ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994, № 23-24, мод.462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, № 4, мод. 62; с.1998, № 10, мод.119; с.2002, № 4, қ. 1, мод.161; с.2003, № 4, мод.142; с.2008, №6, мод.452) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "Фасли" ба калимаи "Боби" иваз карда шуда, рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар номи модда ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд;
- сархати сеюми банди "а)" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, коркунони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва аҳли оилаи онҳо";
- дар сархати чорум калимаҳои "ин ашхос" ба калимаи "онҳо" иваз карда шаванд.
3. Дар матни моддаи 4 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаи "нашъадори" ба калимаи "нашъаовари" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум ва тамоми матни Қонун калимаҳои "қисми аввали моддаи 1-уми" ба калимаҳои "қисми якуми моддаи 1" иваз карда шаванд;
- банди "а)" қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"а) барои собиқаи хизмат, агар онҳо собиқа дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) собиқа дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судя ва дар мақомоти прокуратура, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дошта бошанд;".
5. Дар моддаи 11:
- дар номи модда калимаи "Вазоратҳое" ба калимаи "Мақомоте" иваз карда шавад;
- дар банди "в)" қисми якум калимаҳои "Вазорати амнияти" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" иваз карда шаванд;
- дар банди "г)" қисми якум калимаҳои "Кумитаи гумруки" ба калимаҳои "Хадамоти гумруки" иваз карда шаванд;
- банди "е)" қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"е) аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агентӣ ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо;";
- ба қисми якум бандҳои "з)" ва "и)" дар таҳрири зайл илова карда шаванд:
"з) аз тарафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо;
и) аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо.";
- дар қисми дуюм калимаҳои "воҳидҳои полиси андоз" ба калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 13:
- дар банди "а)" калимаҳои "воҳидҳои полиси андоз" ба калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар банди "б)" баъд аз калимаҳои "Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.".
7. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "мақомоти дохилӣ" ба калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" ва калимаҳои "воҳидҳои полиси андоз" ба калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Аз номи моддаи 19 калимаи "бинобар" хориҷ карда шавад.
9. Ба банди "б)" қисми сеюми моддаи 29 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун рақамҳои "60" ба "63" ва "55" ба "58" иваз карда шаванд.
10. Ба матни моддаи 43 баъд аз калимаҳои "Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
11. Матни моддаи 50 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинигардида ва аҳли оилаи онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби таъин кардан ва пардохтани нафақаҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардаанд, амалӣ мегардонанд.".
12. Дар қисми якуми моддаи 51 калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "Прокуратураи" калимаи "генералии" илова карда шавад.
13. Дар қисми якуми моддаи 56 калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аз Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "Прокуратураи" калимаи "генералии" илова карда шавад.
14. Дар матни моддаи 65 калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "Прокуратураи" калимаи "генералии" илова карда шавад.
15. Моддаи 66 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 66. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 499
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" кабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
28 январи соли 2009, № 1235
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
12 марти соли 2009 №598
ЗАКОН
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 декабря 1994 года "О пенсионном обеспечении военнослужащих" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994 г., № 23-24, ст.462; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №4, ст.62; 1998 г., № 10, ст.119; 2002 г., № 4, ч. 1, ст.161; 2003 г., № 4, ст.142; 2008 г., №6, ст.452) следующие изменения и дополнения:
1. Во всем тексте Закона слово "Раздел" заменить словом "Глава", а нумерацию глав обозначить арабскими цифрами.
2. В статье 1:
- абзац третий пункта "а)" изложить в следующей редакции: "лиц рядового и начальствующего состава, проходивших службу в органах внутренних дел, учреждениях и органах системы исполнения уголовного наказания, лиц, имеющих специальное звание таможенных органов, подразделений Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, правоохранительных подразделений Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, судей, работников прокурорско-следственных органов прокуратуры Республики Таджикистан, бывшего Союза Советских Социалистических Республик и их семей";
- в абзаце четвертом пункта "а)" слова "семьи этих лиц" заменить словами "их семьи".
3. Статью 4 после слов "Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан" дополнить словами "правоохранительных подразделений Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан".
4. Пункт "а)" части первой статьи 5 изложить в следующей редакции:
"а) за выслугу лет, если они имеют предусмотренную настоящим Законом выслугу на военной службе и (или) на службе в органах внутренних дел, в учреждениях и органах системы исполнения уголовного наказания, таможни, подразделениях Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, правоохранительных подразделений Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, в должности судьи, в органах прокуратуры;".
5. В статье 11:
- в названии статьи слово "Министерства" заменить словом "Органы";
- в пункте "в)" части первой слова "Министерством безопасности" заменить словами "Государственным комитетом по национальной безопасности";
- в пункте "г)" части первой слова "Таможенным комитетом" заменить словами "Таможенной службой";
- пункт "е)" части первой изложить в следующей редакции:
"е) Агентством по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан - в отношении лиц, имеющих специальные звания, уволенных из органов Агентства, а также их семей;";
- в пункте "ж)" слово "Агентство" заменить словом "Агентством";
- часть первую дополнить пунктами "з)", "и)" в следующей редакции:
"з) Национальной гвардией Республики Таджикистан - в отношении лиц, имеющих специальные звания, уволенных из Национальной гвардии Республики Таджикистан, а также их семей;
и) Комитетом по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан - в отношении лиц, имеющих специальные звания, уволенных из Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, а также их семей.";
- часть вторую после слов "Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан" дополнить словами "правоохранительных подразделений Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан".
6. В статье 13:
- в пункте "а)" слова "подразделениях налоговой полиции" заменить словами "правоохранительных подразделений Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан;
- в пункте "б)" после слов "Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан" дополнить словами "правоохранительных подразделений Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан;
- в пункте "б)" слова "учреждения и органы" заменить словами "учреждениях и органах".
7. В части первой статьи 18 слова "подразделениях налоговой полиции" заменить словами "Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан".
8. В пункте "б)" части третьей статьи 29 и далее по всему тексту Закона число "60" заменить на "63", а "55" на "58".
9. Текст статьи 43 после слов "Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан" дополнить словами "правоохранительных подразделений Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан".
10. Текст статьи 50 изложить в следующей редакции:
"Вопросы пенсионного обеспечения лиц, указанных в части первой статьи 1 настоящего Закона, и их семей осуществляются Министерством обороны Республики Таджикистан, Министерством внутренних дел Республики Таджикистан, Министерством юстиции Республики Таджикистан, Государственным комитетом по национальной безопасности Республики Таджикистан, Генеральной прокуратурой Республики Таджикистан, Агентством по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, Агентством по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардией Республики Таджикистан, Комитетом по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан в соответствии с порядком назначения и выплаты пенсий, установленных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан для органов социальной защиты населения.".
11. В части первой статьи 51 слова "Министерства безопасности Республики Таджикистан", "Прокуратуры Республики Таджикистан", "Таможенного комитета при Правительстве Республики Таджикистан" соответственно заменить словами "Государственного комитета по национальной безопасности Республики Таджикистан", "Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан", "Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан", "Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан".
12. В части первой статьи 56 слова "Министерства безопасности Республики Таджикистан", "Прокуратуры Республики Таджикистан", "Таможенного комитета при Правительстве Республики Таджикистан", "Главного управления налоговой полиции Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан" соответственно заменить словами "Государственного комитета по национальной безопасности Республики Таджикистан", "Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан", "Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан", "Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан".
13. В тексте статьи 65:
- слова "Министерства безопасности Республики Таджикистан", "Министерства социальной защиты населения Республики Таджикистан", "Прокуратуры Республики Таджикистан", "Таможенного комитета при Правительстве Республики Таджикистан", "Главного управления налоговой полиции Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан" заменить соответственно словами "Государственного комитета по национальной безопасности Республики Таджикистан", "Министерства труда и социальной защиты населения", "Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан", "Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан", "Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан".
14. Статью 66 изложить в следующей редакции:
"Статья 66. Ответственность за нарушение настоящего Закона Физические и юридические лица, за нарушение положений настоящего Закона, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
26 марта 2009 года № 499
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г.Душанбе, 28 января 2009 года № 1235
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 12 марта 2009 года №598