Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 358, (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175)
Тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1.Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009-2010 стандартҳои фанҳои таълимиро таҳия ва тасдиқ намуда, аз натиҷааш то моҳи декабри соли 2010 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
3.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 №266 "Дар бораи Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2009 № 206
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз" 2 " апрели солит 2009 №206
тасдиқ шудааст
Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва зарурати қабули он
Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин менамояд. Он муайянкунандаи маҷмӯи мақсад ва вазифаҳо, мазмуни таҳсилоти заминавӣ (базавӣ), хаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии хонандагон, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагон, натиҷаҳои таълим буда, дараҷаи дониши хонандагон ва қоидаҳои назорати давлатии сифати таҳсилотро муайян мекунад.
Субъектҳои раванди таълиму тарбия, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон вазифадоранд, ки амалӣ гардидани талаботи Стандарти давлатии таҳсилотро таъмин намоянд.
Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Стандарт) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, ки он ҳадди ақали дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон, ҳамчунин сифати таълимро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот муқаррар менамояд.
Сифати таҳсилот яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, рақобатпазирии онро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.
Мафҳуми сифати таҳсилот ҷанбаҳои зеринро фаро мегирад:
-кӯшиш барои гирифтани дониш ва таҳсилот;
-қобилияти хонандагон оид ба фаъолияти мустақилона дар шароити ғайримуқаррарӣ,
-ташаккули тафаккури эҷодии хонандагон барои рушди нерӯҳои зеҳнии ҷомеа;
-комёбиҳои хонандагон дар таълим ва ҷараёни таҳсилоти иловагӣ;
-ташаккули худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан.
Стандарт дар заминаи эҳтиёҷоти хонанда талаботи умумиро ба зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълим, мӯҳлат, намудҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мазмуни ҳатмии таҳсилот муайян мекунад.
Стандарт таъмин менамояд:
-мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва натиҷабахшии он, хаҷми сарбории таълимии хонандагон;
-танзими муносибатҳои байниҳамдигарии иштирокчиёни раванди таълим ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда;
-ҳамгироии назария ва амалия дар ҷараёни таҳсилот;
-баланд бардоштани сифати таҳсилот ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷи хонандагон;
-фароҳам овардани шароит дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ибтидоӣ, асосӣ, умумӣ) барои ташаккули ҳаматарафаи шахсият;
-татбиқ намудани усулҳои таълиму тарбияи ҳамгиро дар ҷараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
-равиянокии таълим ва муносибати инфиродӣ ҳангоми муайян намудани меъёри муошират;
-ташаккули фаъолнокии хонандагон дар ҷомеа;
-мутобиқати сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дар назардошти хусусиятҳои қобилияти психофизиологии хонандагон;
-баробарҳуқуқии гендерӣ дар таҳсилот.
Принсипҳои таҳияи Стандарт
Ҳангоми таҳия намудани Стандарти давлатии таҳсилот принсипҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:
-мувофиқати талаботи Стандарт ба ташаккули қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва малакаи хонандагон;
-мувофиқати талаботи Стандарт ба рушди ҷомеа ва эҳтиёҷоти таълимии шахс;
-мувофиқати Стандарт бо муқаррарот ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-мақсаднокии Стандарт ва самарабахшии он;
-мувофиқати мазмуни маводи таълим ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва талаботи ташаккули шахс;
-мувофиқати Стандарт бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;
-ташаккули принципҳои башардӯстӣ дар ҷомеа;
-ягонагӣ ва умумияти Стандарт барои ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакл ва намуди моликият;
-ба назар гирифтани анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ;
-мушаххас будани самти истифодаи Стандарт.
Вазифаҳои асосӣ ва таъиноти Стандарт
Зарурати қабул ва аҳамияти истифодаи Стандарт дар вазифаҳои асосии он ифода меёбад.
Вазифаҳои меъёрию баҳодиҳӣ. Стандарт санади меъёрии ҳуқуқи буда, меъёри мазмуни таълими ҳар як фан, масруфияти хонандагон, аттестатсияи муаллимон, роҳбарони муассисаҳои таълимиро дар бар гирифта, ба самарабахшӣ ва натиҷаи таълим баҳои воқеӣ медиҳад.
Таъмин ва риояи ҳуқуқи хонандагон ҷиҳати дарёфти таҳсилоти самарабахш ва босифат. Стандарт ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандро ҷиҳати дарёфти таҳсилоти арзишманд ва босифат, ки барои рушди шахс ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти касбӣ, зарур аст, кафолат медиҳад.
Ҳимоя ва нигаҳдории фазои ягонаи таҳсилот. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва системаҳои гуногуни хадамоти хизматрасонии таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои ҳимоя ва нигаҳдории фазои ягонагии таҳсилотро бояд амалӣ намоянд. Нақши чунин механизмро Стандарт иҷро менамояд. Бартарии ҳуҷҷати мазкур дар он аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ташаббуси муаллимон, шахсони эҷодкорро дар такмили барнома ва таҳияи воситаҳои таълимию методӣ маҳдуд намесозад. Мураттибон ва муаллифон метавонанд бо дарназардошти риояи принсипҳои ягонагӣ ва умумияти меъёри таҳсилот барномаҳои алтернативӣ пешниҳод намоянд. Фазои ягонаи таҳсилот ба ҳалли масъалаҳои ичтимоӣ ва демографӣ мухолифат намекунад ва ҳангоми тағйири ҷойи сукунат ва муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ барои гирифтани ҳуҷҷати баробарарзишии (эквивалентии) барои таҳсилот таъсир намерасонад.
Вазифаҳои таҳсилот. Стандарт ба хонандагон дар интихоби муассисаи таълимӣ, интихоби муаллим, равияи тахассусӣ вобаста ба истеъдоду имконот, барои дарёфти таҳсилоти иловагӣ ва аз худ кардани касб имконият медиҳад.
Вазифаҳои ҳамкории мактаб бо ҷомеа ва падару модар. Аҳли ҷомеа, ки ба он падару модар низ дохил мешаванд, дар ҷалби хонандагон ба мактаб, баландбардории сатҳи дониш ва тарбияи насли наврас саҳми муҳим мебозанд.
Вазифаҳои идора ва назорат ба сифати таҳсилот. Дарёфти таҳсилоти самарабахш ва босифат ҳуқуқи конститутсионӣ ва талаботи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад. Вазифаи асосии роҳбарон, муаллимон, кормандони соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ таъмини сифати таҳсилот мебошад. Барои ба даст овардани ин мақсадҳо муносибатҳои нав дар роҳбарӣ, истифода аз технологияи навин ва усулҳои навоварӣ дар таълим, такмили ихтисоси муаллимон, корҳои инфиродӣ бо хонандагон ва ғайра истифода бурда мешаванд.
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф мувофиқи талаботи Стандарт назорати фаъолияти муассисаҳои таълимиро амалӣ менамояд.
Таъиноти Стандарт ҳамчун ҳуҷҷати давлатӣ иборат аст аз:
-муайян намудани мазмуни фанҳои таълимӣ ва дурнамои онҳо;
-риояи сифат ва самарабахшии таҳсилот дар асоси талаботи ҷомеаи муосир;
-навгони (модернизатсия)-и таҳсилот ҳамзамон бо рушди илм, техника ва ҷомеи муосир;
-баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон, мувофиқати таълим ба зинаҳои таҳсилот;
-таъмини самарабахшии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи назария ва амалияи таҳсилот;
-ноил гардидан ба мутобиқати раванди таълиму тарбия ба талаботи замони муосир;
-ташаккули тафаккури таҳлилии субъектҳои раванди таълиму тарбия;
-самарабахшии ташкили кори хадамоти иттилоотӣ;
-ташкили хадамоти мустақили ташхис (экспертӣ)-ӣ доир ба баробарарзишӣ (нострификация) ва эътирофи (эквивалентии) ҳуҷҷатҳои таҳсилот;
-таҳияи самтҳои асосии аттестатсия ва аккредитатсияи шаклҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ;
-таҳияи намунаҳои ҳуҷҷатҳои давлатии таҳсилот;
-ташкили шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва зеҳнии муаллимон;
-ба низом овардани назорати сифати таҳсилот;
-ҷорӣ намудани принсип ва усулҳои башардӯстона дар раванди таълим;
- ворид намудани усулҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- ташкили шӯроҳои ҷамъиятӣ бо мақсади ҷалби падару модарон ва аҳли ҷомеа ба раванди таълиму тарбия ва идораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
-таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар таҷҳизонидан ва дигар маводи зарурии таълимӣ.
Муқаррароти асосӣ ва умумии Стандарт
Соҳаи татбиқ
Стандарт меъёрҳои мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳаҷми сарбории таълимӣ, маводи таълимӣ барои мустақилона аз худ кардани хонандагон, ташаккули онҳо ва самарабахшии фаъолияти муаллимонро муайян менамояд.
Стандарт дар маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои истифода дар сохторҳои давлатии идораи соҳаи маориф, ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз намуд ва шакли моликият, ҳатмӣ мебошад:
- дар муассисаҳое, ки дарёфти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро таъмин мекунанд;
- дар муассисаҳое, ки дар онҳо такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳадафҳои татбиқ:
-таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилот;
-рушди робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи маориф;
- мувофиқати сохтор ва зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба ташаккули хусусиятҳои синну соли хонандагон;
- фарогирии умумӣ ба таҳсилот;
- баланд бардоштани сифати таҳсилот дар робита бо эҳтиёҷоти ҷомеа;
-такмили системаи арзёбии сифати таҳсилот, ҳавасмандгардонии фаъолиятнокии хонандагон, самарабахшии кори муаллимон ва хадамоти иттилоотӣ;
-таъмини ҳуқуқи конститутсионӣ ва риояи ӯҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;
-таъмини шароити мусоид барои ташаккули ҳаматарафаи хонандагон ва қонеъ намудани талаботи онҳо ба таҳсилоти иловагӣ;
-таъмини таҳсилоти самарабахши ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ дар ҳама намуд ва шаклҳои муассисаҳои таълимӣ (дар доираи ҳадди ақали ҳатмӣ);
- истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои давлатии молиявӣ ва техникие, ки барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷудо шудаанд.
Қоидаҳои умумӣ
Стандарт ҷиҳати қонеъ кардани талаботи шахс, ҷомеа ва давлат барои дарёфти таҳсилоти босифат равона карда шудааст.
Стандарт ҳамчун ҳуҷҷати асосии давлатӣ муқаррар мекунад:
- системаи арзёбии дониш, қобилият ва малакаи хонандагон;
- салоҳияти муаллимон, сифати назорат ва роҳбарӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;
- талаботи ягона дар истифодаи воситаҳои моддию техникӣ ва лабораторӣ дар раванди таълим.
Маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки мутобиқи Стандарт фаъолият мекунанд, аз Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад (дар доираи ҳаҷм ва мазмуни муқаррарнамудаи Стандарт).
Ҳама намудани муяссисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият вазифадоранд иҷрои талаботи Стандартро таъмин намоянд.
Бо мақсади иҷрои талаботи Стандарт муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз технологияи нав ва усулҳои навгонии (инноватсионии) таълиму тарбия истифода мебаранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, вобаста ба талабот ва имконият, шаклҳои таълими ғоибона ва шабона ба роҳ монда мешавад.
Хонандагон бо мақсади иҷрои талаботи Стандарт метавонанд шакл ва усулҳои гуногуни таълим, мактаб ва омӯзгори сазоворро интихоб намоянд.
Мақсад ва вазифаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
Мақсад ва вазифаҳои таҳсилот дар ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, ки дар онҳо суннат, арзишҳои миллию таърихӣ ва умумибашарӣ ба назар гирифта шудаанд, муайян гардидаанд.
Мақсад ва вазифаҳои таҳсилот дар ташаккули шахсият, дарки волои ватандӯстӣ, принсипи гуманистӣ, мафҳумҳои ваҳдат ва ифтихори миллӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ ифода меёбанд.
Омилҳои афзалиятноки таҳсилот иборатанд аз:
-тарбияи дӯстдори Ватан - Тоҷикистон;
-ташаккули фарҳанги воло ва таҳаммулпазирӣ;
-ташаккули шахсияти фаъол, масъул, созандаю эҷодкор, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муносибати эҳтиромона дорад;
-тарбияи шаҳрванди аз ҷиҳати зеҳнӣ ташаккулёфта, дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, ки дар тулӣ зиндагӣ барои аз худ кардани донишҳои нав кӯшиш менамояд;
-ташаккули шахсияти аз нигоҳи иҷтимоӣ хушахлоқ, озодандеш, донишманд, ки барои амали худ дар оила, коллектив ва ҷомеа масъул аст;
-тарбияи шахсе, ки ба ҳаёт ва муҳити атроф муносибати эҳтиёткорона дорад.
Талаботи умумӣ ба мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ.
Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ҷузъи таркибии Стандарт
Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ҳамчун ҷузъи таркибии Стандарт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳаҷми сарбории ниҳоии таълимро муайян менамояд.
Принсипҳои асосии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) аз яклухтӣ, алоқамандӣ, пайдарҳамӣ ва мутобиқат иборатанд.
Яклухтии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ба хонандагон барои аз нигоҳи илмӣ асоснок дарк намудани предметҳои муҳити атроф имконият медиҳад.
Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) донишҳои бадастомадаро бо омӯзиши фанҳо алоқаманд менамояд.
Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) пайдарҳамии доимиро дар омӯзиши фанҳо барои тақвияти пешрафти хонандагон таъмин менамояд.
Мутобиқати Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ҳамоҳангии миқдори соатҳои ҷудошударо ба равияҳои таълимӣ дар назар дорад.
Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) барои таҳияи нақшаҳои намунавии таълимӣ, нақшаҳои корӣ, ҳамчунин барои ҳисоби хароҷоти молиявии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун асос истифода мешавад.
Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) асоси нақшаҳои таълимии мактабҳои ақаллиятҳои миллиро ташкил медиҳад.
Дар асоси Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароит, вазифа ва хусусиятҳояшон метавонанд нақшаи таълимии худро тартиб диҳанд.
Миқдори соатҳои таълимӣ, ки барои ин ё он фан ҷудо шудаанд, набояд аз миқдори соатҳои дар Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) нишондодашуда кам бошанд.
Дар Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) соатҳо чунин тақсим шудаанд:
а) Бахши давлатӣ: соатҳои барои фанҳои таълимӣ ҷудошуда ҳатмӣ мебошанд. Кам ва зиёд кардани соатҳо бе мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
б) Бахши мактабӣ: соатҳои барои омӯзиши таълими фанҳои алоҳида ҷудошуда. Шӯрои педагогӣ ин соатҳоро бо дарназардошти шавқ ва қобилияти хонандагон, имкониятҳои кадрӣ ва моддию техникӣ тақсим мекунад. Тақсимоти соатҳои дар нақшаҳои корӣ нишондодашуда ва иҷрои онҳо аз ҷониби шӯъбаҳои маориф, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф назорат карда мешаванд.
в) Бахши соатҳои фардии хонанда - соатҳои ҷудошуда барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ ва мустаҳкамкунии мавзӯъҳои гузашта.
Соатҳои бахши давлатӣ ва мактабӣ, ки дар нақшаи таълимии мактаб пешниҳод шудаанд, мутобиқи миқдори соатҳои Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ва Нақшаи таълимии намунавӣ аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд.
Таълими фанҳои интихобӣ аз ҳисоби муассисон ва падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) маблағгузорӣ мешаванд.
Дар асоси Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ: муассисахои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия ва литсей омӯзиши фанҳои забони модарӣ ва адабиёт, забони тоҷикӣ (давлатӣ), забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, табиатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, таърих (таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ), география, ҷомеашиносӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад.
Мундариҷаи фанҳои таълимӣ дар зинаҳои гуногун
Омӯзиши фанҳои таълимии заминавӣ барои ҳамаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳатмӣ мебошад.
Мундариҷаи фанҳои таълимии бахши давлатии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакл ва намуд ҳадди ақали ҳатмии таълим ба ҳисоб меравад.
Хонандагон метавонанд барои омӯзиши амиқ, фанҳои алоҳидаро илова ба ҳадди ақали ҳатмӣ интихоб намоянд. Зарурати омӯзиши фанҳои алоҳида иборат аз завқи эҷодӣ, ҷустуҷӯи хонандагон буда, он бо роҳбарии омӯзгорони эҷодкор амалӣ карда мешавад.
Соҳаи таълим ва таркиби фанҳои таълимӣ
Барои беҳтар намудани таносуби мундариҷаи таҳсилоти умумӣ бо дарназардошти сохтори объектҳои омӯзиш дар системаи "Инсонтабиат-ҷомеа" таксимбандӣ ба ин равияҳои асосии таълим амалӣ карда мешавад: "Филология", "Ҷомеашиносӣ", "Математика", "Табиатшиносӣ", "Санъат", "Тарбияи ҷисмонӣ", "Технология".
Номгӯи равияҳои заминавии таълим барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйирнопазир (инвариативӣ) мебошанд. Бо дарназардошти он номгӯи зерини фанҳои таълимӣ вобаста ба равияҳои таҳсилот муқаррар карда мешавад:
-"Филология": "Забони тоҷикӣ", "Забони русӣ", "Адабиёти тоҷик", "Алифбои ниёгон", "Забони хориҷӣ".
-"Ҷомеашиносӣ"; "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ", "Ҳуқуқи инсон", "Таърихи динҳо".
-"Математика": "Математика", "Алгебра", "Геометрия"; "Нақшакашӣ".
-"Табиатшиносӣ": "Табиатшиносӣ", "Ботаника", "Физика", "Экология", "Химия", "Биология". "Астрономия", "География".
-"Санъат": "Санъати тасвирӣ", "Суруд ва мусиқӣ".
-"Тарбияи ҷисмонӣ": "Тарбияи ҷисмонӣ" ва "Омодагии дифои ҳарбӣ".
-"Технология": "Технология (Таълими меҳнат)", "Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ".
Дараҷа ва зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
Таҳсилоти миёнан умумӣ аз се зина иборат аст:
зинаи 1 таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4);
зинаи 2 таҳсилоти умумии асосии (синфҳои 5-9);
зинаи 3 таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11). Мӯҳлати таҳсил 11 сол.
Таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтор ва мазмуни он ягонагию алоқамандии се зинаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин мекунад. Зинаи 1 ва 2 сатҳи заминавии (такягоҳӣ) таҳсилоти миёнаи умумии асосиро ташкил медиҳад. Мӯҳлати таҳсил 9 сол. Ин ду зинаи таълимӣ ҳатми мебошанд.
Зинаи якуми таҳсилоти умумӣ таҳсилоти ибтидоии умумиро таъмин намуда, барои идомаи таҳсил дар зинаи дуюм замина мегузорад. Ҷалби кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ба синфи як ҳатмӣ мебошад.
Таҳсилоти умумии асосӣ барои таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҳуқ медиҳад.
Таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гузаронидани аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ анҷом меёбад. Таҳсилоти миёнаи умумӣ барои идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳуқуқ медиҳад.
Давомнокии соли таҳсил, ба истиснои рӯзҳои ид, дар синфи 1 33 ҳафта ва дар синфҳои 2-4 на камтар аз 34 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дар зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ давомнокии соли таҳсил, ба истиснои рӯзҳои ид, аз 34 то 37 ҳафтаро ташкил медиҳад ().
Талаботи умумӣ ба зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1 - 4)
Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълим ва тарбия
Мақсади асосии таҳсилоти ибтидоӣ аз инҳо иборат аст:
-муайян намудани лаёқату рағбат ва рушди кӯшишҳои фардии хонандагон;
-тарбияи сифатҳои маънавию ахлоқӣ, муносибати нек ба муҳити атроф;
-таълими савод ва ҳисоб, муошират, ташаккули тарзи ҳаёти солим.
Вазифаҳои таҳсилоти ибтидоӣ
Мутобиқгардонии хонандагон ба муҳити атроф, ҳаёти мактабӣ, ташаккули мақоми хонанда, дарки дурусти қонунҳои табиат ва ҷамъият, фароҳам овардани шароит барои ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни фаъолият (бо таълим, меҳнат ва ғ).
Дар зинаи якуми таҳсили муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ омӯхтани фанҳои таълимии зерин ҳатмӣ мебошад: "Забони модарӣ", "Алифбои ниёгон", "Забони русӣ", "Забони хориҷӣ", "Математика" "Табиатшиносӣ", "Санъат ва меҳнат" "Суруд ва мусиқӣ" ва "Тарбияи ҷисмонӣ". Таълими забони модарӣ (хондан, навиштан, машқи хат, инкишофи нутқ), санъат ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ ба таври ҳамгиро сурат мегирад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ, забони тоҷикӣ хамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад.
Таълими фанни "Забони русӣ" дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (таълимашон бо забони тоҷикӣ) аз синфи дуюм оғоз меёбад.
Аз синфи сеюм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, франсавӣ, немисӣ ва арабӣ (аз рӯи интихоби хонанда) ҳамчун фанни таълимии ҳатмӣ омӯхта мешавад. Ҳамзамон аз синфи як бо қарори муассис аз ҳисоби соатҳои бахши мактабӣ метавонад омӯзиши яке аз забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад.
Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилот дар сатҳи заминавӣ (такягоҳӣ) (барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ) омӯхтани фанҳои таълимӣ, ба дараҷаи омодагии хонандагон пешниҳод карда мешаванд, дар стандартҳои фанҳои таълимӣ ва барномахои таълимӣ дарҷ мегарданд
Машғулиятҳои факултативӣ барои равияи мусиқӣ, бадеӣ, хореографӣ ва театрӣ мувофиқи нишондоди тақсимоти соатҳои таълимии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ташкил карда мешаванд.
Дар зинаи якуми таҳсилоти асосӣ, машғулиятҳо дар асоси хоҳиши падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) аз рӯи майлу рағбати хонанда ташкил карда мешаванд. Бо ин мақсад дар тавзеҳоти Нақшаи таълимӣ соатҳои бахши мактабӣ пешбинӣ гардида, ҳамчунин соатҳои бахши мактабӣ барои омӯзиши бехатарии фаъолият дар синфҳои ду то чор истифода бурда мешаванд.
Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилоти иловагӣ пешниҳод мегардад, дар барномаҳои таълимии дахлдор инъикос меёбанд.
Дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ мазмун ва ташкили ҷараёни таълиму тарбия мувофиқи меъёр ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар реҷаи 5-рӯзаи ҳафтаи таълимӣ муқаррар карда мешавад.
Таълими хонандагони синфи якум дар сурати будани шароит бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассис метавонад дар муассисаҳои томактабӣ сурат гирад.
Хонандагоне, ки таълимро дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ анҷом додаанд, новобаста аз натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, ба зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд.
Талаботи умумӣ ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагон
Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 5 рӯзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) чунин аст:
Ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ (дар як ҳафта):
Синфи 1 то 20 соат
Синфи 2 то 23 соат
Синфи 3 то 23 соат
Синфи 4 то 25 соат
Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоӣ (дар як ҳафта)
Синфи 1 - 21 соат
Синфи 2 , 24 соат
Синфи 3 - 24 соат
Синфи 4 - 26 соат
Мувофиқи талаботи тасдиқгардида, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои иҷрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 2 то 3 соат, 3 то 3,5 соат ва дар синфҳои 4 то 3,5 соат пешбинӣ шудааст.
Талаботи умумӣ ба дараҷаи дониши хонандагоне, ки зинаи аввали таҳсилоти мнёнаи умумиро хатм менамоянд:
-дар бораи моҳияти мафҳумҳои инсон, шаҳрванд, Ватан, ватандӯстӣ, тасаввурот ҳосил намоянд;
-арзишҳои фарҳангию таърихии халқи тоҷик ва суннату анъанаҳои халқҳои дигарро эҳтиром намоянд;
-аҳамияти иҷтимоии "субъекти ҷамъиятӣ" (талаба, ҳамсинф, аъзои коллектив) ва ғайраро дарк намоянд;
-меъёрҳои ахлоқии рафторро аз худ намоянд, ба сифатҳои худ баҳо дода тавонанд, боадаб ва хушзеҳн бошанд;
- моҳият ва мафҳуми ибораҳои "пиндори нек", "гуфтори нек", "рафтори нек" -ро дарк намоянд;
-матнҳои бадеӣ ва илмию оммавиро бошуурона хонанд, маънои маводи хондашударо дуруст сарфаҳм раванд ва нақл карда тавонанд, вобаста ба матн ба саволҳо ҷавоб гардонанд, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва мукаммал дода тавонанд, қоидаҳои навиштанро риоя намоянд, ҳисобро донанд, хатти зебо дошта бошанд;
-доир ба муҳити илмии олам (муҳити атроф ва табиат) тасаввуроти аввалия дошта бошанд;
-қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тарзи хаёти солим ва бехатарии рафторро донанд ва иҷро кунанд.
Талаботи умумӣ ба зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-9 (10)

Мақсади асосии таҳсилоти умумии асосӣ дар хонандагон ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ, муайян намудани мавқеи худ, меъёрҳои ахлоқию маънавӣ ва фарҳангӣ, мавқеи фаъоли ҳаётӣ, тарзи ҳаёти солим, таҷрибаи бехатарии рафтор, маҳорати худмуайкунии фаъолият, меҳнати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, худмуайянкунии касбӣ ва омада будан ба идомаи таҳсил ба шумор меравад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур аз омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ ва технологӣ иборат мебошад.
Вазифаҳои асосии таҳсилоти умумии асосӣ:
- фароҳам овардани шароити мусоид барои аз худ кардани дониш аз рӯи равияи фанҳои гуманитарӣ, табиӣ ва ҷамъиятӣ;
- дар хонандагон ташаккул додани мавқеи шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, маданияти ахлоқӣ ва муносибатҳои хуби оилавӣ, ақида ва боварӣ;
- муайян намудаии самти ҷараёни таълим ва тарбия барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва таҷрибаи бехатарии рафтори хонандагон;
-таъмини муттасилӣ дар мазмун, усулҳо ва шакли таълим дар зинаи 1 ва 11 таҳсилоти умумии асосӣ.
Дар зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши фанҳои таълимии "Забони тоҷикӣ", "Адабиёти тоҷик", "Забони русӣ", "Забони хориҷӣ", "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ", "Математика", "Технологияи информатсионӣ", "Физика", "Химия", "Биология", "География", "Технология", "Тарбияи ҷисмонӣ" ва ғайра ҳатмӣ мебошанд.
Барои рушди маърифати худшиносии хонандагон, қонеъ гардонидани эҳтиҷоти таълимии онҳо дар синфҳои 5-9 машғулиятҳои факултативӣ гузаронида мешаванд. Аз ҳисоби соатҳои бахши мактабӣ ва қисман дар доираи хизматрасонии таълимии иловагии пулакӣ, омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида, ки мазмуни онро стандартҳои фанҳои таълимӣ муайян мекунанд, машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
Зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гузаронидани аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагон анҷом меёбад.

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 6 рӯзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) чунин аст:

Синфи 5 то 25 соат
Синфи 6 то 26 соат
Синфи 7 то 29 соат
Синфи 8 то 30 соат
Синфи 9 то 31соат

Синфи 5-26 соат
Синфи 6-27 соат
Синфи 8-31 соат
Синфи 9-32 соат
Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои иҷрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 5-6 то 3,5 соат, синфи 7 то 4 соат ва синфҳои 8-9 то 4,5 соат пешбинӣ шудааст.
Талаботи умумӣ ба сатҳи омодагии хонандагон, ки зинаи дуюми таҳсилоти миёиаи умумиро хатм менамоянд
Хатмкунандагоне, ки зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд, бояд:
- маданият ва одоби муомила бо ҳамсолонро аз худ намоянд;
- ҷаҳонбинии худро васеъ ва мақоми худро дар коллективи ҳамсолон муайян намоянд;
- нисбат ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ мароқ зоҳир намуда, дар ҳаёт мавқеи фаъол дошта, дӯстдори Ватан бошанд;
- асосҳои дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодиро аз худ намоянд, барои риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ омода бошанд;
- ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ муносибати этиёткорона дошта, муносибати худро ба ҷомеа, давлат ва табиат мутобиқ намоянд;
- забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам аз худ намоянд;
- малакаву маҳоратеро, ки барои интихоби касб ва оғози фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамоянд, аз худ кунанд;
- барои дарки ҷаҳони моддӣ ва қонунҳои асосии инкишофи он дар асоси донишҳои азхудкарда, таҷрибаи ҳодисаҳои бавуқӯъомада ва ҳақиқати муҳити атроф ҷаҳонбинии илмӣ дошта, қобилияти қабул ва шарҳ доданро дошта бошанд;
- асосҳои бехатарии фаъолият ва тарзи ҳаёти солимро донанд ва дорои таҷриба бошанд.
Талаботи умумӣ ба зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11) Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълим ва тарбия
Дар сохтори таҳсилоти миёнаи умумӣ зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ марҳилаи хотимавии таълим мебошад. Таълим дар синфҳои 10-11 дар давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси ҷамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва басистемадарории таҷрибаи азхудкардаи малакаву дониш ва дарки асосҳои илми муосир, ташаккули маънавӣ ва ҷаҳонбинии шахсият сурат мегирад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ дониста мешавад.
Дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими равиявӣ ва тахассусӣ (профилӣ) пешбинӣ мегардад, ки ба хонандагон мувофиқи майл ва қобилият имконияти давом додани таҳсилро бо дарназардошти интихоби касб муайян менамояд.
Зарурияти ҷорӣ кардани таълими равияви тахассусӣ (профилӣ) иборат аст аз:
- эҳтиёҷоти давлат ва ҷомеа ба шахси фаъол ва ҳаматарафа инкишоёфта;
- талаботи афзоянда ба муассисаҳои таҳсилоти равиявӣ ва касбӣ;
- инкишофи кобилияти фардӣ, бо дарназардошти мақсадҳои касбӣ ва талаботи хонандагон ба таълим.
Мақсади асосии зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ:
- дар хонандагон ташаккули худшиносӣ, арзишҳои фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ, инкишофи ҷаҳонбинии хонандагон;
-муайян намудани мавқеи шаҳрвандии хонанда ва аз худ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ;
- омодагӣ ба идомаи таҳсил, иштирок дар раванди меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва ҳаёти оилавӣ;
- ташаккули лаёқати эҷодии хонандагон бо дарназардошти меъёрҳои касбӣ, қонеъгардонии талаботи хонандагон ба таълим.
Дар зинаи сеюми таҳсилот таълими фанҳои "Забони тоҷикӣ", "Адабиёти тоҷик", "Забони русӣ", "Забони хориҷӣ" "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", "Таърихи динҳо", "Ҳуқуқи инсон", "Алгебра ва ибтидои анализ", "Геометрия", "Физика", "Астрономия", "Химия", "Биология", "Тарбияи ҷисмонӣ", "Омодагии дифои ҳарбӣ", "Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ" пешниҳод мешавад. Ҳангоми ташкили таълими равиявӣ ва тахассусӣ (профилӣ) гузаронидани дарсҳои ҷуфт аз баъзе фанҳои таълимӣ иҷозат дода мешавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ соатҳои бахши мактабӣ барои омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида метавонанд истифода шаванд.
Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) нақшаи таълимии худро тартиб медиҳанд, ки дар он равияҳо ва тахассусҳо ба назар гирифта шудаанд.
Дар нақшаи таълимӣ на камтар аз ду фанни таълимии тахассусиро пешбинӣ кардан мумкин аст. Таълими тахассусӣ бо ворид намудани омӯзиши амиқи фанҳо аз рӯи равияи интихобгардида гузаронида мешавад.
Дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ диққати асосӣ ба интихоби равия ва касб равона карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки хонандагон қобилият ва мавқеи худро вобаста ба таҳсили минбаъда дуруст муайян намоянд.
Таълими заминавии тахассусӣ (профилӣ) аз рӯи равияҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, табию риёзӣ ва техникию технологӣ, агротехникӣ, мусиқӣ, варзишӣ гузаронида мешавад.
Ба хонандагон имконият дода мешавад, ки таълими равиявии интихобнамударо тағйир диҳанд ё аз синфи таълими равияи тахассусӣ (профилӣ) ба синфи муқаррарӣ гузаранд, агар қобилияти хонанда ё сатҳи дониши ӯ ба талаботи Оиннома ва Низомномаи амалкунанда мувофиқ набошад.

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 6 рӯзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) чунин аст:

Синфи 10 то 34 соат
Синфи 11 то 34 соат
Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоӣ (дар як ҳафта):
Синфи 10-35 соат
Синфи 11-35 соат
Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои иҷрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 10-11 то 4,55 соат пешбинӣ шудааст.
Талаботи умумӣ ба омодагии хонандагон дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд:
-арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, қоидаҳои ахлоқ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии халқи худ, фарҳанг, суннату анъанаҳои халқҳои дигарро донанд ва эҳтиром намоянд:
-риоя намудани қонун ва меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои умумияти эҳтиром ба ҷомеаро донанд;
-ҳодисаву воқеаҳои ҳақиқати атрофро дарк намуда, ба онҳо баҳои илмии асоснок дода тавонанд;
- мавқеи шаҳрвандӣ, ақида ва нуқтаи назари худ, манфиати оила, ҷомеа ва давлатро муайян намоянд, ба зуҳуротии ҳодисаҳои номатлуб дар ҳаёти ҷомеа муқобилият нишон диҳанд;
-интихоби бошууронаи касбро барои идомаи таҳсил дар давоми ҳаёт дарк намоянд;
-ба такмили донишҳои забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам кӯшиш намоянд;
-технологияи муосири иттилоотӣ ва коммуникатсиониро аз худ намоянд;
-аз усулҳои таҳлил, синтез, ҷамъбаст, мушаххасгардонӣ, пайдарҳамӣ ва муқоиса истифода намоянд;
-қобилияти худмуайянкунӣ, зуҳури эҳсос ва ҳиссиёт, ҳамдардӣ ва ғамхорӣ дошта бошанд;
-малака ва донишҳои азхудкардаро дар ҳаёти ҳамарӯза ва ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ истифода намоянд.
Талаботи умумӣ ба намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Ба намуди асосии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мансубанд: мактаби ибтидоӣ, мактаби асосӣ, мактаби миёнаи умумӣ (бастӣ), мактаби шабона, гимназия, литсей, мактаб-интернат, мактаб-интернати шифоӣ, мактаби махсуси шакли пӯшида, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, литсей-интернати Президентӣ, гимназия-интернати Президентӣ, мактаб-интернати хонандагони болаёқат.
Ба ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ талаботи зерин пешниҳод карда мешаванд:
-муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шахси ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидории мустақилонаро ба роҳ мемонанд;
- фаъолияти муассисаи таълимӣ дар асоси Оиннома, ки аз ҷониби муассис тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад;
- дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши фанҳои таълимӣ аз рӯи мазмун ва меъёр, ки Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) муқаррар кардааст, ҳатмӣ мебошад.
Омӯзиши фанҳои таълимӣ мутобиқи талаботи Стандарти мазкур, тибки нақшаи таълимии индувидуалӣ, ки дар асоси Нақшаи таълимии такягоҳӣ таҳия гардидааст, амалӣ карда мешавад.
-дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини таълими равиявӣ ва тахассусӣ вобаста аз қобилият ва майли касбии хонандагон шароит муҳайё мекунанд;
-миқдори ҳамарӯзаи дарсҳо дар ҷадвали дарсҳо мутобиқи талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ муайян карда мешавад;
-дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои гузаронидани корҳои ташкилию тарбиявӣ ва маҳфилӣ, барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятию иттиҳодия, кормандон ва хонандагон шароит муҳайё карда мешавад.
Талаботи умумӣ ба аттестатсияи хотимавӣ дар доираи таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ
Дар доираи таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ аттестатсияи даврӣ, мобайнӣ ва хотимавии хонандагон амалӣ карда мешавад. Аттестатсияи хонандагон бо мақсади муайян намудани дараҷаи донишҳои азхудкардаи хонандагон мутобиқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.
Натиҷаи аттестатсия (ба истиснои хонандагони синфи 1) тариқи хол (бал) баҳогузорӣ карда мешавад. Аттестатсияи хонандагони синфи 1 дар асоси мазмуни донишҳои андӯхта, ки дараҷаи муваффақгардии хонандагонро бе гузоштани баҳо нишон медиҳад, амалӣ карда мешавад.
Аттестатсияи хонандагон метавонад дар шакли даҳонӣ, тестӣ, хаттӣ ва амалӣ гузаронида шавад ().
Аттестатсияи ҷамъбастӣ-муайян намудани мувофиқати дараҷаи донишҳои азхуднамудаи хонандагон мутобиқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълимӣ, бо гузоштани баҳои солона ва дарназардошти натиҷаҳои аттестатсияи мобайнӣ мебошад.
Номгӯи фанҳои таълимӣ, ки оид ба онҳо аттестатсияи хатм гузаронида мешаванд ва шакли гузаронидани онҳо ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози аттестатсия тариқи раёсатҳои (шӯъбаҳо) маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастраси хонандагон гардонида мешавад.
Дар ҳолати озод намудани хонандагон аз супоридани аттестатсияи хатм дар давраи таҳсил дар зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, аттестатсияи ҷамъбастӣ дар асоси пешниҳоди Комиссияи назоратии тиббӣ (ВКК) ва мувофиқи баҳоҳои солона гузаронида мешавад.
Номгӯи бемориҳое, ки барои озод намудани хонандагон аз аттестатсияи хатм дар давраи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ асос мебошанд, аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассисаҳои тиббӣ муайян карда мешаванд. Дигар ҳолатҳои аз супоридани аттестатсияи хатм озод намудани хонандагонро дар давраи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ низ Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
Тартиби гузаронидани аттестатсияи хонандагонро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои таҳсилот
Бомуваффақият гузаронидани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад , дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ шаҳодатнома гиранд.
Бомуваффақият гузаронидани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад, дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ аттестат гиранд.
Барои муваффақиятҳо дар таҳсил ва ахлоқи намунавӣ дар давраи таҳсил хатмкунандагон бо медали тилло ва нуқра сарфароз гардонида, ба онҳо ҳуҷҷати намунаи махсус дода мешавад. Барои муваффақиятҳои махсус дар омӯзиши фанҳои алоҳида хонандагон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Низомнома дар бораи мукофотонидан бо медалҳои тилло ва нуқра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Ба хонандагоне, ки ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз аттестатсияи ҷамъбастӣ нагузаштаанд, маълумотнома дода мешавад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб намеёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давомнокии соли таҳсил дар синфи 1 33 ҳафта ва дар синфҳои 2-4 на камтар аз 34 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дар зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ давомнокии соли таҳсил аз 34 то 37 ҳафтаро ташкил медиҳад.

Аттестатсияи хонандагон метавонад дар шакли даҳонӣ, хаттӣ ва амалӣ гузаронида шавад.
Аттестатсияи ҷамъбастӣ-муайян намудани мувофиқати дараҷаи донишҳои азхуднамудаи хонандагон мутобиқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълимӣ, бо гузоштани баҳои солона ва дарназардошти натиҷаҳои аттестатсияи мобайнӣ мебошад.
Номгӯи фанҳои таълимӣ, ки оид ба онҳо аттестатсияи хатм гузаронида мешаванд ва шакли гузаронидани онҳо ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози аттестатсия тариқи раёсатҳои (шӯъбаҳо) маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастраси хонандагон гардонида мешавад.
Дар ҳолати озод намудани хонандагон аз супоридани аттестатсияи хатм дар давраи таҳсил дар зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, аттестатсияи ҷамъбастӣ дар асоси пешниҳоди Комиссияи назоратии тиббӣ (ВКК) ва мувофиқи баҳоҳои солона гузаронида мешавад.
Номгӯи бемориҳое, ки барои озод намудани хонандагон аз аттестатсияи хатм дар давраи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ асос мебошанд, аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассисаҳои тиббӣ муайян карда мешаванд. Дигар ҳолатҳои аз супоридани имтиҳонҳои хатм озод намудани хонандагонро дар давраи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ низ Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.