- тасдиқи дастури кори Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- қабули қарор оид ба пардохти мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият;

- қабули қарор оид ба пардохти мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ ба аъзои Комиссияи тафтишотӣ (Ревизор);

- паҳн кардани саҳмияҳои оддӣ ва вомбаргҳои ба сахмияи оддӣ табдилшаванда, ки беш аз 25 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан паҳнкардаро ташкил медиҳанд.

- қабули қарор дар бораи маъқул донистани аҳдҳо дар холатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- муайян намудани нархи саҳмияҳои ба таври иловагӣ паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- харидорӣ намудани саҳмияҳои паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Оинномаи мазкур аз ҷониби Ҷамъият;

- қабули қарор оид ба тақсим ва муттаҳидсозии саҳмияҳои Ҷамъият;

- қабули қарор дар бораи иштироки Ҷамъият дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супурдани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмӯъ 25 фоиз ё бештари ҳамаи дороии Ҷамъиятро ташкил медиҳад;

- тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият;

- пардохти суди (дивиденди) саҳмия;

- дигар масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон мансубанд.

9.3. Масъалаҳои марбут ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонанд ҷиҳати ҳал ба Шӯрои директорони Ҷамъият ирсол гарданд.

9.4. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ бо аксарияти овози саҳмдорони Ҷамъият, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад, агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" барои қабули қарор тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

9.5. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози сахмдорон, ки дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок доранд аз рӯи масъалаҳои зерин қабул карда мешавад:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Ҷамъияти ё тасдиқи Оиннома дар таҳрири нав;

- азнавташкилдиҳии ихтиёрии Ҷамъият;

- барҳам додани Ҷамъият, таъин намудани Комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

- зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё паҳнкунии саҳмияҳои иловагӣ;

- кам кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият тавассути кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо бо роҳи аз тарафи Ҷамъият харида гирифтани қисми саҳмияҳо бо мақсади кам кардани миқдори умумим онҳо, инчунин тавассути пардохт намудани саҳмияҳои аз тарафи Ҷамъият ба даст овардашуда ё харидашуда;

- паҳн кардани саҳмияҳои оддӣ ё вомбаргҳои ба саҳмияҳои оддӣ табдилшаванда, ки зиёда аз 25 фоизи саҳмияҳои қаблан пахншударо ташкил медиҳад;

- қабул намудани қарор оид ба маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- масъалаҳои дигари бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" пешбинишуда.

9.6. Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ надорад аз рӯи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият дохил нашудаанд, қарор қабул кунад, инчунин рӯзномаро дигар кунад.

9.7. Вазифаи раисикунандаро дар Маҷлиси умумии саҳмдорон Раиси Шӯрои директорон ё муовини ӯ амалӣ месозад. Дар мавриди иштирок накардани онҳо яке аз аъзои Шӯрои директорон бо интихоби аъзои Шӯрои директорон маҷлисро раисӣ мекунад.

10. Гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон

10.1. Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" гузаронида мешавад.

11. Шӯрои директорони Ҷамъият

11.1. Ба салоҳияти Шӯрои директорони Ҷамъият масъалаҳои роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъият мансубанд, ба истиснои ҳалли масалаҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон вогузор шудааст.

Ба салоҳияти Шӯрои директорони Ҷамъият чунин масъалаҳо дохил мешаванд:

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;

- тасдиқ намудани нақшаҳои солонаи молиявӣ ва тиҷоратии Ҷамъият, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи сметаҳои ҳарсола;

- даъвати Маҷлиси солона ва ғайринавбатии умумии саҳмдорони ҷамъият;

- тасдиқи рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият;

- интихоби котиби Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- муайян намудани санаи таҳияи рӯйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ва тасдиқи сметаи хароҷот барои гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият, ҳалли дигар масъалаҳо, ки ба омодагӣ ба Маҷлиси умумии саҳмдорон алоқаманд мебошанд;

- аз ҷониби Ҷамъият паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- ба даст овардани қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки фурӯхтаи Ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ";

- пешниҳоди тавсияҳо вобаста ба андозаи пардохти подош ва ҷубронпулӣ ба аъзои Комиссияи тафтишотии Ҷамъият ва муайян намудани андозаи хизматрасонии аудитор;

-таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои Ҷамъияти саҳомӣ;

-дигар масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур;

12. Интихоби Шӯрои директорони Ҷамъият

12.1. Ҳайати Шӯрои директорони Ҷамъият бо шумораи 7 (ҳафт) нафар муайян мегардад.

12.2. Аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти овозҳои саҳмдорони дар маҷлис иштирокдошта ба мӯҳлати то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихоб карда мешавад.

Дар сурати интихоб шудани Шӯрои директорони Ҷамъият дар Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъият, аъзои Шӯрои директорони Ҷамъият то Маҷлиси умумии солонаи минбаъдаи саҳмдорон интихобшуда ҳисобида мешаванд.

12.3 Ваколати узви Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳомӣ бо ташабусси ӯ ҳар вақт, бо роҳи ба таври хаттӣ огоҳ намудани Шӯрои директорони Ҷамъият қатъ карда мешавад.

13. Мақоми иҷроияи Ҷамъият. Директори генералӣ

13.1. Ба фаъолияти ҷории Ҷамъият мақоми инфиродии иҷроияи Ҷамъият - Директори генералӣ роҳбарӣ мекунад.

13.2. Директори генералии Ҷамъият ба Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шӯрои директорони Ҷамъият ҳисоботдиҳанда аст.

13.3. Ба салоҳияти Директори генералии Ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории Ҷамъият, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон, Шӯрои директорони Ҷамъият қарордошта марбутанд.

13.4. Директори генералии Ҷамъият бе ваколатнома аз номи Ҷамъият амал мекунад.

13.5. Салоҳият ва фаъолияти Директори генералии Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" сурат мегирад.

14. Комиссияи тафтишотии Ҷамъият

14.1. Ҷиҳати муайян намудани назорати фаъолияти молиявию хоҷагии Ҷамъият, Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият аз ҷумлаи саҳмдорон дар ҳайати на камтар аз се аъзо то мӯҳлати Маҷлиси умумии солонаи оянда Комиссияи тафтишотии Ҷамъиятро интихоб менамояд.

14.2. Тартиби фаъолияти Комиссияи тафтишотии Ҷамъият тибқи ҳуҷҷати дохилии Ҷамъият, ки Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

15. Аудитори Ҷамъият

15.1. Барои амалигардонии тафтиши мустақили ҳарсолаи фаъолияти молиявю ҳоҷагидории Ҷамъият, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити ҳисоботи солона, тавозуни солонаи муҳосибӣ, Ҷамъият аудиторро ҷалб мекунад.

15.2. Аудитор наметавонад бо Ҷамъият бо манфиятҳои молумулкӣ вобаста бошад.

15.3. Аудитори Ҷамъият ва андозаи мукофоти ӯро Маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ менамояд.

16. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявии Ҷамъият

16.1. Ҷамъият вазифадор аст баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ҳисоботи молиявиро пешниҳод кунад.

16.2. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибавӣ дар Ҷамъият, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин маълумот оид ба фаъолияти Ҷамъият, ки барои саҳмдорони Ҷамъият, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба зиммаи Директории генералии Ҷамъият гузошта шудааст.

16.3. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботи солонаи Ҷамъият ва ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ бояд аз ҷониби Комиссияи тафтишотӣ ё Аудитори Ҷамъият, тасдиқ карда шавад.

16.4. Ҳисоботи солонаи Ҷамъият, тавозуни муҳосибӣ, ҳисоби зарару фоидаҳо, тақсимоти фоидаю зараҳои Ҷамъият бояд пешакӣ аз ҷониби Шӯрои директорони Ҷамъият дар давоми 30 (сӣ) рӯз то гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон тасдиқ карда шавад.