ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар ҳолати қабул ва амалӣ кардани мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба миён меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- мораторий - муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки дар асоси қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сурати зарурат барои давраи муайян муқаррар карда мешавад;
- мораторияи гузаронидани санҷишҳо - тибқи Қонуни мазкур дар давраи мораторий манъ кардани санҷишҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори санҷиш;
- давраи мораторияи гузаронидани санҷишҳо - давраи аз 30 июли соли 2008 то 29 июли соли 2010, ки дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудааст;
- субъектҳои соҳибкории хурд - ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии дар моддаи 7(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дарҷгардида мансубанд;
- субъектҳои соҳибкории миёна - ба субъектҳои соҳибкории миёна соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии дар қисми 1 моддаи 7(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дарҷгардида мансубанд;
- азназаргузаронии профилактикӣ - омӯзиш ва таҳлили вазъи иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 2. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз тақвият бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна иборат буда, баҳри фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар бораи мораторияи ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна равона карда шудааст.
Моддаи 3. Мутобиқати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна
Барои муайян намудани мутобиқати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ ё шахси ваколатдори онҳо мақомоти андоз, мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҳалли бақайдгирии баҳисобгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна вазифадоранд, ки ба онҳо оид ба андозаи даромади умумӣ ва шумораи миёнаи кормандони кироя дар аввали соли тақвимӣ дар давоми ду рӯзи корӣ ба таври ройгон (дар ҳолати пешниҳод гаштани эъломияҳо ва ҳисоботҳои дахлдор) маълумотнома пешниҳод намоянд.
Моддаи 4. Истисноҳо аз мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна
1. Санҷиши фаъолияти субъектхои соҳибкории хурду миёна оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳое таъин ва гузаронида мешавад, ки агар:
- аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ - истеъмолкунандагони моли (кори, хизматрасонии) субъектҳои соҳибкории хурду миёна оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ аризаи хаттӣ дохил гардад, ки он дар доираи ҳамин баҳс амалӣ карда мешавад;
- санҷиш ба таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ, муомилоти маводи доруворӣ, озуқаворӣ ва сифати он вобаста бошад;
- онҳо тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун объекти сатҳи хавфнокиашон баланд муайян шуда бошанд.
2. Санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна оид ба иҷро намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин амалӣ мешаванд:
- дар асоси аризаи худи андозсупоранда, аз ҷумла ҳангоми бақайдгирӣ ва баровардан аз қайди андоз, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;
- тибқи қисми 6 моддаи 48 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Санҷишҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба мораторий дохил намешаванд, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шаванд.
Моддаи 5. Азназаргузаронии профилактикӣ дар давраи амали мораторий
1. Дар давраи амали мораторий мақомоти ваколатдори санҷиш метавонанд санҷишҳоеро, ки мӯҳлаташон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидааст, ба азназаргузарониҳои профилактикӣ иваз намуда, онро танҳо ба мақсадҳои зерин гузаронанд:
- таъмини бехатарии молу мулки субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- пешгирии риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони молҳои зераксизӣ, таҳвилгарони нахи пахта, истифодабарандагони қаъри замин, андозсупорандагоне, ки ба фаъолияти бонкӣ ва суғуртавӣ, идоракунии фондҳои сармоягузорӣ ва дар бозори коғазҳои қиматнок бо фаъолияти касбӣ машғул мебошанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори санҷиш гузаронида мешавад.
2. Дар асоси азназаргузаронии профилактикӣ шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори санҷиш ҳуқуқ доранд тавсияномаи дахлдор тартиб дода, нусхаи онро ба субъекти соҳибкории хурду миёна барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳод намоянд.
3. Азназаргузарониҳои профилактикӣ дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.
Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 7. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 29 июли соли 2010 боздошта мешавад:
- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ";
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Моддаи 8. Тартиб ва мӯҳлати мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шуда, то 29 июли соли 2010 амал мекунад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 505
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
12 марти соли 2009 №606