ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ном, номи падар ва фамилия" ва "фамилия" мувофиқан ба калимаҳои "насаб, ном ва номи падар" ва "насаб" иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаи 4(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 4(1). Фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз озмун гузаштааст, то шаш моҳ ҳамчун коромӯз фаъолият намудааст, баъд аз гузаштан аз санҷиши комиссияи тахассусӣ корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шуда метавонад. Озмун барои ишғоли мансаби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шахрвандӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад. Низомномаи комиссияи тахассусии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Эзоҳ: Талаботи ҳамин модда оид ба доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ нисбати роҳбарони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур кор мекунанд, татбиқ намегардад.".
3. Дар моддаи 9:
- аз қисмҳои 1 ва 2 пас аз калимаи "Раёсати" калимаи "сабти" хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хабарномаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба нусхаи дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ислоҳ, тағйиру илова ворид менамояд, аз рӯи сабти аснод феҳристи ҷумҳуриявӣ тартиб медиҳад, дар асоси сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва китобҳои метрикӣ шаҳодатномаҳои такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдор (ба истиснои маълумотнома оид ба вазъи оилавӣ) медиҳад.".
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
4. Дар қисми 4 моддаи 11 калимаҳои "дар рӯзи муроҷиат намуданаш" ва "даҳ рӯз" мувофиқан ба калимаҳои "дар муддати даҳ рӯз" ва "як моҳ" иваз карда шаванд.
5. Сархати сеюми қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- аризаи шахсе, ки ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ бе кӯмаки тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бевосита иштирок намудааст;".
6. Ба моддаи 18 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Падар ё модаре, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.".
7. Ба моддаи 19 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Шахсоне, ки дар акди никоҳ қарор доранд ва барои истифодаи ҷойгирсозии (имплантатсияи) ҷанини онҳо ариза навишта, ризо шудаанд, дар ҳолати таваллуди кӯдак бо ин усул дар китоби сабти таваллуд ҳамчун падару модари ӯ сабт карда мешаванд.".
8. Аз қисми 1 моддаи 23 калимаҳои "Дар ҳолатҳои истисноӣ" хориҷ карда, пас аз калимаи "бойгонии" калимаи "дахлдори" илова карда шавад.
9. Ба қисми 1 моддаи 24 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- рақам ва таърихи тартиб додани сабт.".
10. Дар моддаи 25:
- дар сархати якум пеш аз калимаи "сана" калимаи "ҷинс," илова карда шавад;
- ба модда сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-силсила, рақам ва таърихи дода шудани шаҳодатномаи таваллуд.".
11. Ба қисми 6 моддаи 36 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бақайдгирии давлатии акди никоҳ берун аз бинои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо бо розигии роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сурат мегирад.".
12. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 38 пас аз калимаи "вазифа" калимаҳои "ва ҷои кор" илова карда шаванд.
13. Ба моддаи 39 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- силсила ва рақами шаҳодатнома.".
14. Ба банди дуюми қисми 2 моддаи 42 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- сабаби муроҷиати онҳо барои бекор кардани акди никоҳ.".
15. Дар сархати якуми моддаи 46 пас аз калимаи "миллат" калимаҳои "вазифа ва ҷои кор" илова карда шаванд.
16. Дар қисми 1 моддаи 47:
- дар сархати якум калимаи "таваллуд" ба калимаи "таваллуди" иваз карда, калимаҳои "шаҳрвандӣ, миллати" хориҷ карда шаванд;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;

17. Ба моддаи 52 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- силсила ва рақами шаҳодатнома.".
18. Дар моддаи 64:
- дар сархати якум пас аз калимаи "миллат" калимаҳои "вазифа, ҷойи кор" илова карда шаванд;
- дар сархати панҷум пас аз калимаи "шаҳрвандӣ" калимаҳои "вазифа, ҷойи кор, ҷойи истиқомат ва" илова карда шаванд.
19. Ба қисми 1 моддаи 65 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- силсила ва рақами шаҳодатнома.".
20. Дар сархати чоруми банди чоруми моддаи 68 пас аз калимаи "кӯдакони" калимаи "ноболиғи" илова карда шавад.
21. Ба қисми 4 моддаи 69 бандҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ парвандаи омодашударо оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар барои санҷиши шахсият ба шӯъбаи корҳои дохилии ҷойи истиқомати шаҳрванд мефиристад. Пас аз гирифтани ҷавоби хаттии натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба рад намудан ва ё қонеъ гардонидани парвандаи омодашуда оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар хулоса омода намуда, аз натиҷаи он аризадиҳандаро ба таври хаттӣ огоҳ менамояд.
Агар дар ҷавоби хаттии шӯъбаи корҳои дохилӣ қайд шуда бошад, ки аризадиҳанда ҳангоми додани ариза таҳти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор дорад ва ё доғи судиаш бардошта нашудааст, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хоҳиши аризадиҳандаро оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар рад менамояд.".
22. Ба моддаи 71 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- силсила ва рақами шаҳодатнома.".
23. Банди дуюми қисми 1 моддаи 72 хориҷ карда шавад.
24. Дар қисми 2 моддаи 84 дар калимаи "бойгонии" ҳарфи "Б" калон навишта, калимаи "Ҷумҳуриявӣ" ба калимаҳои "марказии давлатӣ" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 496
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
14 январи соли 2009, № 1223
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
12 марти соли 2009 №608